Батарейкаҳои истифодашударо дар куҷо нигоҳ медоранд?
Батарейкаҳои барқӣ аз ҷумлаи маводди зарурии ҳаёти инсонанд. Онҳо барои ҳаракату ба кор даровардани бозичаҳои гуногун, соатҳову радиопрёмникҳо, аппаратҳои суратгирӣ ва амсоли инҳо мусоидат мекунанд.
Батарейкаҳо дар таркибашон филиззоти заҳрнок доранд, ки дар сурати омезиш бо хоку об онҳоро заҳролуд мекунанд.
Албатта, ин заҳролудшавӣ ба инсон, ҳайвоноти рӯи замин ва дарёву баҳрҳо, инчунин муҳити атроф зарар мерасонад. Барои ин батарейкаҳои истифодашударо ба нуқтаҳои қабул супоридан лозим аст.
Онҳоро ҳаргиз ба зарфи партов ва гирду атроф партофтан мумкин нест.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё