Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара

Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 16 июни 2008 чун Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Исфара таъсис ёфтааст. Номи имрӯзааш аз 3 марти 2014.

Дар коллеҷ як шуъба фаъолият дорад, ки аз рӯи ихтисоси кори ҳамширагӣ мутахассис омода мекунад.

Коллеҷ 467 донишҷӯ (13 писар ва 454 духтар) дорад (2020); омӯзгор – 52 нафар. Муҳлати таҳсил – 3 сол.

Коллеҷ дар бинои таълимии дуошёна қарор дошта, аз 57 ҳуҷра (40 синфхона ва 17 ҳуҷраи корӣ), китобхона (4216 нусха адабиёти илмию бадеӣ, нусхаҳои электронӣ) ва варзишгоҳ иборат аст.

Бо мақсади такмили савияи омодасозии мутахассисон бо муассисаҳои тандурустии шаҳр ва осоишгоҳи «Зумрад» ҳамкорӣ дорад. Таҳсил дар коллеҷ аз рӯи барномаҳои шуъбаи илмӣ-методии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад. Коллеҷ бо Коллеҷи тиббии Хуҷанд низ робитаи илмӣ дорад.

Арзёбии дониши донишҷӯён тариқи рейтинг ҷараён гирифта, лексияҳо дар ҳайати 30–70 нафар ва дарсҳои амалӣ ба тариқи сиклӣ (аз фанҳои тахассусӣ) доир мешаванд.

Директорон: Д. Сафохонов (2008–13), Г. Бодбоева (2013–19), Қ. Шодибоев (аз 2019).

Қ. Шодибоев.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 393.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.