Зеҳн

Олами Афсонаҳо

Афсонаҳо ва шеърҳо ба кӯдакон некӣ, дӯстӣ, ҳурмати калонсолон ва ростгӯиро меомӯзонанд.

3 аъзоаз 11 августи 2026

ҚОИДАҲОИ ГУЗАШТАН АЗ КЎЧАВУ РОҲҲО

Мувофиқи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пиёдагардон бояд бо роҳи пиёдагард ҳаракат кунанд, роҳро фақат аз ҷойи муайянкардашуда, яъне аз гузаргоҳи пиёдагард, гузаргоҳи зеризаминӣ ё аз ҷойҳои махсус, ки барои аз роҳ гузаштани пиёдагардон ҷудо шудааст, гузаранд. Дар гузаргоҳҳое, ки ҳаракати нақлиёт ва аз роҳ гузаштани пиёдагардон ба воситаи чароғи роҳнамо танзим карда мешавад, аз роҳ ҳангоми сабз будани чароғи роҳнамо гузаштан лозим аст. Дар хотир доред, ки ҳангоми гузаштан аз роҳ ҳатто дар ҳолати сабз будани чароғи роҳнамо низ бисёр бодиққат бояд бошед. Ба атроф назар кунед, садои мошини наздикшудаистодаро шунавед. Зеро баъзан дар ҳолати зарурӣ ронанда мошинро боздошта наметавонад ва боиси рух додани ҳодисаи нохуш мегардад. Бинобар ин, ҳангоми пурра бозистодани мошинҳо бояд аз гузаргоҳ гузаред. Дар ҳолати набудани гузаргоҳи пиёдагард шумо бояд роҳро аз ҷое гузаред, ки ҳар ду тарафи роҳ хуб дида шавад. Дар чунин маврид роҳро таҳти кунҷи рост гузаштан зарур аст. Чунки масофаи роҳи гузариш кўтоҳтар ва вақти дар роҳ будани шумо камтар мешавад. Дар ин ҳолат бояд аввал ба тарафи чапи роҳ назар карда, дар ҳолати набудани воситаҳои нақлиёт то байни роҳ омада, баъд ба тарафи рост нигаред ва дар ҳолати набудани мошин қисмати боқимондаи роҳро гузаред. Дар ҳолати набудани роҳи пиёдагард шумо бояд аз канори роҳ ҳаракат кунед. Пиёдагардон бояд бо амалҳои нодурусти худ ба ҳаракати мошинҳо (воситаҳои нақлиёт) халал нарасонанд. Дар акси ҳол рух додани фалокат дар роҳ аз эҳтимол дур нест.

0

МАФҲУМҲОИ РОҲ, КЎЧА, ХИЁБОН, ЧОРРОҲА

Ронандагони воситаҳои нақлиёт (автомобил, мототсикл, велосипед) ва одамон аз роҳҳо истифода мебаранд. Роҳ он қисми кўча аст, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва одамон сохта шудааст. Роҳ аз қисми мошингард, канори роҳ ва пайраҳаи пиёдагардон иборат мебошад. Роҳҳо хокӣ, регпўш, мумфарш ва бетонӣ мешаванд. Кўча як қисми маҳалли аҳолинишин аст, ки он хонаҳо, роҳи мошингард, роҳҳои пиёдагард, канори роҳ, гулгаштҳо ва дигар иншоотҳоро фаро мегирад. Дар шаҳру ноҳияҳо кўчаву хиёбонҳо ба номи шахсони маъруфу машҳури таърихӣ, шоиру нависандагони бузург гузошта шудаанд. Масалан, кўчаҳои С. Айнӣ, Б. Ғафуров, М. Қосимов, хиёбонҳои Рўдакӣ, Сино, Саъ- дии Шерозӣ, Исмоили Сомонӣ ва ғайра. Хиёбонҳо низ аз кўчаҳо, роҳҳои калони мошингард ва гулгаштҳо иборат мебошанд. Хиёбон аз кўча бо чанд ҷиҳат фарқ мекунад. Чун қоида хиёбон роҳи калону васеъро фаро мегирад ва ба биноҳои калони муҳимми маъмуриву фарҳангӣ баромад дорад. Роҳи ҳаракати хиёбон паҳнтар буда, аз чандин хати ҳаракат иборат мебошад. Хиёбон рост мешавад, вале кўча метавонад каҷ бошад. Паҳноии роҳи ҳаракати кўча метавонад танг бошад. Дар деҳот хиёбон намешавад, вале кўча дар деҳот низ мешавад. Одатан хиёбонҳо аз майдонҳо, чорроҳаҳои калон ва сарҳади шаҳр оғоз гардида, дар ҳамин гуна ҷойҳо ба охир мерасанд, яъне хиёбон бо бунбаст ба охир намерасад, аммо кўча метавонад бо бунбаст тамом шавад. Ҷойи ҳамдигарро бурида гузаштани роҳҳо, ба ҳамдигар пайваст шудан ё ба самтҳо ҷудо шудани онҳоро чорроҳа меноманд.

0