Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода

Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 31 августи 2007 ҳамчун Омӯзишгоҳи тиббӣ таъсис ёфтааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти 2014 ба муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода табдили ном кард.

Аз рӯи 7 ихтисос мутахассис тайёр мекунад: кори ҳамширагӣ, кори лабораторӣ, беҳдошт, санитария, эпидемиология, кори момодоягӣ, кори дорусозӣ, кори дандонсозӣ.

Коллеҷ 6 кафедра дорад: фарматсевтӣ, кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ, кори тиббӣ-профилактикӣ, кори дандонсозӣ, тиббӣ-ташхисӣ.

Коллеҷ дар бинои Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода ҷойгир буда, аз синфхона, маркази тестии бақайдгирӣ, озмоишгоҳ, маркази таҷрибаомӯзӣ, китобхона (бо 8581 нусха адабиёти илмию бадеӣ, аз ҷумла 1500 нусха китоби электронӣ), хобгоҳ (барои 50 донишҷӯ), ошхона иборат аст.

Дар коллеҷ 2364 донишҷӯ таҳсил мекунанд, омӯзгорон 173 нафар (2020).

Коллеҷ баҳри баланд бардоштани сифати таълим бо 16 муассисаи тиббии шаҳр ҳамкорӣ дорад.

Директорон: Ф. М. Тагаева (2007–15), А. Б. Сафаров (2015–17), Х. М. Каримов (2017–19), Ш. Б. Дӯстов (2019–20), М. Ч. Муродов (аз 2020).

Ш. Дӯстов.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 394.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.