Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Хуҷачор

Хуҷачор, чашмаи минералӣ. Дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, 35 километр шимолу шарқтар аз шаҳри Душанбе дар соҳили рости сойи Юнус ҷойгир шудааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 1350 метр. Дебиташ – 1 литр дар сония, ҳарорати обаш – 23,5 °С. Оби Хуҷачор камминерал буда, аз гидрокарбонатҳо, калсий, магний, кислотаи силикат (13 миллиграмм дар литр), молибден, мис, руҳ иборат аст. Барои табобати бемориҳо истифода бурдан мумкин аст.

Ҳавотаг

Ҳавотаг, чашмаи минералӣ. Дар масофаи тақрибан 25 километр шимолу ғарбтари шаҳри Истаравшан ҷой гирифтааст. Обаш гарм, минералнокиаш 4,4 грамм дар литр аст. Солҳои 1948–1950 дар натиҷаи кофтани пармачоҳ (аз умқи 1300 метр) бароварда шудааст. Таркиби кимиёвии он аз хлоридҳо, натрий, сулфур, ҳамчунин микроэлементҳои фаъоли биологӣ – бром, йод, оҳан, молибден, фтор, маргимуш, сурб, руҳ, камубеш магний, калсий, гидрокарбонатҳо, кислотаи борат, сулфатҳо, газҳои метан, нитроген, гидрогенсулфид ва ғайра иборат аст. Мавҷудияти микроэлементҳо ва газ шифобахшии обро дучанд мегардонанд. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии осоишгоҳҳои Ланкарон (Озарбойҷон), Велмиера (Латвия) ва Нижние Серги (вилояти Свердловски Россия) наздик аст. Дар заминаи оби минералӣ осоишгоҳи «Ҳавотог» бунёд карда шудааст. Аз соли 1977 оби минералии «Ҳавотог» ҳамчун оби ошомидании шифобахш фурӯхта мешавад (барои табобати гастрит ва колитҳои музмин нафъ дорад).

Чӯрш

Чӯрш, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Дар наздикии деҳаи Чӯрш, 2 километр дуртар аз маҷмааи табобатию сайёҳии «Гармчашма» ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2840 метр. Дебиташ – 0,15 – 2,9 литр дар сония, минералнокиаш – 2,0 грамм дар литр, ҳарорати обаш 13–14 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (356 миллиграмм дар литр), калсий (320 миллиграмм дар литр), магний (71,0 миллиграмм дар литр), калий (43,0 миллиграмм дар литр), анионҳои сулфатҳо (274 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (260 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (15,6 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (760 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (68,0 миллиграмм дар литр), радон (9,2 нанокюри дар литр) мавҷуданд. Оби чашма барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои хунгард, нафаскашӣ ва ҳозима (илтиҳоби музмини меъда, колит, гепатит ва холецистит) манфиатбахш аст. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Олентуй, Сираб (вилояти Читаи Россия), Шови, Хмелнитский (Гурҷистон) ва нарзани доломитии Кисловодск монанд аст.

Чавшангоз

Чавшангоз, чашмаи минералии обаш муътадил дар ноҳияи Шуғнон. Дар соҳили дарёи Чавшангоз, 110 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3360 метр. Маҳалле, ки чашма ҷорӣ мешавад, шибарзамин гаштааст. Дебиташ 1,8 – 10 литр дар сония, минералнокии умумиаш – 0,45 грамм дар литр. Ҳарорати обаш 13 – 36 °С. Таркиби оби чашма аз катионҳои натрий (146 миллиграмм дар литр), калсий (6 миллиграмм дар литр), анионҳои сулфатҳо (180,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (122,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (35,0 миллиграмм дар литр), молекулаҳои кислотаи силикат (51,0 миллиграмм дар литр), гидрогенсулфид (0,12 миллиграмм дар литр), ҳамчунин литий, мис, никел, фтор иборат аст. Барои табобати бемориҳои узвҳои хунгард, ҳаракат, узвҳои ҳозима ва системаи асаб манфиатбахш аст. Онро барои обзан (ванна) ва ошомидан кор мефармоянд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби осоишгоҳи Белокурихаи кишвари Олтой (Федератсияи Руссия) шабоҳат дорад.

Чайлаоб

Чайлаоб, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар болооби дарёи Муғсу ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 4000 метр. Дебиташ – 30 литр дар сония, минералнокиаш – 0,77 грамм дар литр, ҳарорати обаш 10–15 °С. Таркибаш аз натрий (241 миллиграмм дар литр), калсий (73,0 миллиграмм дар литр), магний (32,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (282 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (98,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (47,0 миллиграмм дар литр) иборат аст. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ ба обҳои табобатии осоишгоҳи Чавскийи Гурҷистон наздик аст. Барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва пешоброҳа тавсия карда мешавад.

Чартигумбаз

Чартигумбаз, Чоштеппа, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар соҳили рости дарёи Истик воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 4120 метр. Оби чашма ба воситаи 15 пармачоҳ мебарояд. Дебиташ 1,45–3,5 литр дар сония, минералнокиаш 2,02 грамм дар литр. Ҳарорати обаш +33,5 – +63 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (372 миллиграмм дар литр), калсий (51,0 миллиграмм дар литр), калий (20,0 миллиграмм дар литр), магний (6,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (99,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (78,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (74,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (99,0 миллиграмм дар литр), кислотаҳои силикат (118 миллиграмм дар литр) ва метаборат (10,0 миллиграмм дар литр), гидрогенсулфиди озод (14,3 миллиграмм дар литр), ҳамчунин литий, никел, фтор, бром, рух ва сурб мавҷуданд. Дар маҳалле, ки чашма ҷой гирифтааст, қабати лойқа (ғафсиаш 57 сантиметр, ҳарорати 42–48 °С) хобидааст. Онро барои табобат кор мефармоянд. Оби чашма барои муолиҷаи илтиҳоби музмини меъда, камхунӣ, энтероколити музмин, амрози рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар ва пешоброҳа манфиат дорад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Боржоми (Гурҷистон), Лужанская, Свалява, Квасова, Плосковская (Закарпатия) наздик аст. Дар заминаи чашма шуъбаи махсуси физиотерапевтӣ фаъолият дорад.

Челонди

Челонди, Челондеҳ, чашмаи минералии обаш гарм. Дар ноҳияи Шуғнон, дар соҳили чапи дарёи Тӯқузбӯлоқ, 124 километр шимолу шарқтар аз шаҳри Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3500 метр. Дебиташ – 0,3 грамм дар сония, минералнокии умумиаш – 0,3 грамм дар литр. Оби чашма ба воситаи 4 пармачоҳ мебарояд, ки ҳарорати ҳар яки он аз +21,5 то +67,5 °С аст. Дар таркиби оби чашма натрий (76,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (68,0 миллиграмм дар литр), карбонатҳо (36,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (30,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (11,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (73,0 миллиграмм дар литр), фтор (5,6–10 миллиграмм дар литр), ҳамчунин мис, бор, рух, сурб, молибден, никел ва радон (2,1 нанокюри дар литр) мавҷуданд. Онро бо мақсади обзан (ванна)-ҳои умумӣ ва ингалятсия истифода бурдан мумкин аст. Барои муолиҷаи гастрити музмин, гепатит, холецистит, колит, проктосигмоидит, ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби чашмаҳои Белокуриха (кишвари Олтой) шабоҳат дорад.

Ширгин

Ширгин, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 99 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар шоҳроҳи Ишкошим – Лангар воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2780 метр. Оби чашма ба воситаи шаш пармачоҳ хориҷ мешавад. Аз чаҳор пармачоҳ оби сард ва аз дутои он оби гарм мебарояд. Ҳарорати обаш +13 – +16 °С, дебиташ 2,9 литр дар сония. Дар таркиби оби чашма силитсий (62–69 миллиграмм дар литр), оҳан (12 миллиграмм дар литр) ва ангидриди карбон (1074 миллиграмм дар литр) мавҷуд аст, ки ба оби нарзани Кисловодск шабоҳат дорад. Обҳои гарми чашма нисбатан серминерал мебошанд. Дар таркиби онҳо силикат (120–132 миллиграмм дар литр), кислотаи метаборат (132–165 миллиграмм дар литр), натрий (450 миллиграмм дар литр), калсий (308 миллиграмм дар литр), калий (80,0 миллиграмм дар литр), магний (67,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (1574 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (585 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (120 миллиграмм дар литр) вуҷуд доранд. Ҳарораташон +28–+36 °С, дебит – 3,1 литр дар сония. Ба обҳои минералии Лебарди ва Сурами (Гурҷистон) наздик аст. Барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ҳаракат, системаи асаб, узвҳои нафаскашӣ (ба ҷуз бемории сил) нафъ дорад. Оби чашмаҳои хунукро барои ошомидан ва оби чашмаҳои гармро барои обзан (ванна) метавон истифода бурд.

Шоҳамбарӣ

Шоҳамбарӣ, оби минералӣ дар ноҳияи Ҳисор. Дар доманаи ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, 26 километр ғарбтар аз шаҳри Душанбе, дар баландии 1100 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Оби минералӣ соли 1951 бино бар дар маҳалли он ба роҳ мондани корҳои иктишофи нафт тасодуфан ошкор шудааст. Об аз се пармачоҳи умқашон аз 624 то 1830 метр мебарояд. Минералнокӣ — аз 3,5 то 16,3 грамм дар литр, ҳарорат — аз +27 то +43 °С; ишқорнокӣ – рН 7,8 – 8,4. Таркиби обҳо ҳамчунин аз гази карбонат, метан ва нитрогени ҳалшуда, сулфатҳо, хлоридҳо, натрий, микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол, титан, ванадий, лантан, молибден, оҳан, йод, бром, кислотаи нафтенат, алюминий ва ғайра иборат аст. Оби пармачоҳи №1 аз сулфатҳо, хлоридҳо ва натрий иборат буда, минералнокиаш 3,6 грамм дар литр аст. Дар таркиби он ҳамчунин йод, бром, бор, оҳан, кислотаҳои нафтенат ва силикат, метан, радон вуҷуд дорад. Онро ошомидан мумкин аст. Оби пармачоҳи №2 сулфатунатрийдор буда, минералнокиаш 7,6 – 10,2 грамм дар литр мебошад. Дар он газ ва элементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол нисбатан бештаранд. Бо мақсади обзан (ванна) ва душ кор фармуда мешавад. Оби пармачоҳи №3 ба гурӯҳи обҳои сулфат, хлорид ва натрийдор мансуб аст; минералнокиаш 10,7–11,6 грамм дар литр, ҳарораташ +43 °С; андаке бӯи гидрогенсулфид мекунад. Оби нисбатан сергаз аст. Барои обзан (ванна) ва душҳои гуногун тавсия мешавад. Оби маъдании пармачоҳи №1 аз соли 1961 ин ҷониб ҳамчун оби шифобахши ошомиданӣ («Шамбарӣ») дар шишаҳо бароварда мешавад. Дар заминаи оби пармачоҳҳо осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» бунёд карда шудааст.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 387–388.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.