
Олами Афсонаҳо
Афсонаҳо ва шеърҳо ба кӯдакон некӣ, дӯстӣ, ҳурмати калонсолон ва ростгӯиро меомӯзонанд.
ДУОИ ДИЛДОР
Рӯзе пирамарди доно ба шогирдаш гуфт: — Эй фарзанд, ҳар рӯзи ҷумъа вақте офтоб тулӯъ мекунад, осмон як дари махсус мекушояд. Ин дар барои онҳое боз мешавад, ки дили пок доранд ва беғараз барои дигарон некӣ мехоҳанд. Шогирд пурсид: — Устод, аз куҷо фаҳмам, ки дуои ман аз дили пок аст? Пирамард табассум кард ва гуфт: — Дуое, ки танҳо барои худат нест, балки дар он саломатӣ барои бемор, осонӣ барои мушкилдор, баракат барои берузгору оромӣ барои дилшикаста хоҳӣ — он дуо дари осмонро мекушояд. Чун некӣ ба дигарон баргардад, Худо некӣ ба ту медиҳад. Пас пирамард даст ба дуо баланд кард ва гуфт: — Худоё, имрӯз рӯзи ҷумъа аст. Ба ҳар касе, ки дар дилаш орзуи нек дорад, роҳе кушо, ғаме аз дилҳошон бикаш, хонаҳояшонро аз ризқу баракат пур кун ва дар умрашон нуру фароғат андоз. Шогирд гуфт: — Устод, илова ба ин дуо ман ҳам ба ҳама меҳр мехоҳам. Пир гуфт: — Пас, ту дари ҷумъаро ёфтӣ. Паёми ривоят Ният чист, дил чист — ҳамон рӯзатро месозад. Рӯзи ҷумъа бошад, рӯзи ниятҳои нек ва дуоҳои қубулшаванда аст.
САВОБИ САЛОМ
Дар рӯзи ҷумъа, ҷавоне ба назди устоди худ омад ва гуфт: — Устод, чӣ чизе дар рӯзи ҷумъа савобаш бештар аст? Устод гуфт: — Савоб бисёр аст, аммо яке аз зеботаринаш “салом” аст. Ҷавон ҳайрон шуд: — Салом ҳам савоб дорад? Устод табассум кард ва гуфт: — Салом на танҳо калима аст, он нур аст. Вақте ба касе салом медиҳӣ, барояш амонӣ мехоҳӣ: сулҳ, осоиш ва амонӣ. Ва рӯзи ҷумъа — рӯзи раҳмат аст. Касе ки дар ин рӯз ба дигарон амонӣ мехоҳад, Худо барояш амони дучанд медиҳад. Пас устод ӯро ба бозор бурд. Дар он ҷо устод ба ҳар вохӯрдае бо рӯйи кушода салом медод. Баъди чанд лаҳза мардум низ ба ҷавон салом додан гирифтанд. Ҷавон пурсид: — Устод, чаро мардум ба ман ҳам ҷавоби нек медиҳанд? Устод гуфт: — Зеро некӣ мисли садо дар кӯҳ аст — бармегардад. Ҳар саломи ростин як дуои нек аст. Рӯзи ҷумъа бошад, дуои нек ба осонӣ қабул мешавад. Баъд устод гуфт: — Агар дар ҳафта чизе аз ту монда бошад — аз саломи ҷумъа сар кун. Он қалбҳоро наздик мекунад. Паёми ривоят Як саломи самимӣ метавонад рӯзеро равшан кунад, диле гарм кунад ва савобе дар ин рӯзи муборак барои ту нависад.
СУБҲИ ЗЕБОИ ТИРАМОҲӢ
Субҳи зебои тирамоҳ буд. Баргҳои зарди дарахтон мисли тилло дар зери по медурахшиданд. Ҳаво каме сард, вале ҳаловатбахш буд. Пирамарде бо номи Амирбек аз хона берун баромад ва дид, ки писарбачаи ҳамсоя Камол ба мактаб меравад. Либосаш тунук буд ва дастонаш аз сармо меларзиданд. Амирбек ба хона баргашт, як ҷуфт дастпӯшаки гарм оварда, гуфт: — Писарам, биё инҳоро пӯш. Ҳаво сард аст, бемор мешавӣ. Камол бо шарм гуфт: — Раҳмат, амакҷон, ман инро қабул карда наметавонам. Амирбек лабханде зад: — Писарам ба ҳамдигар некӣ кардан, ин нишонаи ҳамсоягию одамгарии мост. Камол бо сипос дастпӯшаки гармро пӯшид ва бо рӯҳи шод ба мактаб рафт. Ӯ дар роҳ бо худ андешид: «Имрӯз ман ҳам ба касе некӣ мекунам!». Хулоса, некию накӯкорӣ нишонаи беҳтарини одамгарист. Шумо низ бо баҳои хубу аъло хонед, бештар омӯзед, некӣ кунед ва накӯкор бошед!

Барномасозӣ
Ахбор
Дунё