Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент

Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1992 чун Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Панҷакент дар заминаи филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) таъсис ёфтааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти 2014 ба муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент табдили ном кард.

Аз рӯи 4 ихтисос мутахассис тайёр мекунад: кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ, кори табобати дандон, кори фарматсевтӣ.

Коллеҷ 5 кафедра дорад: тибби умумӣ, тахассусӣ, гуманитарӣ-табиӣ-риёзӣ, ҷарроҳӣ, кори ҳамширагӣ.

2 гурӯҳи мақсадноки коллеҷ дар назди муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Масчоҳ фаъолият доранд.

Теъдоди донишҷӯён 964 нафар (243 писар ва 721 духтар), омӯзгорон – 196 нафар (2020).

Коллеҷ дар бинои сеошёна ҷойгир буда, 32 синфхона, 20 кабинети фаннӣ, озмоишгоҳ, толори маҷлис, китобхона (дорои 11043 нусха адабиёти таълимӣ, аз ҷумла 3588 нусха китоби электронӣ), майдончаи варзишӣ дорад.

Коллеҷро беш аз 4000 донишҷӯ хатм кардаанд.

Директорон: Х. М. Қодирова (1992–2012), М. М. Сафаров (2012–13), М. М. Собирова (аз 2013).

М. Собирова.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 394.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.