Пойафзорро аз чӣ медӯзанд?
Пойафзор пойҳои моро аз таъсири обу ҳаво, сардию намӣ ва дуруштиҳои замин ҳифз мекунад. Вобаста ба фаслҳои сол, ҳарорати ҳаво, мавсими хушкӣ ва боришот пойафзори муносиб омода карда мешавад. Барои ин аз ашёи мувофиқ истифода мекунанд.
Асосан барои дӯхтани пойафзор чарм (пӯсти ҳайвонот) истифода мешавад.
Ҳамчунин барои пойафзордӯзӣ нахҳои бофандагӣ, аз қабили пахта ва нахҳои сунъӣ, пӯст ва чарми табиӣ истифода мешаванд. Маводди резина ва каучук дар пойафзор барои аз борон ва ҳар гуна намӣ ҳифз намудани пой истифода мешавад.
Ҳоло маводди зиёди эластикӣ (чандирӣ) ҳам маълуманд, ки хусусияташон аз маводди табиӣ, аз қабили нахҳои бофандагӣ ва маводди чармӣ фарқ намекунанд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё