Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт
Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1992 дар заминаи Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Рашт (собиқ Ғарм) таъсис ёфтааст. Коллеҷ 2 кафедра дорад: фанҳои тахассусӣ ва фанҳои гуманитарӣ. Аз рӯи тахассуси кори ҳамширагӣ ва кори момодогӣ мутахассис тайёр мекунад.
Коллеҷ дар бинои сеошёна ҷойгир буда, китобхона (6000 нусха адабиёти таълимӣ дорад), маҷлисгоҳ, толори хониш, хобгоҳ (барои 200 донишҷӯ), майдончаи варзиш, ошхона дорад. Дар коллеҷ 761 нафар (341 писар ва 420 духтар) донишҷӯ таҳсил мекунанд, омӯзгорон 126 нафар (2020).
Низоми таҳсил – кредитӣ. Барои беҳтар гаштани сифати таълим дар коллеҷ дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот санҷишҳои мониторингӣ карда, натиҷаи онҳо дар ҷаласаҳои кафедраҳо ва шӯрои педагогӣ таҳлилу баррасӣ мешаванд. Хатмкунандагони коллеҷ тибқи роҳхат ба шуъбаҳои беморхонаҳои марказӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ фиристода мешаванд.
Директорон: С. Давлатов (2006–08), М. Чононов (2008–18), Б. Бобохоҷаев (аз 2018).
Б. Бобохоҷаев.
Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ
Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ. Бо Қарори Шӯрои Комиссарони Халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 25 августи 1935 дар шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) ҳамчун Политехникуми тиббӣ таъсис ёфта буд. Баъдан ба Мактаби миёнаи тиббӣ (1936), Омӯзишгоҳи тиббӣ (1937), Коллеҷи тиббӣ (1999), Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (2007) табдили ном кард. Номи ҳозирааш аз 3 марти 2014.
Коллеҷ дар ибтидо аз рӯи ихтисосҳои фелдшерӣ, момодоягӣ, санитарию фелдшерӣ, фелдшер-лаборант, техники дандон ва ғайра мутахассис тайёр мекард.
Аз 12 факулта (техника ва таҷҳизоти тиббӣ, ташхис ва табобати нурӣ, корҳои тиббӣ-пешгирӣ, кори ҳамширагӣ, кори ҳамширагӣ ва оростагӣ, кори табобату ташхис, кори фарматсевтӣ, кори табобатӣ, кори тиббӣ-офиятӣ, кори момодоягӣ, кори умумитиббӣ, кори дандонсозӣ) ва 28 кафедра (ҷарроҳӣ, фанҳои гуманитарӣ, кори ҳамширагӣ, фанҳои морфологӣ, ёрии таъҷилӣ, бемориҳои сироятӣ, момоӣ ва бемориҳои занона, фармакология ва ғайра) иборат аст.
Муҳлати таҳсил – 4 сол. Соли 2019 коллеҷро 1731 донишҷӯ хатм кард.
Дар коллеҷ 7569 донишҷӯ (2019 писар ва 5550 духтар), аз ҷумла 26 нафар донишҷӯи хориҷӣ (аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – 8, Ӯзбекистон – 2, Туркманистон – 12, Қазоқистон – 1, Федератсияи Россия – 3) таҳсил мекунанд (2020). Ба онҳо 321 омӯзгор, аз ҷумла 1 академик-профессор, 3 доктори илм ва 12 номзади илм таълим медиҳанд.
Соли 2020 коллеҷ ба бинои нави шашошёна кӯчонида шуд. Он 6 маркази таълимиву истеҳсолӣ, 4 ташхисгоҳи таълимӣ, беш аз 146 синфхона, 8 толори лексионӣ, 3 синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи лингофонӣ, китобхона (64 845 нусха адабиёти таълимӣ дорад), китобхонаи электронӣ (бо 6200 китоби электронӣ), хобгоҳ (бо 132 ҳуҷра), 3 майдончаи варзиш, 2 толори варзишӣ, толори маҷлис (400 ҷой) ва ошхона (барои 200 ҷой) дорад.
Соли 2016 дар коллеҷ Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ ва соли 2018 Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ ташкил карда шуд. Соли 2020 ба коллеҷ барои омодасозии мутахассисон аз рӯи ихтисоси «Кори ҳифзи иҷтимоӣ» иҷозат дода шуд.
Коллеҷ бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ, коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар – Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Арманистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), Намояндагии Институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейцария, Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Фонди нуфузи аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA), Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Конфедератсияи байналмилалии физиотерапия (WCPT), Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ҳамкорӣ дорад. Дар коллеҷ рӯзномаи «Шафқат» ба табъ мерасад.
Директорон: Н. В. Тихонович (1935–39), Ф. А. Абдураҳмонов (1946–52), М. К. Қаюмова (1982–84), Н. Х. Ҳакимҷонов (1987–2001), Б. Г. Гадоев (2001–04), Х. И. Ибодов (2004–15), Ш. С. Ашӯриён (аз 2015).
З. Азиззода.
Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар
Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1967 дар заминаи омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) таъсис ёфтааст. Номи имрӯзааш аз 8 апрели 1999. Бинои коллеҷ чорошёна буда, синфхонаҳои муҷаҳҳаз, китобхона, 2 озмоишгоҳ, толори варзиш, 8 факулта (кори момодоягӣ, кори табобатӣ, кори ҳамширагӣ, кори тиббӣ-ташхисӣ, тиббӣ-профилактикӣ, кори дорусозӣ, кори дандонсозӣ, кори ҳамширагӣ ва фарматсевтӣ) ва 8 кафедра (ҷарроҳӣ ва кори ҳамширагӣ, фанҳои ҷамъиятӣ ва табиӣ-риёзӣ, фанҳои морфологӣ, тибби оилавӣ, забонҳо, фарматсевтӣ ва кимиё, момоӣ ва бемориҳои занона, бемориҳои дарун ва кӯдакон, тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ) дорад.
Дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон 12 гурӯҳи мақсадноки коллеҷ амал мекунанд (ҳамшираҳои тиббӣ омода менамоянд). Дар коллеҷ 3783 донишҷӯ (1099 писар ва 2684 духтар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 240 омӯзгор, аз ҷумла 6 номзади илм таълим медиҳанд (2020).
Директорон: Т. Р. Раҳматов (1967–69), А. Д. Гамидов (1969–72), Р. П. Ҳакимова (1972–75), Р. В. Воҳидов (1975–2004), И. М. Муродов (2004–07), М. Ш. Партов (2007–10), А. Д. Нуриддинзода (аз 2010).
А. Д. Нуриддинзода.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 391–392.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




