
Оё медонед
Чун кӯдакон хеле ҳассосу кунҷкованд, суҳбаташон ҳамеша аз суолҳои чуну чаро оғоз меёбад.
Ҳангоми истифодаи неруи барқ кадом тадбирҳои эҳтиётиро бояд риоя кард?
Вақте ки дастатон ба сими лучи ҷараёни барқ мерасад, гӯё ба баданатон зарбаи сахти электрикӣ ворид мегардад. Агар шиддатнокии он баланд бошад, вай метавонад одамро бикушад ё ба таври ҷиддӣ ӯро сӯзонад. Агар шиддат пасттар бошад, он чун рагкашии сабук ҳис карда мешавад. Зарур аст, ки аснои бо асбобҳои барқӣ кор кардан ба таври ҷиддӣ қоидаҳои муносибат бо онҳоро риоя намуд. Бо дасти тар асбобҳои барқиро гирифтану доштан мумкин нест, зеро об аз худ ҷараёни барқро бештар мегузаронад. Ҳеч гоҳ сутуни чароғҳои кӯчагӣ ва симчӯбҳои телефонро парма накунед, ҳамчунин ба минтақае, ки навиштаҷоти «Хавфнок» ва ё «Шиддатнокии баланд» овехта шуда бошад, наздик наравед.
Сарбанд чист?
Сарбанд — девор ё монеаи хеле мустаҳкамест, ки онро дар роҳи дарё месозанд, то обро нигоҳ дорад. Дар паси сарбанд об ҷамъ шуда, обанбор ба вуҷуд меояд. Оби ҷамъшударо барои обёрӣ, нӯшидан ва истеҳсоли нерӯи барқ истифода мебаранд. Ба забони сода: сарбанд мисли девори калонест, ки пеши обро мегирад.
Обанбор чист?
Обанбор — ҷойест, ки дар он миқдори зиёди об ҷамъ ва нигоҳ дошта мешавад. Одатан обанборро бо сохтани сарбанд дар рӯдхона месозанд. Оби обанборро барои нӯшидан, обёрии заминҳо, истеҳсоли нерӯи барқ ва дигар корҳои хоҷагӣ истифода мебаранд. Масалан, обанборро метавон ба як кӯли сунъии калон монанд кард, ки одамон онро барои захира кардани об месозанд.
Оё аз энергияи офтоб неруи барқ ҳосил намудан мумкин аст?
Манбаи тамоми навъҳои энергия офтоб аст. Албатта, ғайр аз рӯшноӣ ва гармӣ мо аз офтоб бевосита неруи дигар гирифта наметавонем. Олимони зиёде орзу мекарданд, ки энергияи офтобро бевосита истифода бурда, аз он неруи барқ истеҳсол кунанд. Солҳо онҳо кӯшиш менамуданд, то неругоҳи барқии офтобӣ созанд. Ҳарчанд, яке аз чунин лоиҳаҳо бомуваффақият анҷом ёфт, аммо неругоҳи барқии офтобӣ хеле харҷи гарон дорад ва илова бар ин чандон неруи зиёд ҳосил намекунад. Чунин технология дар моҳвораҳои сунъӣ ва минтақаҳое, ки дар он ҷо шабака – симтаноби ноқилӣ гузарондан имкон надорад, истифода мешавад. Инчунин онро барои таҷриба дар боми хонаҳо ва автомобилҳо низ гузошта истифода мебаранд. Неругоҳҳои офтобиро – неругоҳҳои фотогалваникӣ меноманд. Системаи мазкур аз лавҳаҳое иборат аст, ки аз нурҳои офтоб энергия қабул карда, онро ба неруи барқ табдил медиҳад.
Неруи барқ дар куҷо ҳосил карда мешавад?
Неруи барқро дар неругоҳҳои барқӣ истеҳсол мекунанд. Ҳоло якчанд намуди неругоҳҳои барқӣ мавҷуд аст, ки муҳимтарини онҳо дар ҷаҳон неругоҳҳои ҳароратӣ, атомӣ ва обӣ мебошанд. Дар неругоҳҳои ҳароратӣ ба воситаи сӯзондани ангишт ва нафт неруи барқ ҳосил мекунанд. Дар дегҳои бузург ба воситаи сӯзишвориҳои номбурда обро меҷӯшонанд ва буғи аз он ҳосилшуда чархҳо – турбинаҳоро ба ҳаракат медарорад ва турбинаҳо генераторҳоро ба кор медароранд. Генератор чарх зада, неруи барқ ҳосил мекунад. Дар неругоҳҳои обӣ об аз сарбанд, ки дар дарёҳо сохта мешавад, ба турбинаҳо мерезад ва онҳоро ба гардиш медарорад. Турбина чарх зада, генераторҳоро ба кор медарорад ва дар натиҷа неруи барқ ҳосил мешавад. Дар неругоҳҳои атомӣ маъдани кӯҳие, ки дар таркибаш уран дорад, истифода мешавад. Пас аз коркарди маъдан вай неруи атомӣ ҳосил мекунад ва дегҳои бузурги пуробро меҷӯшонад. Буғи ҳосилшуда турбинаҳоро чарх занонда, неруи барқ ҳосил мекунад.
Неруи барқ барои чӣ истифода мешавад?
Неруи барқ як навъи энергия мебошад, ки хонадони моро обод мекунад, фаъолияти корхонаҳо, мағозаву идораҳо, инчунин кори бомароми боғи истироҳату фароғати бачагонро таъмин менамояд. Мо неруи барқро барои равшан кардани хонаҳо, тайёр кардани хӯрок, тару тоза нигоҳ доштани меваҷоту сабзавот, таъмини кори компютерҳо ва ҳаракати бозичаҳо истифода мебарем. Гуфтан мумкин аст, ки пас аз кашф намудани оташ истифодаи неруи барқ оғоз ёфта, барои пешрафту тараққиёти инсоният хизмати босазое кардааст.
Кашфи оташ чӣ аҳаммият дошт?
Ҳаёти инсонро ҳоло бе оташ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Шояд одамони қадим ба ҳарорати берун одат карда, зиндагии худро ба рӯшании офтоб мутобиқ намуда буданд. Кашфи оташ ҳаёти одамони қадимро хеле тағйир дод. Бо ёрии оташ онҳо бошишгоҳ ва манзили зисташонро равшан намуда, худро аз хунукӣ муҳофизат мекарданд ва хӯрок тайёр менамуданд. Дертар ба шарофати оташ онҳо филиззотро гудохта, ҳар гуна олат (силоҳ) месохтанд.
Оё энергияро истеҳсол кардан мумкин аст?
Инсон энергия истеҳсол карда наметавонад, вай фақат онро тағйир дода метавонад. На ҳайвонот, на мошин – ҳеч кас ва ҳеч чиз қудрати онро надорад, ки энергия офарад ва ё онро нест кунад, лекин онро тағйир додаву истифода карда метавонад. Об, шамол, офтоб захираҳои бузурги энергия доранд, вале агар инсон онҳоро ба энергияи фоиданок табдил намедод, ҳамаи ин захираҳо бефоида мемонданд. Ҳамин тариқ, энергияи шамол (бод)-ро метавон ба неруи барқ табдил дод. Ё ба чархи велосипед генератор васл намуда, метавон ба воситаи чарх занондани педал, қувваи кинетикиро ба неруи барқ табдил дод. Телевизор неруи барқро ба рӯшноӣ ва садо табдил медиҳад.
Энергия чист?
