Зеҳн
Саломатӣ·Дунё·1 моҳ пешНашрия

САБЗӢ - ЯК НАМУДИ САБЗАВОТ АСТ!

Сабзӣ (бехӣ, зардак, газ)-ро дар ҳама ҷо мепарваранд. Ватани сабзӣ соҳилҳои баҳри Миёназамин мебошад. Сабзиро 4 ҳазор сол пеш аз ин парвариш ва истеъмол мекарданд. Дар мамлакати мо аз асрҳои ХI киштукор мекарданд. Сабзии навъи хӯрокӣ серобу сершира мебошад.

Агар ба он равғани растанӣ ҳамроҳ кунем, он вақт витамини А ҳосил мешавад, ки ин хусусияти сабзӣ аз дигар сабзавот бартарӣ дорад.

Сабзӣ дар таркиби худ, инчунин қанд, сафеда, модаҳои пектинӣ, (калий, натрий, фосфор) витаминҳои В1, В2, С, К, Е, РР ва дигар моддаҳои бо организми инсон зарурро дорад.

Сабзиро дар ҳарорати қариб 90⁰С нигоҳ доштан беҳтар аст.

Сабзиро тару тоза, хушк карда ё пухта мехӯранд. Барои тайёр кардани таоми якум ва дуюм, хуришҳою винегрет фаровон истифода мебаранд.

Сабзӣ ба сабзиши қад мадад мерасонад ва бар зидди ҳар гуна касалиҳои гузаранда мубориза мебарад.

Оби сабзӣ барои сабзиши организми кӯдакони ширмак аҳамияти калон дорад ва ба узви босира қувват мебахшад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.