Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Харитаҳои ҷуғрофӣ

Харитаи ҷуғрофӣ тасвири хурд ва ҷамъбастгардидаи ҳамвории сатҳи Замин буда, дар он тамоми объект ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ бо аломатҳои шартӣ ишора мешаванд. Ин навъи харитаҳо ҳама ҷузъиётро пурра тасвир карда наметавонанд, зеро қисматҳои кураи Заминро чандин маротиба хурд нишон медиҳанд. Харитаҳо аз нигоҳи бузургӣ ва дарбаргирии қаламрав ба харитаи ҷаҳон, нимкураҳо, қитъаҳо, уқёнусу баҳрҳо, мамлакатҳо ва ноҳияҳои алоҳида ҷудо мешаванд. Ҳамчунин, харитаҳои ҷуғрофии сиёсӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ ва ғайра мавҷуданд, ки ҳар кадоми онҳо дар мавридҳои зарурӣ истифода мешаванд. Илми харитасозӣ ҳоло дорои имконоти зиёд буда, дар сохтани харита аз аксҳои кайҳонӣ ва дигар васоити муосири технологӣ истифода мебаранд. Бинобар ин, тарҳ ва релйефи маҳалҳои Замин дар харитаҳои муосир дақиқтар тасвир меёбанд.

0

Даштҳо

Даштҳо аслан, паҳноҳои васеи бедарахт ё камдарахт буда, дар он ҷо рустаниҳои бисёрсолаи ба хушкию камобӣ ва гармию хунукиҳо тобовар мерӯянд. Даштҳо дар мавзеъҳои камбориши хушк воқеъ буда, бештар бо биёбонҳо ҳамшафатанд. Боришот дар ин ҷо хеле кам ва дар мавсимҳои муайян меборад. Замини даштҳо барои сабзидану парвариши дарахтон ниҳоят хушк аст, вале дар он ҷо буттаю нимбутта ва алафҳои ба хушкӣ тобовар аз қабили ғеша, шибоғ, ҷорӯбак ва ғ. хуб нашъунамо мекунанд. Даштҳоро дар Аврупо ва Осиё «дашт», дар Амрикои Ҷанубӣ – «пампа» ё «пампаса», дар Амрикои Шимолӣ – «прерия» меноманд. Даштҳои камдарахти минтақаҳои гармсери Африқо, Ҳиндустон ва Австралия «саванна» ном доранд.

0

Пиряхҳои Тоҷикистон

Тоҷикистон дорои пиряхҳои азим ва минтақаҳои яхбандии доимии иқлимаш монанд ба Антарктика мебошад (дар минтақаи Яшикӯл сардии –69 °С ба қайд гирифта шудааст). Масоҳати умумии пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 8000 км²-ро ташкил медиҳад. Бузургтарин пиряхҳои кӯҳии Тоҷикистон инҳоянд: Федченко, Аюҷилға, Хирсон, Девлохон, Витковский, Гармо, Ванҷ, Зарафшон, ки сарчашмаҳои асосии дарёҳои Тоҷикистон мебошанд.

0

Пиряхҳо

Пирях анбӯҳи бузурги яхе мебошад, ки аз барфҳои бисёрсола пайдо гашта, дар водиҳои кӯҳӣ ё дар минтақаҳои қутбӣ ба оҳистагӣ ҳаракат мекунад. Суръати ҳаракати пиряхҳо дар як шабонарӯз то даҳҳо метр буда, ҳаҷми онҳо чунон бузург аст, ки дар сатҳи замин изҳои амиқ боқӣ гузошта, шаклҳои хосси релйефи пиряхиро ташкил медиҳанд. Дар давраи яхбандии бузург пиряхҳо қисми зиёди Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Африқои Ҷанубӣ ва Осиёро пӯшонида буданд. Вақте, ки пирях ба уқёнус мефурояд, аз канораҳои он яхпораҳо канда шуда, айсбергҳо, яъне яхпораҳои шиноварро ба вуҷуд меоваранд.

