Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара

Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара — муассисаи театрӣ. 18 октябри 2003 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Нахустин ҳунармандони театри навтаъсис М. Махсумов, Н. Исматов ва Р. Мутеуллоев буданд. Нахустин намоишномаи театр «То қиёмат»-и С. Айюбӣ (таҳияи Р. Одинаев, 2004) мебошад, ки дар жанри театри як актёр офарида шудааст. Намоишномаҳои баъдӣ «Бобои барфӣ куҷост?»-и Р. Одинаев, «Баъди кӯрдуд», «Экстрасенс»-и С. Муқаддамов, «Хурӯсҷоно», «Халтаро биёр»-и Ш. Солеҳов ва Зулфия Содиқова, «Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло, «Бойи золиму хурӯси ҷабрдида»-и Ш. Солеҳов, «Лаҳади Абдулаҳад»-и С. Айюбӣ, «Дод аз дасти Афандӣ», «Макри зан — ҷуволи арзан»-и Ғ. Ашӯров, «Оби мусаффо»-и Ҳ. Салимов ва И. Сафаров, «Рӯдакӣ»-и Ҷ. Қуддус ва М. Каримов, «Савдои ишқ»-и М. Набиев, «Афсона мехоҳам»-и Ҷ. Қуддус, «Соли нав дар Яхобод»-и И. Сафаров ва Х. Салимов, «Сӯҳони қазо»-и А. Абдуҷаббор, «Фолбинии Афандӣ»-и А. Баҳорӣ, «Сухани вопасини модар»-и Ш. Ҳусайнов, «Бо як гул ҳам баҳор мешавад»-и И. Усмонов ва А. Қодиров, «Гар зан ба шӯр ояд»-и С. Сафаров, «Диёри дилҳои хаста»-и Т. Муҳаммадризоев, «Ишқи дев»-и А. Қодиров ва И. Усмонов, «Пайраҳаи зиндагӣ»-и С. Сафаров, «Ишқи бозорӣ», «Лаҳзае бо Аллома»-и Ҷ. Қуддус, «Гулпарӣ» ва «Рӯбоҳ ва харгӯш»-и А. Файзиев, «Зангирии бобои Ҷумъа»-и Х. Холиқов, «Зиндамаргон»-и М. Ғоиб, «Чаманзори ваҳдат»-и Т. Аҳмадхонов, «Ҳазир-бод»-и Ҷ. Қуддус, «Дуздро қароқчӣ зад»-и С. Сафаров, «Дилҳои пуралам»-и М. Набиев, «Тахти Султон Маҳмуд»-и Ш. Солеҳ, «Дугоникҳо»-и А. Могилев, «Зангирии Балзаминов»-и Н. Островский ва ғайра ба саҳна гузошта шудаанд. Борҳо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо намоиши асарҳои саҳнавӣ ва рақсу сурудҳо (Хатлон, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, шаҳру ноҳияҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Театр ширкатдори фаъоли ҷашнвораҳои дохилию байналмилалии театрҳои касбӣ аст. Аз ҷумла, дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту-2007» (намоишномаи «Дод аз дасти Афандӣ»-и Ғ. Ашӯров, таҳияи Д. Убайдуллоев) ҷои дуввум, «Парасту-2011» (намоишномаи «Бо як гул ҳам баҳор мешавад»-и И. Усмонов ва А. Қодиров) ҷои севвум, «Парасту-2013» (барои намоишномаи «Субҳи козиб»-и Ғ. Ашӯров, таҳияи Д. Убайдуллоев) дипломро соҳиб шуд. Дар «Парасту-2015» дар номинатсияи «Барои беҳтарин нақши эҷодӣ» (М. Махсумов, намоишномаи «Лаҳади Абдулаҳад»-и С. Айюбӣ, таҳияи А. Қодиров) ва «Парасту-2017» дар номинатсияи «Беҳтарин нақши мардона» (М. Махсумов, «Шикасти аввали қаромита»-и Ҷ. Қуддус) ҷоиза ба даст овард. Соли 2012 театр дар фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ таҳти унвони «Давраи эҳё ва санъати театрӣ», ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор шуд, бо намоишномаи «Фолбинии Афандӣ»-и А. Баҳорӣ ширкат карда, ба гирифтани диплом мушарраф гардид. Театр соли 2020 «Тезии корд дар нӯғи корд»-и А. Абдураҳмонов, «Тавқи лаънат ва номзад»-и Ш. Солеҳ, «Карими Шиш»-и З. Ғулом, «Ҳаёт — сканворд»-и Х. Давлатовро рӯи саҳна овард. Ҳайати эҷодии театр дар фестивали «Парасту-2021» намоишномаи «Даҳ рӯзи генерал Шерак»-и И. Усмонов (таҳияи С. Додарбеков)-ро манзури тамошогарон намуд ва ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамонро барои тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиш соҳиб шуд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 673–674.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.