Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Ғайбаткунанда дӯсти шайтон аст

Холид бинни Рабиъ мегӯяд: вақте бо ёрони худ дар масҷиди ҷомеъ будем, мусулмонеро дидам ғайбат карданд ва ман манъ накардам. Он шаб дар хоб дидам, ки марди сиёҳи бо ҳайбат даромад ва пораи гӯшти гандаи хукро бар табақе ниҳода биёварду дар пеши ман ниҳода бонг бар ман зад, ки бихӯр.

Гуфтам: - Ман мусулмонам ва мусулмон гӯшти хук намехӯрад.

Гуфт: - Гӯшти мусулмонро метавонӣ хурда, ки он ҳазор бор аз ин ҳаромтар аст, - ва аз он гӯшт бибуриду дар даҳони ман ниҳод.

Бедор шудам он гӯшт дар даҳони ман буд ва бӯи гандаи он то чиҳил рӯз аз даҳони ман меомад.

Макун ғайбат агар ақлат тамом аст,
Ки гуфтори ту дар ғайбат ҳаром аст.
Агар айби ту гардад бар ту зоҳир,
Ба айби кас қуҷо пардозӣ охир.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.