Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон
Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар асоси мактуби Вазорати тандурустии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ аз 8.6.1988 ва қарори Кумитаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба маорифи халқ аз 31.5.1988 дар заминаи филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Ёвон таъсис ёфтааст. Номи имрӯзааш аз 3 марти 2014.
Коллеҷ аз рӯи ихтисоси кори ҳамширагӣ, тиббӣ-ташхисӣ, момодогӣ ва фармасевтӣ мутахассис омода менамояд.
Як гурӯҳи мақсадноки коллеҷ дар шаҳри Норак фаъолият менамояд.
Коллеҷ дар бинои таълимии чорошёна дар масоҳати 1783 метри мураббаъ ҷойгир буда, 7 кафедра дорад: забонҳо, фанҳои гуманитарӣ, табиӣ-риёзӣ, тибби умумӣ, фармакология, беҳдошт ва асосҳои микробиология, тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ.
Низоми таҳсил – кредитӣ. Раванди таълим дар ду давра ҷараён гирифта, дарсҳои амалӣ дар шуъбаҳои беморхона, хона-интернати пиронсолону маъюбон ва муассисаҳои тиббии дигари ноҳия амалӣ мешаванд. Коллеҷ озмоишгоҳ, маркази тестӣ ва офиси бақайдгирӣ, китобхона, бойгонӣ, бунгоҳи тиббӣ дорад.
Дар коллеҷ 1479 донишҷӯ (341 писар ва 1138 духтар) таҳсил мекунанд, омӯзгорон 178 нафар (2020).
Директорон: С. Ҳакимов (1988–92), М. С. Чабборов (1993–2005), С. Ғозиев (2005–08), Р. Шарифзода (2008–19), С. Х. Азимзода (аз 2019).
С. Х. Азимзода.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 391.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




