Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

ДАББОҒИИ ЧАРМ (ПӮСТ) БАРОИ ПОЙАФЗОР

Қабл аз он ки пойафзор истеҳсол карда шавад, пӯсти ҳайвонотро ба ин мақсад омода (коркард) мекунанд. Аввал онро бо белчаи махсус тарошида ҳамвор мекунанд.

Сипас, онро ба зарфи устувонашакли чархзананда ҷо карда, ба он об ва намак мерезанд, то даббоғӣ шавад (ош дода шавад).

Баъд онро чанд рӯз дам медиҳанд. Вақте ки онро аз зарфи устувонашакл берун оварданд, аллакай пӯст даббоғӣ шудааст. Барои он ки пӯст кашидаву хушк шавад, онро дар бинои барҳаво овезон мекунанд.

Сипас онро бо миқроз (қайчӣ)-ҳои махсус бурида, барои дӯхтани пойафзор ба порчаҳо ҷудо мекунанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.