Зеҳн

Олами Афсонаҳо

Афсонаҳо ва шеърҳо ба кӯдакон некӣ, дӯстӣ, ҳурмати калонсолон ва ростгӯиро меомӯзонанд.

3 аъзоаз 11 августи 2026
Олами Афсонаҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

ТАВБАИ ГУРГ МАРГ АСТ

Гурги пире буд, ки дар тӯли умраш ҳайвоноту парандагони зиёдеро хӯрда, ба ҷонварони дигар зарари фаровон расонда буд. Рӯзе тасмим гирифт, ки ба сарзамини дуре биравад, аз гуноҳҳои худ тавба кунад ва зиндагии наве оғоз намояд, то дигар ҳайвонот низ ӯро дӯст доранд. Бо ҳамин ният ба роҳ баромад. Пас аз тай кардани масофае гурусна шуд. Ба атроф нигарист ва асперо дид, ки дар марғзоре машғули чаридан буд. Гург назди асп рафта гуфт: — Эй асп, ман ният дорам ба сарзамини дуре биравам ва аз гуноҳҳои худ тавба кунам. Аммо ҳоло бисёр гуруснаам. Мехоҳам ту ҳам дар ин кори хайр ба ман ёрӣ расонӣ. Асп пурсид: — Ман чӣ гуна метавонам ба ту ёрӣ расонам? Гург гуфт: — Агар худро дар ин роҳи хайр қурбон кунӣ, ҳам ман аз гӯшти ту сер мешавам ва аз гуруснагӣ наҷот меёбам ва ҳам дигарон аз гӯшти ту мехӯранд. Ба ин тартиб, ту низ ба ҳамнавъони худ некӣ мекунӣ. Асп фаҳмид, ки гург ҳанӯз аз одатҳои пешинааш даст накашидааст. Барои наҷоти ҷони худ ба фикри ҳилае афтод ва гуфт: — Амаки гург! Ман омодаам дар ин кори хайр ширкат кунам ва худро қурбон созам. Аммо дарде дорам, ки солҳост маро азоб медиҳад. Аз ту хоҳиш мекунам, ки аввал дардамро табобат кунӣ, баъд маро қурбон созӣ. Гург гуфт: — Дардат чист? Бигӯ, ҳатман чорае меёбам! Агар худам натавонам, назди рӯбоҳ меравам, то дарди туро табобат кунад. Асп гуфт: — Чанд сол пеш назди наълбанди нодоне рафтам, то сумҳоямро наъл занад. Аммо ӯ наълро нодуруст зада, мехро ба гӯшти поям халонд. Аз ҳамон рӯз ин дард маро азоб медиҳад. Аз ту хоҳиш мекунам, ки наздиктар биёӣ ва захми поямро бубинӣ. Гург гуфт: — Бисёр хуб, поятро баланд кун, то бубинам. Асп пои ақибашро баланд кард. Ҳамин ки гург сарашро наздик овард, асп бо тамоми қувват ба сари ӯ лагади сахте зад. Гург аз зарбаи лагад ба замин афтод ва дар ҳоли ҷон додан бо худ гуфт: — Эй гурги нодон! На падарат наълбанд буд, на модарат! Пас, туро чӣ ба наълбандӣ?! Асп, ки аз чанги гург наҷот ёфта буд, аз шодӣ ба рақс даромад ва ба гург гуфт: — Тавбаи гург марг аст! --- Панди ҳикоят Ин ҳикоят ба мо меомӯзад, ки танҳо бо сухан ва ваъда инсон некӯкор намешавад. Агар касе иддао кунад, ки аз корҳои бади худ даст кашидааст, аммо рафтораш ҳамоно мисли пештара бошад, сухани ӯ эътимодбахш нест. Тавбаи ҳақиқӣ танҳо бо забон нест, балки бо пушаймонӣ, тарки кори бад ва ислоҳи рафтор собит мешавад. Мақоли «Тавбаи гург марг аст» дар бораи касоне гуфта мешавад, ки пайваста ваъдаи ислоҳ шудан медиҳанд, вале аз одатҳои бади худ даст намекашанд.

0
Олами Афсонаҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

Бузи сода ва рӯбоҳи фиребгар

Рӯбоҳе бисёр ташна монд. Вай назди чоҳе рафт ва ба даруни он ҷаҳид. Аз оби чоҳ сер нӯшид ва баъд хост, ки берун барояд. Ҳарчанд кӯшиш кард, аз чоҳ баромада натавонист. Ҳамин вақт бузаке барои об нӯшидан ба назди чоҳ омад. Вай рӯбоҳро дар даруни чоҳ дида, пурсид: — Ҳамсояҷон, оби чоҳ ширин аст? Рӯбоҳи маккор ҷавоб дод: — Ман дар умрам чунин оби ширин нанӯшида будам. Барои ҳамин ҳам аз ин чоҳ баромадан намехоҳам. Бузи ҷингилапо ба суханони дурӯғи рӯбоҳи фиребгар бовар кард. Вай низ ба чоҳ ҷаҳид ва аз об сер нӯшид. Баъд хост, ки аз чоҳ берун барояд, аммо натавонист. Рӯбоҳ ба буз гуфт: — Аз об хуб сер нӯшидӣ? Биё, акнун ба пойҳои қафоят рост исто, то ман ба боло бароям. Баъд туро ҳам аз чоҳ берун мекашам. Бузи сода розӣ шуд. Вай ба пойҳои қафояш рост истода, пойҳои пешашро ба девори чоҳ такя дод. Рӯбоҳи маккор ба пушту гардани буз баромад ва аз чоҳ берун ҷаҳид. Сипас, ба роҳи худ рафтан гирифт. Бузи бечора аз паси ӯ зориву тавалло кард: — Ба ман ёрӣ деҳ! Магар маслиҳати мо ҳамин набуд, ки маро ҳам аз чоҳ берун мекашӣ? Рӯбоҳ ба қафо нигаристу гуфт: — Эй бузи беақл! Пеш аз он ки ба чоҳ дароӣ, бояд роҳи баромадан аз онро фикр мекардӣ. Акнун ҳар хел ки метавонӣ, худат баро! Рӯбоҳ инро гуфту ба роҳи худ рафт. Бузи бечора бошад, дар чоҳ монд. Панди афсона Пеш аз анҷом додани ҳар кор бояд оқибати онро андеша кард. Ба ҳар сухани ширин бовар кардан дуруст нест, зеро одамони маккор метавонанд бо ваъдаҳои дурӯғ дигаронро фиреб диҳанд. Зарбулмасал: «Аввал андеша, баъд гуфтор».

0
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·14 рӯз пешНашрия

Чормағзак

Буд-набуд, як Чормағзак буд, Чормағзаки нолону ғелону ҳайрон буд. Нолон аз он сабаб, ки аз дарахт афтида буд. Ғелон аз он сабаб, ки гирдак буд. Ҳайрон аз он сабаб, ки куҷо рафтану чӣ кор карданашро намедонист. Асли қисса чунин аст. Чормағзак аввал дар шохи аз ҳама баланди як дарахти азим буд. Хурсанду хандон буд. Як рӯз Зоғе омаду дар шохаи дарахт нишаст. Чормағзакро диду чашмонашро ало кард ва гуфт: - Қар! Қар! Қар! Чормағзаки хушрӯ будааст. Мегираму мебараму мехӯрам. Зоғ Чормағзакро нӯл зад. Нӯл зад, ки Чормағзак ба замин афтид. Ба замин афтиду ҳайрон шуд. Чунки Заминро бори аввал медид. - Чормағзак, Чормағзак, - гуфт Замин. - Куҷо меравӣ? Чӣ кор мекунӣ? Чормағзак ҷавоб дод: - Ман аз Зоғак тарсидам. Тарсидаму афтидам. Акнун намедонам, ки чӣ кор кунам, куҷо равам. Шояд ту ба ман ёрӣ медиҳӣ? Замин гуфт: - Ман Заминам, бисёр бузургам. Ба ҳама ёрӣ медиҳам. Ба ту ҳам. Даро ба зери хоки ман, пинҳон шав. Чормағзак ба зери хоки Замин даромад, аз Зоғ пинҳон шуд. Як рӯз истод, ду рӯзу се рӯз истод. Баъд пурсид: - Замин, Замин, акнун чӣ кор кунам? Ҳамин хел пинҳон шуда истам? - Албатта, не, - ҷавоб дод Замин. - Ту бояд хоб равӣ. То омадани баҳору фасли Наврӯз хоб рав. Баъд ман туро бедор мекунам ва он тарафи корро маслиҳат мекунем. Чормағзак хуб гуфту чашмакони зебояшро пӯшид. Вайро хоб бурд. Хобакаш ширину бароҳат буд. Вай ҳатто нафаҳмид, ки тирамоҳ рафтаасту зимистон омадаст, зимистон ҳам рафтаасту фасли нозанини баҳор фаро расидааст. Як вақт Чормағзак аз хандаю суруди бачаҳо бедор шуд. - Баҳор омад! Баҳор омад! Баҳори лолазор омад! - мегуфт як писарак. - Фасли Наврӯз омаду олам гулистон мешавад! - мегуфт як духтарак. Чормағзак хавотир шуда пурсид: - Шумо кистед? Чаро чунин мегӯед? Ба саволи Чормағзак Замин ҷавоб дод. - Инҳо бачаҳоянд. Баҳор омад. Онҳо аз омадани баҳор шодӣ мекунанд, гули сияҳгӯш чида, аз омадани баҳор мужда мерасонанд. Замин инро гуфту фармуд: - Ту ҳам акнун берун шав. - Ман чӣ хел берун шавам? - пурсид Чормағзак. - Маро ту ба берун барор. - Эҳ, маро бубахш, - узр пурсид Замин. - Фаромӯш кардам, ки барои берун шудани ту танҳо зӯри ман намерасад. Дигаронро бояд ба ёрӣ даъват кунам. - Даъват кун, зудтар даъват кун, - хоҳиш кард Чормағак. - Ман ҳам дар баҳор шодию хурсандӣ кардан мехоҳам. - Хуб шудаст, - гуфт Замин. Замин инро гуфту ба Шамолак муроҷиат кард: - Шамолак, Шамолак. Як Чормағзак буд, Зоғак онро бурданӣ шуд, Чормағзак аз шоха афтид, ман пинҳон кардам, акнун ту ба доди Чормағзак бирас. - Хуб шудааст, - розӣ шуд Шамолак. Замин ба Шамолак раҳмат гуфт. Шамолак шуввосзанон ба сари Кӯҳи Осмонбӯс рафт. - Кӯҳи Осмонбӯс, - гуфт вай. - Як Чормағзак буд, онро Зоғ бурданӣ шуд, Чормағзак аз шоха афтид, Замин ӯро пинҳон кард. Камтар Абри Сиёҳ бифирист. - Хуб шудаст, - розӣ шуд Кӯҳи Осмонбӯс ва Абри Сиёҳ фиристод. Шамолак ба Кӯҳи Осмонбӯс раҳмат гуфт. Абри Сиёҳ рӯйи осмонро фаро гирифт. Он гоҳ Шамолак ба Абри Сиёҳ муроҷиат кард: - Абри Сиёҳ, Абри Сиёҳ. Як Чормағзак буд, Зоғак онро бурданӣ шуд, Чормағзак аз шоха афтид, Замин ӯро пинҳон кард, Кӯҳи Осмонбӯс туро фиристод, ки борон биборӣ. Камтар Борон бифирист, Замин нарм шаваду Чормағзак неш зада берун барояд. - Хуб шудаст, - розӣ шуд Абри Сиёҳ ва ҳамоно Борон фиристод. Шамолак ба Абри Сиёҳ ҳам раҳмат гуфт. Борони реза борид. Замин нарм шуд. Чормағзак неш зад, аз хок берун шуд ва ҳайрон-ҳайрон ба гирду атроф нигоҳ кард. Шамолак ба Борон раҳмат гуфт. Он гоҳ Шамолак ба Офтобаки Хандонрӯ муроҷиат кард. - Офтобаки Хандонрӯ, Офтобаки Хандонрӯ, - гуфт вай. - Як Чормағзак буд, Зоғак онро бурданӣ шуд, Чормағзак аз шоха афтид, Замин ӯро пинҳон кард, Кӯҳи Осмонбӯс Абри Сиёҳ фиристод, Абри Сиёҳ Борон рехт, Борон Заминро нарм кард, акнун навбати ту. Камтар гармӣ бидеҳ, ки Чормағзак сабзида болотар барояд. - Хуб шудаст, - розӣ шуд Офтоб ва ҳамон замон табассум карду гармӣ дод. Шамолак ба Офтобаки Хандонрӯ раҳмат гуфт. Чормағзак шодикунон аз хок се ваҷаб болотар сабзиду ниҳолак шуд. Ин лаҳза аз наздаш Бобои Деҳқон гузаро шуд. Чормағзро дида бозистод, хам шуда бодиққат нигоҳ кард. - Ин ниҳолаки Чормағзро кӣ шинонда бошад? - гуфт худ ба худ. Шамолак ҷавоб дод: - Як Чормағзак буд, Зоғак онро бурданӣ шуд, Чормағзак аз шоха афтид, Замин ӯро пинҳон кард, Кӯҳи Осмонбӯс Абри Сиёҳ фиристод, Абри Сиёҳ Борон рехт, Замин нарм шуд, Чормағзак сабзиду ниҳолак шуд. Акнун навбати ту. Бобои Деҳқон гуфт: - Раҳмат ба Замин, ки Чормағзакро пинҳон кардааст. Раҳмат ба Кӯҳи Осмонбӯс, ки Абри Сиёҳ фиристодааст. Раҳмат ба Абри Сиёҳ, ки Борон рехтааст. Раҳмат ба Борон, ки Заминро нарм кардааст. Раҳмат ба Офтобаки Хандонрӯ, ки ҳама ҷоро гарм кардааст. Акнун навбати ман. Бобои Деҳқон ниҳоли Чормағзакро бурда дар боғаш шинонд. Андак пору овард. Бехашро нарм кард. Сатил гирифта об рехт. Чормағзак ба зудӣ як дарахти азим шуд, ҳосил дод. Ҳосилаш бисёр шуд. Бобои Деҳқон ҳам худаш хӯрд, ҳам ба аҳли деҳа дод, боқимондаашро ба бозор бурд. Эҳ, қариб фаромӯш кунем. Аз он ҳосил ба Зоғак низ чанд дона расид. Зоғак чормағз гирифта, хӯрду бурд. Ҳатто дар чанд ҷой зери хок пинҳон кард. Соли оянда ҳам ниҳолҳои чормағз рӯйид. Аммо Зоғак намедонист.

0
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·14 рӯз пешНашрия

НАФС – ЗАҲР

Се нафар бо ҳам дӯст буданд. Замоне расид, ки маҷбур шуданд, барои ба даст овардани сарват азми сафар кунанд. Рафтанд, рафтанд, гуруснаву ташна ба ҷое расида, дар сояи як дарахт дам гирифтанӣ шуданд. Нохост зери дарахт сӯрохие дида, нигоҳ карданд, ки дар он ҷо як хуме ҳаст. Онро кашида гирифтанд ва рӯи домони ҷомаашон холӣ карданд. Хум пур аз тилло будааст. Маслиҳат карданд, ки алҳол як нафарашон каме тилло гирифта, рафта аз бозор хӯрданӣ харида биёрад. Баъд бо шиками серу хотири ҷамъ тиллоро тақсим хоҳанд кард. Як нафарашон, ки ҷавонтар буд, ба бозор рафту хӯрданӣ харид ва ин замон фикре ба сараш зада ба худ гуфт: – Агар заҳр хараму ба хӯрданӣ андозам ва он ду нафар хӯранду бимиранд, ҳамаи тилло ба ман мемонад, тамоми умр мисли подшоҳ зиндагӣ мекунам. Ин ду нафар, ки интизори хӯрок буданд, байни худ дигар хел маслиҳат карданд. Гуфтанд, ки се тақсим кардан чӣ лозим? Дар ҳоле ки метавонанд онро ду тақсим кунанд! Ҳамроҳашон баргардад, ӯро нест карда, тиллоро ду тақсим мекунанд. Вақте ки он ҷавон баргашт, ӯро доштанд, сарашро бурида, ҷасадашро ба як хандак партофтанд. Ҳамин ки ба сари хӯрок нишастанд ва ҳанӯз ду-се луқма нахӯрда, дар ҷояшон мурданд. Як хум тиллои сурхи сара дар сояи дарахт бесоҳиб монд.

0
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·28 рӯз пешНашрия

Саги чашмгурусна

Саге дар пеши дӯкони қассоб устухоне ёфту, саросема ба даҳонаш гирифта гурехта рафт. Якчанд саги дигар дида, аз пасаш давиданд. Саг бо тамоми қувваташ тохта, худро ба тарафи дарё заду аз кӯпрук гузашта истода, назараш ба об афтода монд. Дид, ки як саги дигар устухони калонро ба даҳан гирифта, баробари ӯ медавид. Ин акси худи вай буд. «Оҳо, устухони вай аз устухони ман калонтар-ку!» аз дил гузаронд саг ва устухонашро партофта, худро ба об андохт. Устухон ҳам ҳамроҳи ӯ ба об рафт. Об тез буд, саги чашгурусна бо сад азоб шино карда истода фаҳмид, ки аз ин мондаву аз он ронда шудааст.

0
Олами Афсонаҳо·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Шер, рӯбоҳ ва хар

Рӯзе шере хеле гурусна буд. Рӯбоҳ назди ӯ омад ва гуфт: — Агар хоҳӣ, ман хареро назди ту меорам. Ту ӯро мехӯрӣ ва ман ҳам каме саҳм мегирам. Шер пурсид: — Чӣ тавр ӯро меорӣ? Рӯбоҳ гуфт: — Ба хар мегӯем, ки мехоҳем барои ҳайвонот султон интихоб кунем. Ӯ гумон мекунад, ки худаш султон мешавад ва назди мо меояд. Шер розӣ шуд. Рӯбоҳ назди хар рафт ва ӯро ба назди шер овард. Шер бо ифтихор гуфт: — Падару бобоёни ман ҳама султон будаанд. Рӯбоҳ гуфт: — Падару бобоёни ман ҳамеша хизматгори султонҳо буданд. Хар гуфт: — Ман савод надорам, аммо мегӯянд, ки насабномаи ман зери суми ақибам навишта шудааст. Шер гуфт: — Ман савод дорам! Биё, онро мехонам. Ӯ ба қафои хар наздик шуд, то навиштаҷотро бинад. Ногоҳ хар бо пои ақибаш зарбаи сахт зад. Шер ба замин афтод ва дигар аз ҷой нахест. Рӯбоҳ аз тарс гурехтан гирифт. Хар ӯро садо зад: — Чаро мегурезӣ? Рӯбоҳ гуфт: — Меравам аз падарам ташаккур кунам, ки маро бисёр кунҷкову худбовар тарбия накард! Хар хандид ва роҳи худро гирифт. Панд: Ҳар кас набояд ба ҳар сухан зуд бовар кунад. Пеш аз ҳар кор бояд хуб андеша кард. Дониш вақте фоида дорад, ки бо ақлу эҳтиёт ҳамроҳ бошад.

0
Олами Афсонаҳо·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Ғуломи доно ва Хусрави Парвез

Рӯзе як ғулом табақи хӯрокро ба назди Хусрави Парвез овард. Вақте ба подшоҳ наздик шуд, аз тарс дасташ ларзид ва чанд қатра хӯрок ба либоси Хусрав рехт. Хусрав сахт хашмгин шуд ва фармон дод, ки ғуломро ҷазо диҳанд. Ғулом, ки дид дигар роҳи наҷот кам аст, ногаҳон тамоми табақи хӯрокро ба тарафи Хусрав рехт. Хусрав бо ҳайрат гуфт: — Ин чӣ коре буд, ки кардӣ? Ғулом ҷавоб дод: — Подшоҳам, агар маро барои чанд қатра хӯрок мекуштед, мардум мегуфтанд, ки шумо барои гуноҳи хурд ҷазои хеле сахт додед. Ман намехостам, ки шуморо золим гӯянд. Барои ҳамин гуноҳамро калонтар кардам, то агар ҷазо диҳед, мардум шуморо маломат накунанд. Хусрав аз ҷавоби оқилонаи ғулом ба ҳайрат омад. Ӯ фаҳмид, ки ғулом зираку ҳозирҷавоб аст. Подшоҳ ӯро бахшид ва баъд аз он ба ӯ бештар бовар кард. Панд: Ақлу ҳозирҷавобӣ баъзан инсонро аз мушкили калон наҷот медиҳад. Ҳамчунин пеш аз ҷазо додан бояд андеша кард, ки ҷазо ба гуноҳ мувофиқ аст ё не.

0
Олами Афсонаҳо·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Рӯбоҳ, кафшгар ва мардуми шаҳр

Дар замонҳои қадим рӯбоҳе буд, ки ҳар шаб пинҳонӣ ба хонаи як кафшгар медаромад. Ӯ пораҳои чармро медуздид ва мехӯрд. Кафшгар аз ин кори рӯбоҳ бисёр ғамгин буд. Ҳар шаб чармҳояш кам мешуданд, аммо рӯбоҳро дошта наметавонист. Як шаб кафшгар қарор кард, ки рӯбоҳро дастгир кунад. Ӯ назди сӯрохие, ки рӯбоҳ аз он ба шаҳр медаромад, пинҳон шуд. Вақте рӯбоҳ даромад, кафшгар сӯрохиро маҳкам кард. Баъд ба хона рафт ва дид, ки рӯбоҳ боз назди чармҳо гашта истодааст. Кафшгар чӯберо ба даст гирифт ва сӯи рӯбоҳ рафт. Рӯбоҳ тарсид ва зуд гурехт. Вай мехост аз ҳамон сӯрохӣ берун равад, вале дид, ки роҳ баста шудааст. Рӯбоҳ бо худ гуфт: — Агар тарсам ва саросема шавам, дастгир мешавам. Бояд ҳилае ёбам. Ӯ худро ба мурда монанд кард ва дар назди сӯрохӣ дароз кашид. Кафшгар омад, ба рӯбоҳ чанд бор бо чӯб зад. Рӯбоҳ ҳаракат накард. Кафшгар фикр кард, ки ӯ мурдааст ва аз назди вай рафт. Субҳ шуд. Мардуми шаҳр аз хонаҳояшон берун омаданд ва рӯбоҳро диданд. Яке гуфт: — Забони рӯбоҳ ба кор меояд. Ва забонашро бурид. Рӯбоҳ сабр кард. Дигаре гуфт: — Думи рӯбоҳ ба ман лозим аст. Ва думашро бурид. Рӯбоҳ боз ҳам тоқат кард. Каси дигар гӯши ӯро бурид. Яке дандонашро гирифт. Рӯбоҳ ҳамаи ин дардҳоро таҳаммул кард, зеро мехост ҷони худро наҷот диҳад. Ниҳоят марде омад ва гуфт: — Ман дили рӯбоҳро мехоҳам. Ӯ кордро баровард ва хост шиками рӯбоҳро кушояд. Рӯбоҳ бо худ гуфт: — Акнун дигар ҷои сабр нест. Агар боз хомӯш монам, ҷони худро аз даст медиҳам! Ӯ ногаҳон аз ҷой ҷаҳид ва бо тамоми қувва аз шаҳр гурехт. Ҳангоми гурехтан мегуфт: — То вақте сабр кардам, ки танҳо чизе аз даст медодам, аммо вақте кор ба ҷон расид, дигар бояд гурехт! Панд: Сабр кардан хуб аст, аммо инсон бояд донад, ки кай сабр кунад ва кай барои наҷоти худ чорае андешад.

0
Олами Афсонаҳо·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Товус ва зоғ

Як рӯз товус ва зоғ дар боғ бо ҳам вохӯрданд. Онҳо ба якдигар нигоҳ карда, ҳар кадом чизеро дар дигаре писандиданд. Товус ба зоғ гуфт: — Пойҳои сурхи ту хеле зебоянд. Ба назарам, чунин пойҳо бештар ба ман мерасанд, зеро парҳои ман рангорангу зебоанд. Зоғ ҷавоб дод: — Не, ман фикр мекунам баръакс аст. Парҳои зебои ту ба пойҳои ман бештар мувофиқанд! Онҳо баҳс мекарданду ҳар яке мехост чизҳои хуби дигареро дошта бошад. Дар наздикии онҳо сангпуште нишаста буд. Ӯ суханони онҳоро шунида, гуфт: — Дӯстони азиз, баҳс накунед. Худо ба ҳар кас чизе додааст. Ба яке парҳои зебо, ба дигаре пойҳои хуб, ба каси дигар овози хуш ё қувваи зиёд. Ҳеҷ кас ҳамаи неъматҳоро якҷо надорад. Товус ва зоғ каме фикр карданд ва фаҳмиданд, ки сангпушт дуруст мегӯяд. Аз ҳамон рӯз онҳо дигар ба якдигар ҳасад намебурданд ва аз он чизе, ки доштанд, хурсанд буданд. Панд: Ҳар кас хусусияти хуби худро дорад. Бояд ба неъматҳои худ шукр кунем ва ба дигарон ҳасад набарем.

0
Олами Афсонаҳо·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

МЕВАИ БОВАРӢ

Як духтаре  ба дарди сахте дучор шуда бистарӣ шуд. Каташро назди тиреза монда буданд ва духтарак аз он тиреза ба берун менигарист. Вай махсусан ба дарахти назди тирезааш чашм медӯхт. Рӯзе аз хоҳараш пурсид: — Апаҷон, дар ин дарахт чанд барг мондааст?. Саволро фаҳмида аз чашмони хоҳараш ашк ҷорӣ шуд: — Хоҳаракам чаро мепурсӣ?, - гуфт ӯ. Духтари бемор: -- Медонам, ки умри ман замоне тамом мешавад, ки барги охирини ин дарахт афтад! Хоҳараш табассум карду гуфт: -- Пас, то он вақт расад,  мо бояд аз зиндагӣ лаззат бубарем ва рӯзҳои худро зебо гузаронем. Рӯзҳо мегузаштанд. Баргҳои дарахт паи ҳам рехтанду дар охир як барг монд. Духтари бемор вақте ки дарахтро тамошо мекард,   гумон мекард, ки имрӯз рӯзи охирини умраш аст, ки ин барги ягона вақте ки мерезад, умри ӯ ҳам ба охир мерасад. Соатҳо, рӯзҳо, моҳҳо гузаштанд. Пас аз он боз зимистон, баҳору тобистон ва тирамоҳ омад. Як сол гузашт. Аммо он барги ягона наафтид. Духтар бо хоҳараш шод буд. Саломатиаш барқарор шудан гирифт. Рӯзҳо ва моҳҳо гузашту  духтарак комилан шифо ёфт. Вай ба назди дарахт рафт, то барги мӯъҷизаеро, ки солҳо боз наафтида буд, даст дароз карда гирифт. Дид, ки барг аз пластмаса  будааст. Хоҳараш онро сохта ба дарахт хуб часпонидааст... Умед ва эътимод неъмати бузург аст. Умед ва боварӣ метавонад, мӯъҷизаҳои зиёдеро ба вуҷуд оварад. Дар дил ҳисси қаноатмандӣ ва хушнудиро ба вуҷуд биёрад. Агар гумони нек  дошта  бошем, агар имон биёварем,  албатта,   Худо барои мо хайре мехоҳад  ва агар дар ҳақиқат ба Парвардигори худ таваккал кунем, корҳое низ рӯй медиҳанд, ки шояд ба назари мо ғайриимкон бошад. Аллоҳ ҳамаи моро бандаҳои умедбахш ва орзуҳои моро амалӣ гардонад.

0
Олами Афсонаҳо·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

САНГИ ХУРД ВА ДАРЁ

Як рӯз санги хурде дар соҳили дарё меистод. Ҳавои тоза, осмони кабуд ва оби ҷорӣ — ҳама чиз зебо менамуд. Аммо санг аз як чиз норозӣ буд: — Чаро ман ҳамеша дар ҷоям истода мемонам? — мегуфт ӯ. — Дарё бошад, ҳаракат мекунад, дунёро мебинад, садои ширин дорад. Ман бошам, як чизи ноаҳамиятам! Дарё садои ӯро шунид ва оромона гуфт: — Ҳар кас дар зиндагӣ ҷои худ дорад. Ман ҳаракат мекунам, то дигаронро сероб созам. Ту бошад, соҳилро нигоҳ медорӣ, то об аз ҳад нагузарад. Аммо санг розӣ нашуд. Боре мавҷи сахт омад ва сангро бо худ бурд. Санг дар оғӯши об чарх зад, ба сангҳои дигар бархӯрд, дард кашид ва ниҳоят ба ҷое афтод, ки на соҳил буд ва на оромӣ. Он ҷо фаҳмид: — Худоро сипос, вақте дар ҷои худ будам! Ман аҳамият доштам, гарчанде намедонистам… Баъд аз муддате мавҷ боз ӯро ба соҳил баргардонд. Санг дигар ҳаргиз шикоят накард. Ӯ фаҳмид, ки арзиши ҳар инсон дар иҷрои масъулияти худ аст, на дар тақлид ба дигарон. Панд Ҳар кас дар зиндагӣ ҷой ва вазифаи худро дорад. Агар мо норозӣ набошем ва ҳунари худро дуруст истифода барем, фоидааш ба ҳамагон мерасад.

0
Олами Афсонаҳо·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ТУХМИ ОРЗУҲО

Буд-набуд, дар деҳаи орому зебое пирамарде зиндагӣ мекард. Ӯ ҳар баҳор тухмҳои гул мекошт. Рӯзе як кӯдак аз ӯ пурсид: – Бобоҷон, чаро ҳар сол ин қадар тухм мекорӣ? Пирамард хандид: – Ҳар тухм як орзу аст. Агар онҳоро бо меҳр нигоҳубин кунӣ, ба гулҳои зебо табдил меёбанд. Кӯдак аз он рӯз ҳар пагоҳ як тухмча мекошт, об медод ва бо муҳаббат нигоҳ мекард. Пас аз чанде боғи хурди ӯ пур аз гулҳои рангоранг шуд. Кӯдак фаҳмид, ки агар меҳнат кунӣ, орзуҳоят ҳам мешукуфанд. Ҳикмати афсона: «Ҳар рӯзи нав тухмчаи як орзу аст. Онро бо меҳр ва сабр парвариш кунед!»

0
Олами Афсонаҳо·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Ростгӯйӣ

Яке буд, яке набуд. Дар деҳаи дур кӯдаке бо номи Ҳасан зиндагӣ мекард. Ӯ хеле содда ва ростгӯ буд. Ҳар кас аз ӯ чизе мепурсид, бе тарсу дурӯғ ҷавоб медод. Як рӯз тоҷири калон ба деҳа омад ва мехост ба шахси ростгӯ ва боэътимод кӯмак кунад. Ӯ ба мардум саволҳои гуногун медод, вале бисёриҳо ба хотири фоидаи худ рост намегуфтанд. Вақте навбати Ҳасан расид, тоҷир аз ӯ пурсид: – Писарҷон, агар ман туро бо тангаҳои тилло пурнамоям, ту онҳоро чӣ кор мекунӣ? Ҳасан гуфт: – Ман аввал ба модару падарам чизе мехарам, сипас барои худ китобҳои хонданӣ мегирам, то донишам зиёд шавад. Тоҷир аз ростии ҷавоби ӯ хуш шуд ва гуфт: – Писарҷон, ту ростгӯӣ, ман ба ту бовар мекунам. Ростгӯӣ беҳтарин ганҷ аст. Ӯ ба Ҳасан кӯмак кард, то ба мактаб равад. Ҳасан баъдтар марди донишманд ва боэҳтиром шуд, ки ҳамеша ба мардум ростӣ меомӯхт. Паёми ривоят: Ростгӯйӣ калиди боварӣ ва эҳтиром аст. Касе ки рост мегӯяд, дили мардумро ба даст меорад.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·1 моҳ пешНашрия

МУРҒИ МАРҶОН

Фасли баҳор омад. Мурғи марҷон панҷ дона тухм гузошт. Мехост, ки чӯҷа барорад, панҷ чӯҷаи зебояк. Ба назди Мурғи марҷон Кабк омад. Омаду гуфт: — Мурғи марҷон, ту бисёр меҳру-бонӣ. Ду тухми маро ҳам гирифта, чӯҷа барор. Ман серкорам. Бояд суруд хо-нам, ба сайру тамошо биравам. Мурғи Марҷон гуфт: — Хуб шудаст. Вай ду дона тухми Кабкро ба зери пару боли зебояш гирифт. Сипас Мурғобӣ омад. Омаду гуфт: — Мурғи марҷон! Ту бисёр ғамхорӣ. Се тухми маро ҳам гирифта, чӯҷа ба-рор. Кори ман бисёр аст. Фасли баҳор омадааст. Бояд суруд хонам, ба сайру тамошо биравам. Мурғи марҷон гуфт: — Хуб шудааст, Мурғобиҷон. Вай се дона тухми Мурғобиро ҳам ба зери пару болаш гирифт. Баъд Ғоз омад. Омаду гуфт: — Мурғи марҷон. Ту бисёр меҳрубонӣ. Чор тухми маро ҳам гирифта чӯҷа барор. Ман хеле серкор мебошам. Фасли баҳор омадааст. Бояд суруд хонам, ба сайру тамошо биравам. Мурғи марҷон гуфт: — Хуб шудаст, Ғози азиз. Вай чор дона тухми Ғозро ҳам ба зери пару болаш гирифт. Чанд рӯз гузашт. Як пагоҳӣ аз зери пару боли Мурғи марҷон ду чӯҷаи Кабк, се чӯҷаи Мурғобӣ, чор чӯҷаи Ғоз ва панҷ чӯҷаи худаш баромаданд. Мурғи марҷон хурсанд шуд. Хурсанд шуда, пару бол афшонд. Чанд рӯз гузашт. Мурғи марҷон чӯҷаҳоро ба доначинию тамошо бурд. Аз куҷое Кабк расида омад. — Оҳ, чӣ чӯҷаҳои зебо! — гуфт вай. — Ман омадам, ки чӯҷаҳоямро гирифта барам. Баъд аз куҷое Мурғобӣ пайдо шуд. — Оҳ, чӣ чӯҷаҳои зебо! — гуфт вай. — Ман омадам, ки чӯҷаҳоямро гирифта барам. Ногоҳ Ғоз пайдо шуд. — Оҳ, чӣ чӯҷаҳои зебо! — гуфт вай. — Ман омадам, ки чӯҷаҳоямро гирифта барам. Мурғи марҷон ба Кабку Мурғобию Ғоз гуфт: — Марҳамат. Чӯҷаҳоятонро гирифта баред. Аммо ягон чӯҷа аз паси Кабку Мурғобӣ нарафт. Ягон чӯҷа ба Ғоз эътибор ҳам надод. Балки чӯҷаҳо аз онҳо тарсида, зери пару боли мурғи марҷон пинҳон шуданд. — Очаи мо ҳамин Мурғи марҷон аст, — чӣ-чӣ карданд ду чӯҷаи Кабк. — О чаи мо ҳам Мурғи марҷон аст, — чӣ-чӣ карданд се чӯҷаи Мурғобӣ. — Очаи мо ҳам Мурғи марҷон аст, — чӣ-чӣ карданд чор чӯҷаи Ғоз. — Очаи мо Мурғи марҷон аст, — чӣ-чӣ карданд панҷ чӯҷаи худаш. Баъд чӯҷаҳо аз зери пари Мурғи марҷон сар бароварда баробар гуф-танд: — Очаи мо ҳамонест, ки моро аз тухм баровардааст. Кабку Мурғобию Ғоз ноумед шуда рафтанд. Рафтанд, ки аз нав тухм гузошта, худашон чӯҷа бароранд ва соҳиби ҷӯҷа шаванд.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·1 моҳ пешНашрия

МУШ БО МОР

Як муш дар хонаи як марди бой зиндагӣ мекард. Хонаи ӯ дар назди боғи зебо буд. Муш дар он ҷо орому осуда зиндагӣ мекард. Рӯзе мори калон ба боғ омад. Ӯ хонаи мушро дид ва ба он даромада, ҳамон ҷо ҷой гирифт. Вақте муш ба хонааш баргашт, морро дид. Хеле тарсид ва ғамгин шуд. Ба назди модараш рафта, воқеаро нақл кард. Модар гуфт: - Писарам, мор хеле калон ва қавӣ аст. Мо наметавонем бо ӯ ҷанг кунем. Беҳтар аст, ки хонаи дигар ёбӣ. Аммо муш гуфт: - Не, модар! Ман намехоҳам хонаи худро тарк кунам. Ман роҳи дигар меёбам. Муш чанд рӯз роҳи халос шудан аз морро фикр кард. Рӯзе дид, ки мор зери дарахт хобидааст. Дар наздикии он ҷо боғбон низ хоб буд. Муш ба назди боғбон рафт ва ӯро аз хоб бедор кард. Боғбон аз хоб хест, вале муш зуд пинҳон шуд. Боғбон боз хоб рафт. Муш боз ӯро бедор кард. Ин кор чанд бор такрор шуд. Боғбон хеле асабонӣ шуд ва ба таъқиби муш давид. Муш қасдан ба тарафи хонаи худ давида, ба наздикии мор расид ва зуд ба сӯрохие даромада пинҳон шуд. Боғбон морро дид. Ӯ гумон кард, ки мор сабаби ин ҳама ташвиш аст. Боғбон ба мор ҳамла карда, ӯро кушт. Муш аз сӯрох баромад ва дид, ки хонаи ӯ аз мор халос шудааст. Муш фаҳмид, ки ақлу тадбир баъзан аз қувва ҳам қавитар аст. Хулоса, одами оқил пеш аз кор кардан фикр мекунад. Дар вақти душворӣ набояд ноумед шуд, балки бояд роҳи дурусти ҳалли мушкилро ҷуст.

0

КУЛОҲСУРХАК

Буд-набуд дар як деҳае як зан буд. Вай як духтараки хурдакак дошт. Рӯзе зан ба духтарчааш як кулоҳи сурх харида дод. Духтарак он кулоҳро чунон нағз дид, ки ҳеч вақт аз сараш намегирифт. Бинобар ин, номи ӯро Кулоҳсурхак монданд. Як рӯз модараш якчанд дона санбӯса пухту ӯро ҷеғ зад: – Кулоҳсурхаки ман, ин ҷо биё, ана ин санбӯса ва ин як хурмача равғанро ба хонаи бибиат бару фаҳм, ки аҳволаш чӣ тавр аст? Кулоҳсурхак даррав санбӯсаву равғанро гирифта, ба тарафи хонаи бибиаш ба деҳаи дигар равон шуд. Вай аз даруни беша рафта истода буд, ки банохост аз пешаш як гург баромад. Гург Кулоҳсурхакро хӯрданӣ шуду лекин натавонист, чунки дар ҳамон наздикӣ як тӯда дарахтбурон кор карда истода буданд. Гург аз вай пурсид: – Кулоҳсурхак, куҷо рафта истодаӣ? – Ман ба назди бибиам рафта истодаам, ба бибиам санбӯса ва як хурмача равған мебарам, – гуфт вай. – Хонаи бибиат аз ин ҷо дур? – пурсид гург. – Бисёр дур аст, – гуфт дар ҷавоби ӯ Кулоҳсурхак, – дар ақиби ҳо..ҳамон осиёби дар пеш будагӣ. – Медонӣ? – гуфт гург – ман ҳам ба пеши бибиат мера вам. Аммо ман аз ин роҳ, ту аз ваяш меравӣ; канӣ, мебинем, кадомамон пештар мерасем. Гург ба як роҳи кӯтоҳ даромада, бо тамоми қувваташ давид, аммо Кулоҳсурхак бо як роҳи аз ҳама дуру дароз равон шуд. Вай рафта истода, дар роҳ аз шохҳои пасти дарахт чормағз ғундошт, аз замин гулҳо чид, аз ақиби сӯзанакҳо ва шабпаракҳо давид. Вай ҳанӯз ба ними роҳ нарасида буд, ки гург кайҳо ба хонаи кампир расида, дари ӯро мезад: – Тиқ-тиқ-тиқ! – Кист? – пурсид кампир. – Ман, наберачаатон, Кулоҳсурхак, ба шумо санбӯса ва як хурмача равған овардам, – гуфт гург бо овози маҳин. Кампир бемор шуда хоб карда буд. Овозро шунида, гумон кард, ки Кулоҳсурхак омадааст ва гуфт: – Аз ҳалқааш кашида, баъд тела деҳ, кушода мешавад. Гург ҳамчунин кард, дар кушода шуд. Гург худашро ба болои кампир партофта, дар як нафас ӯро фурӯ бурд. Баъд гург дари хонаро маҳкам карду либоси кампирро ба тан карда, ба ҷойхоби кампир даромада, дароз кашид ва омадани Кулоҳсурхакро мунтазир шуда, хоб кард. Вай расида омад ва дарро зад: – Туқ-туқ-туқ! – Кист вай? – пурсид гург. Кулоҳсурхак овози ғафси гургро шунида, аввал тарсид, аммо баъд «эҳтимол бибиям зуком шуда бошад», – гуфта фикр карду ҷавоб дод: – Ман омадам, наберачаатон Кулоҳсурхак, ба шумо санбӯса ва як хурмача равған овардам. Гург фарёд зад: – Аз ҳалқааш кашида тела деҳ, кушода мешавад. Кулоҳсурхак ҳамчунин кард, дар кушода шуд. Вақте ки вай даромад, гург, ки либосҳои кампирро ба худаш пӯшида буд, ҳама ҷояшро то болои биниаш бо кӯрпа панаҳ кард, то ки духтарак ӯро нашиносад, баъд гуфт: – Санбӯсаву равғанро ба ягон ҷой мону худат омада ба паҳлуи ман хоб кун, ки дар роҳ монда шудагистӣ! Кулоҳсурхак ба паҳлуи гург даромада, дароз кашиду гуфт: – Бибиҷон, чаро дастҳои шумо ин қадар дароз-дароз? Набераҷон, инҳо барои ҳамин дароз-дароз, ки туро хубтар ба канор бигирам. – Бибиҷон, чаро гӯшҳои шумо ин қадар калон-калон? – Набераҷон, инҳо барои ҳамин калон-калон, ки суханҳои туро хубтар бишнавам. – Бибиҷон, чаро чашмони шумо ин қадар калон-калон? – Набераҷон, инҳо барои ҳамин калон-калон, ки туро хубтар бубинам. – Бибиҷон, чаро дандонҳои шумо ин қадар дароз-дароз? – Инҳо барои ҳамин дароз- дароз, ки туро бихӯрам! Гург бо ҳамин гапҳо худашро ба болои Кулоҳсурхак андохту ӯро луққӣ карда фурӯ бурд. Дар ҳамин вақт аз пеши хонаи кампир дарахтбурон мегузаштанд. Онҳо овози ғалоғуларо шуниданду давида, ба хона даромаданд ва гургро кушта, шикамашро чок карданд, аз даруни он Кулоҳсурхак ва бибиаш сиҳату саломат баромаданд.

0

МАРДИ ХАСИС

Боре марди хасисе ба устои кулоҳдӯз як пӯсти гӯсфанд оварда, хоҳиш кард: – Аз ин пӯст бароям кулоҳе бидӯз. – Хеле хуб, гуфт кулоҳдӯз, – медӯзам. Он мард аз дукони кулоҳдӯз баромаду фикр кард: «Охир, ин пӯст калон аст. Шояд ду кулоҳ дӯхтан мумкин бошад?». Боз ба назди кулоҳдӯз омаду гуфт: – Усто, ту метавонӣ аз ин пӯст бароям дуто кулоҳ бидӯзӣ? – Чаро надӯзам? Албатта, медӯзам! – гуфт кулоҳдӯз. – Ин тавр бошад, дуто бидӯз, – гуфт он мард ва рафт. Каме роҳ рафту фикр кард ва баргашту пурсид: – Усто, аз ин пӯст сето кулоҳ дӯхта наметавонӣ? Чаро не? Сето ҳам медӯзам. Марди хасис хурсанд шуду пурсид: Чорто дӯхта метавонӣ? – Чорто ҳам метавонам! – Панҷто чӣ? – Панҷто ҳам медӯзам! – Шашто ҳам? – Медӯзам! – Ҳафтто ё беҳтараш ҳаштто метавонӣ? – Чаро натавонам? Ҳаштто ҳам метавонам! – Пас бароям ҳаштто кулоҳ бидӯз! – Хеле хуб. Ҳаштто медӯзам. Баъди як ҳафта биё. Марди хасис баъди як ҳафта ба назди кулоҳдӯз омад ва пурсид: – Кулоҳҳои маро дӯхтӣ? – Дӯхтам! – гуфт усто ва ба шогирдаш фармуд: – Кулоҳҳоро биёр! Шогирд рафту ҳаштто кулоҳ овард. Вале онҳо чунон хурд буданд, ки ба сари одам не, фақат ба себ пӯшонидан мумкин буд. Мард ҳайрон шуду пурсид: – Чаро кулоҳҳо ин қадар хурданд? – Худат фикр кун! – гуфт устои кулоҳдӯз. Марди хасис ҳаштто кулоҳи хурдакакро гирифта рафт ва ҳамеша фикр мекард: – Барои чӣ кулоҳҳо ин қадар хурд шуданд? Чаро?

0

ТУХМИ ГУЛ

Дар як замон, дар як макон подшоҳе мезист. Вай марди ҳакиме буд. Аммо аз тақдир фақат як гила дошт: фарзанд надошт. «Баъди сари ман кӣ подшоҳ мешуда бошад?» – гуфта пайваста меандешид. Подшоҳ рӯзе ба худ гуфт, ки як ҷавони боақлу бофаросати мамлакаташро пайдо карда, таълиму тарбия дода, ба подшоҳӣ тайёр мекунад. Бо ҳамин ният эълон кард: – Ҳар ки аз дарбор тухмӣ гирифта, гули хушрӯ сабзонад, оянда подшоҳ мешавад! Аз дуру наздик бачаҳо омада, тухми гул гирифта, дар тубаку тубакчаҳо бо умед кишт карданд. Дар миёни онҳо Сон Ир ҳам буд. Сон Ир бисёр кӯшиш кард, ки барои подшоҳ гули хушрӯ сабзонад. Аммо даҳ рӯз гузашт, як моҳ гузашт, лекин гул нарӯид. Дар ин байн подшоҳ талаб кард, ки ҳар бача гулу гулдонашро гирифта, ба дарбор биёяд. Саҳни қасри подшоҳ аз бачаҳои гуногунсолу гуногунлибос пур шуд. Ҳар кас дар даст гулдоне дошт ва дар гулдон гуле шукуфта буд. Ниҳоят, подшоҳ намоён шуд. Вай аз миёни бачаҳо гузашта, ба назди Сон Ир омаду пурсид: Чаро гулдони ту холист? -Сон Ир гуфт: Ман тухмиро коштам, аммо сабз нашуд. Подшоҳ инро шунида, аз дасти Сон Ир гирифт ва хитоб кард: –Ана, ин бача подшоҳи оянда аст! Дигарон ҳайрон шуданд. Ҳатто яке гуфт: – Чаро подшоҳ бачаеро писар хонд, ки гул сабзонда наметавонад? Ин гап ба гӯши подшоҳ расид. Вай гуфт: – Эй, мардум, тухму донаҳое, ки ба дасти шумо додаем, бирёншуда буданд. Он гоҳ аз дасти бачаҳои дигар гулдонашон афтиду шикаст ва соҳибонашон аз шарм натавонистанд, ки сар боло кунанд…

0

ДУ ХИРСАК БЕША РАФТАНД

Буданд, набуданд, ду хирсак буданд. Як пагоҳӣ онҳо барои занбӯруғ ба беша рафтанд. Ҳар ду аз хона баромада, аз остона фаромаданд. Ногоҳ яке гуфт: – Ваҳ! Мо фаромӯш кардем! – Чиро фаромӯш кардем? – Мо сабад надорем! Занбӯруғро дар чӣ мечинем? Хирсакҳо ақиб гашта, аз остона баромада, ба хона даромада, яктоӣ сабад гирифтанд. Баъд аз хона баромада, аз остона фаромада, аз ҷӯйбораке гузаштанд. Ногоҳ яке гуфт: – Ваҳ! Мо фаромӯш кардем! – Чиро фаромӯш кардем? – Мо чатр надорем! Борон борад, дар куҷо паноҳ мебарем? Хирсакҳо ақиб гашта, аз ҷӯйборак парида, аз остона баромада, ба хона даромада, яктоӣ чатр гирифтанд. Баъд боз аз хона баромада, аз остона фаромада, аз ҷӯйборак парида, аз пулча гузаштанд! Ногоҳ яке гуфт: Ваҳ! Мо фаромӯш кардем! – Чиро фаромӯш кардем? – Мо ба модарамон «хайр» нагуфтем! Модарамон куҷо рафтани моро надонад, хавотир мешавад! Хирсакҳо ақиб гашта, аз пул, ҷӯйборак гузашта, ба остона баромада, ба хона даромада, ба модарашон хайр гуфтанд. Баъд боз аз хона баромада, аз остона фаромада, аз ҷӯйбораку пулча гузашта, ба беша расиданд! Хирсакҳо ду сабадча занбӯруғ чида, аз беша баромада, аз пулчаю ҷӯйборак гузашта, ба остона баромада, ба хона даромаданд. Модарашон сабадчаҳоро гирифта, хирсакҳоро таъриф кунон занбӯруғҳоро бирён кард. Баъд ҳар се дар сари дастархон нишастанд ва бо иштиҳо занбӯруғбирён хӯрданд.

1

САРГУЗАШТИ ХАРГӮШАК ВА ДӮСТОНИ Ӯ

Харгӯшак, Рӯбоҳак, Хирсак, Гургак ва Санҷобак бо ҳам дӯст буданд. Онҳо дар як бешаи офтобрӯя мезистанд. Рӯзе, ҳангоми бозӣ, Харгӯшак пурсид, ки дар паси дарахти булути калони куҳна, дар он ҷое, ки бешаашон тамом мешавад, чӣ бошад? «Биёед, ба саёҳат мебароем ва якбора инро ҳам мефаҳмем! Бо як тир ду нишон!» – хурсандона хитоб кард Рӯбоҳак. Ҳама розӣ шуданд. Дар роҳ онҳо Буми хирадмандеро вохӯрданд. «Роҳи шумо пурпечу тоб аст, – гуфт ӯ. – Аз эҳсосоти худ натарсед ва ноумед нашавед! Дар хотир доред: агар тарсед ё хашмгин шавед, нафаси амиқ кашед, агар ғамгину дилхаста шавед, ба дӯстонатон дарди дил намоед ва якҷоя шодӣ кунед!» Ҷонварон хурсандона роҳро идома доданд. Ногаҳон садои баланди қарс-қурсе баромад. Харгӯшак аз тарс ба ларза даромад. Ӯ маслиҳати Бумро ба ёд оварда, нафаси чуқур кашид ва аз дасти Рӯбоҳак маҳкам дошт. Тарсаш бартараф шуд. Дар ин вақт дарахте афтода, роҳи онҳоро баст. Хирсак кӯшиш кард, ки аз болояш гузарад, лекин гузашта натавонис та, хашмгин шуд. «Р-р-р!» – ғурид ӯ. Аммо дарҳол суханони Бумро ба ёд оварда, то панҷ шумурд ва фарёд кард: «Дӯстон, ёрӣ диҳее-д!» Онҳо якҷоя аз болои кундаи дарахт ба осонӣ гузаштанд. Аз дасти Санҷобак нохост зеботарин чормағзаш ба ҷӯй афтид. Ӯ чунон ғамгин шуд, ки қариб буд, гиря кунад. Ин аҳволро дида, дӯстон ӯро ба оғӯш гирифтанд ва дилбардорӣ карданд. Гургак аз ҷӯйбор як сангчаи ҷилодоре ёфта, ба ӯ дод. Ногаҳон ҷонваракон фаҳмиданд, ки роҳашонро гум кардаанд. Гургак бодиққат ба атроф нигариста, роҳи дурустро ёфт. Ӯ аз ин кораш ба худ болид. Ҷонваракон, аз ин ки роҳро ёфтанд, хеле шод шуданд. Ниҳоят, онҳо канори бешаро диданд. Дар пешашон марғзори калоне бо гулҳои рангоранг намудор гашт. Чӣ қадар зебову дилрабо буд он! Дӯстон фаҳмиданд, ки саёҳат кардан хуб аст, аммо ҳангоми душворию сахтиҳо дастгиру мададгор ва ҳамрозу ҳамдили ҳамдигар будани ёрон муҳимтар аз ҳама аст.

1