Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, мактаби касбии олии тиббӣ. Соли 1939 ҳамчун Институти давлатии тиббии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Дар курси аввали факултаи ягонаи муолиҷавии институт 123 донишҷӯ, аз ҷумла 20 нафар тоҷик қабул шуда буданд. Институт 14 кафедра дошт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳайати омӯзгорони институт аз ҳисоби мутахассисони ботаҷрибаи ҷумҳуриҳои дигар, ки ба Осиёи Марказӣ кӯчонида шуда буданд, комил гардид. Соли 1943 дар назди институт аспирантура ба фаъолият шурӯъ намуд, инчунин институтро аввалин донишҷӯён хатм карданд. Аз 123 нафари онҳо 30 нафар ба фронт рафтанд.
Соли 1948 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 20 табиби таҳҷоӣ фаъолият дошт. Солҳои хониши 1948–49 институт ба тарзи таълими 6-сола гузашта, дар он ординатураи клиникӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Соли 1958 факултаи педиатрӣ таъсис ёфт; бо мақсади баланд бардоштани дониши кадрҳои тиббӣ факултаи такмили ихтисоси табибон ташкил шуд, ки то соли 1993 амал мекард. Соли 1964 институт 44 кафедра дошт, ки дар онҳо 18 нафар доктор ва 98 нафар номзади илм кор мекард. Шумораи донишҷӯён ба 2000 нафар расид.
Соли 1971 ба институт ҳамчун мактаби олии пешбари Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дараҷаи I дода шуд. То соли 1989, яъне дар муддати 50 сол, институтро 16308 нафар хатм карданд. Охири солҳои 90 дар институт 37 кафедраи клиникӣ фаъолият дошт. Кафедраҳои клиникӣ дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе ҷойгиранд. Соли 1990 институт барои фаъолият дар соҳаи таҳкими сулҳу дӯстӣ дорандаи Ҷоизаи байналмилалии Оҷонсии матбуот ва навгониҳо ба номи Абуалӣ ибни Сино гашт.
Институт соли 1992 мақоми донишгоҳро гирифт. Соли 2006 дар донишгоҳ шуъбаи табъу нашр таъсис ёфт, ки то ба имрӯз садҳо китоб чоп кардааст. Декабри 2007 дар донишгоҳ сӯхтор сар зада, бинои асосии он тамоман аз байн рафт. Дар муддати кӯтоҳ бинои донишгоҳ аз нав тармиму таҷдид гардид. Дар донишгоҳ 9697 донишҷӯ, аз ҷумла 1126 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд (2019). Ба онҳо 445 омӯзгор (59 доктори илм ва 167 номзади илми тиб) дарс мегӯянд (2019).
Соли 2008 Ассамблеяи бизнеси Аврупо (ЕВА, Оксфорд, Британияи Кабир) барои фаъолияти пурсамари касбии профессорону омӯзгорон дар соҳаи таҳсилот ба донишгоҳ Ҷоизаи байналмилалии «Сифати аврупоӣ»-ро супурд.
Самтҳои асосии фаъолияти илмии донишгоҳ: бемориҳои дил ва рагҳои хунгузар, саломатии кӯдакон дар ҳолати муътадил ва бемориҳо, саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои ғадуди сипаршакл ва бемориҳои қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рустаниҳои доруии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаи онҳо.
Дар донишгоҳ барои донишҷӯёни хориҷӣ дарсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ва забони русӣ ташкил карда шудаанд. Барои тайёр намудани мутахассисон ва таҷрибаандӯзӣ бо донишгоҳҳои иёлати Колорадо (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) ва Синсзян (Хитой) ҳамкорӣ дорад. Устодони донишгоҳ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва мамолики Аврупо оид ба тибби оилавӣ таҷриба меандӯзанд. Донишгоҳ бо марказҳои илмии Россия, Қазоқистон, Беларусь, Украина, Қирғизистон, Эрон, Хитой робитаҳои илмию амалӣ дорад.
Дар донишгоҳ ҳоло 5 факулта (тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, дорусозӣ ва ҳифзи тандурустии ҷамъиятӣ), 63 кафедра, аз ҷумла 39 кафедраи клиникӣ, 11 маркази таълимӣ, 27 озмоишгоҳ ва китобхонаи илмӣ фаъолият менамоянд. Маҷаллаҳои «Паёми Сино», «Авҷи Зуҳал» ва рӯзномаи «Ворисони Сино» ба табъ мерасанд.
Ректорони донишгоҳ
А. А. Краус (1939–42), К. В. Ромодановский (1942), А. Я. Прокопчук (1942), А. Ф. Макарченко (1942), Г. Ф. Скосогоренко (1943), Д. В. Хвейсин (1944–47), Л. С. Сутулов (1947–50), Я. А. Раҳимов (1950–57), З. П. Хоҷаев (1957–65), К. Т. Тоҷиев (1965–73), Ю. Б. Исҳоқӣ (1973–96), Ҳ. Қ. Рофиев (1996–2000), Н. Ф. Файзуллоев (2000–03), К. М. Қурбонов (2003–05), У. А. Қурбон (2005–2015), М. Қ. Гулзода (аз 2015).
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 389.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




