Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ

Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 25 ноябри 1963 ҳамчун мактаби тиббӣ таъсис ёфтааст. Соли 1999 Омӯзишгоҳи тиббӣ, соли 2014 муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ном гирифт.

Бинои коллеҷ панҷошёна (ошёнаҳои 4 ва 5 хобгоҳ барои 240 нафар) буда, 8 ҳуҷраи кор, 20 синфхона, 3 озмоишгоҳ, китобхона (5112 нусха адабиёти таълимиву методӣ), варзишгоҳ ва ошхона дорад.

Аз рӯи 3 ихтисос мутахассис тайёр мекунад: кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ, кори момодоягӣ.

Донишҷӯён 290 нафар (51 писар ва 239 духтар).

Дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ гурӯҳҳои мақсадноки коллеҷ амал мекунанд. Машғулиятҳои амалии донишҷӯён дар беморхона, таваллудхона ва дигар муассисаҳои тандурустии шаҳр баргузор мегарданд.

Директорон: Э. М. Шерозов (1963–86), Т. Ниёзмамадова (1986–91), Д. Миралиева (1991–94), У. Диловаршоев (1994–2004), С. Назиров (2004–15), У. Темурбеков (аз 2015).

У. Темурбеков.

Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Несюнӣ

Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Несюнӣ, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Феврали 1932 ҳамчун Техникуми тиббӣ таъсис ёфтааст. Баъдан ба Комбинати тиббии таълимӣ (1954), Техникуми тиббӣ ба номи академик И. П. Павлов (1954), Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд; 1955), Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд (1999), муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд (2014) табдили ном кард. Номи имрӯзааш аз 31 декабри 2014.

Сохтори коллеҷ аз 15 кафедра (забони давлатӣ, ҷамъиятшиносӣ, терапия, момоӣ ва амрози занона, касалиҳои бачагона, тибби оилавӣ, кимиё ва биология, анатомия ва физиология, микробиология ва беҳдошт, ҷарроҳӣ, забонҳои хориҷӣ, стоматология, информатика, кори ҳамширагӣ ва дорушиносӣ) иборат буда, аз рӯи 8 ихтисос (кори табобатӣ, кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ, кори тиббӣ-ташхисӣ, кори тиббӣ-профилактикӣ, кори тибби офиятбахшӣ, кори дандонсозӣ, кори фарматсевтӣ) мутахассис тайёр мекунад.

Коллеҷ 130 синфхона, 8 толори лексионӣ, синфхонаи лингофонӣ, маркази тестӣ бо 58 адад компютер, китобхонаи электронӣ, китобхона (дорои 88 ҳазору 347 нусха адабиёти таълимӣ), хобгоҳ ва ошхона дорад.

Донишҷӯён 4266 нафар, омӯзгорон 253 нафар (2020).

Низоми таҳсил – кредитӣ. Коллеҷ дар ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Спитамен гурӯҳҳои мақсаднок дорад, ки мутахассиси кори ҳамширагӣ тайёр мекунанд. Коллеҷро то имрӯз 33000 нафар хатм кардаанд.

Директорон: А. Муқаррамӣ (1944–46), У. И. Исмоилов (1946–51), А. Г. Абдуллоев (1952–54), Х. У. Умаров (1954–55), Я. Ш. Шерғозиев (1955–60), М. К. Қаюмова (1960–61), М. А. Охунова (1961–63), И. И. Исмоилов (1963–67), А. А. Абдуназаров (1967–68), Х. К. Рофиев (1968–94), М. У. Усмонов (1994), Э. М. Маҳмудов (1994–96), М. Х. Бобохӯҷаев (1996–99), М. И. Иномҷонов (1999–2008), А. А. Фузайлов (2009), А. Х. Мавлонов (2009–16), И. Ҳ. Комилӣ (аз 2016).

И. Ҳ. Комилӣ.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 394–395.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.