Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·29 рӯз пешСуол

Энергия чист?

Бо чанд калима энергияро баён кардан душвор аст, вале аз рӯи амалаш дарк кардан мумкин аст, ки он чист. Мисол меорем: Бадани мо қобилияти ҷамъ кардану сарф намудани энергияро дорад. Агар ин тавр намебуд, мо ҳаракат карда, чизеро ҷунбонда наметавонистем, таҳсил намекардем, нафас намекашидем, фикр намекардем ва ғайра. Зеро бе энергия ягон мавҷудот тағйир намеёбад ва ҳаракат намекунад.

Энергия метавонад, дар шаклҳои гуногун зуҳур ёбад. Гармӣ як навъи энергия аст, зеро ҳолати чизҳоро тағйир медиҳад, яъне яхро об мекунад, ҳарорати чизҳоро боло мебардорад, филизро мегудозад. Қувваи барқ низ як намуди энергия аст: гармӣ меофарад, хунук мекунад, рӯшноӣ медиҳад, ба ҳаракат медарорад ва ғайра. Навъҳои дигари энергия низ вуҷуд доранд: неруи садоафзо, рӯшноибахш, кимиёӣ, кинетикӣ ва ғайра. Ҳамаи инҳо қодиранд, ки ҳолати ҷисмҳоро тағйир диҳанд.

Ҳамин тариқ, энергияро метавон тағйирдиҳандаи ҳолати тамоми чизҳои атрофи мо шуморид.

0

Ҷавобҳо (1)

АХ
Ахбор29 рӯз пеш

Маводду ашё, набототу ҳайвонот, одамон ва ҳамаи он чизҳое, ки дар табиат ва дунё мавҷуданд, ба энергия барои тағйири ҳолат, ҳарорат, сабзиш (нумув) ва ҷойивазкунӣ эҳтиёҷ доранд. Ягон намуди фаъолият бидуни энергия имкон надорад. Бидон, ки энергияро аз куҷо мегиранд, чӣ гуна ҳосил мекунанд ва чӣ тавр истифода мебаранд.

0