Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Сирки тоҷик

Сирки тоҷикӣ ба таърихи бисёрасра ва анъанаву маросимҳои халқӣ, санъати мусиқӣ ва хореография робитаи зич дорад. Рақсҳои пантомима («Уқоббозӣ», «Рӯбоҳбозӣ») ва рақсҳои ифодакунандаи шуҷоату мардонатӣ («Шамшербозӣ», «Калтакбозӣ», «Оташбозӣ»), инчунин куштигирӣ, аспдавонӣ, қувваозмоии паҳлавонон ва дигар машқҳои мураккаби ҷисмонӣ дар пайдоиши сирки тоҷикӣ нақши муҳим доранд. Маъхазҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҷузъиёти алоҳидаи рақсу дигар ҳунарнамоҳои халқӣ аз нахустин падидаҳои онанд. Намоиши фардию гурӯҳии ҳунармандони халқии аҷдоди тоҷикон як навъ тамошои сиркӣ буд. Унсурҳои сиркӣ дар ҳунарнамоиҳои намояндагони театрҳои халқӣ (шуъбадабозон) мушоҳида мешаванд ва ба ҳаёти ҳаррӯзаи одамон вобастагӣ доштанд. Баъдан аз ин унсурҳо навоҳо ва жанрҳои сиркӣ (ҳусусан дар шаҳрҳои калон) ташаккул ёфтаанд. Анъанаҳои неки мардуми тоҷик, ки дар иду ҷашну маросимҳои миллӣ ифода меёфтанд, барои такомул ва тавсеаи ҳунарҳои мардумӣ – асптозӣ, куштигирӣ, бузкашӣ, дорбозӣ, шуъбадабозию масхарабозӣ, анвои мухталифи рақсҳо (шамшербозӣ, уқоббозӣ, калтакбозӣ ва ғ.) ва ромкунии ҳайвоноту парандагон (аксаран хирс, паланг, юз, оҳу, маймун, фил, гурба, кабк, хурӯс) мусоидат намудаанд. Навъҳои гуногуни акробатика (дорбозӣ) ва жонглёрӣ – кордбозу тосбоз вуҷуд доштанд; кордбоз бо 2–6 корд ҳунарнамоӣ мекард: бо ду даст якбора 4 кордро ба боло партофта, якеро паи дигаре мегирифту боз ба боло мепартофт; чӯбпой бо пойҳои чӯбини 2–3-метрӣ ҳаракатҳои гуногун нишон медод; дорбозон аз болои симтаноб ё арғамчин ҳунарнамоӣ мекарданд; намояндагони найрангҳои мухталиф (аз даҳон чун аждаҳои афсонавӣ алов мебароварданд) ҳунарнамоӣ мекарданд. Нависандаи машҳури асри 16 Восифӣ дар китобаш «Бадоеъу-вақоеъ» ҳунарнамоиҳои мухталифи ромкунандаи машҳури он давр Бобо Ҷамол (шутур, хар ва парандаҳо)-ро (чунончи, бузи калони хокистарранги ришдароз беғалат чизҳои нишоншударо меёфт; хари ромшуда ҳаракатҳои ҳайратоварро нишон медод ва таҳти зарби мусиқӣ мерақсид) ёдоварӣ кардааст. Баъзан ҳунарпешагони сирк ба қасд муллоҳо ва мансабдоронро масхара мекарданд. Баъзе аз навъҳои барномаҳои сирки куҳан дар сирки муосир низ истифода мешаванд.

Сирки тоҷик дар даврони шӯравӣ. Баъди Инқилоби Октябр барои равнақу такомули ҳунарҳои халқӣ шароити бештар фароҳам оварда шуд. Ба рушди сирки тоҷикӣ асосан сирки русӣ ва санъати сирки ҷумҳуриҳои ҳамсоя мусоидат кардааст. Гурӯҳи ҳунарпешагони сирки касбии русӣ аз ҷумла Ф. Юпатова, А. Панкратова, Н. Жигалова, Е. Козелкова, Тарасовҳо, Буслаевҳо, Денисовҳо ва дигарон ба сарзамини тоҷикон омада, дар ҳар ҷо (бозорҳо, кӯчаҳо) ҳунарнамоӣ мекарданд. 2 июни соли 1929 аввалин ҳайати сирки давлатӣ ташкил шуда, А. Роберт роҳбари он тайин гардид. Сипас бо тасдиқи Коллегияи Комиссариати халқии маориф дар маркази шаҳри Душанбе (ҷои имрӯзаи Театри давлатии лухтак) бинои нави сирки давлатӣ сохта шуд. Аз соли 1933 бо мадади ҳунарпешагони сирки русӣ аз ҳисоби тоҷикон ҳунарпешагони жанрҳои мухталифи сирк тайёр карда шуданд (М. Зикриёев, Ш. Абдуллоев, Н. Мамадраҳимов). Онҳо гимнастикаи ҳавоӣ ва баъзе навъҳои дигари санъати сиркро аз худ намуданд. Нахустин бор ҳунарпешагони сирки тоҷикӣ соли 1930 ба шаҳри Қаршӣ (Ӯзбекистон) ба сафари ҳунарӣ рафтанд. Соли 1935 Ж. Вилямс директори Сирки Сталинобод (ҳоло Душанбе) тайин гардид. Бо ташаббуси ӯ соли 1937 аввалин бор омода кардани кадрҳои маҳаллӣ пешниҳод шуд. Соли 1966 бо иқдоми дорбози машҳури тоҷик В. Валиев барномаи алоҳидаи сиркии «Бозиҳои миллии тоҷик» таҳия ва танзим гардид. Соли 1968 Сирки давлатии тоҷик ва сипас дар назди он студияи махсуси сиркии дусола таъсис дода шуд, ки аз байни 700 нафар довталаб 70 нафар ҷавони лаёқатмандро қабул намуд. Дар ҳайати он С. Қодирзода (масхарабозу аскиягӯй), М. Зикриёев, А. Шерозӣ, М. Нозим, Х. Қӯлизода ва дигарон буданд. Аз тамоми гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ устодони машҳури сирк – Артисти хизматнишондодаи ҶШС Молдавия, коргардон В. Херс, устодони соҳибтаҷрибаи сирк – Д. Барон, Р. Словский, В. Воробёв, С. Понукалин, Э. Шнейдер ва дигарон даъват шуданд. Роҳбари бадеии ҳайати сирки нави тоҷикӣ таҳиягари номӣ, таъсисдиҳанда ва роҳбари чанд дастаи сиркӣ, шуъбадабоз, Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Литва Н. П. Барзилович тайин гардид. Таълим на танҳо малакаҳои маъмули аврупоӣ, балки анъанаҳои миллии сиркро низ дар бар мегирифт. Баъзе донишҷӯёни студия дар сиркҳои Қазон, Тифлис, Иркутск, Ашқобод ва дигар шаҳрҳо таҷриба меомӯхтанд. Соли 1970 як гурӯҳ ҳунарпешагони ҷавон бори нахуст бо барномаи «Баҳодурон» дар шаҳри Минск ҳунарнамоӣ карданд. 22 апрели ҳамон сол дар шаҳри Душанбе нахустнамоиши аввалин барномаи ҳайати сирки миллӣ «Наврӯз» баргузор гардид. Дар ин давра дар саҳнаи Сирки тоҷикӣ як зумра ҳунармандон камол ёфтанд ва баъди тамрину ҷустуҷӯи бозёфтҳои эҷодӣ гимнастҳо, ширинкорону дорбозон бо барномаи «Саҳнаи дӯстӣ» ба шаҳрҳои Кемерово, Кузбасс, Иркутск, Минск, Тбилиси, Ашқобод, Тошканд ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сафарҳои ҳунариву эҷодӣ намуданд. Аз байни онҳо Ҳайитбоевҳо, М. Қодиров, Н. Алиев, Н. Аҳмадова, Т. Холматов, Ю. Зубов, Ҷ. Олимов, Р. Рискуллоева ва дигарон аз беҳтаринҳо буданд. Солҳои баъдӣ «Корвони кӯҳистони Помир»-и ромкунанда П. Юсупов, «Рақси рӯи симтаноб»-и Р. Рискуллоева ва Т. Ёқубов, «Нардбони муаллак»-и Н. Аҳмадова, ансамбли «Дӯстон»-и дорбоз Н. Алиева, «Духтари кузабадаст»-и М. Қодирова, «Чобуксаворон»-и С. Беҳбудӣ ва дигар барномаҳои ҷолиби ҳунарпешагони Сирки давлатии Тоҷикистон дили мухлисони санъати сиркро тасхир намуданд. 