Зеҳн
Тоҷикистон·Зеҳн·13 рӯз пешНашрия

Кино

Санъати кинои тоҷикӣ аз даврони шӯравӣ ибтидо мегирад. Соли 1929 аз тарафи Шӯрои Комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон масъалаи ба лентаи кино гирифтани омадани аввалин поезд аз шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вокзали шаҳри Душанбе ба миён омад. Ин лаҳзаи таърихиро бо хоҳиши коргарони ҳизб В. В. Кузин, А. М. Шевич, Н. В. Гезулин 11 сентябри 1929 ба навор гирифтанд. 16 октябри ҳамон сол дар Анҷумани севвуми фавқулодаи Шӯроҳо, ки дар он Эъломия дар бораи ҶШС Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии иттифоқӣ қабул гардид, сюжети омадани нахустин поезд ба шаҳри Душанбе намоиш дода шуд. Бо гузашти солҳо ин сюжет ҳамчун аввалин кинои тоҷикӣ машҳур гардид. Минбаъд барои инкишофи он дар назди Комиссариати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон Лабораторияи киноистеҳсолкунии Комиссариати халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон (1929–30) таъсис ёфт, ки В. Кузин нахустин мудири он таъйин гардид. Баъдан Трести «Тоҷиккино» (1931–1936), «Тоҷиккинофилм» (1936–1938), Киностудияи Сталинобод» (1938– 1941), Киностудияи муттаҳидаи Сталинобод ва «Союздетфилм» (1941–1943), «Студияи кинохроникаи Сталинобод» (1943–1956), Киностудияи «Тоҷикфилм» (1956–2017), Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» (аз 2017) ном гирифт. 18 майи 1930 дар ҷаласаи умумии коркунони маориф масъалаи ба Трести «Тоҷиккино» табдил додани Лабораторияи киноистеҳсолкунии Комиссариати халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон ба миён гузошта шуд ва Н. Гезулин сардори он таъйин гардид. Нахустин филмҳои ҳуҷҷатӣ: «Дар роҳи коллективӣ» (таҳиягар Н. Гезулин, наворбардор А. Шевич; 1930), «Заминҷунбӣ дар Янгибозор» (таҳиягар Л. Райгородский, наворбардор В. Кузин 1930), «Ба Тоҷикистон аввалин тракторҳо омаданд» (таҳиягар ва наворбардорон В. Кузин ва А. Шевич 1930), «Коллективонӣ дар ноҳияи Кӯктош» (таҳиягар ва наворбардор В. Кузин 1930), «Бригадаи савораи «Н»» (таҳиягар Н. Гезулин, наворбардор В. Кузин, 1930), «5-солагии Тоҷикистони Советӣ» (таҳиягар Н. Гезулин, наворбардор В. Кузин, 1930), «Беҳтаринҳо ба Советҳо» (таҳиягар Л. Райгородский, наворбардор В. Шевченко 1931), «8-уми март» (таҳиягар Л. Райгородский, наворбардорон В. Кузин, В. Шевченко; 1931), «Калтакдорони Сурх» (таҳиягар В. Кузин, наворбардорон С. Руйкович, В. Кузин, 1931), «Вахшстрой» (таҳиягар Л. Райгородский, наворбардор В. Шевченко, 1931) ва ғ.

Июни соли 1932 Трести «Тоҷиккино» ба ду идораи мустақил тақсим шуда, ҳамон сол оид ба азнавташкилкунии он Бюрои Комитети марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар асоси Қарори «Союзкино» қарори дигар қабул кард: Трести «Тоҷиккино» ба сохтмони кинотеатрҳои нав ва инкишофи филмҳои навистеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ машғул шавад; Кинофабрикаи «Тоҷиккинофилм» ҳамчун муассисаи давлатӣ истеҳсоли филмҳоро ба роҳ монад.

