Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

Алоҳида ҷамъ овардани пасмондаҳо чӣ зарурат дорад?

Ҳамарӯза мо миқдори зиёди маҳсулотро истифода мебарем, ки дар маҷмӯъ боиси ғуншавии пасмондаҳо ва партофтаҳо, аз қабили қуттиҳои консерва, коғазхалтаҳо, шишаҳо, коғаз, борҷомаву ҷилдҳо ва амсоли инҳо мегарданд.

Дар баъзе мамлакатҳо оилаҳои иборат аз чор нафар рӯзе қариб се килограмм пасмондаро ҷамъ меоранд. Тасаввур кунед, ки ҳар рӯз дар шаҳрҳое, ки аҳолиашон чандсад ҳазор ё миллион нафарро ташкил медиҳад, чӣ миқдор пасмонда ҷамъ мешавад. Аз ин рӯ, пасмондаҳоро доиман коркард намудан зарур аст. Барои ин дар шаҳрҳои замонавӣ ҷамъоварии ҷудогонаи партовҳо пешбинӣ карда мешавад.

Яъне партовҳоро вобаста ба қисмати таркибиашон ба намудҳои гуногун:

коғазу картон, қуттиҳои консерва, шиша, пластика ва маводди ба тариқи табиӣ коркардшаванда тақсим мекунанд.

Баъди муддати муайян, вобаста ба усули таҷзияи биокимиёвӣ, онҳо коркард ё нобуд карда мешаванд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.