Зеҳн

Олами Афсонаҳо

Афсонаҳо ва шеърҳо ба кӯдакон некӣ, дӯстӣ, ҳурмати калонсолон ва ростгӯиро меомӯзонанд.

3 аъзоаз 11 августи 2026
Олами Афсонаҳо·Дунё·28 рӯз пешНашрия

ДИЛИ СОФ

Гуфтаанд, замоне дар як деҳаи ором писарбачае зиндагӣ мекард, ки хеле кунҷкоб буд. Ӯ ҳамеша аз падари хирадмандаш мепурсид: — Падарҷон, чӣ гуна инсон метавонад дӯстдоштаи мардум гардад? Падараш ӯро назди дарёи соф бурд ва гуфт: — Ба об нигоҳ кун. Писар ба рӯи об нигарист ва чеҳраи худро дид. Падар гуфт: — Вақте дили инсон соф бошад, мисли ҳамин об ҳар чизро рост нишон медиҳад. Агар касе дурӯғ гӯяд, нафрат кунад ё макр варзад, дилаш тира мешавад, ва дигар на Худо, на мардум ба ӯ эътимод намекунанд. Баъд чанд моҳ гузашт. Писарбача дар бозор ҳамёни пур аз пулро ёфт. Бисёриҳо гуфтанд, ки онро барои худ нигоҳ дор. Аммо ӯ ҳамёнро ба соҳиби ҳақиқияш баргардонд. Соҳиби ҳамён ашк рехт ва гуфт: — Писарам, ту дили соф дорӣ. Худо рӯзе беҳазорон маротиба бештар ба ту ато хоҳад кард. Аз ҳамон рӯз номаш дар деҳа ҳамчун софдилтарини мардум баромад. Ӯ фаҳмид, ки сарвати ҳақиқӣ — на пул, балки дили пок ва виҷдони ором аст. Панд: Софдилӣ чароғест, ки роҳи зиндагиро равшан мекунад. Он касе, ки ростқавл аст, ҳеҷ гоҳ роҳро гум намекунад.

0
Олами Афсонаҳо·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Орзуи писар ва ғулом

Рӯзе подшоҳе нишаста буд. Писараш ва як ғуломи ӯ дар наздаш истода буданд. Подшоҳ аз писараш пурсид: — Рост бигӯ, дар зиндагӣ бештар аз ҳама чӣ орзу дорӣ? Писар гуфт: — Мехоҳам соҳиби молу сарвати зиёд шавам, зиндагии пур аз айшу нӯш дошта бошам ва ҳамеша ба хушгузаронӣ машғул бошам. Баъд подшоҳ аз ғулом пурсид: — Ту чӣ орзу дорӣ? Ғулом гуфт: — Орзуи ман ин аст, ки бо одамон бо меҳрубонӣ рафтор кунам, ба ниёзмандон ёрӣ расонам ва бо некиву саховат дили мардумро ба даст оварам. Подшоҳ аз ҷавоби ғулом бисёр хушнуд шуд. Ӯро озод кард ва ба ӯ эҳтирому некии зиёд намуд. Аммо аз ҷавоби писараш норозӣ шуд, зеро дид, ки ӯ бештар дар бораи айшу нӯши худ фикр мекунад, на дар бораи некиву фоида ба дигарон. Панд: Арзиши инсон танҳо дар молу сарват нест. Меҳрубонӣ, саховат ва некӣ ба дигарон инсонро азиз мегардонад.

0
Олами Афсонаҳо·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Кисро ва ошпази зирак

Рӯзе Кисро аз назди ошхона мегузашт. Ӯ дид, ки як ғуломи ошпаз нон мепазад. Аз гармии танӯр пешонии ошпаз арақ карда буд. Ӯ каме хамир гирифт ва арақи рӯяшро бо он пок кард. Баъд ҳамон хамирро ба хамири дигар ҳамроҳ карда, нон пухт. Кисро инро дид, вале чизе нагуфт ва аз он ҷо гузашт. Рӯзи дигар ӯ ошпазро назди худ хонд ва пурсид: — Ба фикри ту, беҳтарин хӯрок кадом аст? Ошпаз марди зирак буд. Ӯ фаҳмид, ки Кисро кори дирӯзаашро дидааст. Барои ҳамин ҷавоб дод: — Беҳтарин хӯрок он аст, ки ту тарзи пухтани онро набинӣ ва танҳо вақте бинӣ, ки омода шуда пешат меоранд. Кисро аз ин ҷавоби зиракона хандид ва аз гуноҳи ӯ гузашт. Панд: Зиракӣ ва ҷавоби дуруст метавонад инсонро аз мушкил наҷот диҳад. Аммо ҳангоми тайёр кардани хӯрок ҳамеша бояд покизагиро риоя кард.

0
Олами Афсонаҳо·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ПИСАРИ ЗУДҶАҲЛ

Як писарбачаи зудҷаҳл буд. Рӯзе падараш ба ӯ як халта мех дод ва гуфт: - Ҳар боре ки хашмгин мешавӣ, ба боғи назди хона рафта, ба девор як мех бикӯб. Рӯзҳои аввал писарак ҳар рӯз даҳҳо мех ба девор мекӯбид. Аммо бо гузашти вақт ӯ оҳиста-оҳиста омӯхт, ки хашми худро идора кунад. Ҳамин тавр, шумораи мехҳое, ки ба девор мекӯбид, рӯз ба рӯз кам мешуд. Ниҳоят, рӯзе расид, ки ӯ дигар ҳеҷ мехе накӯбид. Он гоҳ падараш гуфт: - Акнун ҳар рӯзе, ки бе хашм ва асабоният мегузаронӣ, аз девор як мехро берун каш. Писарак гуфтаи падарашро иҷро кард. Рӯзҳо гузаштанд ва ниҳоят ҳамаи мехҳо аз девор берун кашида шуданд. Падараш ӯро назди девор бурда гуфт: - Акнун ба изҳои дар девормонда нигоҳ кун. Писарак ба девор нигарист. Дар девор дигар мехе намонда буд, аммо ҷойи мехҳо - сӯрохӣ ва шикофҳои зиёде боқӣ монда буданд. Падараш гуфт: - Писарам, захми суханони сахте, ки инсон дар вақти хашм мегӯяд, низ мисли ҳамин изҳост. Ту баъдтар метавонӣ узр пурсӣ ва ҳатто суханонатро пас бигирӣ, аммо захме, ки ба дили инсон расондаӣ, метавонад муддати дароз боқӣ монад. Пас, хашми худро идора карданро омӯз. Пеш аз он ки сухане бигӯӣ, фикр кун, зеро баъзе захмҳоро узр ҳам ба осонӣ шифо дода наметавонад.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·1 моҳ пешНашрия

КИТОБХОНӢ

Рӯзе подшоҳе дар ҷустуҷӯи хирадмандтарин шахси кишвар буд. Ӯ ба дарбор фармон дод: — Ҳар касе, ки ба ман роҳи ба дониш расиданро гӯяд, мукофот мегирад! Бисёриҳо омаданд: яке гуфт сафар кун, дигаре гуфт бо доноён нишастан беҳтар аст. Аммо пирмарди китобдӯсте наздик шуд ва гуфт: — Эй подшоҳ, роҳи дониш аз як дар оғоз мешавад — дари китоб. Касе, ки хонданро дӯст медорад, дари ҳама донишро мекушояд. Подшоҳ ин суханро санҷидан хост ва 40 шаб китоб хонд. Пас дарёфт, ки ҳар китоб ба ӯ ҷаҳонеро нишон медиҳад, ки пештар намедид. Ӯ эълон кард: — Ҳар кӣ китоб мехонад, шоҳ аст. Зеро шоҳӣ бар қаламҳо беҳтар аз шоҳӣ бар халқ аст. Панд: Китоб хондан маънои дидани ҷаҳон бо чашмони бештар аст.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·1 моҳ пешНашрия

ХИҶОЛАТ

Султони Ҳиндустон ба шикор баромад. Ҳини шикор тахти равони дар болои фил гузошташудаи ӯ дар ботлоқ ғӯтид. Ҳеҷ кас илоҷи баровардан наёфта буд, ки Паҳлавон Маҳмуд байни ду пойи пеши фил даромада, онро дар пушташ бардошта баровард. Султон ба қувваи ғайриоддии Паҳлавон Маҳмуд қоил шуда, гуфт: “Аз ман чӣ мехоҳӣ? Пурс!” Муаллима ҳикояи худро дар ҳамин ҷо нигоҳ дошта, ба хонандагон рӯ овард: – Канӣ, Собирҷон, ту мебудӣ, аз султон чӣ мехостӣ? – Ман? Ман... Мошини наппанав! – Ту чӣ, Ҳошимҷон? – Ман... Ман... Дастгоҳи яхмосбарорӣ. – Соҷида, ту чӣ? – Ман... Пӯстини пашмин. Муаллима чун ҷавоби дилхоҳ нагирифт, аз як тараф пурсидан гирифт: – Ман фил мегуфтам. Фили калон! – Ман як сумка доллар. – Ман компутер. – Ман тӯби футбол. – Ман велик... Аз ҷавоби рӯякии хонандагон ҳавсалаи муаллима пир шуд, магар: – Шумо манфиати худро фикр мекунед, –  гуфт бо оҳанги таассуф,–  Паҳлавон Маҳмуд Ватанро, халқро фикр мекард. Медонед, ӯ чӣ пурсид? Озодии дусад нафар ҳамватанонашро, ки дар зиндони султон занҷирбанд буданд. Сари хонандагон хам хӯрд. Муаллима аз фикр накарда ҷавоб доданашон хиҷолат шудани онҳоро пай бурда, ҳикояро давом дод.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·1 моҳ пешНашрия

МУҲАББАТ БА МАРДУМ

Рӯзе Мирзо Турсунзода ба як деҳаи дурдаст сафар кард. Мақсад дошт бо зиндагии оддии мардум аз наздик шинос шавад. Дар он ҷо ӯ марди пиреро дид, ки бо дастони ларзон заминро шудгор мекард. Шоир назди ӯ рафт ва пурсид: - Бобо, чаро дар ин синну сол ҳоло ҳам кор мекунед? Пирмард бо табассум ҷавоб дод: - Писарам, агар ман имрӯз кор накунам, фардо набераҳоям чӣ мехӯранд? Ин суханон ба дили шоир сахт таъсир карданд. Ӯ чанд лаҳза хомӯш монд ва сипас гуфт: - Меҳнати шумо мисли шеър аст, бобо. Шеъре, ки бо замин навишта мешавад. Баъд аз он сафар, мегӯянд, ки Мирзо Турсунзода бисёр шеърҳояшро бо илҳом аз зиндагии оддии мардум навиштааст. Ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки қимати инсон дар меҳнат ва муҳаббат ба дигарон аст. Ин ҳикоя нишон медиҳад, ки Мирзо Турсунзода на танҳо шоири бузург, балки инсони самимӣ ва наздик ба мардум буд. Ӯ зиндагии воқеиро мефаҳмид ва онро ба шеър табдил медод.

0

ЧОР ОРЗУ

Митя ба чана савор шуда, дар болои барфтӯда ба ҳар тараф мелағжид ва дар рӯйи дарёи яхбаста яхмолакбозӣ мекард. Рухсораҳояш суп-сурх, вақташ хуш ба хона омада, ба падараш гуфт: – Зимистон чӣ қадар хуб аст! Ман мехоҳам, ки доим зимистон бошад! – Ин орзуятро дар дафтарчаи ман навис, – гуфт падараш. Митя ин орзуяшро дар дафтарчаи падараш навишта монд. Баҳор омад. Митя дар чаманзор аз паси шабпаракҳои рангоранг давида гашт, гул чид ва давон- давон ба пеши падараш омада гуфт: – Чӣ хуш аст баҳор! Ман орзу дорам, ки доим баҳор бошад! Падараш боз дафтарчаашро аз кисааш бароварда, ба Митя фармуд, ки ин орзуяшро навишта монад. Тобистон расид. Митя ҳамроҳи падараш ба алафдаравӣ рафт. Рӯзи дароз писарак шодӣ мекард: моҳӣ медошт, меваҳои буттагӣ мечид, дар рӯйи алафи хушбӯй ғел мезад ва бегоҳирӯзӣ ба падараш гуфт: – Ман имрӯз хуб хурсандӣ кардам! Ман мехоҳам, ки тобистон асло ба охир нарасад! Ин орзуи Митя ҳам дар дафтарча навишта шуд. Тирамоҳ даромад. Дар боғ себҳои сурх ва нокҳои зардро мечиданд. Митя хеле хурсанд шуда, ба падараш гуфт: – Тирамоҳ аз ҳамаи фаслҳои сол нағзтар аст! Он гоҳ падараш дафтарчаи хотираашро баровард ва ба Митя нишон дод, ки вай ин гапҳоро ҳам дар бораи зимистон, ҳам дар бораи баҳор ва ҳам дар бораи тобистон гуфтааст.

0

ЛАКЛАК ВА БУЛБУЛ

Замоне буд, ки ҳеч як паранда суруд хонда наметавонист. Рӯзе аз рӯзҳо парандаҳо фаҳмиданд, ки дар мамлакати дур пирамарди донишманде зиндагӣ карда, суруд меомӯзонад. Парандаҳо ҷамъ омада, лаклак ва булбулро назди пирамарди хирадманд фиристоданд, то ки сурудхониро омӯзанд. Лаклак хост сурудхониро пеш аз булбул ёд гирифта, ҳамаро ба ҳайрат гузорад. Вай бо қанотҳои калон- калонаш зуд назди пирамард парвоз карда омад. Лаклак ҳатто дарро тақ-тақ накарда ба хона даромад ва ба пирамард салом ҳам надода, фарёд зад: – Сурудхониро ба ман ёд деҳ! Пирамард аз ин рафтори беадабонаи лаклак дар тааҷҷуб монда, хост ба ӯ аввал дарси адаб омӯзад. Вай лаклакро берун баровард ва дарро тақ-тақ карда гуфт: – Бояд ту ана ҳамин тавр рафтор бикунӣ. – Фаҳмидам! – хурсанд шуд лаклак ва парида рафт, то санъати худро намоиш диҳад. Булбул ҳам баъди чанд вақт парида омад. Вай оҳиста дарро тақ-тақ зада, ба хона даромаду салом дод, барои мӯйсафедро ба ташвиш доданаш узр пурсид ва гуфт, ки барои омӯхтани суруд омадааст. Пирамарди хирадманд ҳама сурудҳоеро, ки медонист, ба булбул ёд дод. Ана аз ҳамон вақт ин ҷониб булбул ҳамчун парандаи хушхон овоз дорад. Аммо лаклак танҳо бо нӯли дарозаш тақ-тақ карданро медонаду бас.

0

ПЛАСТИЛИН

Хурд будам. Дар синфи якум мехондам. Пластилин камёфт буд. Дар синфамон нисфи бачаҳо пластилин надоштанд. Ҳангоми дарси меҳнат муаллимамон азоб мекашид. Аз набудани пластилин як қисми бачаҳо бекор менишастанду ба дигарон халал мерасонданд. Бегоҳӣ ба хона омадам, ки ҳам падарам, ҳам модарам пластилин оварданд. Ура! Аз шодӣ дар куртаам намеғунҷидам. Пагоҳӣ қуттиҳои пластилинро ба портфелам андохта, ба мактаб омадам. Пеш аз дарси меҳнат онҳоро ба ҷӯраҳоям нишон додам. – Азиз, – гуфт Солеҳ, ки бо ман дар як парта менишаст. – Як қуттиашро ба ман деҳ, ҷӯра, пагоҳ пулашро оварда медиҳам. Ба ту як қуттиаш ҳам мешавад. – Не, модарам «Ба ҳеч кас надеҳ» гуфта буданд, – дурӯғ гуфтам ман ва гӯё кашида мегирифта бошанд, пластилинҳоро зуд ба портфелам андохтам. – Ҳамин гапат дурӯғ, ҷӯра, – боварии Солеҳ наомад. – Модарат ҳеч гоҳ ин тавр намегӯянд. Садои занг баланд гардид. Ба синф муаллим даромад. Дарси меҳнат сар шуд. Ман пластилинҳоямро аз сари нав гирифта, ба рӯйи парта гузоштам, то ки муаллим бинаду қоил шавад. Аммо вай гап назад. Солеҳ боз ба сухан даромад. – Муаллим, шумо гӯед, – илтиҷо намуд ӯ, – Азиз ду қуттӣ пластилин дорад. Як қуттиашро ба ман диҳад. Пагоҳ пулашро мебиёрам. – Ҷӯраат дуруст мегӯяд, Азиз, – гуфт муаллим фикри ӯро тарафдорӣ карда. – Як қуттиашро деҳ. Солеҳ бекор нанишинад. –Модарам ҷанг мекунад, – баҳонаи пешинаро такрор мекардам. – «Ба ҳеч кас надеҳ» гуфта буданд. Муаллим гап назад. Солеҳ ҳам дигар даҳон накушод. Танаффус шуд. Ҳама хестанд. Фақат Солеҳ менишаст. Сараш хам, аммо ду чашмашро аз портфелам намеканд. «Ҳа, ҳилаатро фаҳмида истодаам, – худ ба худ мегуфтам. – Баробари берун баромаданам пластилинҳоямро мегирӣ». Вай ҳамон хомӯш, даруннокӣ пичир- пичиркунон китоб мехонд. «Ӯро як боб кунам» гуфтаму пластилинҳоро номаълум аз қуттиҳояш гирифта, мисли чормағз якто-якто ба даруни куртаам партофтам. Гӯё воқеае нашуда бошад, оҳиста аз ҷо хестам. Берун аёс буд. Барф меборид. Пас аз муддате хунук хӯрда, худро ба даруни синф гирифтаму танамро ба печка ҷафс кардам. Ба вуҷудам гармӣ давид. Ҳамин ки дарсамон ба охир расид, ба хона баргаштам. Дар вақти иваз кардани либосҳоям ба ёдам расид, ки пластилинҳоро ба даруни куртаам андохта будам. Чӣ шудааст, гӯед? Як қисми онҳо об шуда, ба куртаву шимам, дигараш ба шикам часпида буданд. Шикамамро бо оби гарму собун як навъ карда тоза намудам. Аммо куртаву шимам аз кор баромад. Чун ба пластилин чашмам афтад, ҳамин воқеа ба ёдам мерасаду ду бари рӯям анор барин суп-сурх мегардад.

0

ПИЁЛАИ ГУЛИ НОР

Як духтараки ҳушёр буд, номаки ӯ Гулнор буд. Ду рухсор гулобӣ, чашми шаҳлош нилобӣ, абрӯвонаш думи мор, кокулчаҳояш қатор. Вай як мурғ дошт. Мурғи зарди пӯпидор, чор чӯҷаи беқарор: яке Зардак, дигар Сафедак, сеюм Алояк, чорум Тилояк. Гулнор як бибӣ дошт. Бибиҷони меҳрубон. Аз саҳар то шом нон мепухт, ҳалво мепухт, шӯрбо мепухт. Хонаро мерӯфт, сипас, биншаста дар айвонча, болояки кӯрпача кашидаи зебо медӯхт. Гулнораки меҳрубон тозон пеши Бибиҷон як чойники чой оварда мемонд. Гулнор як пиёла дошт, пиёлаи гули нор, аз модаркалонаш ёдгор. Ӯ ҳамеша бо ҳамон чой менӯшид. Рӯзе Бибӣ касал шуд, ранги рӯяш бадал шуд. Дар ҷогаҳ ором бихуфт, нону ҳалво напухт. Гулнораки меҳрубон аз ин ҳолат ғамгин шуд, чашми шаҳлош ҳазин шуд. Бибиҷон, чой биёрам? – пурсид Гулнор. Бибиҷонаш «не» бигуфт, «Мон, оромам деҳ» бигуфт. Кӯрпачаро ҳамвор кард, рӯяшро ба девор кард. Гулнор хонаро рӯфт, косаҳоро ҳам шуст. Ҳамин вақт аз куҷое чор чӯҷа бо ғавғое пеши Гулнор омаданд. Сафедак «ку-ку» мегуфт. Зардак «дон-ку?» мегуфт. Алояку Тиллояк – ҳар ду баду балояк, даву давакон карданд, Гулнорро гирён карданд. Яке буд, ки Алояк болои миз баромад. Ҷаҳиду болаш афшонд. Гулнорро як қад паронд. Аз дастаки Гулнорҷон пиёларо биафтонд. Пиёлаи гули нор, пиёлачаи ёдгор, рӯйи замин майда шуд, дили Гулнор ганда шуд. Акнун чӣ кор мекунад? Сафедак, ки калон буд, донои хоҳарон буд, Тилои ноқобилро, Алои гапногирро: «Фароед бар замин», – гуфт, бо нӯлакаш пучида: «Танбеҳатон ҳамин», гуфт. – Ин ҷо ҷойи бозӣ не, гуфт Гулнор, – ҷойи давутозӣ не. Зудтар берун бароед, дигар ин ҷо наоед! Бибиҷонам касаланд, беҳолу бемадоранд. Пораҳои пиёларо ғундошт, бар тоқи хона гузошт. Зардаку Сафедак, Алояку Тилояк аз корашон пушаймон, бигуфтанд зорикунон: – Моро бубахш, Гулнорҷон. Дигар ҳаргиз ба хона, ҳам даҳлезу ошхона, бе иҷозати Бибӣ, моён намедароем. Болҳояшонро афшонданд, ҳар чорашон узр хостанд ва аз ошхона дур шуданд. Пас аз андак Бибиҷон хоҳиш кард аз Гулнорҷон, ки дар пиёлаи ёдгор, пиёлаи гули нор як пиёла чой диҳад. Гулнор ҳайрон бимонд, ки ба Бибӣ чӣ гӯяд, то ғамгинаш нанамояд. Пиёлаи гули нор? – ҳайрон бипурсид Гулнор. – Аз модаратон ёдгор? … Имрӯз, ки чой нахӯрдед, бо шумо қаҳрӣ шудаст, қаҳриву ҷангӣ шудаст. Бибиҷони меҳрубон бибӯсид рухи Гулнор, кокулакони қатор, рӯяки сурхи анор. Баъд гуфт: – Гулнорҷони ширинам, духтари моҳҷабинам, касе дурӯғ бигӯяд, ростқавлиро наҷӯяд, дар як рӯзу дар як шаб, кашол шавад ӯро лаб. Гулнорҷон беқарор шуд, чашмонаш шуълабор шуд. Хаёлаш шуд парешон, аз дурӯғаш пушаймон, бипурсид аз Бибиҷон: -Бибиҷони меҳрубон, бинед, лабам кашол аст, гӯшам чу гӯши харгӯш дарозу холчадор аст? Биниам чу бинии баҳмут пачақ асту баднамуд? Пиёлаи гулчадор, пиёлаи гули норро ман шикастам. Илтимос, ҷанг накун. Табассум карда, Бибӣ гуфт: -Ту духтараки хубӣ. Гапи роста, ки гуфтӣ, гӯшат чу гӯши харгӯш ҳаргиз дароз нашавад. Лаби маҳини базеб асло кашол нашавад. Гулнор аз ҷояш биҷаст, паҳлуи Бибӣ биншаст. Оғӯш кард Бибиро шод, пас ба вай ваъда бидод: – Вақте ки калон шудам, устои кордон шудам, худам барои шумо, месозам пиёлачаҳо, пиёлачаҳои бисёр, ҳар кадоме гули нор.

0

ҒАЛАБАИ СИТОРА

Бобо дар полиз алафҳои бегонаро решакан мекард. Ситораву Мунис ба ӯ ёрӣ медоданд. Вақти кандани бутта шишапорае парида ба чашми Ситора расид. Чашми Ситора осеб дид. Ситораро ба назди духтури чашм бурданд. Духтур чашмашро ҷарроҳӣ кард. Марҳам гузошту бо дока баст. Маслиҳат дод, ки докаи чашмашро даҳ рӯз накушояд. Ситора мехост, ки докаро аз чашмаш канда партояд, зеро дар барномаи наврӯзӣ ӯ бояд шеър қироат мекард. Ҳама роҳи ҳалли масъаларо меҷустанд. Илоҷе ёфтан даркор буд, ки Ситора ором шавад. Дасташро ба докаи чашмаш нарасонад. Падараш хирсаки калон харида овард. Ситора ба хирсак нигоҳ накард. Модараш барои ӯ куртаи нав дӯхт. Аммо Ситора дилтангӣ мекард. Мехост, ки докаро аз чашмаш канда партояд. Мунис тӯбашро ба Ситора дод. Ситора онро қабул накард. Китоби расмдори зебоеро низ ба наздаш гузошт. Тамошои китоб ҳам ба ӯ хуш наомад. Хоҳари калонӣ Лутфия ҷӯроб бофта, ба ӯ ҳадя карда гуфт: – Азизам, Ситораҷон, дилат боз чӣ мехоҳад? Ҳар чӣ бигӯйӣ, иҷро мекунам. Ситора хоҳиш кард, ки докаи чашмашро кушода партоянд… Хоҳаракаш Шоҳона зочаашро ба ӯ дод. Ду пуфак ҳам овард: – Сурхашро мегирӣ, ё кабудашро? – гуфт ва афзуд: – Агар хоҳӣ, ҳар дуяшро бигир. Ситора қаҳр карда, ба ҳуҷраи дигар рафт. Аҳли оила дар ҳолати ногувор монданд. Ҳамсинфаш Дилбар ба хабаргирии ӯ омад. Модари Ситора бо алам воқеаро нақл кард: – Агар Ситора докаро аз чашмаш кушояд, табобаташ душвор мешавад. – Холаҷон, шумо ташвиш нашавед, ман илоҷашро меёбам, – гуфт Дилбар. Вай ба назди Ситора даромад. – Дугонаҷон, хушхабар овардам. Хонандагони синфамон саҳначаи «Алибобо ва чиҳил роҳзан»-ро омода карда истодаанд. Мо мехоҳем, ки дар нақши роҳзани якчашма ту бозӣ кунӣ. Ситора хурсанд шуд. Ӯ ҳар рӯз нақши роҳзани якчашмаро машқ мекард. Ситора нақши мардонаи роҳзани якчашмаро хуб иҷро кард. Тамошогарон ва ҳакамон ба ҳунари ӯ баҳои баланд доданд. Вай дигар дарди чашмашро ҳис намекард. Рӯзи дигар докаро аз чашмаш гирифтанд. Ӯ шифо ёфта буд.

1

ЧӢ ТАВР МАСРУР «Р» ГУФТАНРО ЁД ГИРИФТ

Масрур ном писарбачае «р» гуфта наметавонист. Ба ӯ мегуфтанд: – Канӣ, Масрур, «Мор» гӯй! Ӯ «мол» мегуфт. – Номат чист? – Номам «Маслул», – мегуфт ӯ. – «Тортанак» гӯй! – Толтанак. Яке аз рӯзҳо Масрур дар болои бом рӯболо дароз кашида, оҳиста-оҳиста гиря мекард. Дар ҳамин вақт як зоғи ало парида омада, ба шохи дарахти чормағзи рӯйи ҳавлӣ нишаст ва «қарр-қарр» кардан гирифт. Масрур ҳарчанд ки бодиққат ба зоғ тақлид мекард, аммо дуруст талаффуз карда наметавонист. Зоғ ҳарфи «р»-ро бо ҳар мақом: «қарр-қарр», «ррр, ррра, ррра» мегуфт. Масрур «қалл-қалл», ллла, ллла» мегуфт. Вай забонашро бо тамоми қувва ба ҳаракат медаровард, ҳатто забонаш монда шуда, лабонаш варам карданд. Ногаҳон ӯ овози «Р»-ро чунон нағз талаффуз кард, ки худаш надониста монд. – «Қаррр!» Масрур боз як бор «қаррр» гуфт. Нағз баромад. Пайи ҳам чанд бори дигар такрор кард. Бисёр хуб. Масрур хеле завқ кард, такроркунон аз болои бом фаромад. Ӯ «р-р-р» гӯён тозон ба пеши бачаҳо рафт ва шодон гуфт: – Ман «р-р-р» гуфтанро ёд гирифтам! Канӣ, – гуфтанд бачаҳо, ба мо ягон чизро номбар кун. Масрур дер фикр карда наистода гуфт: Арра, сара, Соро, рама. Бачаҳо дар ҳайрат монданд.

1

ПАРВОНАИ АТЛАСБОФ

Дар табиат парвонаҳои зиёд мавҷуданд: сурху сафед, зарду сиёҳ, кабуду сабз, якрангу рангоранг. Ин парвонаро шинохтед? Ин парвонаи пилла аст. Вай аз торҳои абрешим дар атрофи худаш ғӯзаи пилла мебофад. Парвона баҳор тухмҳои хурди назарногир мегузорад. Аз тухми парвона кирмакҳо пайдо мешаванд. Кирмакҳоро дар пиллахона парвариш мекунанд. Онҳо танҳо барги дарахти тут мехӯранд. Кирмакҳо шабу рӯз мехӯранду мехӯранд. Кирмакҳо калон мешаванд. Баъди 25 – 30 рӯз пилла метананд. Одамон пилларо бо даст ҷамъоварӣ мекунанд. Пиллаҳои ҷамъовардаро ба корхонаи пилларесӣ месупоранд. Дар корхона ғӯзаи бофтаи кирми пилларо мекушоянд. Медонед, чӣ мешавад? Он ба нахи хеле дарози абрешимӣ табдил меёбад. Нахҳоро дар коргоҳ даста- даста ҷудо мекунанд. Нахҳоро бо рахҳои гуногун ранг мекунанд. Аз риштаҳои рангин бо дастгоҳи бофандагӣ атлас мебофанд. Аз атлас либос медӯзанд. Либоси атласро, одатан, дар рӯзҳои иду хурсандӣ, хусусан дар ҷашни Наврӯз мепӯшанд.

1

НОДИР ВА НОДИРА

Модар ба Нодир гуфт: – Ба ҳаммом даромада, оббозӣ кун, писарҷонам. Нодир ҳанӯз ба ҳаммом надаромада гуфт: – Вой! Ҳаммом хунук аст. – Шустани дасту рӯй ва дандонҳоятро низ фаромӯш накун, шунида шуд овози модар. Нодир дилу нодилон ба ҳаммом даромад. Дар собундон як собуни хушбӯй гузошта шуда буд. Аммо Нодир онро гирифту ба кисаи хилъати падараш, ки он ҷо овезон буд, гузошту гуфт: – Собун нест! Баъд хокаи дандоншӯйиро бо дандоншӯяк гирифту ба зери ванна пинҳон кард ва гуфт: На дандоншӯяк ҳасту на хокаи дандоншӯйӣ. Нодир оҳистаяк аввал аз ҳаммом, баъд аз хона баромад. Дар майдончаи кӯдакона бо Саиду Алӣ давутоз кард. Бо бачаҳо ба чанд намуди арғунчак нишаст. Баъд Нодир назди як харак омад. Нодира, духтараки ҳамсоя, дар харак нишаста буд. Нодира ба Нодир гуфт: – Чаро мӯйҳоят жӯлида? Чанд ҷойи рӯят пури ранг. Куртаву шимат пури хок. Ту чиркинхуҷа! Ман бо ту бозӣ намекунам. – Нодир сархам ба хона баргашт. Ба оина нигоҳ кард. Дар ҳақиқат, аз оина ба вай чиркинхуҷа нигоҳ мекард. Вай ба ҳаммом даромад. Собунро аз кисаи хилъати падараш гирифт. Хокаи дандоншӯӣ ва дандоншӯякро аз зери ванна баровард. Ҳам оббозӣ кард ва ҳам дандонҳояшро шуст. Баъд ба оина нигоҳ кард. Аз оина ба вай як писари тозаву озода нигоҳ мекард. Вай хурсандона гуфт: – Наход ин ман бошам? Баъд илова намуд: – Акнун Нодира маро ҳаргиз чиркинхуҷа намегӯяд…

1

БАРОИ ЧӢ ДАСТ МЕШӮЯНД?

Шумо ҳар саҳар аз хоб хеста, дасту рӯй мешӯед. Аз мактаб биёед, модар мепурсад: – Дасту рӯятро шустӣ? Пас аз бозӣ боз мепурсад: – Дасту рӯятро шустӣ? Шумо мегӯед: – Саҳар дасту рӯямро шустам. Бас нест? Охир, дастонам чиркин не-ку? – Чаро дасту рӯйро зуд-зуд бояд шуст? Падару модар, омӯзгорон, хоҳару бародарон шуморо зуд - зуд ба шустани дасту рӯй водор мекунанд. Барои чӣ онҳо мехоҳанд, ки шумо зуд-зуд дасту рӯйро бишӯед? Агар дасту рӯйро нашӯед, чӣ рух медиҳад? Микробҳо ба дасту рӯйи одам часпида меистанд. Агар одам дасту рӯяшро нашӯяд, ифлосӣ ва микроб ба дохили баданаш ворид шуда, ӯро ба бемориҳои гуногун гирифтор мекунад… микроб – заррачаҳое мебошанд, ки ҳангоми ба бадан ворид шудан одамро бемор мекунанд. Микробҳо чунон хурданд, ки бо чашм онҳоро дидан ғайриимкон аст. Микробҳо чӣ гуна вориди бадани одам мешаванд? Микробҳо метавонанд бо роҳҳои гуногун ба бадани одам дароянд. Масалан, ҳангоми хӯрдани сабзавоту меваҷоти ношуста, ҳангоми даст расондан ба хок, дару девор, хоридани узвҳо, ҳоҷатхона рафтан, бозӣ кардан ё даст расондан ба ҳайвонот. Бозичаҳо ё одами дастонаш ношуста низ метавонанд микроб дошта бошанд. Аз микроб кадом бемориҳо пайдо мешаванд? Аз микроб бемориҳои дарди шикам, шикамравӣ, кирми рӯдаю меъда, дарди гулӯ, хоришак ва дигар бемориҳо пайдо мешаванд. Ин бемориҳо бадани одамро заиф, ҷисмашро лоғар ва беҳолу бемадор мекунанд… Кай дастҳоро шустан лозим аст? Пас аз хоб ва баъд аз хоб. Пеш ва пас аз хӯрок хӯрдан. Пас аз бозӣ ва сайру саёҳат. Баъди нигоҳубин, бозӣ ё сила кардани ҳайвонот. Дастҳоро чӣ гуна беҳтар шустан мумкин аст? Саросема нашуда, пурра панҷаро бо ангуштон, кафи даст, пушти каф ва банди даст шустан лозим аст. Медонед, ки одамон одатан се бор дасти худро мешӯянд? Ин одат барои хубтар тоза шудани даст аст. Дастҳоро бо собун бояд шуст, чунки собун пӯсти одамро аз микробҳо пок мекунад.

1

НАМАК

Падару модари Париноз тамоми рӯз дар коранд, аммо бибиҷонаш доимо дар хона. Ӯ субҳгоҳон Паринозро «булбули хушхони бибӣ, лолаи хандони бибӣ» гӯён бо навозиш бедор мекунад. Барои Париноз санбӯсаву кулчақанд мепазад, кокулчаҳояшро бофта, ба мактаб мегуселонад. Аз ҳама муҳиммаш, дар иҷрои вазифаи хонагӣ ба Париноз ёрӣ мерасонад. Як рӯзаки баҳорон, як рӯзаки беборон Париноз аз мактаб омада, ғайричашмдод дари хонаашонро баста дид. – Бибиҷон, ҳой, бибиҷон! – фарёд кард Париноз ва ногоҳ чашмаш ба коғазаки роғи дар афтод. Коғазакро гирифта, ин сатрҳоро хонд: «Булбули бибӣ, ман ба хонаи аммаҷонат рафтам. Пагоҳ саҳарӣ меоям. Калидро аз ҳамсоя бигир. Хайр!» Бе бибиҷон хона файзе надошт. Париноз аз зиқӣ намедонист чӣ кор кунад? Ногоҳ ба ёдаш омад, ки вазифаи хонагиро худаш бояд иҷро кунад, зеро имшаб бибиҷонаш нестанд. Париноз аз ҷувздонаш китоби математикаро гирифта, ин масъаларо хонд: «Духтараке ба 18 дирам 3 халтача намак харид. Канӣ, ёбед: як халтачаи он чанд дирам аст?» – Чанд дирам бошад? – худ ба худ ғурунгос зад Париноз ва ҳамин дам бибии меҳрубонаш ба ёдаш омад: – Оҳ, агар бибиҷонам мебуданд, дар як дам мегуфтанд. Ногоҳ фикре ба сари Париноз омаду аз шодӣ чашмонаш барқ заданд. Вай бод барин сӯйи ошхона давид, болои курсича баромаду аз рафи ҷевон як халтача намак гирифт ва навиштаҳои рӯйи онро хонд: «Намаки навъи якум. Нархаш 10 дирам». Париноз халтачаро ба ҷояш гузошта, боз ҳам бод барин ҷониби миз давид ва ба дафтараш саросема чунин навишт: «Як халтача намак 10 дирам».

1

ХОБИ БАД

Рӯзе модар аз Ҷаҳонгир хоҳиш кард, ки аз саргаҳи ҷӯй об биёрад. Ҷаҳонгир бо дили нохоҳам гуфт: – Модарҷон, саргаҳи ҷӯйбор хеле дур аст. Обро аз поёни ҷӯй меорам. – Оби поёни ҷӯй ифлос аст, аз саргаҳ об биёр, – таъкид кард модар. Ҷаҳонгир ноилоҷ сатилчаро гирифта, аз ҳавлӣ баромад. Ҷаҳонгир ба мағозаи сари роҳ даромада, донаи офтобпараст, қанд ва як нӯшокӣ харид. Ба назди ҷӯйбор нишаста, аввал қанд хӯрду баъд донаи офтобпараст. Нӯшокиро қулт-қулт нӯшид. Пӯсти донаҳои офтобпараст, коғази қанду зарфи пластикии нӯшокиро ба селофан андохта ба ҷӯй ҳаво дод. Ҷаҳонгир каме дам гирам гуфта, дар назди ҷӯйбор дароз кашид. Оҳиста-оҳиста ба чашмонаш хоб омад. Садои аҷибе ба гӯшаш расид, чашмонашро нимроғ карду калон кушод. Болои сараш сӯзанаки азимҷуссае бол меафшонд. Ҷаҳонгир сахт тарсид. Сӯзанак ба сӯзанакҳои муқаррарӣ монанд набуд. Вай зоҳиран ба чархбол монанд буд. Сӯзанак болои сари Ҷаҳонгир давр мезаду давр мезад. Ҳар лаҳза аз зери болҳояш ашёи гуногун ба сӯйи Ҷаҳонгир мепартофт. Ашё партов буд. Ҷаҳонгир аз ин рафтори сӯзанак нороҳат шуда, гурехтанӣ шуд. Дар лаби ҷӯйбор ногаҳон пояш ба зарфпораҳо печиду афтод. Ҷаҳонгир ба чизе лағжиду ба сӯрохии пуробе печутоб хӯрда рафт. Ногаҳон Ҷаҳонгир худро миёни моҳиён дид. Гирдогирдаш моҳиён шино доштанд, моҳиёни аҷиб, калон-калон. Ӯ ба худ меандешид: «Чаро моҳиён ин қадар баднамуданд, оби дарё ҳам ғализу бадбӯй». Моҳиён пластикию селофанӣ буданд. Ин ҳолатро дида, Ҷаҳонгир ба воҳима афтод. Ӯ ин манзараро дидан намехост. Ҷаҳонгир ба гиря даромад. Тӯдаи моҳиён Ҷаҳонгирро печониданд. Бадани Ҷаҳонгир ба ларза даромад. Вай овозашро базӯр бароварда гуфт: – Ба шумо чӣ даркор? Аз ман чӣ мехоҳед? Яке аз моҳиҳо, ки пластикӣ буду ба назар сарвари моҳиён менамуд, бо эҳсоси ранҷиш гуфт: – Чаро шумо, одамон, обро ифлос мекунед? Барои чӣ ҳар гуна зарфҳои пластикиву тунука, селофан мепартоед? Мо шакли аслии худро гум кардем. Биё, мо бароят як чизро нишон диҳем. Моҳиҳо атрофи Ҷаҳонгирро печонда, ӯро ба саёҳати зери об раҳнамоӣ мекарданд. Ҷаҳонгир шинокунон аз сарвари моҳиён пурсид: – Маро ба куҷо мебаред? – Мо туро ба назди ҳамон ҷӯйборе мебарем, ки ифлос кардӣ. Шояд аҳволи моро бифаҳмӣ. Ба ин кор шояд дигар даст назанӣ. Ҳангоми шино ҳар гуна чизҳои ба об партофташуда ба сару тани Ҷаҳонгир мечаспиданд. Ҷаҳонгир худро дар доме ҳис менамуд, ба пояш селофан часпида буд, гӯшҳояшро зарфҳои тунука мехарошиданд. Ҷаҳонгир аз кори кардааш сахт пушаймон шуда буд. Дилаш ба ҳоли моҳиён сӯхт. Ҷаҳонгир як лаҳза ба онҳо монанд будани худро тасаввур кард: биниаш зарфи пластикӣ, чашмонаш сарпӯши пластикӣ, мӯйҳояш аз хошок пур, либосаш жандапораҳои селофанӣ, кулоҳаш пӯсти тухм. Шикамаш нимтарбузи бурида буд. Вай ба даҳшат афтод. Ҷаҳонгир бо тамоми овоз фарёд зад: – Намехоҳам! Намехоҳам! Мисли шумо будан намехоҳам! Ногаҳон аз куҷое пойафзоли даридаи резинӣ ба даҳонаш омаду писар хомӯш шуд. Моҳиён Ҷаҳонгирро ба соҳил бурданд. Соҳил пур аз партов буд: истакончаҳои коғазиву пластикӣ, коғазҳои ширинӣ, зарфҳои пластикӣ бо сарпӯшҳои парешон, халтаҳои селофанӣ, бастаҳои офтобпараст. Болои сараш ҳамоно сӯзанак парвоз мекард. – Чаро маро ором намегузорӣ? Бирав! Ба ҳолам гузор! Ҷаҳонгир якбора аз овози худаш бедор шуд. Ба атрофаш назар кард. Фаҳмид, ки ҳамаи ин хоб будааст. Оҳи сабуке кашид. «Хайрият, дар бедорӣ надидам», – ба худ гуфт ӯ. Вале хурсандие дар дилаш эҳсос накард. Вай аз саргаҳи ҷӯй оби тоза гирифта, ба хона баргашт. Ба модар хобашро ҳикоят кард. Модар ба писараш гуфт: Ҳар як хоб таъбире дорад. Писарам, аз ин хобат ибрат гир. Дар ҳар ҷо бепарвоёна гузоштани партов ё партофтани он ба ҳаёти ҳама, махсусан, ҷонварон, хатар дорад. Ҷаҳонгир рӯзи дигар бо чанде аз рафиқон ба назди ҳамон ҷӯй рафт. Онҳо бо худ халтаҳои калон, дастпӯшакҳои корӣ гирифтанд. Рафиқон якҷоя ҷӯйро аз хасу хошок, партовҳо тоза карданд. Халтаҳои селофанию зарф ҳои пластикиро дар борхалтаи калоне ҷамъ оварданд. Ҳама ҷо тоза шуд. Пас аз ин сокинони деҳа дар як моҳ ду маротиба ҷӯйбор ва атрофи онро тоза мекарданд. Ҷаҳонгир дигар барои об ба саргаҳи ҷӯй намерафт. Тамоми ҷӯй аз боло то поён поку зулол буд.

1

КАДОМАШ БЕҲТАР?

