Зеҳн
Саломатӣ·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

Моҳӣ — ғизои дӯстдори дил

Моҳӣ— яке аз ғизоҳои муфид барои саломатии дил аст. Махсусан, навъҳои равғанини он аз кислотаҳои равғании Омега-3 бой буда, барои фаъолияти дурусти дилу рагҳо мусоидат мекунанд.

Омега-3 метавонад ба танзими кори дил, коҳиши илтиҳоб ва нигоҳ доштани саломатии рагҳои хун кумак кунад.

Барои ғизои солим тавсия мешавад, ки ҳафтае 2 маротиба моҳӣ истеъмол кунед. Моҳиро беҳтар аст ба ҷойи гӯшти серравған интихоб намуда, бо усулҳои солим — ҷӯшонидан, буғпазӣ ё дар танӯр пухтан — омода намоед.

Саломатии дил аз интихоби дурусти ғизо оғоз меёбад!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.