Муҳаррики автомобил кадом навъи энергияро истифода мебарад?
Автомобил ба воситаи энергияи сӯзишвории бензин ба ҳаракат медарояд.
Бензинро аз нафт ҳосил мекунанд ва мисли он бензин низ дорои энергияи офтоб аст, ки дар шакли энергияи кимиёӣ нуҳуфтааст. Вақте ки бензин дар камера (силиндри муҳаррик) месӯзад, таркиш ба вуҷуд меояд ва газҳои дар натиҷаи ин ҳодиса бавуҷудомада поршенро ба ҳаракат медароранд. Поршен ба воситаи системаи мураккаб ба зонунавард пайваст шудааст. Вақте зонунавард ба ҳаракат медарояд, чархҳои мошин давр мезананд ва мошин ҳаракат мекунад. Ҳамаи энергияи кимиёии бензин ба энергияи гармӣ мубаддал мегардад ва гармӣ дар навбати худ ба энергияи кинетикӣ ё ҳаракатди ҳанда табдил меёбад.
0
Ҷавобҳо (1)
АХ
Ахбор25 рӯз пеш
Автомобили барқӣ — энергияи электриро аз батарея истифода мебарад ва онро ба ҳаракат табдил медиҳад.
0

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё