Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·29 рӯз пешСуол

Офтоб энергияи худро аз куҷо мегирад?

Офтоб ба мисли гулхани бузургест, ки сӯхтани он бо ҳарорати ниҳоят баланди газҳои ҳидроген ва ҳелий таъмин мешавад.

Замин энергияи Офтобро 4600 миллион сол боз мегирад. Ҳанӯз то асри 20 олимон медонистанд, ки Офтоб чун гулхан доимо месӯзад, вале сӯзишвориаш тамом намешавад.

Илм дар оғози асри 20 сабаби ин ҳодисаро муайян кард. Офтоб энергияи худро дар натиҷаи раванде мегирад, ки онро синтези ядроӣ меноманд. Ин раванд чунин аст, ки атомҳои ҳидроген (обзо) ҷамъ шуда, атоми ҳелийро ташкил мекунанд. Ин омезиш чунон энергияе ҳосил мекунад, ки ба Офтоб имкон медиҳад, то гармию нурҳояшро ба Замин ва сайёраҳои дигар дар давоми миллионҳо сол равон кунад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.