Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, муассисаи касбии олии тиббӣ. Соли 2016 бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қонеъ гардондани талаботи ҷомеа бо мутахассисони маълумоти олии тиббӣ бунёд шудааст. Донишгоҳ фаъолияташро расман 4 марти 2016 оғоз кард. Дар донишгоҳ раёсати муваққатӣ ташкил карда шуд, ки то оғози соли таҳсил (2016–2017) тавонист корҳои асосии таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқиро ба сомон расонад. Раёсатро ҳамчунин зарур буд, ки сохторҳои аввалияро таъсис диҳад, ба донишгоҳ мутахассисони варзидаро ҷалб намояд. Бо ин мақсад шуъбаи таълим, деканати факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, 5 кафедра (фанҳои ҷомеашиносӣ, забонҳо, кимиё ва биология, анатомияи одам, физикаи тиббӣ ва информатика), шуъбаи кадрҳо, шуъбаи муҳосибот, шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, маркази технологияҳои иттилоотӣ, китобхона, ташкилотҳои ҷамъиятӣ – Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандон ва донишҷӯён, Шӯрои занон ва духтарон, Шуъбаи кор бо ҷавонон ва муовинати хоҷагидорӣ таъсис дода шуданд.
Августи 2016 мақомоти иҷроия ва мақомоти идоракунанда, Раёсат (иборат аз 16 нафар) ва Шӯрои олимони донишгоҳ (иборат аз 23 нафар) таъсис ёфт.
1-уми сентябри 2016 дар донишгоҳ раванди таълим аз рӯи ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Педиатрӣ» ва «Стоматологӣ» ба роҳ монда шуд. Августи 2016 дар донишгоҳ китобхона ташкил ёфт.
То соли 2020 7479 нусха китоби дарсӣ харидорӣ, 103 китоб (бо теъдоди 22 048 нусха) туҳфа (аз ҷумла – 16000 нусха аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино) карда шуд. Дар маҷмӯъ, фонди китобхона соли 2020 ба 25 382 (89,7%) нусха адабиёти таълимӣ расид. Теъдоди адабиёти электронии китобхона 60000 маводи таълимию методиро дар бар мегирад.
Дар донишгоҳ теъдоди донишҷӯён 1877 ва омӯзгорону кормандон 257 нафар, ҳайати профессорону омӯзгорон 132 нафар мебошад (2021).
Донишгоҳ дорои 3 факултет (тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ) ва 15 кафедра аст.
Соли 2019 баъди дар сохтори донишгоҳ таъсис дода шудани коллеҷи тиббӣ адади донишҷӯён зиёд шуд. Теъдоди донишҷӯёни коллеҷ 1444 ва омӯзгорон 165 нафарро ташкил медиҳад (2020).
Дар донишгоҳ рӯзномаи «Пайқи тиб» ва маҷаллаи илмӣ-амалии «Симурғ» нашр мешавад.
24 нафар омӯзгори донишгоҳ ба ҳайси ҳамкор дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ ва Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара фаъолият доранд. Онҳо тайи солҳои 2016–2021-ум 44 342 нафар маризро муоина ва муолиҷа карданд, аз ин миқдор 2500 нафар ҷарроҳӣ карда шудаанд. Ҳамчунин дар беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ноҳия бори нахуст 54 намуди амалиёти ҷарроҳии реконструктивӣ ва барқарорсозӣ ворид ва дар амал татбиқ карда шуд.
5-уми ноябри 2018 донишҷӯён, кормандон ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро пешвоз гирифтанд. Президенти кишвар зимни ифтитоҳи биноҳои таълимӣ ва мулоқот бо омӯзгору донишҷӯёни донишгоҳ ба муассисаҳои давлатии масъул супориш дод, ки дар ҳудуди донишгоҳ, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар муҳлати наздиктарин сохтмони бинои Клиникаи донишгоҳ оғоз карда шавад.
Донишгоҳ бо Донишгоҳи тиббии Синзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой, Мактаби байналмилалии тиббии Ҷумҳурии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Ал-Форобии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд, Академияи тиббии Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи тиббии Павияи Итолиё ҳамкорӣ дорад.
Ректори донишгоҳ: У. А. Қурбон (аз 2016).
Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи тиббию таълимӣ. Соли 1993 чун Институти такмили ихтисоси табибони Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Номи имрӯзааш аз соли 1991. Дар донишкада 5 факулта, 45 кафедра, 12 курс, 35 пойгоҳи клиникӣ ва 2 шуъба фаъолият дорад; дар шаҳри Хуҷанд 7 кафедра ва 4 курс, дар шаҳри Бохтар 2 кафедра ва 2 курси донишкада мавҷуд аст. Дар тӯли фаъолияти донишкада 35066 шунаванда, аз ҷумла 22748 табиб ва 12318 нафар корманди миёнаи тиббӣ аз рӯи 38 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд (2016). Бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ китобхона ва синфҳои таълимӣ барои омӯзиши забонҳои англисиву тоҷикӣ ташкил шудаанд. Устодони донишгоҳ чандин китобу дастурамал, аз ҷумла «Луғати тиббии русӣ-тоҷикӣ-англисӣ» (М. Я. Расулӣ, А. Аҳмадов) ба табъ расондаанд. Дар донишгоҳ низоми босуботи мутахассисони тибби оилавӣ тартиб дода шудааст; марказҳои тиббии ҷумҳуриявию вилоятӣ созмон ёфтаанд, ки вазифаи онҳо ба роҳ мондани корҳои ташкилию методӣ ва илмию табобатӣ мебошад. Дар заминаи кафедраи тибби оилавӣ маркази тиббии таълимию клиникӣ таъсис ёфтааст, ки мақсади он омода кардани мураббӣ-омӯзгорон барои марказҳои навтаъсиси таълимию клиникӣ мебошад. Омӯзгорони аввалин дар Академияи тиббии такмили ихтисоси табибони шаҳри Санкт-Петербург ҳамчун мутахассис тайёр карда шуданд. Минбаъд онҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Эстония ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ кор омӯхтанд.
Яке аз шаклҳои таълим ординатураи клиникӣ аст. Бо мақсади такмили сатҳи омодасозии ординаторони клиникӣ аз соли 2001 дар кафедраҳо гурӯҳҳои иборат аз 2–3 нафар ташкил ва барномаҳои корӣ таҳия шудаанд. Соли 1996 дар назди донишкада шуъбаи аттестатсионӣ таъсис ёфтааст, ки вазифаи он муқаррар кардани дараҷаи тахассусии кормандони тиб мебошад.
Дар тарбияи мутахассисони илмӣ ба донишкада Академияи тиббии такмили ихтисоси Санкт-Петербург, Марказҳои илмии умумирусиягии ҷарроҳӣ ва омосшиносӣ, Академияи тиббии Маскав ба номи И. М. Сеченов, Пажӯҳишгоҳи генетикаи тиббии Шуъбаи сибирии Академияи илмҳои Федератсияи Россия (шаҳри Томск) кумак мерасонанд. Ректорон: С. З. Зарипов (1993–2003), А. Аҳмадов (2003–15), Н. Д. Муҳиддинов (аз 2015).
Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон
Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, муассисаи давлатии таълимии миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 24 апрели 1990 чун Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара дар заминаи филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб таъсис ёфтааст. Соли 2014 ба Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара табдили ном кард. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи 2019 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамроҳ карда шуд.
Коллеҷ аз рӯи ихтисоси кори ҳамширагӣ мутахассис омода мекунад. 3 кафедра дорад: фанҳои гуманитарӣ, фанҳои табиӣ-риёзӣ, фанҳои тахассусӣ. 2 гурӯҳи мақсадноки коллеҷ дар назди беморхонаҳои ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон фаъолият мекунанд.
Дар коллеҷ 1467 донишҷӯ таҳсил менамояд, омӯзгорон 186 нафар (2020). Машғулиятҳо дар биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон сипарӣ мешаванд. Дар коллеҷ 22 синфхона, 2 синфхонаи электронӣ, толори лексионӣ, китобхона (8130 нусха адабиёти таълимӣ дорад), 2 майдонча ва толори варзишӣ мавҷуд аст. Бо мақсади пешбурди сифати таълим бо Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ ва Маркази назорати давлатии саниторию эпидемиологии ноҳия ҳамкорӣ дорад. Таҳсил дар коллеҷ бо маълумоти умумӣ – 3 сол, таҳсилоти шабона – 3 солу 3 моҳ, бо маълумоти миёнаи асосӣ 4 сол аст. Низоми таҳсил – кредитӣ. Тӯли 30 соли фаъолият коллеҷро 7000 донишҷӯ хатм кардааст.
Директорон: А. Н. Ҳотамов (1990–96), К. Ҳ. Ҳайдаров (1996–98), С. Ҳ. Азимов (1998–2015), А. Ҳ. Баротзода (аз 2015).
А. И. Бӯйдоқов.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 389–391.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




