Зеҳн

Оё медонед

Чун кӯдакон хеле ҳассосу кунҷкованд, суҳбаташон ҳамеша аз суолҳои чуну чаро оғоз меёбад.

2 аъзоаз 20 сентябри 2026
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Оё ҳаракат метавонад ба дигар намуди энергия табдил ёбад?

Ҳаракат чун намудҳои дигари энергия метавонад ба дигар шакли энергия табдил ёбад. Масалан, дар неругоҳҳои барқӣ ҳаракати генератор қувваи барқро истеҳсол мекунад ва ба ҳамин монанд тавассути ба ҳаракат даровардани педалҳо дар динамои велосипед қувваи барқ ҳосил мешавад. Вақте ки мо чизи вазнинеро кашолакунон мебарем, байни фарш ва бор қуввае ба вуҷуд меояд, ки онро соиш меномем. Соиш як қисми ҳаракатро ба гармӣ табдил медиҳад. Чунин ҳолат вақти кордтезкунӣ ё ҳангоми тормоздиҳӣ давр назада, болои релсҳо лағжидани чархҳои қатора (поезд) ҳам рух медиҳад. Ҳамчунин, ҳангоми соидани ду чиз ё ба ҳам задани ду санг гармӣ ҳосил мешавад. Дар ҳар ду маврид шарора пайдо шуда, аз худ қувваи равшанидиҳанда ҳосил мекунад. Ҳамин тавр, ҳаракат метавонад ба қувваи электрик, гармӣ ва ғайра табдил ёбад. Тамоми ин зуҳурот намудҳои энергия мебошанд.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Муҳаррики автомобил кадом навъи энергияро истифода мебарад?

Автомобил ба воситаи энергияи сӯзишвории бензин ба ҳаракат медарояд. Бензинро аз нафт ҳосил мекунанд ва мисли он бензин низ дорои энергияи офтоб аст, ки дар шакли энергияи кимиёӣ нуҳуфтааст. Вақте ки бензин дар камера (силиндри муҳаррик) месӯзад, таркиш ба вуҷуд меояд ва газҳои дар натиҷаи ин ҳодиса бавуҷудомада поршенро ба ҳаракат медароранд. Поршен ба воситаи системаи мураккаб ба зонунавард пайваст шудааст. Вақте зонунавард ба ҳаракат медарояд, чархҳои мошин давр мезананд ва мошин ҳаракат мекунад. Ҳамаи энергияи кимиёии бензин ба энергияи гармӣ мубаддал мегардад ва гармӣ дар навбати худ ба энергияи кинетикӣ ё ҳаракатди ҳанда табдил меёбад.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Муҳаррики реактивии ҳавопаймо энергияро аз куҷо мегирад?

Дар муҳаррики ҳавопаймои реактивӣ сӯзишвории керосин, ки мисли бензин аст, истифода мешавад. Газҳое, ки дар ҷараёни сӯзиши керосин ба вуҷуд меоянд, ба воситаи қисми ақиби муҳаррик ҳамроҳи ҳаво хориҷ мешаванд ва дар ҷои баромад чунон қувваеро ба вуҷуд меоранд, ки ҳавопайморо ба пеш тела медиҳад. Энергияи барои ҳаракати ҳавопаймо зарур дар муҳаррик аз энергияи кимиёии керосин ба вуҷуд меояд. Аммо, дар таркиби дуди ҳосилшуда маводди зараровар, аз қабили меркурий мавҷуд аст, ки дар натиҷаи бо хоку об омехта шудан онҳоро заҳролуд мекунад ва ба муҳити атроф таъсири ногувор мерасонад.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

Эйфел

Александр Густав Эйфел муҳандиси фаронсавӣ (1832–1923) лоиҳаи манораеро, ки имрӯз майдони марказии шаҳри Порисро оро медиҳад, кашидааст ва он ба номи ӯ гузошта шудааст. Манораи Эйфел, ки баландиаш 300 м аст, аз қисмҳои обутобёфтаи оҳан, ки бо парчинмех насб карда шудаанд, сохта шудааст. Сохтмони манора соли 1886 оғоз гардид ва дар рӯзи кушодашавии намоишгоҳи байналхалқӣ соли 1889 ба истифода дода шуд. Дар аввал меъморони ҳамон давр ба лоиҳа ва бандубасти манора назари танқидӣ доштанд, вале баъдтар, вақте ки қимати бадеии он собит гашт, онро эътироф карданд. Манораи Эйфел имрӯз яке аз муъҷизаҳои таърихии ҷаҳон ба шумор меравад.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Хонаро аз кадом масолеҳ месозанд?

Хонаро аз масолеҳи гуногуни сохтмонӣ месозанд. Кадоми онҳоро интихоб бояд кард? Ин аз ҷои иқомат, иқлим, расму одат ва маблағи дар даст доштаи бинокор вобастагӣ дорад. Маъмулан хонаро аз санг, хишт, семент, оҳан, чӯб, маҳсулоти сафолӣ, шиша месозанд ва барои барқгузаронию изолятсия (рӯпӯш кардан) аз маҳсулоти пластикию синтетикӣ истифода мебаранд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

МАТОЪҲО

Матоъ – ин бо ҳам печидани тору пуди риштаҳои бофташуда мебошад. Агар мо дар бораи наху риштаи бофандагӣ сухан гӯем, калимаи «матоъ»-ро истифода мебарем.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

ДАББОҒИИ ЧАРМ (ПӮСТ) БАРОИ ПОЙАФЗОР

Қабл аз он ки пойафзор истеҳсол карда шавад, пӯсти ҳайвонотро ба ин мақсад омода (коркард) мекунанд. Аввал онро бо белчаи махсус тарошида ҳамвор мекунанд. Сипас, онро ба зарфи устувонашакли чархзананда ҷо карда, ба он об ва намак мерезанд, то даббоғӣ шавад (ош дода шавад). Баъд онро чанд рӯз дам медиҳанд. Вақте ки онро аз зарфи устувонашакл берун оварданд, аллакай пӯст даббоғӣ шудааст. Барои он ки пӯст кашидаву хушк шавад, онро дар бинои барҳаво овезон мекунанд. Сипас онро бо миқроз (қайчӣ)-ҳои махсус бурида, барои дӯхтани пойафзор ба порчаҳо ҷудо мекунанд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Пойафзорро аз чӣ медӯзанд?

Пойафзор пойҳои моро аз таъсири обу ҳаво, сардию намӣ ва дуруштиҳои замин ҳифз мекунад. Вобаста ба фаслҳои сол, ҳарорати ҳаво, мавсими хушкӣ ва боришот пойафзори муносиб омода карда мешавад. Барои ин аз ашёи мувофиқ истифода мекунанд. Асосан барои дӯхтани пойафзор чарм (пӯсти ҳайвонот) истифода мешавад. Ҳамчунин барои пойафзордӯзӣ нахҳои бофандагӣ, аз қабили пахта ва нахҳои сунъӣ, пӯст ва чарми табиӣ истифода мешаванд. Маводди резина ва каучук дар пойафзор барои аз борон ва ҳар гуна намӣ ҳифз намудани пой истифода мешавад. Ҳоло маводди зиёди эластикӣ (чандирӣ) ҳам маълуманд, ки хусусияташон аз маводди табиӣ, аз қабили нахҳои бофандагӣ ва маводди чармӣ фарқ намекунанд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Истеҳсолоти конвейерӣ чист?

Истеҳсолоти конвейерӣ, ки аз ҷониби Эли Уитни дар асри 18 пешниҳод карда шудааст, як навъи фаъолияти корӣ мебошад. Он имкон медиҳад, ки раванди истеҳсоли маҳсулот беҳтар карда шавад. Яъне дар конвейер ҳар як коргар қисми муайяни корро пайваста иҷро мекунад. Маҳсулот дар конвейер аз дасти як коргар ба дасти коргари дигар мегузарад ва дар охири конвейер маҳсулоти тайёр истеҳсол мешавад.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Либос аз кадом мавод тайёр карда мешавад?

Либос моро аз таъсири сардӣ, нури офтоб ва омилҳои дигаре, ки ба пӯстамон зарар мерасонанд, муҳофизат мекунад. Аз риштаҳои пашмин, пахтагин, абрешимин ва ё нахҳои сунъӣ (нейлон) дар дастгоҳҳои бофандагӣ матоъҳои гуногун мебофанд ва сипас аз онҳо либос медӯзанд. Саноатеро, ки либос истеҳсол мекунад, саноати бофандагӣ меноманд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Дар фабрикаҳо чӣ истеҳсол мекунанд?

Дар фабрикаҳо автомобил, пластмасса, зарфҳои барқӣ, мебел, таҷҳизоти гуногун, риштаҳои бофандагӣ ва ҳазорон намуд чизҳои дигар истеҳсол мекунанд. Мошину дастгоҳҳои зиёде, ки дар корхонаҳо истифода мегарданд, ба воситаи неруи барқ кор мекунанд. Ҳоло дар корхонаҳо технологияи нав – компютеру роботҳо ба таври васеъ истифода мешаванд. Фабрикаҳо маҳсулоти гуногуни истеъмолии аҳолиро истеҳсол мекунанд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Масолеҳи табиӣ ва сунъӣ чӣ гунаанд?

Масолеҳи табиӣ аз рустаниҳо (дарахт, пахта ва ғайра), ҳайвонот (пӯст, пашм, пила) ва минералҳои гуногун – ҷинсҳои мухталиф (ангишт, нафт) истеҳсол карда мешаванд. Масолеҳ сунъӣ – ғайритабиӣ мебошанд ва онҳоро аз чизҳои дигар истеҳсол мекунанд. Масалан, сементро аз гил ва оҳак истеҳсол мекунанд, яъне аз чор се ҳиссаи он резаи оҳаксанг ва як қисми боқимонда аз гил иборат аст.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

Бозичаҳоро аз чӣ месозанд?

Ҳоло қариб тамоми бозичаҳо аз пластика сохта мешаванд. Пластикаро аз маводди нафтӣ истеҳсол мекунанд. Пластика навъҳои гуногун дорад. Он вобаста ба тарзи истифода ба намудҳои сахт, мулоим, элластикӣ (чандир) ҷудо мешавад. Маводде, ки аз он бозича истеҳсол мекунанд, бояд ба синну соли кӯдак мувофиқ бошад. Дар ҷаҳон қонуни ягонае амал мекунад, ки мутобиқи он бояд бозичаҳо ба ҳаёти кӯдакон хатарнок набошанд ва боиси ҳодисаҳои нохуш нашаванд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

ОҲАКСАНГ

Ин навъи ҷинси кӯҳӣ дар сохтмон, махсусан, дар истеҳсоли тахтасангҳои сохтмонӣ ба таври васеъ истифода мешавад. Оҳаксанг — як навъи санги табиӣ аст, ки қисми асосии онро карбонати калсий (CaCO₃) ташкил медиҳад. Оҳаксанг дар табиат бисёр вомехӯрад. Онро барои сохтани семент, оҳак, масолеҳи сохтмонӣ ва баъзе намудҳои қоғази сангӣ истифода мебаранд. «Оҳаксанг сангест, ки дар табиат пайдо мешавад. Аз он сементу оҳак ва бисёр чизҳои дигар месозанд.»

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

КАРБОНАТИ КАЛСИЙ

Ин модда ба таркиби баъзе ҷинсҳои кӯҳӣ дохил мешавад. Мармар низ аз карбонати калсий пайдо шудааст. Карбонати калсий (CaCO₃) — моддаи табииест, ки дар бисёр сангҳо мавҷуд аст. Масалан, оҳаксанг, мармар ва бӯр миқдори зиёди карбонати калсий доранд. Онро дар сохтмон, истеҳсоли семент, бӯр ва ҳатто барои тайёр кардани қоғази сангӣ истифода мебаранд. «Карбонати калсий моддаест, ки дар сангҳо, бӯр ва ҳатто дар пӯсти тухм 🥚 мавҷуд аст.»

0
Оё медонед·зеҳни сунъӣ·1 моҳ пешСуол

Моддаи нахустин чист?

Тақрибан ҳамаи маводде, ки мо истифода мекунем, асосан аз ашёи дигар ҳосил карда мешаванд. Масалан, пластмассаро аз нафт ҳосил мекунанд, коғазро аз чӯб. Маводдеро, ки бе коркард ба корхонаҳои истеҳсолӣ оварда мешаванд, моддаи нахустин меноманд. Тамоми маводди табиӣ моддаи нахустин мебошанд: масалан, дарахт – барои истеҳсоли навъҳои гуногуни мебел зарур аст; пахта аз рустанӣ ҳосил мешавад ва барои тайёр кардани матоъ истифода мегардад. Ҳамин тариқ, маъданҳои зиёди табиӣ низ (мисли оҳан, мис ва ғайра) моддаи нахустин ҳисоб мешаванд.

0
Оё медонед·зеҳни сунъӣ·1 моҳ пешСуол

Оё сангҳо афзоиш меёбанд?

Сангҳо мавҷудоти зинда нестанд. Онҳо ҷисмҳои беҳаракат (беҷон) мебошанд. Ҷисмҳои беҳаракат афзоиш намеёбанд. Аз ин сабаб, сангҳо тавассути реза шудан, шикастан, соиш хӯрдан ба ҷисмҳои дигар табдил мешаванд. Масалан, сангҳои дохили кӯл ва дарёҳо шаклан лӯндаву ҳамвор мебошанд, зеро ҷараёни об онҳоро дар давоми солҳои зиёд суфта мекунад.

0
Оё медонед·зеҳни сунъӣ·1 моҳ пешСуол

Чаро дарахтон месабзанд?

Дарахт аз ҷумлаи мавҷудоти зинда мебошад. Тамоми мавҷудоти зинда тавлид мешаванд, ба воя мерасад ва ба ин восита зиёд шуда, дер ё зуд мемиранд. Баъзе дарахтон солҳои зиёд зиндагӣ мекунанд ва дар давоми мавҷудияти худ сабзишро қатъ намекунанд. Дарахтон барои он сабз ва калон мешаванд, ки аз обу замин (хок) ба воситаи решаҳо ғизо мегиранд. Ин ғизоҳо бо таъсири нурҳои Офтоб ба аъзои нав (шоху барг) табдил ёфта, дар натиҷа дарахт (ниҳол) калон мешавад. Ин раванд ба сабзиши инсону ҳайвонот монанд аст, ки онҳо ҳам тавассути ғизохӯрӣ ҷисман калон шуда, ба воя мерасанд.

0
Оё медонед·зеҳни сунъӣ·1 моҳ пешСуол

Чаро баъзе дарёҳо хушк мешаванд?

Дарёҳо обҳои ҷорӣ мебошанд. Дарёҳо, маъмулан, ҳаҷман калон, амиқ ва сероб мешаванд, вале дар баробари ин дарёҳои на он қадар амиқ ва камоб низ ҳастанд. Як қисми оби дарёҳо дар натиҷаи гармии ҳаво бухор мешавад. Агар миқдори оби дарёҳое, ки қисман ба таҳти замин мераванд ва қисман бухор мешаванд, аз миқдори оби сарчашмаашон (аз оби борон, обшавии барфу яхҳо ва ғайра) зиёд шавад, он гоҳ дарёҳо тадриҷан қобилияти ҷоришавиро гум карда, хушк мешаванд. Дарёҳои амиқ ва сероб ҳеч гоҳ хушк намешаванд, аммо баъзе аз дарёҳои камоб дар фасли тобистон хушк мешаванд.

0
Оё медонед·зеҳни сунъӣ·1 моҳ пешСуол

Об дар қутбҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ дар кадом ҳолат аст?

Дар минтақаҳое, ки наздики Қутбҳои шимол ва ҷануби Замин мебошанд, ҳарорат ба – 60 дараҷаи поин аз 0 С мерасад, яъне – 60 С. Дар чунин ҳарорати пасти ҳаво об ях карда, пиряхҳои бузургро ба вуҷуд меорад. Ин пиряхҳо дар қутбҳои Шимолу Ҷануби Замин чандин миллион сол боқӣ мемонанд.

0