Бо чанд калима энергияро баён кардан душвор аст, вале аз рӯи амалаш дарк кардан мумкин аст, ки он чист. Мисол меорем: Бадани мо қобилияти ҷамъ кардану сарф намудани энергияро дорад. Агар ин тавр намебуд, мо ҳаракат карда, чизеро ҷунбонда наметавонистем, таҳсил намекардем, нафас намекашидем, фикр намекардем ва ғайра. Зеро бе энергия ягон мавҷудот тағйир намеёбад ва ҳаракат намекунад. Энергия метавонад, дар шаклҳои гуногун зуҳур ёбад. Гармӣ як навъи энергия аст, зеро ҳолати чизҳоро тағйир медиҳад, яъне яхро об мекунад, ҳарорати чизҳоро боло мебардорад, филизро мегудозад. Қувваи барқ низ як намуди энергия аст: гармӣ меофарад, хунук мекунад, рӯшноӣ медиҳад, ба ҳаракат медарорад ва ғайра. Навъҳои дигари энергия низ вуҷуд доранд: неруи садоафзо, рӯшноибахш, кимиёӣ, кинетикӣ ва ғайра. Ҳамаи инҳо қодиранд, ки ҳолати ҷисмҳоро тағйир диҳанд. Ҳамин тариқ, энергияро метавон тағйирдиҳандаи ҳолати тамоми чизҳои атрофи мо шуморид.
Коғази истифодашударо чӣ кор мекунанд?
Тавре ки гуфтем, коғазро аз чӯб, партовҳои найшакар ва рустаниҳои дигар месозанд. Бинобар ин он муҳити атрофро он қадар ифлос намекунад. Вале азбаски ҳангоми тайёр кардани он баъзе маводди заҳрнок, ба мисли маводди шустагариро истифода мебаранд, беҳтар аст, ки коғазҳои истифодашуда (рӯзнома, маҷалла ва ғайра) ба марказҳои қабули коғаз супорида шаванд. Зеро дар корхонаҳои коғазбарорӣ баъди коркарди дубора аз онҳо коғазҳои хушсифат истеҳсол мекунанд.
Батарейкаҳои истифодашударо дар куҷо нигоҳ медоранд?
Батарейкаҳои барқӣ аз ҷумлаи маводди зарурии ҳаёти инсонанд. Онҳо барои ҳаракату ба кор даровардани бозичаҳои гуногун, соатҳову радиопрёмникҳо, аппаратҳои суратгирӣ ва амсоли инҳо мусоидат мекунанд. Батарейкаҳо дар таркибашон филиззоти заҳрнок доранд, ки дар сурати омезиш бо хоку об онҳоро заҳролуд мекунанд. Албатта, ин заҳролудшавӣ ба инсон, ҳайвоноти рӯи замин ва дарёву баҳрҳо, инчунин муҳити атроф зарар мерасонад. Барои ин батарейкаҳои истифодашударо ба нуқтаҳои қабул супоридан лозим аст. Онҳоро ҳаргиз ба зарфи партов ва гирду атроф партофтан мумкин нест.
Аз пасмондаҳои пластикӣ чӣ сохтан мумкин аст?
Зиёда аз чоряки пасмондаҳои ба қуттиҳои партов партофтаи моро маводди пластикӣ ташкил медиҳанд. Маҳсулоти пластикиро коркард кардан, яъне об кардан мумкин аст, то ки аз он дигар ашё созем. Аз пластикаи коркардшуда либосовезак, мизу курсиҳо, қуттии партовгирӣ ва амсоли инҳоро сохтан мумкин аст. Пластикаи партофтаи коркарднашуда муҳити атрофро нопоку ифлос мекунад, чунки вай худ аз худ вайрон намешавад.
Аз шиша чӣ тайёр мекунанд?
Бисёр маҳсулоте, ки мо истеъмол мекунем, аз ҷумла, консерваҳо, шарбатҳои гуногун, нӯшобаҳо ва амсоли инҳо дар зарфҳои шишагӣ нигоҳ дошта мешаванд. Шиша аз ҷумлаи зарфҳоест, ки агар нашиканад, онро дубора истифода кардан мумкин аст. Вале пас аз коркарди шишаҳои шикаста, аз онҳо зарфҳои нав истеҳсол намуда, барои нигоҳдории машруботу нӯшобаҳо истифода мебаранд. Ҳоло дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳр нуқтаҳои қабули зарфҳои шишагӣ мавҷуданд, ки вазифаи онҳо ҷамъоварӣ намудану барои коркард фиристодани шишаҳо мебошад.
