Ошпазӣ
Хунари ошпазӣ (таомпазӣ)-и тоҷикон таърихи қадима дошта, дар тӯли садсолаҳо ташаккул ёфтааст ва осори хосси фарҳанги моддии мардум мебошад. Тоҷикон аз қадим анвои гуногуни таом, нон, ширинӣ, шарбату нӯшобаҳо доштаанд ва маъхазҳои(сарчашмаи маълумот) бисёр, аз ҷумла «Канзу-л-иштиҳо»-и Абуисҳоқи Атьима (асрҳои 14—15), «Кони лаззат ва хони неъмат»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ (1880–81), ки бавижа дар бораи таърихи таом ва таомҳои тоҷикон навишта шудаанд, маълумот медиҳанд. Возеҳ дар китобаш дар бораи 18 навъи нон, 228 навъи таом, тарзи пухтани 109 навъи таом, 169 намуди ҳалво, 23 навъи очор(сабзавоти ба сирко ё намак хобондашуда), 33 навъи мураббо иттилоъ додааст. Гузашта аз ин, баъзе муҳаққиқони ватанию (М. Ҳомидҷонова, А. Мардонова, Н. Бобоева, Р. Абдулвоҳидов, М. Шовалиева, М. Орипов, С. Аминов, Х. Шарипов, В. Ҳоҷиев ва дигарон) хориҷӣ (В. Наливкин, М. Наливкина, Е. Н. Ершов, Н. А. Кисляков, Е. М. Пешерова, С. Андреев, Р. Л. Неменова, А. Сукерман, А. Ванукевич) мавзӯъҳои гуногуни марбут ба таомҳои миллии тоҷикиро таҳқиқу тавсиф кардаанд. Дар китобҳои тахассусии Ф. М. Каримов, И. Ғ. Тоҳирзод ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ғизоҳо» (ҷилди 4) роҷеъ ба ҳунари ошпазӣ ва анвои таоми тоҷикӣ маълумоти бештар дода шудааст.
Таомҳои тоҷиконро тӯли садсолаҳо таҷрибаи дигар миллатҳои маскуни(ҷой гирифташуда) Тоҷикистон ва халқҳои ҳамҷавори(ҳамсоя, наздик) ӯ боз ҳам ғанитар гардонидаанд. Инчунин, бино бар ҳамсоягию ҳамзистӣ ва муносибатҳову робитаҳои наздик бо миллатҳои дигар монандӣ таомҳои миллии тоҷикиро бо таомҳои ин мардум мушоҳида кардан мумкин аст. Ба сабаби лазизу шуҳрат пайдо карданашон ҳоло баъзе таомҳо ва маҳсулоти қаннодии тоҷикӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз худуди он ҳам пухта мешаванд. Дар айни ҳол таомҳои миллии тоҷикӣ аз таомҳои дигар халқияту миллатҳо ба куллӣ фарқ мекунанд. Ба ин на танҳо расму анъана, балки шароити ҷуғрофиёву иқлим, инчунин мавҷудияти захираҳои хӯроки маҳаллӣ мусоидат намудаанд. Хусусиятҳои иқлими минтақаҳои Тоҷикистон ба вояи хӯрок ва анвои таомҳои тайёркардашаванда таъсир мерасонанд.
Таомҳои миллии тоҷикӣ хусусияти хосси худро доранд ва аз қадим бо таъму бӯйи хосси худ фарқ мекунанд. Онҳо хуштаъму сергизо, аз витаминҳо ва моддаҳои фаъоли барои андомгон(организм) муфид ва давой ғанӣ мебошанд. Дар таоми тоҷикӣ маҳсулоти гӯштӣ бештар ва моҳӣ, тухм, навъҳои гуногуни ярма камтар ба кор бурда мешаванд. Пухтани таомҳо аз биринҷ, мош, лӯбиё, нахӯд, ҷувории сафед ва орд маъмул аст. Аз сабзавот бехпиёз, сабзӣ, картошка, шалғам, қаду, турб; аз равғанҳо — равғани дунба, равғани зард, инчунин равғани пахта ва зағирро васеъ истифода мебаранд. Хусусияти дигари таомҳои тоҷикӣ таъми тез ва бӯйи хуши иштиҳоангез мебошад, ки бо илова кардани кабудӣ ва адвиёт(гиёҳони муъаттар, ки барои ъатру таъм додан ба ғизо аз онҳо истифода мешавад) медиҳанд. Аз кабудию алафҳо бештар пудина, сиёҳалаф, райҳон, юнучка, ғашнич, хулбӯ, чағ-чағ, коку, шилха, чукрӣ, торон, рошак, косруф, шибит, пиёзи сабз, ҷаъфарӣ, ҷамбилак, шибитакро истифода мекунанд. Аз адвиёт зира, зарчӯба, дорчин, зирк, бодиён, қаламфури сурх, мурч, сир ва сиркоро ба кор мебаранд. Дар таомҳои миллӣ маҳсулоти ширӣ — чурғот, чакка, дӯғ, курут (дар зимистон аз он курутоб ва дигар таомҳо тайёр мекунанд)-ро васеъ истифода мебаранд. Палав, анвои шӯрбо, шӯла, ширбиринҷ, мастоба, угро, манту, тушбера, курутоб, суманак, санбӯса, гӯштбирён, кабоб, тухмбирён ва бисёр дигар таомҳои миллии тоҷиконро метавон зикр намуд, ки пухтани онҳо ҳамчун ҳунари суннатии аҷдодӣ то имрӯз ба мерос мондаанд.
Дар даврони истиқлол анвои таоми миллӣ, ки то ин замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар муҳити хонаводаҳо боқӣ мондаанд, аз тариқи баргузории озмуну фестивалҳои таомҳои миллӣ эҳё гардиданд. Оши палав, ки ҳамчун «Шоҳи дастархон»-и миллати тоҷик эътироф шудааст, дар ҳар ҷашну маросим пухта мешавад ва соли 2016 ҳамчун падидаи нодири иҷтимоиву фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ ба феҳристи ЮНЕСКО дохил карда шуд. Дар Тоҷикистон солҳои ахир фестивал ва сабкату ҷашнҳои таомҳои миллӣ, махсусан оши палави беҳтарин дар пойтахт ва маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мешавад ва ошпази беҳтарин бо тӯҳфа ва диплом қадрдонӣ мегардад. Фарҳанги ошпазӣ ҷузъе аз анъанаи фарҳангии меҳмоннавозии тоҷикон мебошад.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 690.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




