
Оё медонед
Чун кӯдакон хеле ҳассосу кунҷкованд, суҳбаташон ҳамеша аз суолҳои чуну чаро оғоз меёбад.
Нон аз чӣ ҳосил мешавад?
Нон як навъи таомест, ки дар тамоми давраҳои тараққиёти ҷомеаи инсонӣ ва тамаддунҳои гуногун вуҷуд дошт. Онро аз орди гандум, ҷав, ҷуворимакка таҳия мекунанд. Барои омода кардани нон аввал ордро бо об омехта мешӯранд ва ба он намак андохта, барои расидани хамир ба он хамиртуруш ҳамроҳ мекунанд. Баъди расидану тайёр шудани хамир онро ба шакли навъҳои гуногуни нон (кулча, фатир, чаппотӣ ва ғ.) дар танӯр ё дастгоҳи барқӣ мепазанд. Вобаста ба сифат ё навъи орд ранги нон сафед, гандумгун, тирарангу сиёҳгуна мешавад.
Маҳсулоти ширӣ чист?
Шир ва йогурт аз ҷиҳати таркиб фарқ мекунанд: шир – моеъ ва йогурт каме ғализтар аст. Йогурт, панир, қаймоқ ва творог (ширтуппа)-ро аз шир ҳосил мекунанд, бинобар ин онҳоро маҳсулоти ширӣ меноманд. Қабл аз он ки шир ба ҷурғот табдил шавад, чандин зинаҳоро тай намуда, коркард мешавад, ки онро ферментатсия меноманд. Ба шарофати ферментатсия ҷурғот турушмаза мешавад.
Моддаи нахустин чист?
Тақрибан ҳамаи маводде, ки мо истифода мекунем, асосан аз ашёи дигар ҳосил карда мешаванд. Масалан, пластмассаро аз нафт ҳосил мекунанд, коғазро аз чӯб. Маводдеро, ки бе коркард ба корхонаҳои истеҳсолӣ оварда мешаванд, моддаи нахустин меноманд. Тамоми маводди табиӣ моддаи нахустин мебошанд: масалан, дарахт – барои истеҳсоли навъҳои гуногуни мебел зарур аст; пахта аз рустанӣ ҳосил мешавад ва барои тайёр кардани матоъ истифода мегардад. Ҳамин тариқ, маъданҳои зиёди табиӣ низ (мисли оҳан, мис ва ғайра) моддаи нахустин ҳисоб мешаванд.
Оё сангҳо афзоиш меёбанд?
Сангҳо мавҷудоти зинда нестанд. Онҳо ҷисмҳои беҳаракат (беҷон) мебошанд. Ҷисмҳои беҳаракат афзоиш намеёбанд. Аз ин сабаб, сангҳо тавассути реза шудан, шикастан, соиш хӯрдан ба ҷисмҳои дигар табдил мешаванд. Масалан, сангҳои дохили кӯл ва дарёҳо шаклан лӯндаву ҳамвор мебошанд, зеро ҷараёни об онҳоро дар давоми солҳои зиёд суфта мекунад.
Чаро дарахтон месабзанд?
Дарахт аз ҷумлаи мавҷудоти зинда мебошад. Тамоми мавҷудоти зинда тавлид мешаванд, ба воя мерасад ва ба ин восита зиёд шуда, дер ё зуд мемиранд. Баъзе дарахтон солҳои зиёд зиндагӣ мекунанд ва дар давоми мавҷудияти худ сабзишро қатъ намекунанд. Дарахтон барои он сабз ва калон мешаванд, ки аз обу замин (хок) ба воситаи решаҳо ғизо мегиранд. Ин ғизоҳо бо таъсири нурҳои Офтоб ба аъзои нав (шоху барг) табдил ёфта, дар натиҷа дарахт (ниҳол) калон мешавад. Ин раванд ба сабзиши инсону ҳайвонот монанд аст, ки онҳо ҳам тавассути ғизохӯрӣ ҷисман калон шуда, ба воя мерасанд.
Чаро баъзе дарёҳо хушк мешаванд?
Дарёҳо обҳои ҷорӣ мебошанд. Дарёҳо, маъмулан, ҳаҷман калон, амиқ ва сероб мешаванд, вале дар баробари ин дарёҳои на он қадар амиқ ва камоб низ ҳастанд. Як қисми оби дарёҳо дар натиҷаи гармии ҳаво бухор мешавад. Агар миқдори оби дарёҳое, ки қисман ба таҳти замин мераванд ва қисман бухор мешаванд, аз миқдори оби сарчашмаашон (аз оби борон, обшавии барфу яхҳо ва ғайра) зиёд шавад, он гоҳ дарёҳо тадриҷан қобилияти ҷоришавиро гум карда, хушк мешаванд. Дарёҳои амиқ ва сероб ҳеч гоҳ хушк намешаванд, аммо баъзе аз дарёҳои камоб дар фасли тобистон хушк мешаванд.
Об дар қутбҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ дар кадом ҳолат аст?
Дар минтақаҳое, ки наздики Қутбҳои шимол ва ҷануби Замин мебошанд, ҳарорат ба – 60 дараҷаи поин аз 0 С мерасад, яъне – 60 С. Дар чунин ҳарорати пасти ҳаво об ях карда, пиряхҳои бузургро ба вуҷуд меорад. Ин пиряхҳо дар қутбҳои Шимолу Ҷануби Замин чандин миллион сол боқӣ мемонанд.
Табдилшавии ҳолати об
Дар мавсими сармо шишаҳои тиреза баъзан хира мешаванд ва ҳарчанд онҳо рӯшноиро гузаронанд ҳам, ба берун нигоҳ карда, чизеро дидан душвор аст. Чунин ҳолат барои он рух медиҳад, ки бухори ҳавои хона ба сатҳи ниҳоят сарди шиша бархӯрда, ба қатраҳои хурди об табдил меёбад. Чунин табдилшавии газ ба моеъ конденсатсия ва ё моеъшавӣ ном дорад. Тавре ки ёдовар шудем, тирезаҳо барои он арақ мекунанд, ки ҳавои гарми хона ба сатҳи хунуки шиша бармехӯрад. Обро ба ягон зарф рехта, бе сарпӯш онро ба яхдон гузоред. Пас аз чанд соат он ба яхпора табдил меёбад. Он зарфро аз яхдон гирифта ба рӯи миз гузоред; пас аз чанд соат ях аз нав об мешавад. Баъд он обро ба чойҷӯш рехта, онро ба оташдон гузоред. Пас аз муддате об ҷӯшида, бухор мешавад. Ҳамин тавр, дар як муддати кӯтоҳ шумо се ҳолати табдилшавии обро мушоҳида мекунед: моеъ, сахт ва газ. Табдилшавии ҷисм аз моеъ ба сахт – сахтшавӣ, аз сахтӣ ба моеъ – гудохташавӣ ва аз моеъ ба газ – бухоршавӣ номида мешавад.
Чаро шишаҳои тиреза арақ мекунанд?
Дар мавсими сармо шишаҳои тиреза баъзан хира мешаванд ва ҳарчанд онҳо рӯшноиро гузаронанд ҳам, ба берун нигоҳ карда, чизеро дидан душвор аст. Чунин ҳолат барои он рух медиҳад, ки бухори ҳавои хона ба сатҳи ниҳоят сарди шиша бархӯрда, ба қатраҳои хурди об табдил меёбад. Чунин табдилшавии газ ба моеъ конденсатсия ва ё моеъшавӣ ном дорад. Тавре ки ёдовар шудем, тирезаҳо барои он арақ мекунанд, ки ҳавои гарми хона ба сатҳи хунуки шиша бармехӯрад.
Абрҳо аз чиҳо иборатанд?
Абрҳо аз заррачаҳои ниҳоят хурди бухори об иборат мебошанд. Бухори об аз қатраҳои хурди заррамонанд иборат буда, дар болои дарё, кӯл ва баҳрҳо, инчунин рӯи баргҳои рустанӣ (шабнам) ва дар вақти нафасгирии мавҷудоти зинда пайдо мешаванд. Ин заррачаҳои хурдтарин хеле сабуканд ва ҳаво онҳоро мебардорад. Аммо, вақте ки ин заррачаҳо сард мешаванд ва бо ҳам омехта мегарданд, онҳоро дигар ҳаво бардошта наметавонад. Дар натиҷа онҳо дар шакли борон, жола ва барф ба замин мерезанд.
Вақте ки ях гарм мешавад, чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?
Вақте ки ях гарм мешавад, ҳарорати он баланд шуда, то ба 00С мерасад. Агар ҳарорат аз ин ҳам баландтар гардад, ях об мешавад. Яъне гармӣ ҳолати яхро дигар мекунад. Ях аз ҷисми сахт ба моеъ табдил меёбад, ки онро обшавӣ меноманд.
Шиша сахт аст ё алмос?
Шишаро маъмулан барои тиреза ва истеҳсоли зарфҳои шишагӣ истифода мебаранд. Вай ҷисми сахт буда, буриданаш хеле душвор аст. Вале ашёи аз он сахттаре вуҷуд дорад, ки ба осонӣ шишаро мебурад. Ин алмос аст. Ашёи сахттарин дар табиат алмос ба ҳисоб меравад. Барои он ки шишаро бибуранд, пораи алмосро истифода мекунанд.
Қуттӣ ва бонкаҳои тунукагии нӯшобагирӣ аз чӣ сохта мешаванд?
Нӯшобаҳои гуногунро ба зарфҳое мегиранд, ки дар шакли лӯла – устувона (силиндр), аз латун ё алюминий (арзиз) сохта шудаанд. Латун гудохтаи ду филиз – мис ва қалъагӣ (синк) мебошад, ки сабук ва мустаҳкам аст. Алюминий низ ҳамчунин мустаҳкам ва сабук мебошад. Ин филизҳоро ба андозае тунук кардан мумкин аст, ки ҳатто ба осонӣ бо қайчӣ метавон бурид. Маъмулан, девораҳои ин гуна зарфҳоро аз латун ва сарпӯшашонро аз алюминий месозанд. Онҳо хеле сабук буда, ба осонӣ ҳамлу нақл (аз як ҷо ба ҷои дигар бурдан) мешаванд. Филизҳо ва гудохтаҳои онҳо боз ду хусусияти дигари фарқкунанда ҳам доранд: онҳоро метавон ба лавҳаҳои тунуктарин ва нахҳои гуногун табдил дод. Хусусияти аввал чаккушхӯр (тунукшаванда) дуввумин бошад, нарм ва ё мулоим ном доранд.
Оё қоғаз аз санг мешавад?
Бале, баъзе навъҳои қоғазро аз санг ҳам месозанд. Онро одатан қоғази сангӣ меноманд. Барои сохтани он сангҳои дорои карбонати калсий, масалан оҳаксангро, майда карда ба хокаи хеле нарм табдил медиҳанд. Сипас ин хока бо миқдори муайяни маводи пайвасткунанда омехта шуда, аз он варақ месозанд. Аммо қоғази оддие, ки мо ҳар рӯз истифода мебарем, асосан аз нахҳои чӯб — селлюлоза тайёр мешавад.
Аз дарахт (чӯб) ба коғаз
Коғаз аз нахҳои селлюлоза, ки асосашро чӯб ташкил мекунад, ҳосил карда мешавад. Чӯбро то ба шакли орд майда мекунанд ва бо об меомезанд. Маҳлули ҳосилшударо бо кислотаи хлорид ва ё воситаҳои дигар сафед мекунанд. Баъд онро бо об омехта карда, аз он нах мегиранд. Маҳсулоти тайёршударо барои он ки рангро ба худ накашад, бо ширеш омехта менамоянд ва ба воситаи лавҳаҳои махсуси филиззӣ пресс (мангана) мекунанд. Баъд онро суфта карда мехушконанд. Маҳсулоти тайёршудаи ниҳоӣ коғаз мебошад
Резина чаро меёзад (дароз мешавад)?
