Чаро чарби шикам зиёд мешавад? 6 одате, ки бояд тарк кард
Вазни зиёдатӣ на танҳо аз ғизои нодуруст, балки аз баъзе одатҳои ҳаррӯза низ ба вуҷуд меояд. Аз ҷумла:
Стресс ва камхобӣ — сатҳи гормони кортизолро зиёд карда, метавонад боиси ҷамъшавии чарб, махсусан дар атрофи шикам, гардад.
Нӯшокиҳои ширин — бидуни он ки мо пай барем, миқдори зиёди шакар ва калорияро ба организм ворид мекунанд.
Муддати дароз нишастан — фаъолияти мубодилаи моддаҳоро коҳиш дода, мушакҳои шикамро суст мекунад.
Истифодаи телефон пеш аз хоб — метавонад ба фаъолияти гормони масъули хоб таъсир расонда, ба равандҳои муътадили сӯзондани чарб халал расонад.
Зуд ва шитобкорона хӯрок хӯрдан — сигнали сершавӣ аз мағз дертар мерасад ва дар натиҷа инсон метавонад аз ҳад зиёд ғизо истеъмол кунад.
Бегоҳӣ хӯроки серғизо хӯрдан — метавонад ба кори муътадили организм ҳангоми истироҳати шабона халал расонда, ба зиёд шудани вазн мусоидат кунад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




