Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Санъати рақс

Рақси халқии тоҷикӣ таърихи хеле қадим дошта, то ба шакли имрӯза расиданаш таҳаввулоти басо мураккаб ва роҳи дуру дарозро тай кардаву аз насл ба насл гузаштааст. Ёдгориҳои бостонии санъати тасвирӣ ва маъхазҳои хаттӣ аз густариши рақс дар ҳаёти гузаштагони мо шаҳодат медиҳанд. Унсурҳои қадимтарини рақси тоҷикӣ дар тасвирҳои рӯи сангҳо мушоҳида мешаванд. Дар байни 3500 тасвири рӯи сангии аз дараи Сармисои ҷанубии Қаротоғ ёфтшуда тасвирҳои раққосон низ ба назар мерасанд, ки ба асрҳои 3–2 то м. мансубанд. Олимон дар баландии 3000 м аз сатҳи баҳр, дар силсилакӯҳҳои Фарғона шумораи зиёди тасвирҳои рӯи сангро пайдо намудаанд, ки дар яке аз онҳо саҳнаи рақси маросими динӣ ва одами доирабадаст тасвир шудааст. Дар осори классикони форсу тоҷик ҳангоми тавсифи зиёфат ва сайру гаштҳо на танҳо номгӯи созҳои қадимии мусиқӣ, балки маълумот оид ба раққосу раққосаҳо низ ба назар мерасанд. Дар асри 15 дар қасрҳо ва майдонҳои шаҳрҳои бузург базмҳои боҳишмат ва саҳнабоб баргузор мегардиданд, ки дар онҳо раққосон муттасил ширкат доштанд. Онҳо таҳти навозиши 3–4 мутриб, гоҳе яккаса ва гоҳе дукаса мерақсиданд. Мас., дар минётуре, ки рассоми бухороӣ барои «Хамса»-и Низомӣ кашидааст, манзараи тӯи Искандари Зулқарнайн бо Равшанак акс ёфтааст. Як гурӯҳ занони тамошогар рӯи гилеми нақшин нишастаанд. Раққоса таҳти доиразании зане бо шавқу ҳавас ва илҳом дар сараш тоқӣ, аз болои он чодари нозук, дар тан камзӯл, миёнаш бо камарбанде баста шуда, дасти чапаш нимқат боло ва дасти росташ андак поин мерақсад. Аз ин маълум мегардад, ки дар замонҳои пеш аз милод низ рақс сабку услуби хосса дошта, ҳар як ҳаракату ишораи дасту пайкар, рамзеро ифода мекардааст. Санъати рақс дар давраи юнонию бохтарӣ низ вуҷуд доштааст. Тасвири раққосаҳо дар чандин ёдгории давраи Сосониён (асрҳои 3–7) низ мушоҳида мешавад. Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ дар «Бадоеъу-л-вақоеъ» дар бораи сарояндагон ва раққосони замони худ ёдоварӣ кардааст, ки Мақсудалӣ, Тоҳири Чакка, Моҳчучук ва дигарон аз беҳтаринҳо будаанд. Унсурҳои рақси мардумӣ аз урфу одат, расму оин, ҳаракату рафтор ва дигар сарчашмаҳо манбаъ гирифта, вобаста ба ҳар минтақаву ноҳия шакл ва иҷрои ба худ хосро касб кардааст. Вобаста ба мазмун, мавзӯъ, шакл, табиату хислат, сохт, тарзи иҷро рақси халқии тоҷикӣ ба якчанд гурӯҳ тақсим мешавад: рақси имову ишоравӣ, рақсҳои маросимӣ, рақсҳои корӣ, рақсҳои ҷанговарона, рақс бо созе, рақсҳои хандаовар, рақсҳои тақлидомез ва ғ. Ҳар як намуди рақс на танҳо аз ҷиҳати шакл ва ҳаракатҳои хос, балки тарзи истифода бурдани мусиқӣ ё суруд фарқ мекунад. Қисме аз намуди рақсҳо барои мардҳо ва қисми дигараш барои занон, вале аксарашон барои ҳар ду ҷинс яксонанд. Дар байни инҳо рақси имову ишоравӣ хеле қадимист. Тарзи иҷрои ин рақс чунин аст: иҷрокунанда ба сару рӯяш ниқоб пӯшида, бо ҳаракатҳои махсуси мазмундор рафтору кирдори ҳайвоноту парандаро тақлид менамояд (чунончи, «Лақлақбозӣ», «Уқоббозӣ», «Шербозӣ», «Рӯбоҳбозӣ» ва ғ.). Рақсҳои маросимӣ вобаста ба анъанаи расму оинҳои гуногун пайдо шудаанд. Дар баъзе деҳаҳои Рӯшону Бартанги ВМКБ рақсе ба номи «Пойамал», дар водии Зарафшон бо номи «Гира» (Гиря), дар Панҷакент бо номи «Садр» вуҷуд дорад, ки хешовандон (хусусан занон) дар рӯзи дафни мурда якҷо иҷро мекунанд. Рақсҳои вобаста ба фаъолияту касб – «Гилембофӣ», «Рағзабофӣ», «Арғушти ошпазӣ», «Шибитз» низ хеле қадимианд. Рақсҳои «Пила», «Пахта», «Боғбон» дар ибтидои асри 20 саҳнагузорӣ шудаанд, ки бахшҳои гуногуни зиндагии мардумро нишон медиҳанд. Рақсҳое, ки шуҷоату мардонагиро ифода мекунанд, бо ҳаракатҳои қавӣ, чархзаниҳои босуръат ва истҳои ногаҳонӣ иҷро карда мешаванд («Шамшербозӣ», «Калтакбозӣ» ва ғ.). Рақсҳое низ ҳастанд, ки бо абзоре (масалан, чумча, кӯза, чойник, тоқӣ ва ғ.) иҷро мешаванд. Баъзе рақсҳо хусусияти театрӣ дошта, саҳнаи мустақили хореографиро ба хотир меоранд («Аспакбозӣ», «Уштурбақатор», «Кемабозӣ»). Дар ин рақсҳо унсурҳои драмавӣ ва санъати сирк бо ҳам омезиш ёфтаанд. Рақсҳои тоҷикӣ дар намоишҳои театри масхарабозон, театри халқии лухтакбозӣ, сирки халқии пойчӯбинбозҳо, табақбозҳо, дорбозҳо, ки рӯи арғамчин ҳар гуна ҳаракатҳои мураккабро бо рақс мепайвастанд, истифода мешуданд. Дар драмаҳои мусиқии халқӣ («Бобопирак», «Муғулбозӣ») рақс аз василаҳои асосӣ буда, баъзан ҷойи муколамаву монологҳои қаҳрамонони намоишро мегирад. Дар рақси тоҷикӣ мазмун аз рукнҳои бисёр муҳим ва асосӣ ба ҳисоб меравад. Раққос тавассути ҳаракату имову ишора муносибаташро ба ҷиҳатҳои гуногуни ҳаёт, олами атроф ва табиат ифода намуда, асосан ба ҳаракати даст, сар ва китфҳо эътибор медиҳад. Дар ин маврид ҳаракати по воситаи ёридиҳандаи бадеӣ буда, ҳаракати дастон бо ҳаракати бадан, имову ишора ва ғ. мувофиқат мекунад. Яке аз махсусиятҳои рақс бадоҳатан ба вуҷуд омадани он аст. Раққос вобаста ба зарбу усул ва мазмуни рақс амал карда, суръати даркорӣ ва василаҳои мувофиқи бадеии онро дарҳол дармеёбад. Чунин бадеҳакорӣ на танҳо дар иҷрои ҳаракатҳои мухталиф, балки дар бандубаст ва мазмуни рақс таъсири амиқ мегузорад. Рақси тоҷикӣ бештар бо ҳамовозии доира ва дастаи созҳои мусиқӣ, ҳангоми сайр, тӯй ва тантанаҳо, баъзан бо иштироки созҳои нафасию зарбӣ – даф, доира, таблак, сурнай, карнай, нағора ва ғ. иҷро мешавад. Дар ташаккули услубҳои асосии рақси тоҷикӣ тафовути иқтисодию иҷтимоӣ ва таърихии ноҳияҳои гуногуни тоҷикнишини Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, шароити табиӣ, махсусиятҳои забон ва зисту зиндагонӣ акс ёфтаанд. Ҳар яке аз онҳо ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд, чунки аксари онҳо соҳиби рақсҳои анъанавӣ, услуби хосси бозӣ, пӯшок, зарбу усул ва оҳангҳо буда, хислат ва шуҷоати сокинони ҳамон ноҳияро инъикос мекунанд. Раққосон ҳаваскор ва касбӣ мешаванд. То Инқилоби Октябр раққосони касбӣ танҳо дар шаҳрҳои калон буданд. Онҳоро дар байни мардон «ҷувон», «бача» ва дар байни занон «созанда», «яллачӣ» меномиданд. Рақсҳои созандаҳои Бухоро авҷи аълои санъати рақси классикии тоҷик ба шумор мераванд. Дар барномаҳои созандаҳо рақсҳои тоҷикии «Қайроқбозӣ», «Равона», «Соқинома», «Занг» ва ғ. машҳур буданд.

Равнақи санъати рақси тоҷикӣ тахминан ба солҳои 1920–30 рост меояд. Дар ин давра дастаҳои рақсӣ батадриҷ афзоиш ёфтанд. Рақсҳои гуногуни ноҳияҳои тоҷикнишин нахустин бор рӯзҳои Анҷумани якуми умумитоҷикии ҳофизон ва раққосон, ки охири феврали 1931 дар Сталинобод (ҳоло Душанбе) баргузор гардид, намоиш дода шуданд. Аз тамоми шаҳру ноҳияҳо мутрибон, сарояндагон, раққосаҳо, масхарабозон гирд омаданд. Дар ин ҷамъомад нахустин бор занон ҳамроҳи мардон ҳунарнамоӣ карданд. Бори нахуст рақси тоҷикӣ августи 1932 дар Маскав дар Олимпиадаи умумииттифоқии санъат намоиш дода шуд. Рақси тоҷикӣ оҳиста-оҳиста баъзе унсурҳои саҳнавиро ба худ касб намуд. Солҳои 20 ва ибтидои солҳои 30 рақсҳои тоҷикӣ бештар хусусияти фолклорӣ доштанд ва дар барномаҳои дастаҳои ҳаваскорони клубу чойхонаҳои сурх, мактабҳо иҷро мешуданд. Баъди ташкили театрҳои касбии ҷумҳурӣ ва ба камол расидани балетмейстерҳо хусусияти миллии рақсҳои тоҷикӣ сайқал ёфт. Дар ин давра дастаҳои худфаъолият таъсис ёфта, батадриҷ афзоиш ёфтанд. Сохт ва таркиби рақс такмил ёфта, шаклан саҳнабоб шуд. Рақсҳои яккасаву дукасаи марду зан, рақсҳои чоркасаву оммавӣ, сюитаҳои рақсӣ ба вуҷуд омада, бандубаст ва таносуби композитсияи онҳо устувор гардид. Устодони рақс ҳангоми офаридани рақсҳои оммавӣ ҳаракатҳои хосси рақси тоҷикиро интихоб намуда, бозёфтҳои худро ба сужет ва мундариҷаи рақс мепайвастанд. Онҳо дар асоси сужетҳои фолклорӣ рақсҳои «Кӯза», «Сӯзанӣ», «Пахта», «Тӯй», «Субҳи баҳор» ва ғ.-ро эҷод карданд. Замони нав мавзӯъ, сюжет ва образҳои тоза овард. Рақсҳои мардонаву занона сифатҳои нав пайдо карданд. Масалан, рақси занона аз ҳаракатҳои нисбатан маҳдуд, оҳангҳои маҳзун, суръати бағоят суст раҳо ёфт. Дар рақсҳои мардона оҳанги ҷасорату диловарӣ, дар рақсҳои яккасаи занона аломатҳои ифтихор, шаъну эътибор, озодию шодмонӣ зиёд шуданд. Чунин хусусиятҳо дар рақсҳои «Шодиёна», «Дугонаҳо», «Вохӯрӣ», «Товус», «Лола» ва ғ. бештар мушоҳида мешаванд. Саҳми балетмейстерҳо М. Файзибоева, А. Исломова, А. Протсенко, К. Голейзовский, Ғ. Валаматзода, А. Азимова, Р. Баккал, З. Аминзода, М. Отамов, Г. Мирҷумъаева, Ш. Рашидова, Ф. Каримов, И. Раҳмониён, М. Абдурасулов, Д. Сатторова, Б. Карамхудоев ва дигарон дар инкишофи рақси халқии тоҷикӣ хеле бузург аст. Ба онҳо пайваст намудани рақс бо тахайюли эҷодӣ, ифодаи мазмуни баланд, нафосат, рангин намудани василаҳои тасвир ва нигоҳ доштани таровати нотакрори санъати халқ хос аст. Барои офаридани беҳтарин намунаҳои санъати рақси тоҷикӣ ва ташвиқу тарғиб намудани онҳо театрҳои касбию халқии ҷумҳурӣ саҳми басазо гузоштанд. Дар офаридани рақсҳои нав дар заминаи рақсҳои халқӣ ва дар таблиғи беҳтарин санъати хореографии халқӣ Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ, Театрҳои мусиқӣ-драмавии Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб нақши муҳим иҷро кардаанд. Соли 1965 Ансамбли давлатии рақсии «Лола» (роҳбари бадеиаш Ғ. Валаматзода) ва соли 1978 ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ганҷина» (1986, роҳбари бадеӣ Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон Зафар Нозим, устоди рақс — Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон Г. Мирҷумъаева), ансамбли «Зебо» (назди Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, роҳбари бадеиаш З. Аминзода, 1979), ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» (1988), ансамбли тарона ва рақси «Сомон» (1997) ва дигар ансамблҳо таъсис ёфтанд, ки ҳоло барномаи онҳо аз рақсҳои тоҷикӣ ва рақсҳои дигар мамлакатҳои дунё иборат аст. Махсусан рақсҳои тоҷикии «Занг», «Ҷавонӣ», «Завқи ҷавонӣ», «Насими кӯҳсор», рақсҳои классикии «Нағмаи ораз», «Чоргоҳ», «Уфари Уззол», рақсҳои русии «Рақси духтарон», «Афсонаи беша», озарбойҷонии «Бахчакурд» ва ӯзбекии «Субҳи Фарғона», «Амонёр», «Роҳи бахт» бо маҳорати баланд ва услуби хос иҷро мешаванд. Солисткаҳои «Зебо» — Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон С. Файзиева, ҳунарпешагон Н. Потёхина, Г. Улмасова, Т. Муҳаммадиева ва дигарон рақсҳоро хеле бомаҳорат иҷро мекарданд. Ансамбли «Зебо» дорандаи Мукофоти комсомоли ленинии умумииттифоқ (1982) гардида, дар инкишофи санъати рақси тоҷикӣ ҳиссаи арзанда гузоштааст. Дар рушду такомули рақси тоҷикӣ Б. Ҳомидов, С. Хӯҷаев, Ҳ. Пасаров, О. Исомова, У. Рабимов, А. Исҳоқова, М. Қобилов, А. Носирова, Л. Зоҳидова, Г. Мирҷумъаева, З. Каримова, М. Қаландарова, Ҳ. Эркаева, З. Асанова, Ҳ. Боева, З. Искандарова, Г. Худоёрбекова, М. Гуленов ва дигарон саҳми бузург доранд. Оҳангсозони тоҷик барои раққосон сюитаҳои рақсӣ эҷод кардаанд, ки сюитаи рақсии «Лола»-и Ҳ. Абдуллоев, «Сюитаи ҳиндӣ»-и Ф. Баҳор, «Духтари тоҷик», «Раъно»-и А. Камолов, «Чорзарб», «Гулдастаи баҳор»-и А. Одинаев, «Сюитаи тоҷикӣ»-и Я. Сабзанов, «Мо аз боми ҷаҳон»-и Ф. Солиев, «Хуш он замон» ва «Сюитаи ҷавонӣ»-и З. Шаҳидӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳоанд.

Соли 2000 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамбли рақсии «Гулрез» (роҳбари бадеӣ — Артисткаи халқии Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпоқистон Ҷ. Охунова, баъд Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Раҳмонӣ) ташкил шуд, ки мақсад аз ташкил шудани он, аз як ҷониб, баланд бардоштани фарҳанги зебоишиносии мардуми кишвар ва, аз тарафи дигар, тарғибу ташвиқи рақси миллии тоҷикӣ буд. Нахустин сафари ҳунарии ин ансамбл ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2004 дар фестивали ҳунарии давлатҳои узви ҳамкориҳои Шанхой баргузор гардид. Соли 2005 дар рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ҳамчунин рӯзҳои Тоҷикистон дар шаҳри Пориси Фаронса бо барномаи калони ҳунарӣ иштирок дошт. Ансамбл ба шаҳрҳои Пекин, Алмаато ва Остона (Қазоқистон), Боку, Охсу (Озарбойҷон), Минск ва Волководск (Беларус), Деҳлӣ ва Бангалор (Ҳиндустон), Туркманобод (Туркманистон), соли 2019 ба Маскав ва Санкт-Петербург сафарҳои ҳунарӣ кардааст.

Дар солҳои охир ҷиҳати рушду равнақи унсурҳои рақси халқӣ фестивали ансамблҳои давлатӣ баргузор мегардад. Имрӯз рақсҳои омехта — рақси якҷои зану мард — хеле густариш ёфтаанд. Ансамблҳои рақсии фаъолияткунандаи муосири тоҷик на танҳо ороишдиҳандаи саҳнаҳо дар маросимҳои дохилии кишвар мебошанд, балки дар саҳнаҳои хориҷ аз кишвар низ эътибору шуҳрати санъати моро боло мебардоранд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамблҳои рақсии «Падида», «Базморо», «Дарё», «Зебо», «Ҷаҳоноро», «Чаман», «Сомон», «Гулрез», «Рухшона» ва ғайра, инчунин мактабҳои ҳунарии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият доранд, ки ба тарбияи раққосу раққосаҳо ва рушди санъати рақс машғуланд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 678–679. Муаллиф: Н. Нурҷонов.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.