Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат
Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 3 марти 1966 ҳамчун Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) таъсис ёфтааст. Номи имрӯзааш аз 3 марти 2014.
Коллеҷ як бинои таълимӣ, 75 синфхона, 3 озмоишгоҳ (микробиология, физика, биохимиё), китобхона (бо 5325 нусха адабиёти таълимиву бадеӣ), варзишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, ошхона дорад.
Дар коллеҷ 7 кафедра (забонҳо, фанҳои гуманитарӣ, фанҳои морфологӣ, корҳои тиббӣ-ташхисӣ, асосҳои кори ҳамширагӣ, кимиё ва биология, фанҳои табиӣ-риёзӣ) амал мекунанд.
Коллеҷ аз рӯи ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, корҳои тиббӣ-ташхисӣ, кори тиббӣ-профилактикӣ, кори момодоягӣ мутахассис тайёр мекунад.
Коллеҷ дар беморхонаҳои марказии шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Варзоб, Файзободу Рӯдакӣ гурӯҳҳои мақсаднок дорад. Теъдоди омӯзгорон 196 нафар. Коллеҷ бо Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҳамкорӣ менамояд. Коллеҷро зиёда аз 15 ҳазор нафар хатм намудаанд (2019).
Директорон: О. С. Рӯзиева (1966–67), М. М. Мусоева (1967–2002), Р. З. Файзуллоева (2002–10), М. Ч. Муродов (2010–17), Б. Ч. Сангов (аз 2017).
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 393.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




