Зеҳн

Олами Афсонаҳо

Афсонаҳо ва шеърҳо ба кӯдакон некӣ, дӯстӣ, ҳурмати калонсолон ва ростгӯиро меомӯзонанд.

3 аъзоаз 11 августи 2026
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·28 рӯз пешНашрия

Дар дарс

Ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад, ва ҳар ки бе устод коре кунад бебунёд бошад. Одоби шогирд ин аз муаллим вобастааст ва баъд аз оила, сарчашма мегирад. Кӯдаке, ки аз хурди бо ақлу тамиз аст то охири умр ҳамин хел меравад. Ва инсоне, ки аз хурди бе ақлу бе фаросат бошад ҳамин тавр ба балоғат мерасад. Ва аз ӯ умеде пойдор намешавад. Агар пурсанд, ки одоби шогирд чандаст, бигуй ҳашт: 1. Чун дарояд салом кунад ё салом диҳад. 2. Дар пеши устод кам сухан гуяд. 3. Сар дар пеш андозад. 4. Ба ҳар тараф нигоҳ накунад. 5. Агар хоҳад масъала пурсад иҷозат гирад. 6. Чун ҷавоб гуяд эътироз накунад. 7. Дар пеши устод ба кассе гушаки накунад. 8. Ба ҳурмати тамом нишасту бархост кунад. Ҳамаи ин одобро шогирд аз мактаб меомӯзад. Мактаб муҷадастарин ҷой сарчашмаи дарёи ақл, махзани илму дониш ва даргоҳи илму адаб аст. мактабу китоб ин беминат аст. Ва инсонро ба қуллаи баланди муродаш мерасонад. Зебогии инсонро ман дар одобу ахлоқ ва сират мебинам на дар сурат

0

Чистонҳо

Оҳуи шӯху масти ман, Бозӣ кунад ба дасти ман. Ҷомааш аз сӯзан пур, Хонааш аз деҳа дур. Парпеч дорад, кӯдак не, Риш дораду мардак не. Меҳмони бологузар, Аз ҳама гап бохабар. Ишкамаш мисли саноч, Папиросаш даҳ қулоч. Чил дугона, чил хоҳар, Қаду қомат баробар. Дар пас кӯҳи баланд, Шодона бозӣ доранд. Дар болои зинаҳо, Роҳ меравад хонаҳо. Мошин гӯям, мошин не, Ба ҷонваре қарин не, Шаб болояш бароям, Пагоҳӣ мефароям. Дар чӯлу айлоқу дашт, Мекунад ӯ сайру гашт. Зимистону тобистон Пӯстини гарм дорад он.