Замира имрӯз аз хоб дертар хест. Имрӯз рӯзи ягонаи ҳафта аст, ки модарҷон ӯро бедор намекунад. Вай баъди наҳорӣ рӯйи диван паҳлу зад. Диванро нурҳои офтоб гарм карда буд. Ӯ бароҳат дароз кашид. Ногаҳ гапи муаллима ба ёдаш омад: «Бачаҳо, рӯзҳои истироҳату иду таътил барои китобхонӣ беҳтарин фурсат аст». Ӯ аз раф китоби Пӯлод Толис «Мӯрчаяк»-ро гирифта, ба хондан сар кард. Ду саҳифа хонду ҳис кард, ки монда шудааст. Китобро як сӯ гузошт, ки андак дам гирад. Ногоҳ аз радио овоз баромад: – Замираҷон, ин ҷо биё. Замира гоҳ-гоҳ радио гӯш мекунад. Мурваташро метобаду аз шабакаҳои гуногун суруду мусиқӣ, шеъру афсона мешунавад. Гуфтугӯйи одамон ҳам ба вай мефорад. Ӯ назди радио омад. Радио гуфт: – Дидӣ, китоб туро хаста мекунад. Аммо маро ҳар қадар гӯш кунӣ, хаста намешавӣ. Хоҳӣ, бо ман месароӣ, хоҳӣ, рақс мекунӣ. Ман бароят афсона ҳам мегӯяму шеър ҳам мехонам. Аз ман беҳтар дӯсте намеёбӣ. Хуб, боз худат андеша бикун... Замира ба ҳуҷраи бародараш – Эраҷ, рафт... Эраҷ компютер дорад. Эҳе, вай бо компютер корҳое мекунад, ки одам ҳайрон мемонад. Замира ҳам баъзе чизҳоро медонад. Масалан, медонад, ки компютерро чӣ хел равшан кардан мумкин. Медонад, ки чӣ хел аз компютер суруди дӯстдоштааш – «Офтобаки ман»-ро гӯш кунад. Дар компютер бозӣ ҳам карда метавонад. Ӯ компютерро даргиронду ба андеша рафт, ки чӣ кор кунад? Ногоҳ компютер ба гап даромад: – Замираҷон, ба гапҳои радио бовар накун. Радиоро фақат мешунавӣ. Маро ҳам мешунавӣ, ҳам тамошо мекунӣ. Ҳар вақт хоҳӣ, бо ман бозӣ мекунӣ. Ман беҳтарин дӯсти ту ҳастам. Замира боз ба андеша рафт: «Компютер беҳтар аст ё радио?» Ин дам овози модарашро шунид: – Духтарҷон! Биё, барномаи «Офарин» сар шуд. Зуд биёву бубин! Замира телевизорро ҳам дӯст медорад. Аз тамошои филмҳои тасвирӣ хушаш меояд. Ӯ шитобон назди телевизор омад. Аммо ба ҷойи бачаҳо як мӯйсафед пайдо шуду гуфт: – Салом, Замираҷон! Ман хурсандам, ки ту ҳамчун беҳтарин дӯст маро интихоб мекунӣ. Компютер хурдакак аст, аммо маро бин калону зебоям. Ман ҳама чиз дорам: суруду рақс, филму бозиҳои гуногун. Бо ман ту метавонӣ ба сафари олам бароӣ. Ногоҳ барқ хомӯш шуд. Замира боз рӯйи диван нишаст. Намедонист, ки чӣ кор кунад? Ин лаҳза аз як кунҷи диван садо омад: – Ғамгин машав, Замираҷон. Маро бигир. Ман бе барқ ҳам кор мекунам. Ғизои ман фақат меҳри туст, – гуфт китоб. – Меҳраш чӣ? – пурсид Замира... Ба касеву чизе меҳр доштан, яъне дӯст доштани ӯст. Вақте ки маро ба даст мегирию бо ҳавас мехонӣ, ман ҳам меҳри туро ҳис мекунам. – Хуб, чӣ гуфтан мехоҳӣ? – боз пурсид Замира. – Маро ба даст бигиру саҳифаи авваламро бикушо ва бихон. Гапҳои ман он ҷост. Замира китобро гирифту ба хондан сар кард: – Замираҷон! Радио, компютер, телевизор, телефон чизҳои хубанд. Мошин, киштӣ, ҳавопаймо ҳам ба мо даркоранд. Медонӣ онҳоро кӣ сохтааст? – Одам, – зуд ҷавоб дод Замира. Аз ҳозирҷавобии ӯ китоб ҳам хушҳол шуд. – Дуруст, – гуфт ӯ... – Одаме, ки ягон чиз месозад ё ихтироъ мекунад, олим аст. Олим касест, ки дониши зиёд дорад, яъне бисёр чизҳоро медонад. Ва манбаи дониш КИТОБ аст... Замира китобро бо ду даст ба сандуқи дилаш фишурд. Бо меҳру муҳаббат зери лаб гуфт: – Радио, компютер, телевизор – ҳама чизҳои хубанд. Аммо ту – чизи дигарӣ. Беҳтарин дӯсти ман туӣ, КИТОБ!

1

ҚАЛАМЧАИ КАЙҲОНӢ

Пагоҳ дарси математика. Ман мисолҳоро ҳал карда натавонистам. Бо ҳамин хаёл ба фикр фурӯ рафтам. Чашмам ба рафи китобдон афтод. Дар он ҷо қаламчае буд. Баробари як ангуштак буд. Он хеле аҷиб менамуд. Лекин ин қалам аз они ман набуд. Касе онро ин ҷо мондааст. Ба гумонам, онро кадом махлуқи кайҳонии номаълум гузоштааст. Вақте онро ба варақ наздик бурда, хостам як хатти дароз кашам, худ аз худ навишт: «Ман ба ҳалли мисолҳо ёрӣ мерасонам…» Ҳайрон шуда, дафтари «Математика»-ро кушода, навиштам: «17 + 6 = ». Ҳамон замон қаламча навишт: «23». Он гоҳ дар варақ навиштам: «Туро кӣ ба китобдони ман гузошт?» Қаламча ҷавоб навишт: «Маро дишаб аз кайҳон оварданд, аз сайёраи Сираст. Ту хоб будӣ…» Боз як савол додам: «Сираст чӣ гуна сайёра аст?» Қаламча навишт: «Ту инро баъдтар хоҳӣ фаҳмид. Ҳоло вазифаҳои хонагиатро иҷро кун!» Ман хурсанд шуда, дигар савол надодам ва китобҳоямро кушода, бо вай вазифаҳои хонагиамро иҷро кардам. Рӯзи дигар аз математика, забони тоҷикӣ, расмкашӣ холҳоям «10» шуд! Аммо ин хурсандӣ дер давом накард. Рӯзи дигар баъди дарс ба хона омада, қаламчаро пайдо накардам. Ҳайрон мондам, куҷо шуда бошад гуфта, хеле ҷустам. Пайдо накардам. Каме дертар дафтарамро кушода, ин ҷумлаҳоро хондам, ки қаламчаи кайҳонӣ навишта буд: «Маро дубора ба кайҳон бурданд. Ту аллакай мустақилона вазифаҳоро иҷро карда метавонӣ. Ман бояд ба дигарон низ ёрӣ расонам… Хайр!» Аз ҷоям парида хестам, ки ташаккур гӯям. Хестам, ки ҳамааш дар хоб будааст.

0