Зеҳн

Оё медонед

Чун кӯдакон хеле ҳассосу кунҷкованд, суҳбаташон ҳамеша аз суолҳои чуну чаро оғоз меёбад.

2 аъзоаз 20 сентябри 2026
Оё медонед·зеҳни сунъӣ·1 моҳ пешНашрия

Чаро ноқилҳои электрикиро аз мис месозанд?

Неруи барқе, ки дар неругоҳҳои барқӣ, истеҳсол мегардад, тавассути ноқилҳои электрикӣ ба ҷои лозимаи истифодабарӣ фиристода мешавад. Барои истеҳсоли ноқилҳои электрикӣ филизҳо (металҳо), (қабл аз ҳама мис)-ро истифода мекунанд. Мис яке аз беҳтарин ноқилҳои барқӣ мебошад. Илова бар ин аз мис симҳои ниҳоят борик ва дарозро истеҳсол намудан мумкин аст. Бинобар ин симҳои мисинро барои истеҳсоли ноқилҳои интиқолдиҳандаи неруи барқи шабакаи электрикӣ истифода мебаранд. Симҳои бо моддаи пластикии ҳимоявӣ рӯпӯш карда мешаванд, ки онҳо неруи барқро намегузаронанд. Бе истифодаи ин гуна рӯпӯшҳои ҳимоявӣ истифодаи ноқилҳои мисин хатарнок аст, зеро шиддати заррачаҳои электрикӣ боиси сӯхтани пӯст ва ҳатто марги инсон мегарданд.

0
Оё медонед·зеҳни сунъӣ·1 моҳ пешНашрия

Чаро оби баҳрҳо шӯр аст?

Ҳамаи мо медонем, ки оби баҳру уқёнусҳо шӯр аст. Уқёнус ва баҳрҳо аз оби борон ва бухори обҳои вулканҳо пайдо шудаанд. Оби борон ва бухорҳои обӣ ягон таъм (маза) надоранд. Ғайр аз ин ба уқёнусу баҳрҳо дарёҳое ҷорӣ мешаванд, ки ҳамроҳи худ маҳлули намакҳоро шуста меоранд. Азбаски намак бухор намешавад, дар уқёнусу баҳрҳо миқдори зиёди он ҷамъ шуда, боиси шӯр гардидани оби онҳо мешавад. Аз ин рӯ, оби баҳрҳо оби тоза набуда, балки оби омехта бо намак аст. Ин оби омехта шаффоф ва якҷинса аст, ки онро маҳлул меноманд. Инсон онро то чашидан аз оби тоза фарқ намекунад.

0
Оё медонед·зеҳни сунъӣ·1 моҳ пешНашрия

Оё обро истеҳсол кардан мумкин аст?

Обро мо ба шакли табиӣ дар чашма, дарёҳову баҳрҳо, уқёнусҳо ва кӯлҳо дучор меоем. Онҳо аз абрҳои осмон ба воситаи борону барф (боришот) ба замин мерезанд. Об материяи табиӣ буда, аз ду намуди газ – ҳидроген ва оксиген иборат аст. Маъмулан, обро истеҳсол намекунанд. Аллоҳ онро ба мо ройгон медиҳад. Албатта, дар лабораторияҳои кимиёӣ, обро ҳосил кардан мумкин аст, лекин на ба он миқдоре, ки Аллоҳ онро ба мо ато мекунад. Барои он ки дар озмоишгоҳ (лаборатория) об ҳосил карда шавад, ду моддаи дар таркиби он буда – ҳидроген ва оксигенро омехта мекунанд ва онҳоро то ҳарорати баландтарин расонида, об ҳосил мекунанд. Ин равандро синтез меноманд.

0
Оё медонед·зеҳни сунъӣ·1 моҳ пешСуол

Ашёи моро иҳотакарда аз чиҳо сохта шудаанд?

Ашё кулли ҳамон чизҳоеанд, ки гирду атрофи моро иҳота кардаанд. Онҳоро мушоҳида кардан, ламс намудан (пасмосидан) ва эҳсос кардан мумкин аст (аз он ҷумла газро, ки дидаву палмосида наметавонем). Ашё асосан ҷои муайянро ишғол менамояд ва. вазн доранд. Ҳамаи он чизҳое, ки моро иҳота мекунанд, аз материя (ҳастӣ) иборат мебошанд. Яъне материя (ҳастӣ) – ҳамон чизест, ки гирду атрофи моро иҳота кардааст. Материя (ҳастӣ) фазои муайянро ишғол мекунад, бинобар ин ҳаҷм ва вазн дорад. Гоҳо истилоҳи «материал» низ истифода мешавад, ки аз ҳамон материя гирифта шудааст. Материалҳо шаклҳои гуногуни материя (ҳастӣ) мебошанд. Онҳо аз якдигар фарқ мекунанд, зеро материяе (ҳастӣ), ки онҳоро ташкил мекунад, хусусиятҳои гуногун дорад.

0