0

ХОБИ БАД

Рӯзе модар аз Ҷаҳонгир хоҳиш кард, ки аз саргаҳи ҷӯй об биёрад. Ҷаҳонгир бо дили нохоҳам гуфт: – Модарҷон, саргаҳи ҷӯйбор хеле дур аст. Обро аз поёни ҷӯй меорам. – Оби поёни ҷӯй ифлос аст, аз саргаҳ об биёр, – таъкид кард модар. Ҷаҳонгир ноилоҷ сатилчаро гирифта, аз ҳавлӣ баромад. Ҷаҳонгир ба мағозаи сари роҳ даромада, донаи офтобпараст, қанд ва як нӯшокӣ харид. Ба назди ҷӯйбор нишаста, аввал қанд хӯрду баъд донаи офтобпараст. Нӯшокиро қулт-қулт нӯшид. Пӯсти донаҳои офтобпараст, коғази қанду зарфи пластикии нӯшокиро ба селофан андохта ба ҷӯй ҳаво дод. Ҷаҳонгир каме дам гирам гуфта, дар назди ҷӯйбор дароз кашид. Оҳиста-оҳиста ба чашмонаш хоб омад. Садои аҷибе ба гӯшаш расид, чашмонашро нимроғ карду калон кушод. Болои сараш сӯзанаки азимҷуссае бол меафшонд. Ҷаҳонгир сахт тарсид. Сӯзанак ба сӯзанакҳои муқаррарӣ монанд набуд. Вай зоҳиран ба чархбол монанд буд. Сӯзанак болои сари Ҷаҳонгир давр мезаду давр мезад. Ҳар лаҳза аз зери болҳояш ашёи гуногун ба сӯйи Ҷаҳонгир мепартофт. Ашё партов буд. Ҷаҳонгир аз ин рафтори сӯзанак нороҳат шуда, гурехтанӣ шуд. Дар лаби ҷӯйбор ногаҳон пояш ба зарфпораҳо печиду афтод. Ҷаҳонгир ба чизе лағжиду ба сӯрохии пуробе печутоб хӯрда рафт. Ногаҳон Ҷаҳонгир худро миёни моҳиён дид. Гирдогирдаш моҳиён шино доштанд, моҳиёни аҷиб, калон-калон. Ӯ ба худ меандешид: «Чаро моҳиён ин қадар баднамуданд, оби дарё ҳам ғализу бадбӯй». Моҳиён пластикию селофанӣ буданд. Ин ҳолатро дида, Ҷаҳонгир ба воҳима афтод. Ӯ ин манзараро дидан намехост. Ҷаҳонгир ба гиря даромад. Тӯдаи моҳиён Ҷаҳонгирро печониданд. Бадани Ҷаҳонгир ба ларза даромад. Вай овозашро базӯр бароварда гуфт: – Ба шумо чӣ даркор? Аз ман чӣ мехоҳед? Яке аз моҳиҳо, ки пластикӣ буду ба назар сарвари моҳиён менамуд, бо эҳсоси ранҷиш гуфт: – Чаро шумо, одамон, обро ифлос мекунед? Барои чӣ ҳар гуна зарфҳои пластикиву тунука, селофан мепартоед? Мо шакли аслии худро гум кардем. Биё, мо бароят як чизро нишон диҳем. Моҳиҳо атрофи Ҷаҳонгирро печонда, ӯро ба саёҳати зери об раҳнамоӣ мекарданд. Ҷаҳонгир шинокунон аз сарвари моҳиён пурсид: – Маро ба куҷо мебаред? – Мо туро ба назди ҳамон ҷӯйборе мебарем, ки ифлос кардӣ. Шояд аҳволи моро бифаҳмӣ. Ба ин кор шояд дигар даст назанӣ. Ҳангоми шино ҳар гуна чизҳои ба об партофташуда ба сару тани Ҷаҳонгир мечаспиданд. Ҷаҳонгир худро дар доме ҳис менамуд, ба пояш селофан часпида буд, гӯшҳояшро зарфҳои тунука мехарошиданд. Ҷаҳонгир аз кори кардааш сахт пушаймон шуда буд. Дилаш ба ҳоли моҳиён сӯхт. Ҷаҳонгир як лаҳза ба онҳо монанд будани худро тасаввур кард: биниаш зарфи пластикӣ, чашмонаш сарпӯши пластикӣ, мӯйҳояш аз хошок пур, либосаш жандапораҳои селофанӣ, кулоҳаш пӯсти тухм. Шикамаш нимтарбузи бурида буд. Вай ба даҳшат афтод. Ҷаҳонгир бо тамоми овоз фарёд зад: – Намехоҳам! Намехоҳам! Мисли шумо будан намехоҳам! Ногаҳон аз куҷое пойафзоли даридаи резинӣ ба даҳонаш омаду писар хомӯш шуд. Моҳиён Ҷаҳонгирро ба соҳил бурданд. Соҳил пур аз партов буд: истакончаҳои коғазиву пластикӣ, коғазҳои ширинӣ, зарфҳои пластикӣ бо сарпӯшҳои парешон, халтаҳои селофанӣ, бастаҳои офтобпараст. Болои сараш ҳамоно сӯзанак парвоз мекард. – Чаро маро ором намегузорӣ? Бирав! Ба ҳолам гузор! Ҷаҳонгир якбора аз овози худаш бедор шуд. Ба атрофаш назар кард. Фаҳмид, ки ҳамаи ин хоб будааст. Оҳи сабуке кашид. «Хайрият, дар бедорӣ надидам», – ба худ гуфт ӯ. Вале хурсандие дар дилаш эҳсос накард. Вай аз саргаҳи ҷӯй оби тоза гирифта, ба хона баргашт. Ба модар хобашро ҳикоят кард. Модар ба писараш гуфт: Ҳар як хоб таъбире дорад. Писарам, аз ин хобат ибрат гир. Дар ҳар ҷо бепарвоёна гузоштани партов ё партофтани он ба ҳаёти ҳама, махсусан, ҷонварон, хатар дорад. Ҷаҳонгир рӯзи дигар бо чанде аз рафиқон ба назди ҳамон ҷӯй рафт. Онҳо бо худ халтаҳои калон, дастпӯшакҳои корӣ гирифтанд. Рафиқон якҷоя ҷӯйро аз хасу хошок, партовҳо тоза карданд. Халтаҳои селофанию зарф ҳои пластикиро дар борхалтаи калоне ҷамъ оварданд. Ҳама ҷо тоза шуд. Пас аз ин сокинони деҳа дар як моҳ ду маротиба ҷӯйбор ва атрофи онро тоза мекарданд. Ҷаҳонгир дигар барои об ба саргаҳи ҷӯй намерафт. Тамоми ҷӯй аз боло то поён поку зулол буд.

1

БА ХОТИР БИЁРЕД!

пиёдагардон бояд танҳо бо тарафи рости пиёдароҳа ҳаракат бикунанд, то ки ба дигар пиёдагардон халал нарасонанд. дар роҳҳои автомобилгарди берун аз маҳалли аҳолинишин бояд аз канори роҳ ба муқобили ҳаракати нақлиёт ҳаракат намуд, то ки шумо мошинро ва ронанда шуморо хуб дида тавонад. чорроҳа–ҷойи хавфноктарин дар роҳ ба ҳисоб меравад, бинобар ин аз чорроҳа танҳо бо гузаргоҳи пиёдагард ва ҳангоми сабз будани чароғаки пиёдагард гузаштан мумкин аст. пеш аз он ки кўчаро гузаред, аввал ба тарафи чап нигаред. Агар қисми мошингарди роҳ озод бошад, он гоҳ роҳро гузаред. Ҳангоми ба миёнаи (байни) роҳ омадан ба тарафи рост нигаред, агар дар наздикӣ нақлиёт набошад, он гоҳ роҳро боэҳтиёт гузаред. дар хотир дошта бошед, ки то 14- солагӣ бо велосипед ба роҳи мошингард баромадан манъ аст. велосипедрон ҳангоми ҳаракат бояд дастони худро аз рул (суккон) нагирад ва аз қафои мошинҳои ҳаракаткардаистода надорад. ҳеҷ вақт роҳро аз пеши мошини наздикомада давида нагузаред, чунки аз ҳама ронандаи ботаҷриба ҳам мошинро сари вақт боздошта наметавонад. дар назди роҳҳои автомобилгард бозӣ кардан мумкин нест. Барои бозӣ ҷойи махсус ҷудо карда шудааст.