0

Уқёнусҳо

Дар кураи Замин 4 уқёнус мавҷуд аст: Уқёнуси Ором, масоҳаташ: 178,6 млн км² Уқёнуси Атлантик, масоҳаташ: 91,6 млн км² Уқёнуси Ҳинд, масоҳаташ: 76,1 млн км² Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, масоҳаташ: 14,7 млн км²

0

Минтақаҳои қутбӣ

Қутби Шимолӣ ва Қутби Ҷанубӣ нуқтаҳои ниҳоии буриши меҳвари Замин мебошанд, ки дар нуқтаи ниҳоии нимкураҳои муқобили якдигар қарор доранд. Арктика дар нимкураи шимолӣ ва Антарктика дар нимкураи ҷанубӣ сардтарин минтақаҳои рӯйи Заминанд. Ин минтақаҳои қутбӣ тамоми сол барфу яхпӯшанд.

0

Қитъаҳо

Дар рӯйи Замин шаш қитъаи хушкӣ мавҷуданд: Амрикои Шимолӣ, Амрикои Ҷанубӣ, Африқо, Авруосиё, Австралия ва Антарктида. Қитъаи Авруосиё аз ҳама масоҳати бузург – 54 млн км²-ро ишғол кардааст. Ҳамчунин Африқо 30,3 млн км², Амрикои Шимолӣ 24 млн км², Амрикои Ҷанубӣ 17 млн км², Антарктида 14 млн км² ва қитъаи Австралия 7,7 млн км² масоҳат доранд.

0

Хушкии рӯйи Замин

Хушкии Замин ҳудуде мебошанд, ки берун аз оби уқёнусу баҳр ва кӯлу обанборҳо қарор доранд. Масоҳати умумии хушкии сайёраи Замин қариб 150 млн км², яъне 29,2% масоҳати кураи Заминро ташкил медиҳад. Қабати болоии Замин тахминан аз 20 қабати литосферӣ иборат буда, муддати миллионҳо сол дар мантия (қабатҳои дарунии геосфера)-и Замин ҳаракат мекунанд. Дар натиҷаи ба тадриҷ омехташавии қабатҳои литосферӣ бо қабатҳои дохилии геосфераи Замин, бархӯрд ва шикастани қитъаҳо ба амал меояд. Ғафсии қабати Замин дар хушкӣ ба ҳисоби миёна 30–40 км аст.

0

Об

Нурҳои Офтоб замин ва қабати болоии баҳру кӯлу дарё ва обанборҳоро метафсонанд, ки дар натиҷа аз онҳо бухори об ба ҳаво бармехезад. Ҳаври бухори об дар баландии атмосфера сард гашта, ба абр табдил меёбад ва сипас ба ҳолати моеъ баргашта, боз ба Замин дар шакли барфу борон мерезад. Дар таркиби оби баҳр намаки ошӣ (хлориди натрий) ва минералҳои дигар мавҷуданд. Ба ҳисоби миёна шӯрии оби баҳр 3,5 дарсадро ташкил медиҳад. Баҳрҳои Каспий, Арал ва Майит (мурда) аз ҷумлаи бузургтарин кӯлҳои шӯри рӯйи Заминанд. Аммо шӯрии оби баҳри Майит 25 дарсад буда, обаш аз ҳамаи баҳрҳои дигар шӯртар аст. Он дар байни Урдун ва Исроил воқеъ аст. Аҷиб он аст, ки дар чунин оби шӯр одам ғарқ намешавад ва ҷуссааш дар болои об меистад.

0

Абрҳо ва барфу борон

Нурҳои Офтоб Замин ва қабати болоии обанборҳоро метафсонад ва он дар шакли бухор ба ҳаво бармехезад. Бухори об дар ҳаво ҷамъ шуда, қабати абрҳоро ба вуҷуд меорад, сипас ба қатрачаҳои об табдил меёбад. Қатраҳои нисбатан вазнин дар намуди борон ба Замин меборанд. Қатраҳои хурд сабуканд ва чун бухори ғализ дар таркиби абр боқӣ мемонанд. Навъу шаклҳои абрҳо вобаста ба шароити ташаккулёбиашон гуногун мешаванд: Абрҳои пармонанду ғафси анбӯҳ ба чинҳои рӯйи об монанданд. Абрҳои сафеди ғафсу тӯда ба ғалтакчаҳои патдор шабоҳат доранд. Шакли абрҳои ғализи анбӯҳ ба гулкарам монанд аст. Абрҳои серқабат ҳамвор буда, аз абрҳои дигар поинтар ҷойгиранд ва дар осмон силсилаи пардаи зичро ба вуҷуд меоранд.

