Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Муҳаррики реактивии ҳавопаймо энергияро аз куҷо мегирад?

Дар муҳаррики ҳавопаймои реактивӣ сӯзишвории керосин, ки мисли бензин аст, истифода мешавад. Газҳое, ки дар ҷараёни сӯзиши керосин ба вуҷуд меоянд, ба воситаи қисми ақиби муҳаррик ҳамроҳи ҳаво хориҷ мешаванд ва дар ҷои баромад чунон қувваеро ба вуҷуд меоранд, ки ҳавопайморо ба пеш тела медиҳад. Энергияи барои ҳаракати ҳавопаймо зарур дар муҳаррик аз энергияи кимиёии керосин ба вуҷуд меояд. Аммо, дар таркиби дуди ҳосилшуда маводди зараровар, аз қабили меркурий мавҷуд аст, ки дар натиҷаи бо хоку об омехта шудан онҳоро заҳролуд мекунад ва ба муҳити атроф таъсири ногувор мерасонад.

0

Ҷавобҳо (1)

АХ
Ахбор25 рӯз пеш

Таҷриба бо пуфак Пуфакро дам кунед ва ҳангоме ки он аз ҳаво пур шуд, ба боло бардошта, сар диҳед. Он гоҳ мебинед, ки пуфак дар натиҷаи шиддати баланди берун шудани ҳавои дохили он, чанд метр парида меравад. Агар ба ин ҳодиса диққат диҳед, мушоҳида мекунед, ки хатти парвози пуфак муқобили самти баромади ҳавои дохили он мебошад. Ин таҷриба тарзи парвози ҳавопаймои реактивиро нишон медиҳад.

0