1

ИНТИҚОЛИ (КАШОНИДАНИ) МАКТАББАЧАГОН

Дар шаҳр ва маркази ноҳияҳо барои интиқоли мусофирон одатан автобусу троллейбусҳо ва автомобилҳои сабукрав хизмат мерасонанд. Барои аз хона то мактаб ва аз мактаб то ба хона бурдану овардани кўдакон автобусҳои махсус муқаррар карда шудааст. Дар шароити роҳҳои кўҳистони Тоҷикистон дар маҳалҳои аҳолинишин, ки гаштугузори нақлиёти мусофиркаш (автобусҳо) иҷозат дода намешавад, одамон ба воситаи нақлиёти боркаш, ки махсус барои интиқоли одамон таҷҳизонида мешавад, аз манзил ба манзиле расонида мешаванд. Ин гуна автомобилҳо бо аломати иловагии «Интиқоли кўдакон», ки шакли чоркунҷа дошта, дар дохили он сурати ду бачаи давидаистода акс ёфтааст, ишора карда шудаанд. Чароғҳои наздикбини ин гуна автомобилҳо бояд ҳангоми ҳаракат фурўзон бошанд. Кўдакону наврасон бояд аз канори роҳ, пиёдароҳа ё қафои (ақиб)-и автомобил аз зинапоя ба он савор шаванд. Ҳангоме ки ҳама ба дохили автомобил медароянд, бояд дар ҷойҳои нишаст биншинанд. Дар роҳ ҳангоми ҳаракат супоришҳои шахсони роҳбаладро бояд иҷро намоянд. Дар вақти ҳаракати нақлиёт аз ҷой хестан, дар болои девори бордон (бортҳо) нишастан, аз як ҷо ба ҷойи дигар гузаштан манъ аст. Аз автомобил танҳо аз тарафи пиёдароҳа фуромадан лозим аст. Бачаҳои азиз! Аз болои девори бордон (борт) ба қисми автомобилгарди роҳ ҷаҳидан ба ҳаёт ва саломатиатон хавфнок аст, чунки ба зери чархи мошини ҳаракаткунандаи дигар мондан мумкин аст.

1

ҲАРАКАТИ ПИЁДАГАРДОН ДАР КЎЧАВУ РОҲҲОИ МОШИНГАРД ДАР ШАРОИТИ НОМУСОИДИИ ОБУ ҲАВО

Шароитҳои номусоидии обу ҳаво дараҷаи биниши ронандагон ва пиёдагардонро маҳдуд мегардонад. Масалан, ҳангоми фарорасии торикӣ ва боридани барфу борон шишаҳои пеши автомобилҳо хира шуда, ронандагон ашёи сари роҳро хуб дида ва дарк карда наметавонанд. Беҳтар он аст, ки хонандагон дар ҷузвдон ва сару либоси худ тасмачаҳои нургардон часпонанд, чунки ҳангоми ба он расидани равшании чароғи автомобил ронанда огоҳ мешавад, ки дар роҳ монеае вуҷуд дорад. Бачаҳои азиз! Ҳангоми фарорасии торикӣ ё номусоидии обу ҳаво дар ҷойҳои норавшани роҳ ба қисми автомобилгард набароед, чунки ронанда шуморо аз дурӣ дида ва дар ҳолати зарурӣ мошинро боздошта наметавонад. Дар вақти боридани барф дар роҳ ва шафати он бозӣ накунед, ҳаёти худро зери хатар нагузоред, зеро роҳ лағжонак мешавад ва сари вақт нигоҳ доштани мошин хеле мушкил ва ҳатто ғайриимкон мегардад. Бо ин коратон шумо ҳаёти худро зери хатар мегузоред.