Алоҳида ҷамъ овардани пасмондаҳо чӣ зарурат дорад?
Ҳамарӯза мо миқдори зиёди маҳсулотро истифода мебарем, ки дар маҷмӯъ боиси ғуншавии пасмондаҳо ва партофтаҳо, аз қабили қуттиҳои консерва, коғазхалтаҳо, шишаҳо, коғаз, борҷомаву ҷилдҳо ва амсоли инҳо мегарданд. Дар баъзе мамлакатҳо оилаҳои иборат аз чор нафар рӯзе қариб се килограмм пасмондаро ҷамъ меоранд. Тасаввур кунед, ки ҳар рӯз дар шаҳрҳое, ки аҳолиашон чандсад ҳазор ё миллион нафарро ташкил медиҳад, чӣ миқдор пасмонда ҷамъ мешавад. Аз ин рӯ, пасмондаҳоро доиман коркард намудан зарур аст. Барои ин дар шаҳрҳои замонавӣ ҷамъоварии ҷудогонаи партовҳо пешбинӣ карда мешавад. Яъне партовҳоро вобаста ба қисмати таркибиашон ба намудҳои гуногун: коғазу картон, қуттиҳои консерва, шиша, пластика ва маводди ба тариқи табиӣ коркардшаванда тақсим мекунанд. Баъди муддати муайян, вобаста ба усули таҷзияи биокимиёвӣ, онҳо коркард ё нобуд карда мешаванд.
Пасмондаҳои хӯрокро чӣ кор мекунанд?
Пасмондаҳои хӯрокро дар як ҷо ҷамъ овардан ё ба замин рехтан мумкин нест, зеро бактерияҳои таркиби партовҳо барои вайроншавии боқимондаҳои гӯшт, моҳӣ ва меваҷот мусоидат карда, боиси бадбӯӣ ва пӯсиши онҳо мегарданд. Дар шаҳрҳо пасмондаҳои аз хонаҳо ҷамъшуда ба партовгоҳи беруни шаҳр кашонда мешавад. Як қисми пасмондаҳо коркард шуда, қисми дигарашро месӯзонанд. Вақти зарурии пурра вайроншавии ашёи дар замин гӯрондашуда коғаз 15 рӯз куттии консерва 20 сол зарфи шишагӣ солҳои зиёд халтаи пластикӣ — тақрибан 10–20 сол зарфи пластикии нӯшокӣ — тақрибан 450 сол риштаи моҳидории пластикӣ — то 600 сол баъзе навъҳои пластик — метавонанд садҳо сол боқӣ монанд.
Партовгоҳҳоро чӣ гуна истифода мебаранд?
Партовҳои зиёдро дар як ҷой ҷамъ кардан ба манфиати кор нест. Бо гузашти замон онҳоро нобуд бояд кард. Партовҳои сахтро зеру ҳамвор карда, ба рӯяш қабати ғафси хок мекашанд, то ки ҳангоми боришот обҳои ҷӯю рӯдхонаҳоро ифлос насозад. Баъзан партовгоҳҳоро тадриҷан ба ҷангалу боғистон, биноҳои иқоматӣ, марказҳои фароғатию дилхушӣ табдил медиҳанд. Баъзан дар ҳудуди партовгоҳҳо корхонаҳои саноатии коркарди партовҳо бунёд карда мешаванд, ки онро ба маҳсулоти манфиатовар табдил медиҳанд.
Партовгоҳ (мазбала) чист?
