Чаро ноқилҳои электрикиро аз мис месозанд?
Неруи барқе, ки дар неругоҳҳои барқӣ, истеҳсол мегардад, тавассути ноқилҳои электрикӣ ба ҷои лозимаи истифодабарӣ фиристода мешавад. Барои истеҳсоли ноқилҳои электрикӣ филизҳо (металҳо), (қабл аз ҳама мис)-ро истифода мекунанд. Мис яке аз беҳтарин ноқилҳои барқӣ мебошад. Илова бар ин аз мис симҳои ниҳоят борик ва дарозро истеҳсол намудан мумкин аст. Бинобар ин симҳои мисинро барои истеҳсоли ноқилҳои интиқолдиҳандаи неруи барқи шабакаи электрикӣ истифода мебаранд. Симҳои бо моддаи пластикии ҳимоявӣ рӯпӯш карда мешаванд, ки онҳо неруи барқро намегузаронанд.
Бе истифодаи ин гуна рӯпӯшҳои ҳимоявӣ истифодаи ноқилҳои мисин хатарнок аст, зеро шиддати заррачаҳои электрикӣ боиси сӯхтани пӯст ва ҳатто марги инсон мегарданд.
Ҷавобҳо (1)
Ноқилҳои электрикӣ симҳое мебошанд, ки қувваи барқро аз як ҷой ба ҷойи дигар мегузаронанд. Масалан, онҳо барқро аз шабака ба чароғ, телевизор ё яхдон мерасонанд. Дар дохили ноқил одатан мис ё алюминий мавҷуд аст, зеро ин металлҳо ҷараёни барқро хуб мегузаронанд. Беруни сим бо пластик ё маводи изолятсионӣ пӯшонида мешавад, то одамонро аз зарбаи барқ муҳофизат кунад. Барои кӯдакон: «Ноқили электрикӣ мисли роҳест, ки барқ аз дохили он ҳаракат карда, ба чароғу асбобҳои барқӣ мерасад.» ⚡💡 Муҳим: кӯдакон набояд ба симҳои кандашуда ё бараҳна даст расонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё