Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом

Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1986 ҳамчун филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) таъсис ёфтааст. 19 майи 1987 ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Конибодом табдили ном кард. Номи имрӯзааш аз 3 марти 2014.

Аз рӯи 7 ихтисос мутахассис тайёр мекунад: кори ҳамширагӣ, кори тиббию ташхисӣ, кори тиббию профилактикӣ, кори момодоягӣ, кори фарматсевтӣ, кори табобатӣ, кори дандонсозӣ.

Коллеҷ дар бинои якошёна ҷойгир буда, дорои китобхона (7038 нусха адабиёти таълимиву методӣ), толорҳои хониш (бо 60 ҷои нишаст), хобгоҳ (барои 50 донишҷӯдухтар), варзишгоҳ, толори фарҳанг, маркази тестӣ, бунгоҳи тиббӣ ва ошхона аст.

Дар коллеҷ 1298 донишҷӯ (152 писар ва 1146 духтар) таҳсил мекунанд. Омӯзгорон 86 нафар, аз ҷумла 5 номзади илм.

Китобу дастурҳои устодони коллеҷ дар дигар коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ низ истифода мешаванд, аз ҷумла «Русский язык» (О. Я. Ахмедов), «Забони англисӣ» (П. Г. Шарипова), «Фалсафа» (А. Р. Нуриён), «Диншиносӣ» (А. Р. Нуриён, Г. К. Ҷӯраева), «Биологияи тиббӣ» (Б. Б. Алиева) ва ғайра. Коллеҷ бо беморхона ва муассисаҳои тандурустии шаҳри Конибодом ҳамкорӣ дорад.

Директорон: Ч. Рахимбердиев (1986–87), М. Абдуллоев (1987–89), А. Умаров (1989–2009), И. Комилӣ (2010–16), А. Р. Нуриён (аз 2016).

А. Нуриён.

Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Р. А. Раҳмонзода

Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Р. А. Раҳмонзода, муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 14 октябри 1953 чун мактаби тиббӣ таъсис ёфта, баъдан ба Омӯзишгоҳи тиббӣ (1954) ва Коллеҷи тиббӣ (1996) табдили ном кард. Аз 8 апрели 1999 Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Р. А. Раҳмонзода ном гирифт.

Коллеҷ аз 7 факулта (кори табобатӣ, кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ, кори тиббӣ-профилактикӣ, корҳои тиббӣ-ташхисӣ, кори дандонсозӣ), 9 кафедра (биология ва тибби умумӣ, момодоягӣ, ҷарроҳӣ, асосҳои ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ, морфология, фармакология, фанҳои тиббӣ, забонҳо ва гуманитарӣ) иборат аст.

Коллеҷ дар 2 бино ҷойгир буда, 93 синфхона, аз ҷумла 5 синфхонаи компютерӣ, маркази тестӣ, маркази технологӣ ва инноватсионӣ, китобхона (дорои 16789 нусха адабиёти таълимӣ), хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ дорад.

Донишҷӯён 3912 нафар (787 писар ва 3125 духтар), омӯзгорон 472 нафар (2020).

Коллеҷ дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг гурӯҳҳои мақсаднок дорад, ки оид ба кори ҳамширагӣ мутахассис омода менамоянд.

Директорон: Б. Ш. Гадоев (1993–99), С. Холназаров (1999–2011), Ч. Назарзода (2011–20), З. А. Азиззода (аз 2020).

Б. Абдусамадов.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 393–394.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.