0

Обу ҳаво

Обу ҳаво – ин ҳолати чандинсолаи атмосфера дар ин ё он минтақаву маҳал дар фосилаи дарозу кӯтоҳи вақт мебошад. Обу ҳаво бо нишондиҳандаҳое чун: ҳарорат, рутубатнокии ҳаво, фишор, абрнокӣ, суръати бод ва боришот тавсиф меёбад. Ба обу ҳаво мавқеи ҷуғрофӣ, ҷойгиршавии маҳал, наздикӣ ба баҳр ва ҷараёнҳои бодҳои уқёнусӣ, ҳатто дараҷаи олудагии атмосфера таъсир мерасонад.

0

Иқлим

Иқлим – ин низоми чандинсолаи ҳаво дар ин ё он маҳал мебошад. Ба иқлим бисёр омилҳо – мавқеи ҷуғрофӣ ё релйефи маҳал, наздик будан ба баҳр, ҷараёни обу ҳавои уқёнусӣ ё ҳатто дараҷаи ифлосии атмосфера таъсир мерасонанд. Иқлим ба қавли иқлимшиноси машҳур Б. П. Алисов чунин навъҳои асосӣ дорад: экваторӣ, тропикӣ, муътадил ва қутбӣ (полярӣ). Дар миёни ноҳияҳои асосӣ минтақаҳои мобайнӣ бо иқлимҳои субэкваторӣ, субтропикӣ ва субполярӣ қарор доранд.

0

Кашфи қитъаи Амрико

Сайёҳ ва баҳрнаварди испанӣ Христофор Колумб тайи солҳои 1492–1503 чор маротиба ба қитъаи Амрико сафар намуда, дар таърих ҳамчун кашшофи ин қитъа машҳур шуд. Ӯ чунин мепиндошт, ки сафар ба Ҳиндустон тавассути баҳр аз самти ғарб нисбат ба роҳи баҳрии шарқ (тавассути соҳилҳои Африқо) вақти камро мегирад. Аз ин рӯ, вақте, ки ӯ ба соҳилҳои Амрико расид, гумон дошт, ки дар Ҳиндустон аст. Баҳрнавард ва харитасози итолиёӣ Америго Веспуччи (1454–1512) солҳои 1499–1504 баъди якчанд экспедитсия дар соҳилҳои Амрико ба хулосае омад, ки ин ҷо қитъаи бузурге қарор дорад, ки то ҳол маълум набудааст. Минбаъд ин қитъаро Америго ва дертар Амрико (Америка) ном бурданд. Соли 1538 нахустин маротиба дар харитаи Герард Меркатор истилоҳҳои «қисми шимолии Амрико» ва «қисми ҷанубии Амрико» пайдо шуданд.

0

Кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ

То асри XV муҳимтарин роҳе, ки тавассути он тиҷорат миёни мамолики шарқу ғарб сурат мегирифт, Роҳи Бузурги абрешим буд. Кишварҳои шарқ аз ҳисоби ин роҳ даромади зиёд ба даст меоварданд ва барои дар зери тасарруфи худ нигоҳ доштани он низ мекӯшиданд. Аврупоиҳо барои ба даст овардани сарватҳои Шарқ чандин маротиба ба ин сарзамин лашкар кашиданд, аммо муваффақ нагардиданд. Аз ин рӯ, онҳо аз самти ғарб, яъне тавассути уқёнуси Атлантик ба саёҳат баромада, роҳҳои нави баҳриро ба манотиқи гуногуни олам кашф намуданд, ки дар таърих Кашфиёти Бузурги ҷуғрофӣ ном гирифтааст. Кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ аз асри XV то асри XVII идома ёфта, дар раванди он роҳҳои баҳрӣ ба самти Африқову Осиё ва қитъаҳои Амрико ва Австралия кашф шуданд. Ин боиси рушди соҳаи киштисозӣ, дастрасӣ ба заминҳои нав, рушди саноат ва сарватманд шудани мамолики Аврупо гардида, заминаи мустамликасозии кишварҳои дигарро барои аврупоиён фароҳам овард.

0

Пири Райис ва кашфиёти ӯ

Баҳрнавард, адмирали мусулмон Пири Райис (1465–1554) дар Қустантания соли 1513 харитаи ҷаҳонро тартиб дод. Ӯ дар асари худ «Китоби Баҳрия» эҳтимоли мавҷудияти қитъаи Амрикоро зикр карда буд.

0

Кӣ аввалин харитаро сохтааст?

Аввалин харитаро мисриён тахминан 3400 сол пеш тартиб додаанд. Юнониҳо баъд аз мисриён сохти харитаҳоро мукаммалтар намуданд. Ситорашиноси юнонӣ Клавдий Птоломей (асри 2-и м.), ки худ дар Миср ба дунё омада буд, харитасозиро хеле такмил додааст. Ӯ сайёраи Заминро дар маркази Олам ҷой дода, ҳангоми сохтани харитаи Замин аз хатҳои махсус, яъне арзу тӯл истифода кардааст. Птоломей як қисми Заминро дар харита тасвир кардааст.

0

Одамони қадим роҳро чӣ тавр дар хотир нигоҳ медоштанд?

Дар замонҳои қадим, ки харита ва қутбнамо набуд, ситораҳои осмон барои ёфтани самтҳои роҳ ба ҷои онҳо хидмат мекарданд. Баъдтар ситорашиносону сайёҳон ситораҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо карда бо хатҳо пайвастанд. Ҳамин тариқ, аз рӯи галаситораҳои Дубби Акбар (Ҳафт додарон), бурҷи Асад, Аркон (Кит), Геркулес, Ситораи Қутб ва ғайра ёфтани роҳу самтҳои ҷуғрофӣ маъмул шуд. Имрӯз ҳам мо метавонем ба Ситораи Қутб назар карда, самтҳоро муайян намоем. Дар пешорӯи Ситораи Қутб самти шимол ва дар муқобили он самти ҷануб ҷойгир аст. Дар ин ҳолат тарафи чап самти ғарб ва тарафи рост самти шарқ мешавад.

0

Асосгузори харитасозии атласӣ кист?

Вобаста ба мавзӯъ ва ҳадаф тарзҳои гуногуни харитасозӣ вуҷуд доранд. Атлас – маҷмӯи харитаҳои ҷуғрофие мебошад, ки дорои барнома ва низоми муайян буда, дар маҷмӯъ ҷузъи як асари том маҳсуб мешаванд. Ин навъи харитаҳои ҷуғрофӣ аз замони Герард Меркатор (соли 1595) бо номи «Атлас» маъмул гардида, то имрӯз бо усулҳои нав такмил ва истифода мешаванд.

0

Ихтирои қутбнамо чӣ аҳамият дошт?

Дар асрҳои XIII–XIV дар Аврупо қутбнамо ихтироъ карда шуд, ки боиси боз ҳам такмил ёфтани харитасозӣ гардид. Футуҳоти Колумб ва сайёҳони дигар таваҷҷуҳи одамонро ба харитаву нақшакашӣ зиёд кард. Минбаъд баҳрнавардоне, ки ба Африқо, Осиё ва Амрико сафар мекарданд, ба харитаҳои дақиқи дорои хатҳои арзу тӯл ниёз доштанд. Аз ин рӯ, дар асри XIX асосҳои илмии харитасозии замони мо гузошта шуд. Дар ин давра ҳангоми сохтани харита хурдтарин ҷузъиёти ҷуғрофӣ ҳисоби математикӣ карда мешуд. Имрӯз илми харитасозӣ хеле пеш рафта, дар тартиб додани харитаҳои ҷуғрофӣ аз сурату наворҳои баландсифат истифода мебаранд.

0

Ноҳияҳои гирдбодӣ дар куҷо ҷойгиранд?

Хушксолии бардавом дар даштҳо ҳодисаҳои муқаррарианд. Солҳои 1930 дар даштҳо (прерияҳо)-и қисми марказии Амрикои Шимолӣ хушксолии сахт мушоҳида гардид. Бисёр чаронидани чорво ва бераҳмона шудгор кардани қитъаҳои замин боиси нестшавии пӯшиши набототӣ, рӯй додани камҳосилӣ ва урёнии хок гардид. Дар натиҷа тундбоду шамолҳои сахт тӯдаи хокро ба ҳаво бардошта, гирдбодҳои хурду бузургро падид меорад. Ҳамин тариқ, ин ҳудуди шамолхезу серчанг номи «ноҳияи гирдбодӣ»-ро гирифтааст.

0