Резина чизест, ки аз латекс ном масолеҳ тайёр карда шудааст. Латекс шираи як навъи рустаниҳост, ки пас аз кашидан, фишурдан ва қат кардан ҳам хусусияти боз ба ҳолати аввала баргаштанро дорад. Ин чиз хусусияти эластикӣ (чандирӣ) ё ёзандагӣ дорад. Резина ёзанда аст, бинобар ин метавонад, ҳангоми кашидан канда нашавад ва шаклаш низ тағйир наёбад. Ёзандагӣ хусусияти масолеҳи муайян буда, бо ҳамин аз ашёи дигар фарқ мекунад. Зеро қисме аз ашё шакли аввалаи худро барқарор карда наметавонанд ва онҳоро ашёи сахт меноманд
Кадоме зиёдтар – 1 литр об ё 1 литр ях?
Вақте ки ҳарорати об то 00С паст мешавад, он ба ях табдил меёбад. Чун медонем, ки вазни об ҳангоми яхбандӣ меафзояд, гумон мекунем як литри оби яхбаста аз як литр об бештар аст. Вале ин тавр нест. Зеро вақти ях бастан ҳаҷми об зиёд мешавад. Муқоиса кунед: 1л об дар ҳарорати 00С – 999 грамм вазн дорад. Аммо 1л ях ҳамагӣ 990 граммро ташкил мекунад. Фаромӯш набояд кард, ки дар ин ҳолат литр на ченаки вазн, балки ченаки ҳаҷм аст.
Вазни об чӣ миқдор аст?
Ҳамаи мо медонем, ки об ҳам вазн дорад. Аммо вазни он вобаста ба ҳолаташ (шаклаш) ва миқдори намаку моддаҳои дигари дар он маҳлулшуда тағйир меёбад. Масалан, дар ҳарорати 40С як литр оби борон – 1кг (1000г) вазн дорад. Агар ин ҳарорат зиёд карда шавад, вазни об кам мешавад. Аз ин рӯ, вазни як литр оби сард нисбат ба як литр оби гарм зиёдтар аст.
Оё ҳаво вазн дорад?
Мисли он ки моҳиён дар об зиндагӣ мекунанд, одамон ва набототу ҳайвоноти рӯи заминро ҳаво иҳота кардааст ва мо гӯё дар ҳаво ғутавар мебошем. Мо мавҷуд будани ҳаворо, ки дар шакли газ ҳаҷм ва вазн дорад, ҳис мекунем. Дар фазои болои мо тақрибан то баландии 60 км ҳаво вуҷуд дорад. Вазни ҳавои рӯи замин дар 1 метри мукааб 1,2 кг аст. Ҳамин тариқ, агар тамоми ҳавои атмосфера дар рӯи замин баробар паҳн шавад, он гоҳ дар ҳар як метри мураббаи рӯи замин аз поён то боло як сутуни 10-тоннагии ҳаво, ё худ сутуни 10 000 кг вазндоштаи ҳаворо тасаввур кардан мумкин аст, ки дар муқоиса бо вазни фил хеле зиёд мебошад.
Оё дар як ҷой якчанд чизро ҷойгир намудан мумкин аст?
Барои таҷриба зарферо аз об пур мекунем ва сипас ягон чизро ба даруни он меандозем. Дар ин вақт каме об аз зарф берун мерезад. Ҳамин тавр агар мо ба болои миз қуттии калонеро гузорем, он гоҳ дар он ҷо чизи дигарро ҷой дода наметавонем, зеро намеғунҷад. Масоҳатеро, ки қуттӣ ишғол кард, ҳаҷм меноманд. Тамоми чизҳои мавҷудбуда дорои хусусияти хос, яъне ҳаҷм ва ҷои ишғолкарда мебошанд. Дар як вақт наметавонем, ки масоҳати ишғолкардаи қуттиро бо дигар чизҳо банд намоем. Ба ғайр аз ҳаҷм ҳамаи чизҳо ва моддаҳо масса ва вазни худро доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё