Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан

Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 24 апрели 1991 ҳамчун Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Истаравшан таъсис ёфтааст. 3 марти 2014 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан ном гирифт.

Аз рӯи 5 ихтисос мутахассис тайёр мекунад: кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ, кори табобату ташхис, кори профилактикӣ, кори фарматсевтӣ.

Коллеҷ 4 кафедра дорад: фанҳои тибби умумӣ, табиӣ-риёзӣ, фанҳои тахассусӣ, забонҳо ва ҷамъиятшиносӣ.

Дар коллеҷ 1238 донишҷӯ (177 писар ва 1061 духтар) таҳсил мекунанд, омӯзгорон – 176 нафар (2020).

Коллеҷ дар бинои таълимии дуошёна ҷойгир шуда, 49 ҳуҷра (43 синфхона, 6 ҳуҷраи кор), озмоишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, варзишгоҳи мавсимӣ, китобхона (7034 нусха адабиёти таълимӣ дорад), китобхонаи электронӣ (бо 500 китоби электронӣ), бойгонӣ, майдончаи варзишӣ ва ошхона дорад.

Таълим дар ду баст сурат мегирад; дарсҳои амалӣ дар синфхонаҳои базавӣ ва беморхонаҳои марказии шаҳр (бемориҳои пӯст, наркологӣ, ҷарроҳӣ, ҷарроҳии кӯдакона, бемориҳои дарунӣ, гӯш, гулӯ ва бинӣ, реаниматсия ва ғайра) баргузор мегарданд.

Директорон: С. В. Валиев (1991–94), А. Ф. Воҳидов (1995–2005), Ш. Э. Элназаров (2005–07), Ш. М. Шодиев (2008–11), А. Т. Раҳимов (2011–16), И. Н. Раҷабов (аз 2016).

И. Н. Раҷабов.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 393.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.