Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Бӯстон

Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Бӯстон — дуввумин театри русии Тоҷикистон. Соли 1949 дар заминаи дастаи ҳаваскорони санъати драма таъсис ёфтааст. Солҳои 1948–58 Театри драмаи мусиқии русии Ленинобод ном дошт. Нахустин намоишномаи театр «Егор Буличев ва дигарон»-и А. М. Горкий (коргардон Д. М. Ляховский, 1948) буд. Бештар осори драмавии классикону драматургони муосири рус, тоҷик ва хориҷиро таҳия кардааст. Дар саҳнаи театр асарҳои драматургони тоҷик Ҷ. Икромӣ, М. Миршакар, Ф. Тошмуҳаммадов, М. Рабиев, Ф. Ансорӣ, С. Саидмуродов, М. Бахтӣ, А. Баҳорӣ, А. Сидқӣ ба саҳна гузошта шудаанд. Дар фестивали ҷумҳуриявии театрӣ «Парасту-2003» намоишномаи «Хоин»-и П. Мериморо манзури тамошогарон кард. Дар гурӯҳи эҷодии театр собиқадорону устодони санъати театр Н. Селезнёва, А. Круглов, Ю. Абросимов, П. Борзов, С. Валавина, И. Янковский, В. Баронов, О. Герасимов, Б. Яншевский, З. Барботко, Л. Исков ва дигарон намоишномаҳо таҳия намудаанд. Дар ороиши саҳнаҳои театр рассомон Я. Гущин, А. Османов, С. Куртмалева, С. Самсонов хизмат кардаанд. Пйесаҳои муосир барномаи асосии театрро ташкил медиҳанд. Намоишномаи солинавии «Соле як маротиба»-и С. Шехов, намоишномаҳои «Хона фурӯхта мешавад»-и С. Ҷӯрабоев, «Бӯққа»-и М. Супонин, «Заргӯши доно ва гурғи коно»-и Ш. Қиём, «Афсонаи солинавӣ», «Чароғи сеҳрноки Аловуддин» (таҳияи Р. Раҳматуллоева), «Фарзандони генералҳо»-и Н. Шарипов, «Хирс»-и А. Чехов ва ғ. солҳои ахир рӯи саҳнаи театр омада, мақбули тамошогарон гардидаанд.

Театри давлатии драмаи мусиқии ӯзбекии ноҳияи Спитамен ба номи Ш. Бурҳонов

Ин ҳайати эҷодӣ соли 1934 дар заминаи маҳфили драмавии ҳаваскорони санъати Хонаи маданияти ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен) таъсис ёфтааст. То соли 1957 ҳамчун театри халқии ҳаваскорон амал мекард ва ҳамон сол Театри драмаи мусиқӣ ном гирифт. Дар таъсиси театр аввалин коргардонони он Ф. Мусоев ва Т. Ҳасанов саҳми назаррас доранд. Тӯли фаъолияташ театр беш аз 250 намоишнома таҳия карда, манзури тамошогарон гардонидааст. Дастаи консертии театр бо барномаҳои рангоранги ҳунарӣ қариб ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Дар солҳои нахустини таъсиси театр гурӯҳи эҷодии он аз 18 нафар иборат буд. Дар ибтидо ҳайати театр бештар ба таҳияи асарҳои драманависони ӯзбек машғул буд: «Лолахон» ва «Андарун»-и К. Яшин, «Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳ. Ниёзӣ ва ғ. Сипас ба эҷодиёти драманависони кишварҳои собиқ ИҶШС рӯ оварда, «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков, «Ҳуҷум»-и В. Ян, «Хосият»-и Е. Акубҷонов ва Н. Зелеранский ва ғ.-ро намоиш дод. Дар рушди театр М. Парпиев, У. Сиддиқова, М. Қосимхонов, П. Элмуродов, И. Бобоев, Н. Азизова, Б. Турдимуродов, Г. Раҳимов, С. Ҷӯраева, А. Слугин, Д. Маҳкамов, А. Османов, О. Назаров, Ғ. Аюбҷонов ва дигарон саҳм доштанд. Намоишномаҳои «Адолат»-и И. Икромов, «Шабҳои фироқ»-и А. Шукӯҳӣ, «Хонаи умед»-и А. Сидқӣ, «Олуфта»-и А. Мусоҷонов, «Маликаи Турандот»-и К. Готси, «Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдулло, «Ишқи Ватан»-и З. Фатҳуллин, «Киштишикастагонем»-и Ч. Қуддус, «Якравҳо»-и Ҷ. Ҷабборов, «Ричард III»-и У. Шекспир мақбули тамошогарон гардидаанд. Дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ — «Парасту-2003» театр намоишномаи «Шиквае аз ту надорам, асри ман!»-и М. Сурушро манзури тамошогарон намуд. Ҳайати эҷодии театр ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ — «Парасту-2021» намоишномаи «Фариштаи наҷот»-и У. Усмонов ширкат карда, дар номинатсияи «Беҳтарин нақши эпизодӣ» (М. Абдураззоқова барои иҷрои нақши Саломат) соҳиби ҷоиза шуд.

Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд

Ин дуввумин театри касбии тоҷикӣ буда, январи 1932 дар заминаи дастаи ҳаваскорони мусиқӣ-драмавии шаҳри Хуҷанд (солҳои 1925–26) таъсис ёфтааст. То соли 1990 Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқӣ ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод ном дошт. Дар таъсиси театр аввалин коргардонони театр Ҳ. Маҳмудов, ҳунарпешагон М. Холматов, Т. Тоҷибоев, М. Самандаров, З. Дӯстматов, Х. Қосимова, Г. Бобоева, Т. Султонова, М. Аҳмадова, аввалин мудирони бахши адабии он М. Турсунзода ва М. Аминзода, аввалин дирижёрон Н. Азимов, К. Мирмуллоев, Д. Айрапетянс, рассом В. Нуриддинов, балетмейстер Д. Хусайнов ва дигарон саҳми назаррас доранд. Аввалин асарҳои мукаммали дар саҳнаи ин театр таҳияшуда инҳоанд: «Бегуноҳ»-и М. Юсуфбеков ва «Ғолибият»-и Р. Ҷалил (1932, коргардон Ҳ. Қосимов). Соли 1933 «Ду коммунист»-и К. Яшин (коргардон М. Саидов), «Шӯриши Восеъ»-и А. Фитрат, «Ҳалима»-и Ғ. Зафарӣ, «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков (коргардон Ҳ. Қосимов), солҳои 1934–36 як силсила пйесаҳои адибони тоҷик – «Саодат»-и Р. Ҷалил, «Ҳукм»-и М. Турсунзода (коргардон Ҳ. Маҳмудов), «Шараф»-и М. Аминзода, «Роҳатхон»-и М. Турсунзода (коргардон Ҳ. Қосимов), «Муҳаббат»-и Р. Ҷалил, «Доҳунда», солҳои 1938–41 «Макр ва муҳаббат»-и Ф. Шиллер, С. Саидмуродов ва И. Исмоилов, «Гулсара»-и К. Яшин, «Санавбар»-и Р. Ҷалил, «Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳамза (коргардон Р. Эркабоев), дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) ва солҳои баъдиҷангӣ «Калтакдорони сурх»-и С. Улуғзода (1941), «Рустам ва Суҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн (1942), «Мардуми рус»-и К. Симонов (1944), «Тоҳир ва Зуҳра»-и С. Абдулло, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ш. Хуршед, «Фарҳод ва Ширин»-и К. Яшин, «Раъду барқ»-и А. Островский, «Қишлоқи тилоӣ»-и М. Миршакар ва ғ. рӯи саҳнаи театр оварда шуданд, ки мухлисони зиёд дар дохил ва хориҷи кишвар доштанд. Аз соли 1955 Р. Эркабоев саркоргардони театр шуд ва чанд намоишномаро ба саҳна гузошт, ки дар байни онҳо «Пӯлод ва Гулрӯ»-и Р. Ҷалил, «Ду зебоӣ, ду ишқ»-и М. Сайфиддинов, «Ҷони нодон дар азоб»-и Ҳ. Содиқ, «Тӯй»-и С. Раҳим, «Тӯфон»-и Ғ. Абдулло ва Ш. Қиёмов, «Нурхон», «Равшан ва Зулхумор»-и К. Яшин буданд. Роҳбари нави бадеии коллектив Л. Бочавер «Сонни ва Махивал»-и Балвант Гарги, «Беҷиҳоз»-и А. Островский, «Дили шоир»-и Р. Ҷалил, «Шарораҳои Хуҷанд»-и С. Сафаровро ба саҳна гузошт.

Дар театр дар давраҳои гуногун ходимони намоёни санъати театрӣ — Ҳ. Умаров, Х. Назаров, Ю. Раҳматзода, М. Воҳидов, И. Фозилова, А. Храмченко, М. Киситс, Д. Серебрянник, О. Назаров, И. Саломов, Р. Баккал, И. Буров, А. Акрамов, О. Усмонова, М. Иброҳимова, Ҷ. Набиев, С. Исоева, С. Қурбоналиев, У. Ҳамдамов, С. Холматов, М. Самандаров, С. Фармонов, М. Аҳроров, А. Парпиев, Д. Алиматов, З. Асанова, И. Саломов ва дигарон нақш бозидаанд.

Солҳои 70–80 дар барномаи театр намоишномаҳои «Бедорӣ»-и Р. Ҷалил (1975), «Супориши ЧК»-и А. Сидқӣ, «Абадзиндаҳо»-и С. Сафаров (1976), «Зол ва Рудоба»-и Ш. Қиёмов, «Ашрофпараст»-и Ж. Молиер (1977), «Соҳибаи меҳмонхона»-и К. Голдони, «Лӯлиён»-и А. С. Пушкин, «Фаввораи ишқ, фаввораи ашк» (аз рӯи асари «Фаввораи Боғчасарой»-и А. С. Пушкин, инсценировкаи Н. Исломов), «Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад, «Авлодони шайтон»-и Ҳ. Мухторов (1978), «Қиссаи ҳиндубача Маугли»-и Р. Киплинг, «Хонашерони майдонғариб»-и Ғ. Абдулло, Ш. Қиёмов ва М. Рабиев, «Хусрав ва Ширин»-и Г. Птитсин (аз рӯи достони Н. Ганҷавӣ), «Аз бало ҳазар»-и Ш. Қиёмов (1979), «Темурмалик»-и С. Улуғзода, «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ, «Баъди имтиҳон»-и Ф. Ансорӣ, «Фоҷиаи инсон»-и А. Атобоев ва ғ. мавқеи намоён доштанд. Дастаи консертии театр барномаҳои пурмазмунро манзури тамошогарон мекунад. Театр замони фаъолияти бисёрсолаш зиёда аз ҳазор намоишномаро дар жанрҳои гуногун (драма, мелодрама, намоиш барои кӯдакон, мюзикл) ба саҳна гузоштааст.

Дар солҳои истиқлол театр «Ҷавонии Мушфиқӣ»-и Т. Зулфиқоров, «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо»-и А. Сайфуллоев, «Таксисти ошиқ» (тарҷумаи Қ. Бобоҷонов), «Найрангҳои Абдуи Хуҷанд»-и Б. Абдураззоқов, «Бухорои шариф» (аз рӯи «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ), «Ишқи парӣ»-и Т. Муҳаммадризо, «Бозгашти айём»-и А. Қодирӣ, «Ошиқам, ман ошиқ»-и М. Ҷӯрабекова, «Вийд», «Гурбаи мӯзапӯш»-и Ч. Қуддус, «Афсонаи солинавӣ» ва «Ашрофпараст»-и Молиер, «Арӯси чойдорӣ»-и Н. Аббосхон, «Булбули Хуҷанд»-и Т. Озарахш ва ғ.-ро рӯи саҳна овард. Намоишномаи «Ишқи парӣ» дар чандин озмуну ҷашнвораи байналмилалӣ дар Украина, Беларусь, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Россия соҳиби тӯҳфаву диплом ва дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту-2011» сазовори ҷои аввал гардидааст. Намоишномаи «Булбули Хуҷанд» дар «Парасту-2021» ва дар фестивали байналмилалии «Параллельные миры» (Беларус, 2021) сазовори ҷоизаи «Беҳтарин ороиши мусиқӣ» гардид.

Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров

Яке аз аввалин ҳайатҳои эҷодии касбии тоҷик аст. Соли 1936 дар заминаи дастаи ҳунарии ҳаваскорони санъати клуби шаҳр таъсис ёфтааст. То соли 1940 Театри мусиқӣ, аз соли 1958 то 1994 Театри драмаи мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Рӯдакӣ ном дошт. Номи имрӯзааш аз соли 1996. Аввалин ҳунарпешагони театр Ғ. Ғуломалиев, Б. Карамхудоев, Г. Қадамшоева, Д. Бекова, А. Ибодуллоева, Қ. Ноёбшоев, М. Шакаринов, С. Давлатова, К. Шотомуров, Г. Наврӯзбеков, Ш. Бақоев, Н. Одинаев (ҳамагӣ 20 кас) буданд. Баъдтар ба ҳайати театр мутрибону раққосони халқӣ Н. Қурбонҳусейнов, М. Мамадюсупов, М. Гуленов, санъаткорон С. Бандишоева, Ф. Чорубов, М. Исмоилов, Б. Шоҳонова, С. Раҳимхудоев дохил шуданд. Соли 1954 ба театр як гурӯҳ хатмкардагони Институти театриву рассомии Тошканд ба номи А. Н. Островский – П. Завқибеков, Қ. Имматшоев, М. Мамадазимов, М. Маликов, Ш. Пӯлодов, А. Раҳмонқулов ва дигарон омаданд ва дар рушди бадеии театр саҳми арзанда гузоштанд. Намоишномаҳои беҳтарини театр инҳоянд: «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков (1939), «Қишлоқи тиллоӣ»-и М. Миршакар (1946), «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер (1947), «Рустам ва Суҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва Волкенштейн (1948), «Достони Ҳофиз»-и Ф. Тошмуҳаммадов, «Нисо»-и В. И. Виталев (1956), «Шафақҳои Помир»-и И. Павлов (1958), «Ҳалокати одат»-и М. Назаров (1960), «Найрангҳои Скапен»-и Ж. Б. Молиер (1965), «Мо аз Боми Ҷаҳон»-и Р. Абдулло (1969), «Чинори гӯё»-и С. Саидмуродов (1968), «Дуэл»-и Ж. Байчиев (1969), «Хуррият»-и Ғ. Абдулло (1970), «Байрақи мактаб»-и М. Миршакар (1971), «Интиқом»-и С. Сафар (1972), «Писари гумроҳ»-и Э. Ранет (1972), «Супориши махсус»-и А. Балакаев (1973), «Меҳмон аз Помир»-и Ф. Тошмуҳаммадов (1973), «Ситораи умед»-и Ғ. Абдулло (1976), «Андро ва Сандро»-и Г. Хугаев, «Ҷойи сердаромад»-и А. Островский (1977), «Ваня-тағо»-и А. Чехов, «Ситораи Сино» (1980), «Қиссаи Зайнаббибӣ»-и С. Саидмуродов (1983) ва ғайра. Дар ҳайати эҷодии театр Артистони халқии РСС Тоҷикистон Б. Карамхудоев, Ғ. Худоёрбекова, М. Дилдорова, С. Шоисмоилова, С. Бандишоева, ҳофизони халқӣ М. Хӯҷамёров, М. Қурбонҳусейнов, ходимони хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон Ё. Ашурмаҳмадов, Р. Муродҳусейнов, Артистони хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон А. Давлатов, П. Завқибеков, З. Искандарова, М. Мамадазизов ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд. Аз рӯзи нахустини таъсиси театр саркоргардонони он Ш. Бақоев, Б. Смирнов, М. Назаров, М. Дубровин, Н. Гулмамадов, А. М. Мирзохонов, А. Раҳмонқулов, Ф. Тошмуҳаммадов, Б. Карамхудоев, М. Мамадазимов, Қ. Халилов, М. Мазҳабшоев, рассомон М. Беспалко, М. Назаренко, Н. Малишев, Ю. Калинин, М. Гадомамадов буданд. Роҳбарии театрро аз соли 1976 то 1996 Ҳ. Давлатбеков, аз соли 1996 М. Назаршоева ба уҳда дошт. Театр тайи чанд соли охир «Ишқи парӣ»-и Т. Муҳаммадризо, «Чароғи сеҳрноки Аловуддин» (дар асоси ривоятҳои «Ҳазору як шаб»), «Қабилаи дугоникҳо», «Вирод», «Қавм»-и М. Суруш, «Акси садо», «Зани шаҳрӣ»-и П. Қиматшоев, «Гурбаи мӯзапӯш»-и Ч. Қуддусро рӯи саҳна овард. Ҳоло саркоргардони театр У. Ҳисравов мебошад. Ҳайати имрӯзаи театр аз 56 нафар иборат аст.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 675–677.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.