Мазбала ҷоест, ки тамоми чизҳои нодаркори дар рӯзгор истифодашуда ба он ҷо оварда партофта мешаванд. Ҳамчунин партовгоҳҳои назоратшаванда мавҷуданд, ки дар он партофтаҳои сахти аз хонаҳои аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ ҳосилшуда нигоҳ дошта мешаванд. Баъди муддате партофтаҳои ҷамъшударо бо усули фишори сахт чандин қабат карда нигоҳ медоранд. Партовгоҳҳо, аслан, бояд таҳти назорати қатъӣ қарор дошта бошанд, то ки пеши роҳи паҳншавии бемориҳо ва ифлосшавии муҳити зист гирифта шавад. Вайроншавӣ Ҳолати вайрон шудан ва пӯсидани ягон хел маҳсулот ё маҳлул Сӯзонидан Бо мақсади гирифтани хокистар дар печҳои махсус сӯзонидани ягон чиз. Коркард Аз маҳсулоти истифодашуда тайёр кардани чизи нав.
Худ атр бисоз
Ба шишае одеколон бирез. Ба он ягон маҳлули дигарро, ки бӯяш ба ту писанд аст, мисли барги гул ё навдаи рустании хушбӯйро ҳамроҳ намо. Даҳони зарфро маҳкам карда, онро якчанд рӯз нигоҳ дор. Баъд онро полонда дар зарфи шишагӣ бигир. Агар бӯи хуши зарф баланд бошад, ба он камтар об ҳамроҳ намо.
Атр аз чӣ тайёр мешавад?
Атр моддаест, ки бӯи хуш дорад. Вай аз равғанҳои рустаниву ҳайвонот истеҳсол карда мешавад. Онро инчунин ба таври сунъӣ аз маҳсулоти нафтӣ низ омода мекунанд. Атрҳои аз рустанӣ ҳосилшуда равғанҳои хушбӯй доранд, ки онҳоро аз қисмҳои ҷудогонаи рустаниҳо – реша, пӯстлох, барг, шира ва гули он тайёр мекунанд. Атрҳое, ки аз равғани ҳайвонот, масалан, аз навъҳои кит ва қундуз мегиранд, ҳамчун маводди мустаҳкамкунандаи атриёт истифода мешаванд. Равғанҳои рустаниро бо маводди ёрирасон дар спирт маҳлул мекунанд ва ба шишаҳои махсус барои истифодабарӣ мерезанд.
Маҳсулоти хӯроквориро чӣ тавр нигоҳ медоранд?
Асосан, мо хӯроквориро дар намуди асл, яъне табиӣ истеъмол мекунем. Аксари хӯроквориҳо аз таъсири бактерияҳо, равшанӣ ва ҳаво ба зудӣ вайрон мешаванд. Ҳоло маҳсулоти хӯроквориро асосан дар ғилофҳои вакуумӣ ҷойгир мекунанд, яъне тариқи беҳаво гардонидан онро аз вайроншавӣ эмин медоранд. Дигар маҳсулоти хӯрокворӣ дар борбасти пластикӣ ва ё коғазхалта печонида мешаванд, то ки онро бо ин роҳ нигоҳ доранд. Маҳсулоти тару тоза, ба мисли гӯшт, моҳӣ ва меваҳо бояд дар давоми як-ду рӯз истифода шаванд. Боз дигар усулҳои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ чун хушккунӣ ва дар намак хобондан мавҷуданд. Ҳангоми хушккунӣ маводди ғизоиро якчанд ҳафта дар офтоб ва ё ҷои бенам мемонанд. Дар ин муддат моеи таркиби он бухор мешавад ва маҳсулот хеле вақт вайрон намешавад. Дар намак хобондан (намаккунӣ) асосан, бо мақсади пешгирӣ намудани афзоиши бактерияҳо дар таркиби хӯрок анҷом дода мешавад. Яхдон низ дар давоми якчанд рӯз барои тару тоза нигоҳ доштани хӯрок кумак мекунад. Маҳсулоти яхкунонидашуда низ дар рӯзгор торафт бештар маъмул мегардад, зеро мо метавонем онро чандин моҳ нигоҳ дорем. Роҳҳои дигари нигоҳдории маҳсулот консерв кардан, ба мисли мармелад ва мураббо (ҷем) тайёр кардани он низ ниҳоят мувофиқу муносиб мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё