Агенти Зеҳнӣ
3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн
Оё даштҳо барои чорводорӣ мувофиқанд?
Даштҳои васеи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Австралия ва Зеландияи Нав барои чаронидани гӯсфанд ва чорвои калони шохдор истифода бурда мешаванд. Ҳайвонот сарсари алафҳоро хӯрда, ба нашъунамои онҳо халал намерасонанд, чунки алафҳо аз бехи поя шохаҳои нав мебароранд ва баъди кандани нӯгашон боз ҳам ғафстар мерӯянд. Ҳоло қисмати зиёди даштҳои иқлимашон муътадил шудгор карда мешуданд. Дар ин ҷо бисёр зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла гандум ва ҷуворимакка мекоранд. Бахусус заминҳои сиёҳхоки даштҳои алафзорашон баланд, нисбатан ҳосилхезанд.
Дар даштҳо кадом ҳайвонот зиндагӣ мекунанд?
Дар даштҳои Амрикои Шимолӣ пеш барзаговҳои азимҷусса – бизонҳо зиндагӣ мекарданд. Ҳоло аз ҳайвоноти пештараи даштҳо гургҳои даштӣ (кайотаҳо), шағолҳо, сагҳои марғзорӣ боқӣ мондаанд. Дар даштҳо (саваннаҳо)-и Австралия кенгуру, коалҳо, аз парандагон шутурмурғи эму ва кукабараҳо зиндагӣ мекунанд. Даштҳои Африқо ҷойи сукунати ҳайвоноти гуногуну парандаҳо ва хазандагону ширхӯрҳои бузургҷусса аз ҷумла, фил, баҳмут, заррофа, шер, ғизол ва гӯрхар мебошанд.
Оё пиряхи «Федченко»-ро медонед?
«Федченко» бузургтарин пирях дар ҳудуди собиқ ИҶШС ва дарозтарин пиряхи ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ буда, дар қисми шимолу ғарбии Бадахшон воқеъ аст. Он аз нишебии шимолии қаторкӯҳи Язгулом ибтидо гирифта, то нишебии шарқии қаторкӯҳи Академияи Фанҳо идома ёфтааст. Ин пирях муҳимтарин манбаи захираи обии Тоҷикистон буда, нуқтаи баландтаринаш 4200 м аст. Дарозиаш 77 км буда, бараш аз 1700 то 3100 м ва ғафсиаш 1000 м аст. Аз сабаби рӯ ба гармӣ овардани иқлим солҳои охир қисми миёнаи он нисбат ба солҳои пешин бо суръати баландтар ҳаракат мекунад ва сарфи оби он дар фасли тобистон ба 1000 м³/с мерасад. Пиряхи мазкур ба шарафи олими рус Алексей Павлович Федченко, ки наботот, ҳайвонот ва пиряхҳои Тоҷикистонро таҳқиқ карда буд, номгузорӣ шудааст.
Айсберг чист?
Айсберг ҷинси бузурги яхи шиноваре мебошад, ки аз сипарҳои яхии Арктика ва Антарктика ҷудо шудааст. Айсбергҳо аз рӯйи ҳаҷму шакл аз ҳам фарқ мекунанд, ҳаҷми баъзе айсбергҳои азим ба ҳаҷми мамлакатҳои хурд баробар аст. То 90% ҳаҷми айсберг дар зери об ниҳон аст. Аз ин рӯ, айсбергҳо барои киштиҳои баҳрӣ хатарноканд, зеро хатари бархӯрдро бо онҳо на ҳамеша метавон дуруст муайян кард. Бузургтарин киштии мусофирбари ҷаҳон «Титаник» дар аввалин сафараш 14 апрели соли 1912 ба айсберг бархӯрда, пас аз 2 соату 40 дақиқа ғарқ шуда буд.
Дар қутб чӣ тавр зинда мондан мумкин аст?
Ба ҳайвоноти қутбӣ барои зистан дар яхистонҳои абадӣ ва нигоҳ доштани гармӣ пашми зич ва қабати ғафси равғани зери пӯсташон мусоидат мекунад. Ширхорони қутбӣ барои камтар талаф шудани гармӣ, гӯшҳои хурд ва бинии кӯтоҳ доранд. Пингвинҳо, наҳангҳо, тюленҳо ва парандаҳои баҳрӣ моҳиро дар хунуктарин об ҳам шикор карда мехӯранд. Дар тундраи Амрикои Шимолӣ говмеши пашмаш дарозу зич тамоми сол мечарад. Хирсҳои сафед танҳо дар Арктика ва пингвинҳо дар Антарктида зиндагӣ мекунанд.
Оё дар Арктика хушкӣ ҳаст?
Дар паҳнои Қутби Шимол хушкӣ нест, онро анбӯҳи бузурги яхи бисёрсола фаро гирифтааст, ки саросари Уқёнуси Яхбастаи Шимолиро пӯшонидааст. Арктика инчунин ҷазираҳои Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, қисмати зиёди ҷазираҳои Гренландия, канораҳои шимолии қитъаи Авруосиё ва Амрикои Шимолиро дар бар мегирад. Яъне ба ҳудуди Арктика минтақаи тундра низ дохил мешавад. Иқлими ин минтақа хунуки қаҳратун буда, яхпораҳои баҳрӣ тамоми сол қисми зиёди уқёнусро фаро мегиранд. Баҳорон ғафсии яхи қисми мобайни уқёнус то 3 метр коҳиш меёбад.
Оё дар Антарктика одамон зиндагонӣ мекунанд?
Антарктика қитъа (материк)-и Антарктида, паҳноҳои ҳамвори уқёнус, баҳрҳо ва ҷазираҳои ба он наздикро дар бар мегирад. Ин ҳудуди паҳновар ба ягон мамлакати ҷаҳон тааллуқ надорад ва мувофиқи Аҳдномаи байналмилалии соли 1959, ки онро 32 мамлакат имзо кардаанд, дар Антарктика танҳо таҳқиқоти илмӣ кардан мумкин аст. Ҳузури одамон – кормандони пойгоҳҳои илмии қутбӣ ва сайёҳон масъалаи истифодаи партовҳоро, ки дар шароити ҳарорати паст вайрон намешаванд ва намепӯсанд, ба миён овард.
Тундра чист?
Тундра ҳамвориҳои васеи серботлоқ ва камтеппа аст. Ин минтақаи табиӣ қад-қади доираи Қутби Шимол, байни минтақаи тайга (ҷангали анбӯҳи шимолӣ) ва минтақаи паҳноҳои беҳосили қутбӣ ҷойгир аст. Тобистон дар тундра ҳамагӣ дар давоми чанд ҳафта қабати хеле тунуки яхи болои хок об мешавад, вале қишрҳои яхбаста абадӣ меистанд. Дар қаламрави тундра рустаниҳо ба замин амиқ реша ронда наметавонанд, бинобар ин бештар дарахтони паст ва буттаҳо мерӯянд, ки ушна ва гулсангҳо аз ҷумлаи онҳоянд.
Оё қитъаҳои Замин ҳаракат мекунанд?
Қитъаҳо ҳамеша дар ҳаракатанд. Олимон исбот кардаанд, ки ҳар сол Амрикои Шимолӣ аз Амрикои Ҷанубӣ ба андозаи 7 см аз ҳамдигар дур мешаванд. Яъне, Уқёнуси Атлантик васеътар ва Уқёнуси Ором баръакс хурдтар мегардад. Ба ақидаи олимон баъди 65 млн сол Амрикои Шимолӣ аз Ҷанубӣ канда шуда ба қитъаи Осиё мепайвандад ва қитъаи Африқо низ бо Аврупо якҷоя мешавад. Аз рӯйи фарзияе 200 млн сол пеш тамоми қитъаҳои Замин бо ҳам пайваст буда, як кураи яклухти азимеро ташкил медодаанд, ки он шартан Пангея ном доштааст.
Чаро қитъаҳо ба ҳам монанданд?
Мувофиқати ҳайратангези тарҳи хатти соҳилҳои шарқии Амрикои Шимолӣ ва Амрикои Ҷанубиву соҳилҳои ғарбии Аврупову Африқо гувоҳи онанд, ки дар гузаштаи дур ин қитъаҳо пайвасту якҷоя будаанд. Ғайр аз ин олимон монандии сохти геологӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, олами наботот ва ҳайвонотро кашф намудаанд. Масалан, шутурмурғи африқоӣ (страус) ва шутурмурғи Амрикои Ҷанубӣ (нанду) аслан аз як зот будаанд.
Сардтарин қитъаи олам кадом аст?
Антарктида сардтарин қитъаи Замин мебошад. Дар паҳноҳои дохили ин қитъа ҳарорат аз –25 °С то –89 °С тағйир меёбад. Пасттарин ҳарорат дар рӯйи Замин, –89 °С дар пойгоҳи «Восток»-и Антарктида ба қайд гирифта шудааст. Сипари яхине, ки ин паҳноро мепӯшонад, 3 км ғафсӣ дорад, дар баъзе ҷойҳо он беш аз 4 км аст ва барфу ях гармии Офтобро баргашта ба атмосфера инъикос мекунанд. Шамолҳои сард бо суръати 145 км/соат мевазанд. Ба қавли олимон дар Антарктида қариб 2 млн сол инҷониб борон наборидааст.
Сангшавӣ чӣ гуна ба амал меояд?
Сангшавӣ ин боқимондаи ҳайвонот ва рустаниҳое мебошад, ки миллионҳо сол пеш дар Замин сукунат доштанд. Сангшавӣ бештар дар ҷинсҳои таҳшиншуда ба амал меояд. Инчунин сангшавӣ аз ҷинсҳои сардшудаи қишри Замин ва ҷинсҳои боришотӣ, ки об онҳоро аз ҷойҳои дигар овардааст (гаҷ, намаксанг ва ғайра) падид меояд.
Ҷинсҳои магмавӣ чист?
Ҷинсҳои магмавӣ ҷинсҳои хеле сахтеанд, ки аз оташфишонии вулканӣ хориҷ шуда баъдан шӯша мебанданд. Ҷинсҳои магмавӣ ҳангоми хунукшавӣ ва сахтшавӣ дар тӯли миллионҳо сол ба санг табдил меёбанд. Хоросанг (гранит) ва рухом (базалт) ҷинсҳои магмавии бештар паҳнгашта мебошанд.
Ҳаракати қабатҳои литосферӣ сабаби кадом ҳодисаҳо мешаванд?
Дар қабатҳои литосферӣ қисмҳои замин мавҷуданд, ки онҳоро плитаҳои литосферӣ меноманд. Ҳаракати ин қабатҳо на танҳо тарҳи қитъаҳоро тағйир медиҳанд, балки ба раванди дигари геодинамикии онҳо ҳам таъсир мерасонанд. Дар он минтақае, ки ин қабатҳо ҳаракат мекунанд, зилзила ба вуҷуд меояд, дар мавридҳои дигар қаторкӯҳҳо пайдо мешаванд ва ҳатто ба фаввора зада баромадани вулканҳо сабаб мегардад. Минтақаеро, ки дар он плитаҳо аз ҳам ҷудо мешаванд минтақаи дуршавӣ (дивергенсия) ва минтақаеро, ки қабатҳо ба ҳам меоянд, наздикшавӣ (конвергенсия) меноманд.
Тирукамон ё «камони Рустам» аз чӣ пайдо мешавад?
Тирукамон дар осмон баъди боридани борон аз сабаби шикастани нурҳои Офтоб дар қатраҳои борон пайдо мешавад. Қатраҳои дар ҳаво муаллақ нурҳои Офтобро ба 7 намуд ранги мавҷи рӯшноӣ: сурх, норинҷӣ, зард, сабз, нилобӣ, кабуд ва бунафш ҷудо мекунанд. Барои дидани тирукамон пушт бо Офтоб истодан лозим аст.
Раъду барқ чист?
Раъд ҳангоми тағйирёбии намӣ ва ҳарорат дар қабати атмосфера ба вуҷуд меояд. Вақте ки ҳавои гарм бо суръат боло мебарояд ва бо ҳавои хунук бармехӯрад, аз асари ин бархурд қатраҳои борон падид меоянд. Ба ҳам бархӯрдани қатраҳои борон ва ҳавои гарм садои баландро ба вуҷуд меоранд, ки онро раъд меноманд. Дар абри раъду барқӣ аз таъсири ҷараёнҳои ҳаво қатраҳои об бо резаҳо (шӯшаҳо)-и ях бармехӯранд, ки дар натиҷаи соиш хӯрдани онҳо андаруни абр зарраҳои ба ҳам муқобил ба вуҷуд меоянд. Ҷамъшавии онҳо боиси пайдоиши энергияи электрикӣ, яъне шарораи бузурги барқ мегардад. Гулдурроси раъд барои он аст, ки ҳавои атрофи барқ шадидан гарм шуда, босуръат васеъ ва бо нерӯи садоӣ раҳо мешавад. Барои муайян намудани макони пайдо шудани раъду барқ вақти байни шарораи барқ ва гулдурроси раъдро ҳисоб кунед – 5 сония ба фосилаи 1,6 км мувофиқат мекунад.
Чаро барфу борон меборад?
Дар натиҷаи бухоршавии оби баҳру дарёҳо ва нафаскашии набототу ҳайвонот об дар шакли буғ ба фазо, яъне қабатҳои атмосфера мебарояд. Қатраҳои хурди об дар таркиби абр ях баста шӯшаҳои яхиро ба вуҷуд меоранд. Ин шӯшаҳо, яъне зарраҳои шашгӯшаи булӯрин пайваст шуда, зарраҳои зебои барфро ҳосил мекунанд. Шӯшаҳои яхӣ ба сабаби вазниниашон аз абрҳо ба поин мерезанд. Ҳангоми дар қабати наздик ба Замин аз 0 дараҷа паст будани ҳарорати ҳаво шӯшаҳои ях ба шакли барф меборанд. Агар ҳаво нисбатан гарм бошад, онҳо об шуда, ба қатраҳои борон табдил меёбанд. Қатраҳои нисбатан вазнини бухори оби дар ҳаво ҷамъшуда дар намуди борон мерезанд.
Вазъи обу ҳаворо чӣ тавр пешгӯӣ мекунанд?
Илме, ки равандҳои физикии дар атмосфера баҳамоянда ва ба обу ҳаво таъсиркунандаро меомӯзад, метеорология, яъне ҳавошиносӣ ном дорад. Маълумоти марбут ба ҳарорат, хусусиятҳои абрнокӣ, суръати шамол, фишори атмосферӣ, боридани борону барф тавассути асбобҳои махсус дар пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ, ки дар тамоми ҷаҳон мавҷуданд, ҷамъоварӣ карда мешаванд. Обуҳавосанҷҳо (метеорологҳо) ғайр аз маълумоти мушоҳидаи рӯизаминӣ аксҳои ҳолати атмосфераро, ки радифҳои обуҳавосанҷии кайҳонӣ мефиристанд, меомӯзанд. Дар асоси маълумоти гирдомада дар Марказҳои бузурги обуҳавосанҷӣ харитаҳои ҳавошиносӣ (синоптикӣ) тартиб дода, вазъи обу ҳаворо пешгӯӣ мекунанд.
Гирдбод ва бӯрони тропикӣ чист?
Гирдбод ва бӯрони тропикӣ хосси мамлакатҳои минтақаи тропикӣ буда, аслан дар баҳру уқёнусҳо пайдо мешаванд. Онҳоро тундбод, тӯфон, гирдоб ва ғайра меноманд, ки аз таъсири гармии оби баҳру уқёнусҳо падид меоянд. Гирдбод ин тӯфони атмосферавист, ки шакли даҳанаи вусъаташ наздики 100 м мефурояд. Гирдбод аз абри раъду барқӣ ба Замин дар шакли остин ё хартуми абрии тира поин мефурояд. Суръати шамол дар дохили гирдбод метавонад ба 500 км/соат расад. Гирдбодҳо (онҳоро дар ИМА торнадо мегӯянд) бештар дар ҳамвориҳои бузурги Амрикои Шимолӣ вомехӯранд. Дар маркази гирдбод минтақаи фишораш паст ҷойгир аст, ки биноҳои ба даҳана афтода аз таъсири ҳавои дар дохили онҳо дамида метарканд. Ҳамчунин гирдбодҳои сахте мавҷуданд, ки қутрашон ба садҳо километр мерасад ва бӯронҳо (сиклонҳо)-и тропикиро дар болои уқёнусҳои Атлантика, Ором ва Ҳинд падид меоранд. Дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ онҳоро тӯфон (тайфун) ва дар Атлантика тундбод (ураган) меноманд. Онҳо бо неруи хатаровар вазида, дар соҳилҳои аҳолинишин обхезиҳои фалокатовар ва дар хушкӣ харобиҳои даҳшатангезро ба вуҷуд меоранд.
Минтақа ба иқлим чӣ тавр таъсир мерасонад?
Дар кӯҳҳои баланд ҳаво ҳамеша сард аст, ҳудуди наздисоҳилӣ нисбат ба ҳудуди дохили хушкӣ намноктаранд. Минтақаи қутбӣ доимо барфу яхпӯш буда, дар ин ҷо танҳо дар мавзеъҳои иқлимаш муътадил тобистони кӯтоҳи салқин ҳукмфармост. Дар арзҳои муътадил зимистон хунуку сербарф ва тобистон гарм мешавад. Барои биёбонҳои гарм иқлими хушк хос аст. Биёбонҳои баландкӯҳ зимистони хушки қаҳратун, тобистони салқин ва боришоти кам доранд. Дар минтақаи тропикӣ тобистон хеле тафсон ва зимистон гарм мешавад. Иқлими хатти истиво тамоми сол гарму намнок мебошад.