22 декабри 1977 ҳунарнамоии ҳунарпешагони Сирки давлатии Тоҷикистон дар бинои нави сирк (барои 2000 ҷои нишаст) баргузор гардид. Шароити нави мусоид ба рушди санъати сирк мусоидат намуд. Ҳунарпешагони он дар Ленинград, Волгоград, Свердловск, Челябинск, Саратов, Тбилиси, Венгрия, Чехословакия, Олмон, Мӯғулистон, Полша, Амрико бо муваффақият ҳунарнамоӣ менамуданд. Барои саҳми басазо гузоштан дар рушди санъати сирки миллӣ П. Юсупов сазовори унвони Артисти халқии Тоҷикистон, Н. Алиева, С. Беҳбудӣ, В. Валиев, Д. Барот – Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон гаштанд. Дар ин давра ба барномаҳои сирк барномаҳои нави дорбозон, йогаи ҳиндӣ, оташбозӣ, вазнбардорӣ, кашидани автомобил бо зӯри дандонҳо, рақс дар рӯи шишапораҳо ворид гардиданд. Сирки тоҷикӣ дар даврони истиқлол. Ба рушду нумӯи сирки тоҷикӣ дар даврони истиқлол қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри 2001 мусоидат намудааст. Дар ин давра дар назди Сирки давлатии Тоҷикистон студияи ҳунарҳои сиркӣ кушода шуд ва аввалин роҳбари он А. Раҷабов (ҳоло директори Сирки давлатии Тоҷикистон) таъйин гардид, ки минбаъд шогирдонаш ба саҳнаи сирки тоҷик ва ҷаҳонӣ роҳ ёфтанд. Ҳунарпешагони сирк дар ҳамаи ҷашнҳо ва тадбирҳои фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат менамоянд. Онҳо ҳамасола ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарҳои ҳунарӣ мекунанд. Дар даврони истиқлол беш аз 20 ҳайати сиркҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон даъват шуда, бо ҳунарнамоии худ хотири ҳазорон шаҳрванди пойтахтро шод гардонданд. Дар давоми солҳои 2001-20 барномаҳои мукаммали сиркӣ таҳия ва пешкаши мухлисон гардиданд, аз ҷумла: «Афсонаи солинавӣ», «Марҳабо, Соли нав», «Наврӯзи диёр», «Наврӯзи дилоро» ва «Парвози хаёл». Сафари ҳунарии ҳунармандони сирки тоҷик ба Анталия, Дубай, Покистон, Чин ва ду бор сафари ҳунармандони Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст. Ҳунарпешагони Сирки давлатии Тоҷикистон дар фестивалҳо фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён ва ҷоизаҳо гардидаанд: Луганск (соҳиби ҷои аввал, 2018), Қазоқистон (ҷоизаи махсус, 2019), Беларус (дипломат аз тарафи намояндаи Испания; ҷоизаи «Elefant de Bronze», 2019), Испания (ҷоизаи «Premi de la Critica», 2019), Ветнам (соҳиби ҷои севум, 2019) ва соли 2020 дар шоу-барномаи сиркии ҷоизадор дар Португалия ширкат кардааст. Ҳоло (2021) дар Сирки давлатии Тоҷикистон 130 нафар (45 нафар ҳунарпеша, 5 нафар ҳайати эҷодӣ, 15 нафар дар студияи назди сирк) фаъолият доранд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 688.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.