Соли 1932 ду филми бадеии беовоз — «Ҳуқуқи фахрӣ» (таҳиягар К. Ёрматов) ва «Вақте ки амирон мемиранд» (таҳиягар Л. Печорина) офарида шуданд. Ҳамчунин, филмҳои ҳуҷҷатии «Пайроҳаи оҳугузар» (таҳиягарон В. Хабур ва Н. Рожков), «Дар назди дарвозаи Ҳиндустон» (таҳиягарон М. Вернер, наворбардорон Б. Синеоков ва М. Базов), «Экспедицияи Помир» (оператор В. Шевченко) ва ғ. низ эҷод шуданд. Аз рӯзҳои нахустини таъсис «Тоҷиккино» таҳиягарони рус, тотор, яҳудӣ ва дигар миллатҳо, дар баробари таҳияи филмҳо ба тарбияи кадрҳои маҳаллӣ машғул шуданд. К. Ёрматов аввалин ҳунарпеша, коргардон ва сенариянависи тоҷик буд. Филмҳои беовози ӯ «Ҳуқуқи фахрӣ» (1932), «Муҳоҷир» (1934), «Дӯстон боз вомехӯранд» (филми бадеии овоздор, 1939) муаррифи кинои тоҷикӣ дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Саҳми С. Тӯйбоева, Қ. Олимов, Ф. Баҳор, Н. Тиллоев, В. Кузин, В. Шевченко, Ф. Эшонов, Ф. Баҳор, В. Хабур, Ш. Султонов, И. Барамиков ва дигарон низ дар инкишофи кинои тоҷик хеле назаррас аст. Тарҷума ва дубляжи филмҳои бадей дар Трести «Тоҷиккино» аз соли 1931 оғоз ёфтааст.

Азбаски филмҳои истеҳсолшуда беовоз буданд, аз ҷониби адибон ба онҳо титр (зернавишт) эҷод мешуд. Аввалин филми бадеии ба забони тоҷикӣ дубляжгардида «Духтари рӯҳонӣ» (истеҳсоли киностудияи «Узбекфильм») буд. Баъдан филмҳои «Одами милтиқдор» (тарҷумаи М. Раҳимӣ, М. Турсунзода ва С. Улуғзода), «Дӯстон боз вомехӯранд», «Боғ», «Дурсун ва Асал», «Коммунист», «Ленин дар соли 1918», «Оилаи Уляновҳо» ва ғ. низ ба забони тоҷикӣ тарҷумаву дубляж гардиданд. Дар ин солҳо ба киностудияи «Тоҷикфильм» шоирону нависандаҳо М. Раҳимӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, М. Миршакар, Ғ. Абдулло, Ҳ. Аҳрорӣ, А. Маниёзов ва дигарон ҳамкорӣ карда, баҳри покизагии забони давлатии тоҷикӣ хизмати шоён ба анҷом расонданд.

Ба инкишофи кинои тоҷик ҶБВ (1941–1945) таъсири манфӣ расонид. Беҳтарин кормандони киностудияи «Тоҷикфильм» – В. Кузин, Қ. Олимов, Н. Тиллоев, Ш. Султонов, В. Хабур ва М. Арабов ба ҳимояи Ватан фиристода шуданд. Дар ин давра Студияи бачагона ва наврасони «Союздетфилм»-и шаҳри Маскав ба шаҳри Сталинобод (ҳоло ш. Душанбе) кӯчонида ва ба киностудияи тоҷикӣ муттаҳид гардонда шуд. Давраи ҳамкории ин ду киностудия аз моҳи ноябри 1941 то 16 октябри 1943 хеле манфиагбахш буд. Дар ҳайати эҷодии студияи «Союздетфилм» коргардонҳои машҳури шӯравӣ С. Юткевич, Л. Кулешов, А. Разумний, В. Пронин, нависандагон ва киносенариянависон С. Михалков, Н. Эрдман, Л. Кассил, ҳунарпешагон С. Филиппов, Г. Миляр, Ф. Раневская, Я. Шеймо ва дигар мутахассисони техникӣ ба шаҳри Сталинобод омаданд.

Дар баробари таҳияи филмҳои нави бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ киносозони рус (барои 50 нафар) аз ҷавонони маҳаллӣ шогирдонро омода мекарданд. Моҳи феврали 1942 курсҳои махсуси ҳунарпешагӣ ва сенариянависӣ таъсис дода шуданд. Ташаббускори ин иқдом коргардони машҳури шӯравӣ Л. Кулешов буд. Дар бадали ду сол филмҳои бадеии «Муҳорибаи назди Сокол»-и коргардон А. Разумний, «Савганди Темур» (коргардон Л. Кулешов ва А. Хохлова), «Лермонтов» (коргардон А. Генделштейн), «Аскари часур Швейк» (Швейк бар зидди Гитлер), «Мартапрел» (коргардон В. Пронин) ва ғ. истеҳсол шуданд. Инчунин «Союздетфильм» ва «Тоҷикфильм» филми ҳунарии «Фарзанди Тоҷикистон» (сенарияи М. Раҳимӣ, коргардон В. Пронин, 1942) ва «Киноконсерти тоҷикӣ» (коргардон К. Минс, 1943)-ро истеҳсол карданд. Дар маҷмӯъ 12 филми бадеӣ, 190 шумораи киножурнали «Тоҷикистони Советӣ» ва дигар киножурналҳои филмҳои ҳуҷҷатӣ ба навор гирифта шуданд. 16 октябри 1943 студияи «Союздетфильм» ба ҷои пешинаи (ш. Маскав) интиқол дода шуд.

Қисме аз кормандони эҷодӣ ва техникӣ тақдири ояндаашонро бо Тоҷикистон ва кинои тоҷикӣ пайвастанд. Бо гузашти солҳо кадрҳои маҳаллӣ донишкадаҳои шаҳрҳои Маскаву Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)-ро хатм намуда, ба киностудия баргаштанд: Б. Кимёгаров, А. Раҳимов, Т. Собиров, М. Қосимова, М. Маҳмудов, С. Ҳомидов, А. Тӯраев, наслҳои нисбатан ҷавон: М. Орипов, В. Аҳадов, Б. Арабов, Д. Худоназаров, О. Тулаев, Ю. Юсупов, Б. Содиқов, А. Қуддусов, Ё. Аралов, С. Солеҳов, С. Ҳақдодов, М. Юсупова, Ҷ. Усмонов, О. Шарифов, Ҳ. Ҳасанова, Г. Мирзоева, таҳиягарони филмҳои тасвирӣ: М. Мансурҳоҷаев, Б. Қаҳҳоров, А. Мансуров ва дигарон буданд, ки шаъну шарафи кинои тоҷикиро баланд бардоштанд. Солҳои 1940–1951 асосан филмҳои ҳуҷҷатӣ офарида шудаанд. «Канали калони Ҳисор» (1940), «Роҳи калони Помир» (1940) ва «Тантанаи санъати тоҷик» (1940)-и И. Барамиков, «Тоҷикистон» (1946, медали биринҷӣ ва Грамотаи фахрӣ дар Кинофестивали 7-уми байналхалқии Венетсия), «Қувваи бузург» (1949), «Сарзамини ҷавонӣ» (1950), «Тоҷикистони Шӯравӣ» (1951, Мукофоти давлатии ИҶШС)-и Б. Кимёгаров ва ғ. аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аввалин филми бадеии баъди танаффуси 16-сола истеҳсолгардида филми бадеии «Дохунда»-и Б. Кимёгаров (1956, аз рӯи романи «Дохунда»-и С. Айнӣ) мебошад. Инчунин филмҳои рангаи мусиқавии «Ман бо духтаре вохӯрдам» (Р. Перелштейн, 1957), «Писар бояд зан гирад» (Т. Собиров, 1959), «Байрақи оҳангар» (Б. Кимёгаров 1961), филм-балети «Лайлӣ ва Маҷнун» (Г. Березансев, Ғ. Валаматзода, 1960), мазҳакаи «Насриддин дар Хуҷанд» дар ин солҳо рӯи навор омаданд.

Шуҳрати киностудияи «Тоҷикфилм» ва кинои тоҷикиро дар арсаи ҷаҳонӣ филмҳои бадеии «Қисмати шоир»-и Б. Кимёгаров (1959), «Зумрад»-и А. Раҳимов (1962), «Бачагони Помир»-и В. Я. Мотил (1963), «Марги судхӯр»-и Т. Собиров (1966), «Ҳасани аробакаш» ва силсилафилмҳо аз рӯи достонҳои «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ - «Достони Рустам» (1970), «Рустам ва Суҳроб» (1972), «Достони Сиёвуш» (1976)-и Б. Кимёгаров, «Боз як шаби Шаҳрзод» (1984), «Афсонаҳои нави Шаҳрзода» (1986) ва «Шаби охирини Шаҳрзод»-и Т. Собиров, «Асрори оила»-и В. Аҳадов (1983), «Братан»-и Б. Худойназаров (1990), «Дарди ишқ»-и А. Тӯраев (1991) ва дигарҳо баланд бардошта, сазовори ҷоизаву дипломҳои ифтихории кинофестивал ва киноозмунҳои байналмилалӣ гардидаанд.

Истеҳсоли филмҳои тасвирӣ (филмҳои мультипликатсионӣ) дар киностудияи «Тоҷикфилм» аз солҳои 60-ум ба роҳ монда шуд. Аз сабаби кам будани мутахассисони маҳаллӣ аз дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Маскав мутахассисони филмҳои тасвирӣ даъват шуданд. Он солҳо се филми тасвирӣ: «Суруди кӯҳсор» (таҳиягар В. Голиков, 1969), «Насими меҳрубон»-и Н. Котовников (1970), «Афандӣ, маркаб ва дузд» (Н. Ленсер, 1971) истеҳсол шуданд. Соли 1971 таҳиягари филмҳои мустанад ва рассом М. Мансурхоҷаев ба курсҳои таҷрибии коргардонҳо-мултипликаторҳои назди Донишкадаи давлатии умумииттиҳодии кинематографияи Маскав (ВГИК) дохил шуд. Бо хатми курс ба ӯ таҳияи нахустин филми тасвирии «Моҳичаи гулдор» вогузор гардид. А. Черников (наворбардор) ва В. Шуленин (рассом-мултипликатор) низ ба ш. Душанбе омада, гурӯҳи эҷодии филмҳои тасвирӣ таъсис доданд. Соли 1980 филми тасвирии «Моҳичаи гулдор» дар Кинофестивали умумииттиҳоқии Вилнюс дар бахши филмҳои тасвирӣ сазовори ҷоизаи махсуси кинофестивал гардид. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин гурӯҳи эҷодӣ филмҳои тасвирии «Чӯяндагон» (1981), «Пӯсти гург» (1982), «Рӯзи баробар» (1983), «Чӯпонбачаи часур» (1986), «Пӯстинча барои абрҳо» (1987), «Парандаи Каҳқа» (1988), «Триумф» (1989) ва ғ.-ро таҳия намуданд.

Кинои тоҷик дар даврони истиқлол. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли комил ба даст оварПас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон (1991) кинематографияи миллӣ ба буҳрони сахти иқтисодӣ ва молиявӣ дучор шуд. Аксарияти кормандони кино маҷбур шуданд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои эҷодии хеш ватанро тарк карда, дар кишварҳои хориҷӣ сарнавишт биҷӯянд. Аз ҳамин сабаб яке аз хусусиятҳои асосии давраи аввали истиқлол дар кинематографияи тоҷик ин буд, ки кинои тоҷикӣ дар ду самт – дар дохил ва хориҷи кишвар арзи вуҷуд кард. Филмҳои баландмақоми кинематографистони тоҷик дар хориҷи кишвар «Қош ба қош» (1993) ва «Падари маҳтобӣ»-и Б. Худойназаров (1999), «Парвози занбӯр» (1998)-и Ч. Усмонов (дар ҳамкории Минг Бион Хан) маҳсуб мешаванд. То соли 2001 ба истиснои филмҳои ҳуҷҷатии видеоӣ ҳеҷ филми бадеӣ истеҳсол нашуд. Баъди таваҷҷуҳи зоҳир кардани Президенти кишвар ба кинои тоҷикӣ ҳайати эҷодии киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ба истеҳсоли видеофилмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ шурӯъ карданд.

Аз соли 2004 дар ду сол як бор Кинофестивали байналмилалии «Дидор» баргузор мегардад, ки ҳадаф аз ташкили он фароҳам овардани замина барои густариши ҳамкориҳои байналмилалии кинематографистон; тарғибу омӯзиши дастовардҳои кинематографистони Осиёи Марказӣ мебошад. Киносозони тоҷик дар аввалин филмҳои даврони истиқлол анъанаҳои беҳтарини синамои тоҷикиро идома доданд. Дар таҳияи филмҳои ин давра Муассисаи давлатии киностудияи «Суғдсинаматография» ва «Хатлонсинамо» низ саҳми арзанда доранд.

Нахустин видеофилме, ки дар ин давра рӯи навор омад, «Ва ман равам ба сӯи сарнавишт» (коргардон М. Орифов, 1998) буд. Баъдан видеофилмҳои ҳунарии «Буд-набуд» (коргардон А. Раҳматуллоев, 2002), «Ангуштарин» (2002) ва «Тақвими интизорӣ» (2006, коргардон С. Солеҳ), «Муҷассамаи ишқ» (коргардон У. Мирзоширинов, 2003), «Овора» (коргардонҳо Г. Муҳаббатова ва Д. Раҳматов, 2004), «Шоҳин» (2006), филми бадеии «Ҷазо» (2012)-и С. Қодирӣ, силсилафилми «Соҳил» (2011; 12 қисм), «Баҳори ҳазонрез»-и Р. Пиров (2021), филмҳои ҳунарии «Марги бегуноҳ» ва Ю. Юсупов (2013) ва А. Раҳматуллоев, «Фасли рӯҳё»-и М. Исмоилов (2014), «Кӯҳистонӣ»-и Ю. Юсупов (2016), «Оинаи беҷило» (2016), «Муаллим» (2011), «Қиёми рӯз» (2009) ва «Роҳ»-и Н. Саидов, «Сафари ҳавоӣ»-и Д. Раҳматов (2014), «Як ҷаҳон аз ману ту ҳаст» (2014), «Маро бубахш» (2016) ва «Рақси зиндагӣ»-и М. Сатторӣ (2018), «Таксӣ»-и Ф. Файз (2017), «Хонаи меҳр»-и Б. Меҳточӣ (2018), «Дӯғоб»-и З. Мусо (2018), «Бюнкер»-и Д. Султонӣ (2018), «Кемерово»-и Ф. Ниёзов (2018), «Инсоф»-и Ф. Шеров (2019), «Аз баландии парвоз» (2019) ва «Чорраҳа»-и А. Восидӣ (2020), «Насиб»-и Ш. Арабова (2020), «Охирин сайди сайёд»-и М. Исмоилов (2020), «Бачаи обӣ»-и Ф. Файзов (2020) ва ғ., филмҳои пурранавири ҳунарӣ: «Бачаи обӣ» (муаллиф Н. Раҳмон, коргардон Ф. Файзов; 2020), «Роҳ» (муаллиф С. Ҳақдодов, коргардон Н. Саидов) ва ғ., филмҳои ҳунарии кӯтоҳнавор: «Мӯрча»-и Р. Орифӣ (2013), «Қатора»-и Н. Абдуҷалил (2014), «Ломакон»-и Р. Шоазимов (2014), «Хобидан мехоҳам»-и Ф. Раҳимова (2015), «Дурбин»-и Р. Атоева (2015), «Хонаи меҳр»-и Б. Меҳточӣён (2018) ва ғ., филмҳои мустанад-ҳуҷҷатӣ: «Ангора» (2011), «Маҳбуби дилҳо»-и О. Ҳомидов (2011), «Синамо ва истиқлол»-и Т. Раҳматуллоев (2011), «Бобунаи умедбахш» ва «Мулки зарнисор»-и Б. Сайфиддинов (ҳар ду 2001), «Сайри Бадахшон»-и С. Ҳақдодов ва Г. Дзалаев (2011), «Бодбаракҳои наврӯзӣ»-и Т. Раҳматуллоев (2011), «Кӯлоб»-и (2013) ва «Мӯъминобод»-и Н. Саидов (2013), «Марзбони Ватан»-и Р. Атоева (2014), «Комил» (2016) ва «Нисор»-и С. Солеҳ (2020), «Танҳо осмон баланд»-и Г. Элбаум ва Г. Дзалаев (2014), «Рози тавлид» ва «Фалак»-и Р. Атоева (2015), «Асрори тақдир»-и З. Валӣ, «Достони Роғун» (2016), «Марди роҳ»-и Н. Саидов (2016), «Ҳунарманд»-и Г. Дзалаев (2014), «Лабчанг» ва «Нақшхонӣ»-и Д. Султонов (2017), «Ошёни нур» (2018) ва «100-солагии ВГИК» (2019), «Ҳадди осмонӣ» (2019), «90-солагии «Тоҷикфилм»-и Р. Шоазимов (2020), «Офтоби дӯстӣ» (2018) ва «Сада чашни ниёгон»-и Д. Султонӣ (2018), «Мерос»-и Ш. Чӯраев, «Бохтар. Аз бостон то бӯстон»-и М. Ҳақимзода (2018), «Муроди пешво» (2019), «Ваҳдат» (2020), «Сози мақом»-и А. Зокиров (2020), «Падар»-и Ш. Арабова (2019), «Устод Кимёгаров»-и Ф. Файзов (2020), «Хулбук» ва «Аҷинатеппа»-и Д. Нуруллоев ва Д. Шарифов (ҳар ду 2020), «Ямчун» ва «Карон»-и Б. Қурбонмамадов (2020), филмҳои тасвирӣ: «Буд-набуд»-и Б. Қаҳҳоров (2013), «Ҳамсояҳо»-и Ф. Насруллозода (2014), «Кӯҳистон»-и А. Румянсев (2018), «Алифбо» ва «Зани порсо»-и Ф. Насруллозода (2020) ва ғ. рӯи навор омаданд.

Чандин филми тоҷикӣ дар кинофестивалҳои дохил ва хориҷ беҳтарин ҷоизаҳоро созвор гардиданд. «Адонис 14» (филми ҳуҷҷатӣ; Дорандаи ҷоизаи махсуси Кинофестивали Мангейм 1985 (Олмон, 1986), Гран-прии Кинофестивали Берлини Ғарбӣ (1986), Гран-прии Кинофестивали Оденси (Дания, 1987); ҷоизаи махсуси Кинофестивали 42-и байналмилалии Канн (Фаронса, 1988) ва «Гирдбод» (дипломи Кинофестивали байналмилалии «Бастау», Алмато, 1989)-и Б. Содиқов, «Қиёми рӯз» (ду ҷоизаи чашнвораи байналмилалии Кароло дар Ҳиндустон, «Муаллим» (Ҷоизаи беҳтарин нақши мардона дар Кинофестивали даҳани Фаҷри Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар ш. Инсбруки Австрия)-и Н. Саидов, «Худкуш» (се ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии Амрико; American International Film Festival)-и Р. Шоазимов, филми кӯтоҳметражи «Коса» (ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ «Навсоз», ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» дар Фестивали кушоди Осиёи Миёнагӣ «Орзу» дар Лондон, ҷоизаи «Беҳтарин асари кӯтоҳ» дар Чашнвораи байналмилалии филмҳои ҳунарӣ дар Стокҳолм, ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар чашнвораи «Симо»-и телевизиони «Синамо»)-и М. Музаффаров ва ғ. аз ҷумлаи онҳоянд.

Ҳамкориҳои Муассисаи давлатии киностудияи «Тоҷикфилм» бо киностудияҳои кишварҳои ҳамсоя маҳз (хусусан «Узбекфилм») дар даврони истиқлол вусъат ёфт. Баъди ба имзо расидани созишномаи ҳамкории киностудияи «Тоҷикфилм» бо Узбекистон Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон коргардонҳои кишвари ҳамсояро барои табодули таҷриба бо ҳамтоёни тоҷик даъват кард. Ҳамасола дар кишвар рӯзҳои кинои узбекӣ баргузор мешавад, ки ҳадаф аз он ҳамкориҳои судманд миёни синамонигорони тоҷику узбек мебошад. Соли 2021 дар заминаи пешниҳоди сарварони ин ду кишвар доир ба таҳия ва эҷоди филми ҳунарӣ дар бораи дӯстии ду халқи бародар, ки дӯстию рафоқати Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ маншаъ мегирад, ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин давра киностудия, киноширкатҳо ва иттиҳодияҳои эҷодии «Синамо» (директор О. Ҳомидов), «Ввис» (роҳбари бадеӣ Б. Худойназаров), «Мовароуннаҳр» (роҳбар Ҷ. Оҳунов), «Ракурс» (роҳбарон М. Юсупова ва З. Исроилов), ҶММ Киносервис (роҳбари сар. Ҳақдодов), «Хаома» (роҳбари бадеӣ Ф. Абдуллоев) таъсис ёфтанд, ки дар асоси базаи техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ истеҳсол мекарданд.

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар асоси Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018—2022 соли 2021 2 филми ҳунарии комил, 3 филми мустанад ва як филми тасвириро истеҳсол кардааст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.