1

ҲАРАКАТИ ГУРЎҲИИ ХОНАНДАГОН ДАР РОҲ

Дар аксар мавридҳо мактаббачагон гурўҳ шуда, ба театр, осорхона, намоишгоҳ ва сайру саёҳат мераванд. Дар чунин ҳолатҳо дар кўчаву роҳҳои автомобилгард чӣ гуна бояд ҳаракат намоянд? Пеш аз ҳама, бачаҳо бояд ба як ё ду қатор саф кашанд. Онҳоро шахсони мутасаддӣ роҳбаладӣ намоянд. Шахсони мушойиаткунанда аз пешу қафои қатор бо байрақчаҳои сурх дар даст ҳаракат мекунанд. Гурўҳ бояд аз тарафи рости роҳи пиёдагард ҳаракат кунад. Дар ҳолати набудани роҳи пиёдагард гурўҳ бояд ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт халал нарасонида, аз канори роҳ ҳаракат намояд. Кўдакону наврасон бояд ҳангоми ҳаракати муташаккил (гурўҳӣ) супоришҳои шахсони мушойиаткунанда (роҳбалад)-ро иҷро намоянд. Бе иҷозати онҳо аз қатор набароянд. Ба кўдакону наврасон аз қатор баромадан ё ба дигар пиёдагардон халал расонидан манъ аст. Ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳи пиёдагардон ҳатман ба ишораи чароғ ё нозири роҳ итоат намудан лозим аст. Шахсони мушойиаткунанда то роҳро пурра гузаштани гурўҳ ҳаракати мошинҳоро боз медоранд. Агар ҳаракат дар чорроҳа ё гузаргоҳ аз тарафи нозири роҳ танзим карда шавад, нозир то роҳро ба пуррагӣ гузаштани гурўҳ ҳаракати воситаҳои нақлиётро боз дошта, бехатарии кўдакону наврасонро таъмин мекунад. Бояд дар хотир дошт, ки ҳаракати муташаккил дар кўчаву роҳҳои автомобилгард шабона қатъиян манъ аст.

0

ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ВЕЛОСИПЕД

Бачаҳои азиз! Ҳар шахс дар овони хурдсолӣ велосипедсавориро дўст медорад. Дар навбати худ, велосипед низ ба воситаи нақлиёт мансуб буда, шахсе, ки онро идора мекунад, ронанда ҳисобида мешавад. Дар асоси талаботи «Қоидаи ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» танҳо пас аз синни 14-солагӣ наврасон метавонанд бо велосипед ба роҳи автомобилгард бароянд. Пеш аз ҳама, онҳо бояд одитарин талаботи қоидаи идора намудани велосипедро донанд, то ки сабабгори сар задани фалокат дар роҳ нагарданд. Пас, хурдсолони азиз, чунон ки огоҳ шудед, то синни 14-солагӣ бо велосипед ба роҳи мошингард баромадани шумо қатъиян манъ аст! Бинобар ин, то синни 14-солагӣ танҳо дар ҳавлӣ, майдон ва майдончаҳои варзишӣ велосипедсаворӣ кардан мумкин аст. Қоидаи ҳаракат дар роҳ амалҳои зерини ронандагони велосипедро манъ менамояд: – суккон (рул)-ро бо як даст дошта ҳаракат кардан; – интиқоли мусофирон, ба ғайр аз тифлони то 7- сола, дар нишастгоҳи иловагӣ, ки бо поймонак муҷаҳҳаз нест; – ҳаракат намудан аз қисми автомобилгарди роҳ дар сурате, ки дар канори роҳ пайроҳаи велосипедронӣ мавҷуд аст; – кашида бурдани велосипедҳо бо дигар воситаҳои нақлиёт.

0

НИГОҲ ДОШТАНИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

Бачаҳои азиз! Барои чӣ автомобилро яку якбора боздошта намешавад? Барои он ки вазн ва суръати ҳаракати автомобил хеле зиёд аст. Вақте ронанда хавфро ҳис менамояду мошинро боздоштанӣ мешавад, як муддати муайян мегузарад. Ин муддат хеле кўтоҳ бошад ҳам, ҳаёти инсонро ҳал мекунад. Роҳе, ки автомобил ҳангоми монеаро дидани ронанда то ба пуррагӣ бозистодани он ҳаракат мекунад, изи тормоздиҳӣ меноманд. Дарозии он аз суръати мошин вобаста аст. Масалан изи тормоздиҳӣ ҳангоми 40км/с 13,1 м-ро ташкил медиҳад. Бинобар ин, мошини ҳаракаткунандаро яку якбора дар ҷояш боздоштан номумкин аст. Агар шумо роҳи автомобилгардро ба тарафҳо нигоҳ накарда, алалхусус дар ҷойҳое, ки барои гузаштани пиёдагардон манъ аст, аз пеши автомобили 12-15м наздикомада гузаред, он гоҳ рух додани фалокат ногузир аст. Ҳаргиз аз пеши автомобили наздикомада давида нагузаред, зеро ин хатарнок аст!

0

ҚОИДАВАЙРОНКУНИҲОЕ, КИ БОИСИ РУХ ДОДАНИ ФАЛОКАТ ДАР РОҲ МЕГАРДАНД

Бачаҳои азиз! Ҳодисае, ки бо иштироки ҳатто як воситаи нақлиёти дар ҳаракатбуда рух дода, боиси ҳалокат ё захмӣ шудани одамон, зарар дидани воситаҳои нақлиёт ва дигар иншоотҳо мегарданд, фалокати роҳу нақлиёт номида мешавад. Чунин ҳодисаҳоро метавон фалокати роҳу нақлиёт номид: – ба ҳам бархўрдани воситаҳои нақлиёт; – пиёдагардро зер кардани воситаи нақлиёт; – бархўрдан ба монеаҳои канори роҳ, яъне симчўб, нақлиёти дар роҳ истода ва ғайраҳо. Фалокати роҳу нақлиёт ҳам бо айби ронандагон ва ҳам бо айби пиёдагардон метавонад ба амал ояд. Ронандагон ҳангоми бо суръати тез ҳаракат кардан, ба ронандаи дигар роҳ надодан, қоидаи гузаштан аз чорроҳаро риоя накардан, ҳангоми сурх будани чароғи роҳнамо гузаштан, дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт ба фалокати роҳу нақлиёт дучор меоянд. Фалокатҳои роҳу нақлиёт инчунин бо сабабҳои аз тарафи пиёдагардон вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат ба амал меоянд. Масалан, агар пиёдагард роҳро аз ҷойҳое, ки барои гузаштан манъ аст ё ҳангоми сурх будани чароғи роҳнамо гузарад яку якбора аз паси монеаҳо ба қисми мошингарди роҳ барояд, аз пеши мошини наздикомада давида гузарад. Инчунин ҳангоми дар қисмати автомобилгарди роҳ бозӣ кардани кўдакону наврасон рух додани фалокати роҳ аз эҳтимол дур нест.

0

МОШИНҲОИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУС

Бачаҳои азиз! Ҳангоми сайругашт дар кўчаҳо мошинҳоеро, ки сигналҳои (бонги) овозӣ ва чароғҳои милтосии сурху сабз доранд ва бо суръати тез ҳаракат менамоянд, мушоҳида кардаед. Ин автомобилҳо аз хадамоти оташнишонӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ ва милитсия мебошанд. Автомобили хадамоти оташнишонӣ ё сўхторхомўшкунӣ ранги сурх дорад, чунки ин ранг диққатҷалбкунанда мебошад. Дар паҳлуи дарҳои кабинаи ин мошинҳо рақами «01» навишта шудааст, ки ин рақами телефони хадамоти оташнишонӣ мебошад. Мақомоти корҳои дохила, яъне «милитсия» низ аз чунин автомобилҳои махсус истифода мебарад. Ранги ин автомобилҳо сафед ё зард буда, навиштаҷоти «милитсия» доранд. Дар паҳлуи дарҳои кабинаи ин мошинҳо рақами «02» навишта шудааст. Дар болои онҳо чароғҳои милтосии рангашон сурху кабуд ва сабз васл шудааст. Автомобилҳои хизматии Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) низ ба қатори мошинҳои таъйиноти махсус дохил мешаванд. Ин автомобилҳо ҳангоми ба ҷойи ҳодиса шитоб доштан, мушойиати корвони мошинҳои меҳмонони олиқадр ва қатори мошинҳое, ки одамонро мекашонанд аз сигналҳои овозии махсус ва чароғҳои милтосӣ истифода мебаранд. Ба қатори автомобилҳои таъйиноти махсус автомобилҳои мақомоти тандурустӣ низ дохил мешаванд. Инҳо автомобилҳои «Ёрии таъҷилии тиббӣ» мебошанд, ки ранги сафед дошта, дар паҳлуҳояшон тасмаи сурх ва рақами «03» кашида шудааст. Агар чунин автомобилҳо сигналҳои овозӣ ва чароғҳои милтосияшонро ба кор андохта бошанд, пиёдагардон ва ронандагони дигар воситаҳои нақлиёт вазифадоранд, ки ба онҳо роҳ диҳанд, то ки онҳо ба ҷойи ҳодиса сари вақт расида тавонанд. Пиёдагардон бояд қисми автомобилгарди роҳро зуд озод намуда, ба канори роҳ ва ё роҳи пиёдагард бароянд.

0

УҲДАДОРИИ МУСОФИРОН

Дар асоси талаботи ҳаракат дар роҳ мусофирон уҳдадоранд, ки: ба воситаи нақлиёт савор шудан ва аз он фуромаданро аз тарафи пиёдароҳа ё канори роҳ ва танҳо баъди пурра бозистодани воситаи нақлиёт анҷом диҳанд; нақлиёти мусофиркашро танҳо дар истгоҳҳо ва дар ҳолати набудани онҳо нақлиётро берун аз қисми автомобилгарди роҳ, дар канори роҳ интизор шаванд; аз тирезаҳои автобусҳо кашол нашаванд; ба нақлиёти мусофиркаш, яъне автобусу троллейбусҳо аз дари қафо савор шуда, аз дари пеш фуроянд; ҳангоми ҳаракат дари нақлиёти мусофиркашро худсарона накушоянд. бачаҳо дар дохили автобусу троллейбус бояд боинтизом бошанд, ба пирону калонсолон роҳу ҷой диҳанд, бозиву мағал накунанд ва аз тирезаҳо дасту сарашонро берун набароранд. Истгоҳҳо дар наздикии гузаргоҳҳои зеризаминӣ, пиёдагард ва чорроҳаҳо ҷойгиранд. Бинобар ин, аз нақлиёт фуромада, то чорроҳа ё гузаргоҳ рафта, роҳро танҳо аз он ҷо гузаштан лозим аст. Баъди фуромадан аз нақлиёти мусофиркаш роҳро бояд аз гузаргоҳ ва дар ҳолати дар наздикӣ набудани гузаргоҳ аз тарафи қафои автомобил гузаранд.

