Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·29 рӯз пешСуол

Чаро ба ҷисми мо энергия лозим аст?

Организми мо барои иҷрои вазифаҳои зерин қувва (энергия)-и аз маводди ғизоӣ гирифтаашро сарф мекунад:

1. Барои таъмини фаъолияти тамоми узвҳои бадан.

2. Барои таъмини ҳарорати муътадили бадан (36,5–37 С) дар вазъи гуногуни обу ҳаво (ҳам гармӣ ва ҳам сардӣ).

3. Барои таъмин намудани сабзиши ҷисм, яъне барои организм бофтаҳои нав ҳосил мекунад ва кӯдак ба воя мерасад. Маълум аст, ки инсон дар кӯдакӣ ва наврасӣ ба воя мерасад, вале дар давоми тамоми ҳаёт организм инкишоф меёбад ва фаъолият мекунад.

4. Барои таъмин намудани фаъолият ва ҳарорати муътадили мушакҳои бадан. Мантиқан ҷисми одамони ба корҳои ҷисмонӣ ва варзиш машғулбуда, нисбат ба онҳое, ки ба фаъолияти ҷисмонӣ камтар машғуланд, энергияи зиёдро талаб мекунад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.