0

МО – МУСОФИР

Бачаҳои азиз! Шумо борҳо дар кўчаву роҳҳои автомобилгард троллейбусу автобусҳои хурду калон ва гуногунро дидаед, ки мусофиронро ба манзил мебаранд. Чунин воситаҳои нақлиёт воситаҳои нақлиёти мусофирбар номида мешаванд. Онҳоро дар ҷойҳои махсус, истгоҳҳо, ки аз сатҳи роҳ каме баландтар ҷойгиранд ва барои мусофирон нисбатан ҷойи бехавфанд, интизор шудан лозим аст. Дар сурати мавҷуд набудани истгоҳ нақлиёти мусофиркашро берун аз қисми мошингарди роҳ, канори роҳ интизор шудан лозим аст. Ҳаргиз дар рўйи роҳ, яъне қисми мошингарди роҳ истода, нақлиётро интизор шудан мумкин нест. Мусофирон ба автобус ё троллейбус бояд бонавбат савор шаванд: аввал пирону калонсолон, занон, баъд наврасон. Занҳои кўдакдор бояд аз дари пеш савор шаванд. Дар даруни автобус ё троллейбус бозиву мағал кардан ё дасту сари худро аз тирезаҳои он берун баровардан мумкин нест. Ба пирону калонсолон ва занҳое, ки кўдаки хурдсол доранд, бояд ҷой диҳем.

0

ИШОРАҲОЕ, КИ АЗ ТАРАФИ РОНАНДАГОН ДОДА МЕШАВАНД

Тавре ки шумо мушоҳида кардед, тамоми намуди автомобилҳо, чӣ боркашу сабукрав ва чӣ мусофиркаш (автобусу троллейбус) чароғи нурафкани гуногунранг доранд. Дар пеши мошинҳо чароғҳо ранги сафед ва зард, дар қафо ранги сурх ва зард доранд. Чароғҳои калони сафеди пеши автомобилҳо барои шабона равшан намудани роҳ хизмат мекунанд. Чароғҳои сурхи ақиби автомобилҳо ҳангоми фурўзон шудан боздоштани воситаи нақлиётро нишон медиҳанд. Ин чароғҳо барои чӣ хизмат мекунанд? Ронандагон ба воситаи ин чароғҳо ронандагони дигар ва пиёдагардонро аз амали худ пешакӣ огоҳ месозанд. Агар чароғҳои зарди чашмакзананда аз тарафи чапи пешу қафо фурўзон шаванд, ин чунин маънӣ дорад, ки ронанда автомобили худро ба тарафи чап мегардонад. Агар чароғи зарди чашмакзанандаи тарафи рост фурўзон шавад, он гоҳ мо пай мебарем, ки ронанда автомобили худро ба тарафи рост гардондан мехоҳад.

0

КАЙҲОННАВАРДИ ХУРДАКАК

Он шаб Амин хеле хастаҳол буд. Ӯ ба ҷойгаҳаш рафт ва зуд хобаш бурд. Амин дар хоб табассум мекард. Ӯ хоб медид, ки кайҳоннавард шудааст: як кайҳоннаварди хурд – бо либоси сабз ва як кулоҳи сафед. Ӯ дар осмон парвоз мекард. Наздики абрҳо, наздики парандаҳо. Кайҳоннаварди хурдакак мехост тамоми дунёро бигардад. Ӯ аз болои кӯҳҳо, ҷангалҳо, дарёҳо ва шаҳрҳо парвоз кард. Парвоз дар осмон хеле зебо буд. Кайҳоннаварди хурдакак ба болои абрҳо рафт. Ӯ ба кураи Замин нигоҳ кард. Кураи Замин хеле хурд буд: мисли тӯби кабуд ранг. Сипас, кайҳоннаварди хурдакаки мо ба сӯйи кураи Моҳ рафт. Моҳ мисли Замин гирд ва аз Замин хурдтар буд: мисли тӯби сафеди бисёр хурд. Кайҳоннаварди ҷасур ба сӯйи Офтоб сафар кард. Офтоб хеле гарм буд. Нури он хеле зиёд буд. Офтоб аз кураи Замин хеле бузургтар буд: мисли як тӯби зарди калон. Кайҳоннаварди хурдакак ба сӯйи ситораҳо парвоз кард. Ситораҳо мисли Офтоб нуронӣ буданд. Онҳо хеле зиёд ва аз кураи Замин хеле дур буданд. Кайҳоннаварди хурдакак мехост ба охири осмон бирасад. Ӯ рӯзҳову шабҳо парвоз кард. Ӯ аз кураи Замин хеле дур шуда буд, вале кайҳоннаварди хурдакак натавонист ба охири осмон бирасад. Модари Амин ба хона даромад. Ӯ Аминро бедор кард. Амин ба осмони кабуд нигоҳе кард. Ӯ ба худаш гуфт: «Ба ростӣ, осмон чӣ қадар бузург аст!» Дориюши Содиқӣ ва Фотимаи Надофӣ

0

ГАП БАЙНИ ХУДАМОН МОНАД…

Меҳрубон қуттии қаламҳои рангаро гирифту ба долон баромад. Каме торик буд. Чароғро равшан кард. Ба худ гуфт, ки модараш аз бозор меояду қоил мешавад. Ба духтараш офарин мегӯяд, сарашро сила мекунад, аз рухсораҳояш мебӯсад. Ҳамсояҳоро садо мекунаду ҳунари Меҳрубонҷонро бо ифтихор намоиш медиҳад. Аз қуттӣ қалами сиёҳро баровард. «Танаи дарахт сиёҳ-ку, ранги сиёҳ даркор. Меҳрубон дар танаи сафеди девори долон дарахти сершоху барг ва гулафшонро кашиданист. … Баробари ба танаи девор наздик бурдани қалам нӯгаш баногоҳ шикаст. Димоғи Меҳрубон сӯхт. Қаламро ба кунҷи хона ҳаво дод. Фикр кард, фикр кард, баъд қалами сабзро аз қуттӣ берун кашид. «Танаи дарахт сабз мешавад», – гуфт худ ба худ. Ин дафъа ҳам нӯги қалам шикаст. Меҳрубон аз алам рӯйи пойандози долон нишаст ва қариб буд, ки гиряро сар диҳад. Аммо фикри дигаре ба хаёлаш омаду аз ҷо бархост: «Ҳеч гап не, бо қалами сурх кашидан мегирам. Очам, ки омаданд, қаламҳоро тез мекунанд, баъд шоху баргу танаро мекашам». Қалами сурхро ба девори сафед наздик бурд, бо эҳтиёт наздик бурд. Ногоҳ қалам ба гап даромад: – Меҳрубонҷон, маро ба девор нарасон, ки нӯгам мешиканад! Меҳрубон даставвал ҳайрон шуд. Магар қалам ҳам гап мезанад? Баъд ба ёдаш омад, ки дар филмҳои тасвирӣ ҳама чиз гап мезанад. Чаро қалами ӯ гап назанад? Далер шуду пурсид: – Чӣ кор кунам, ки нӯги қалам нашиканад? Қалами сурх қоматашро рост гирифту гуфт: «Барои он ки нӯги қалам нашиканад, ба танаи девори сафед нарасон. Агар дар варақи сафед расм кашӣ, намешиканад». Аз гӯшаи долон садои гиря баланд шуд. Меҳрубон дид, ки қаламҳои сиёҳу сабзи нӯгшикаста мегирянд. – Моро шикаста ҳайф кардӣ. Девор ҷойи расмкашӣ нест. Дили Меҳрубон сӯхт. Қаламҳоро аз замин бардошт ва ба даруни қуттӣ ҷо кард. Дид, ки девори сафед забон бароварда мегӯяд: – Ташаккур, Меҳрубонҷон! Агар дар танаи ман расм мекашидӣ, чиркин мешудам. Боз модари бечораат азоб кашида маро сафед мекард. Ҳамин вақт модараш дарро кӯфт. Меҳрубон, пеш аз он ки дарро кушояд, ба қаламҳои ранга ва девори сафед гуфт: Гап байни худамон монад.

0

НАСИҲАТИ БИБӢ

Модарам аз пеши дарвоза садо кард: – Шербой, ҳой Шербой! Зуд биё! Бибиат омаданд, санбӯсаи алафӣ оварданд. Бибиҷонам барои ман фақат санбӯсаи алафӣ меоранд. Медонанд, ки ман дӯсташ медорам. Аз дар даромадаму бӯйи иштиҳоовари санбӯса ба димоғам зад. Санбӯса куҷост? – Дастатро шӯй! – гуфтанд бибиам аз пешониам бӯсида, баъд ҳамроҳ санбӯса мехӯрем. Саросема худро ба тарафи дастшӯяк кашидам. Дастамро тар кардаму баргаштам. Бибиам гуфтанд: – Бибиат садқа! Дастро камаш се бор об гардондан даркор! Боз ба тарафи дастшӯяк давидам, дастамро се бор об гардондаму афшонда- афшонда омадам ва хостам нишинам. Бибиам гуфтанд: – Ҷони бибӣ! Дасти тарро афшондан мумкин нест! Ноилоҷ рафтаму ба дастам собун задам, се маротибаи дигар шустам. Бо дастмол пок кардам. Баъд ба сари дастархон нишастам. – Офарин, бачаякам, – гуфтанд бибиам, – ин насиҳати маро фаромӯш накун!

0

ЧОРРОҲА ВА НАМУДҲОИ ОН

Чунонки шумо аз дарсҳои гузашта медонед, ҷойи ҳамдигарро бурида гузаштани роҳҳоро чорроҳа меноманд. Чорроҳаҳо «+» монанд, «У» монанд ва «Т» монанд мешаванд. Чунонки дар расми зерин мебинед, роҳҳо якдигарро дар як сатҳ мебуранд ва ин чорроҳаи чортарафа ё ҷамъмонанд аст. Дар чорроҳаи «Т» монанд ду роҳ бо ҳам ба шакли «Т» пайваст мешавад. Ин гуна чорроҳаро чорроҳаи сетарафа меноманд. Дар чорроҳа аз ҳар тараф автомобилҳо бонавбат ҳаракат мекунанд. Он ҷойи аз ҳама хавфнок ба ҳисоб меравад. Дар чорроҳаи танзимшаванда ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон бо чароғи роҳнамо ё аз тарафи нозири роҳ танзим карда мешавад. Ронандагон ва пиёдагардон бояд дар чорроҳа хеле бодиққат бошанд ва мувофиқи ишораҳои чароғи роҳнамо ё нозири роҳ амал намоянд. Бинобар ин, чорроҳаро танҳо аз гузаргоҳи пиёдагард ҳангоми фурўзон будани ранги сабзи чароғи роҳнамо гузаштан лозим аст! Дар чорроҳаҳое, ки ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон бо чароғи роҳнамо танзим карда намешавад, пиёдагардон чӣ тавр бояд роҳро гузаранд? Пеш аз гузаштан дар канори гузаргоҳи пиёдагард истода, ба тарафи чап ва рост бояд нигарист. Интизор шавед, ки ҳамаи мошинҳои наздикомадаистода гузашта раванд. Онгоҳ зуд-зуд қадам зада роҳро гузаштан лозим аст. Ҳаргиз роҳро давида гузаштан мумкин нест. Ҳамеша ҳангоми гузаштани қисми аввали роҳ нигаристан ба тарафи чап ва аз қисми дуюми роҳ нигаристан ба тарафи рости роҳро фаромўш накунед.

0

ҚОИДАҲОИ АСОСИИ РАФТОРИ БЕХАТАР ДАР КЎЧАВУ РОҲҲО

Бачаҳои азиз! Ҳамин ки шумо аз хона ба роҳ мебароед, пиёдагард ҳастед, вақте ки ба нақлиёти мусофиркаш мешинед, мусофир ҳисоб меёбед. Мусофирон ҳангоми сафар тасмаҳои бехатарии дар нақлиёт бударо бояд банданд. Ба нақлиёт савор шудан ва аз он фуромаданро аз тарафи пиёдараҳа ё канори роҳ баъди пурра бозистодани воситаи нақлиёт анҷом диҳанд. Мусофирон набояд диққати ронандаро ҳангоми ҳаракат ба сўйи дигар кашанд, даст ё сари худро аз тирезаҳои воситаи нақлиёт ҳангоми ҳаракат ба берун бароранд, зеро ин гуна амалҳо хеле хавфнок буда, боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегарданд. Барои он ки кўчаву роҳро бе хавфу хатар гузаред, бояд ҳатман чунин талаботи ҳаракатро иҷро кунед: – роҳро танҳо дар ҷойҳои муайяншуда: – гузаргоҳҳои пиёдагард, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва рўйизаминӣ ва дар сурати мавҷуд набудани онҳо аз ҷойҳое, кироҳ аз ҳар ду тараф хуб дида мешавад, гузаред; – аз пеши автомобили наздикомада давида нагузаред; – аз паси монеаҳои канори роҳ яку якбора ба қисми автомобилгарди роҳ набароед; – дар ҷойҳое, ки барои пиёдагардон чароғи роҳнамо вуҷуд дорад, кўчаро ҳангоми фурўзон будани ранги сабзи он гузаред; – ҳеҷ гоҳ дар қисмати роҳи автомобилгард бозӣ накунед. Агар ин талаботро ба ҷо оред, ҳеҷ гоҳ дар роҳ ба фалокат дучор намешавед. Дар акси ҳол рух додани фалокат ногузир аст. Мутаассифона, баъзе бачаҳо аз назди нақлиёти наздикомадаистода давида гузаштанро қаҳрамонӣ меҳисобанд ва намедонанд, ки нақлиётро яку якбора боздоштан ғайриимкон аст. Мошин дар як сония, яъне дар як мижа задан, тақрибан 12-15 метрро тай менамояд, аммо пиёдагард дар ин муддат (вақт) ҳамагӣ 1-2 метрро тай мекунад. Агар шумо роҳро аз ҷойҳое, ки барои пиёдагардон манъ аст, гузаред, он гоҳ рух додани фалокат аз эҳтимол дур нест.

0

БАРГҲОИ КАБУД

Зарина ду қалами сабз дошту Ҳамида ягонто надошт. Ҳамида аз Зарина хоҳиш кард: – Зарина, ба ман як қалами сабзатро лутфан бидеҳ. Ҳамида ҷавоб дод: – Аввал аз модарам пурсам. Рӯзи дигар ҳар ду духтарак ба мактаб омаданд. Ҳамида аз Зарина пурсид: – Модарат ба ту иҷозат дод? Зарина оҳе кашида гуфт: – Модарам-ку иҷозат дод, аммо бародарамро напурсидам. – Хайр, бародаратро ҳам пурс, – гуфт Ҳамида. Зарина рӯзи дигар ба мактаб омад. – Бародарат иҷозат дод? – пурсид Ҳамида. – Бародарам иҷозат дод, аммо метарсам, ту қаламамро мешиканӣ. Ман онро эҳтиёт мекунам, – гуфт Ҳамида. – Нигоҳ кун, – гуфт Зарина, – онро тез накун, сахт зер накун, бо дандонҳоят нахой! Бисёр расм накаш! – Ман, – гуфт Ҳамида, – танҳо баргҳои дарахт ва алафҳоро ранг мекунам. – Ин хеле зиёд аст, – абруяшро чин ва рӯяшро турш карда гуфт Зарина. Ҳамида ин ҳолро дида, аз пеши Зарина рафт. Қаламро нагирифт. Зарина ҳайрон шуд ва аз паси вай давида гуфт: – Чӣ шуд? Гир! – Даркор нест! – ҷавоб дод Ҳамида. Дар дарс омӯзгор аз ӯ пурсид: – Ҳамида, чаро баргҳои дарахти ту кабуданд? – Қалами сабз надоштам. – Аз дугонаат напурсидӣ? Ҳамида хомӯш истод. Зарина суп-сурх шуда, гуфт: – Ман ба ӯ қаламро додам, аммо ӯ нагирифт. Омӯзгор ба ҳардуи онҳо нигоҳ карда гуфт: – Бояд қаламро тарзе медодӣ, ки гирифтан мумкин бошад.

0