Тоҷикистон
Бо истифода аз сарчашмаҳои муътамад, ҳаҷми зиёди иттилоот ва ҷалби муаллифони дорои ихтисосҳои гуногун таҳия намуда, маълумотҳо дар бораи Ватани азизамон
ЧАШМАИ “БИБИЗУБАЙДА”
Миёни он неъматҳои моддие, ки Офаридгор ба инсон арзонӣ додааст, об мебошад. Обро метавон ҳастии тамоми ашё номид, ки бидуни он ҳеҷ чиз вуҷуд дошта наметавонад. Сарчашмаи об пиряху чашмаҳо мебошад, ки тавассути дарёҳо ва ҷӯйҳо ҷорӣ гардида, инсон ва табиатро шодоб мегардонад. Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим обро ашёи муқаддас дониста, ҳар як қатраи онро арҷгузорӣ мекарданд. Ин анъана то имрӯз идома ёфта, дар бораи муқаддасии об ҳар гуна нақлу ривоятҳо бофта ба мардум мешунавонданд, ки ин неъмати бебаҳоро азиз доранд. Қариб дар ҳар гӯшаву канори олам ривоятҳои асотирие дар бораи об – ҳаёти ҷовидонӣ ва фанонопазирӣ мебахшад, вуҷуд доранд. Масалан, барои мисриҳои қадим об макони тавлиди худоҳояшон ба шумор мерафт ё ҳиндуҳо боварӣ доштанд, ки аввалу охири мавҷудияти олам об аст, инчунин бошандагони Бобулистон обро сарчашмаи беинтиҳои инсоният медонистанд. Тоҷикистон низ дорои ададҳои бешумори чашмаҳои табиӣ ва шифобахшӣ аст, ки бештари онҳо дар атрофи худ нақлу ривоятҳоеро дар бораи таърих ва пайдоишаш ба вуҷуд овардааст. Барои мисол метавон дар бораи чашмаи “Бибизубайда” дар шаҳри Норак каме маълумот дод. Чашмаи “Бибизубайда” дар деҳаи Туғмазори ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак ҷойгир аст, ки бошандагони ин мавзеъ бо лаҳчаи худ “Бибизведа” мегӯянд. Мувофиқи баъзе ривоятҳои сокинони Норак таърихи 500 сола дорад, аммо дар мавриди таърихи пайдоиши он ягон далели мӯътамад пайдо наградид. Мардуми маҳаллии Норак ин мавзеъи табииро бениҳоят муқаддас дониста, нисбати вай бовару эътиқод доранд. Зимни зиёрат ба ин мавзеъ мушоҳида гардид, ки рӯ ба рӯи чашмае, ки аз байни санг ҷорӣ мешуд, дарахтони туғ соя меафканданд. Ва дар шохҳои ин дарахт миқдори зиёди латтаҳои гуногунранг баста шуда буданд. Боиси тазаккур аст, ки ба андешаи мардуми тоҷик дарахти “туғ” муқаддас маҳсуб ёфта, онро бештар дар мазору зиёратгоҳҳо вохӯрдан мумкин аст. Шояд аз ҳамин сабаб ин деҳаро Туғмазор меномиданд. Аз ин бармеояд, ки одамон ба зиёрати чашма бисёр мерафтаанд ва ҳангоми зиёрат ба дарахти туғ барои талаби ҳоҷаташон латта мебастаанд. Дар бораи чашма бо сокини деҳаи Туғмазор Солеҳов Насрулло (соли тав. 1939) вохӯрда, маълумот гирифтем, аз гуфтаҳои пирамард маълум шуд, ки Бибизубайда дар оила чор нафар: ду писар ва ду духтар будаанд. Мувофиқи нақли пирамард дар замонҳои пеш ҳангоми ҳуҷуми душманон ин чор нафар бародарону хоҳарон аз таъқиби кофирон гурехта ба ин мавзеъ меоянд, писарҳо яке ҳазрати Хоҷаи Сабзпӯш, ки марқадаш дар наздикии НБО-и Норак дар масофаи 150 км. дуртар аз ин мавзеъ, дуввумин ҳазрати Хоҷаи Сурхпӯш дар назди обанбори Норак, духтарҳо хоҳараш Бибитуғдона дар деҳаи Тутқавули нав ва худаш Бибизубайда дар деҳаи Туғмазор воқеъ мебошад. Баъди таъқиби кофирон Бибизубайда ба деҳаи Туғмазори имрӯза омада, ба болои кӯҳ, ки баландиаш 200 метр мебошад, мебарояд. Ин дам кофирон наздик шудан мегиранд, Бибизубайда рӯй суи қибла карда, ба ҷониби Худованд илтиҷо мекунад, ки кӯҳро бишкофад то вай ба даруни он даромада, рӯи кофирони номаҳрамро набинад. Ҳамин дуои Бибизубайда иҷобат гардида, даруни кӯҳ кушода мешаваду ин зани покдоман вориди он мегардад. Кӯҳ боз дубора пӯшида мешавад, мегӯянд аз ҳамон рӯзу соат аз ҳамон ҷо чашмае ҷорӣ мешавад, ки обаки ширину мусаффое дорад. Ба ақидаи мардуми маҳаллӣ гўё ин чашма ашки Бибизубайда мебошад, ки то имрӯз ҷорӣ шуда истодааст. Оби ин чашма хусусиятҳои ба худ хосе дорад: Оби чашмаи “Бибизубайда” аз даруни санг ҷорӣ шуда, чандон дур намеравад, то дарозии 2 метр рафта нопадид мешавад. Ин об дар чор фасли сол як хел ҷорӣ мегардад, на кам ва на зиёд мешавад. Оби ин чашмаро барои дармон бахшидан ба бемориҳои меъдаву руда, шикамдард ва “кабудсулфа” истифода мебаранд. Тибқи мушоҳидаи мардум чашма оби сарду гуворо дошта, он аз ҷиҳати таъму лаззат аз дигар чашмаҳо фарқкунанда мебошад. Мегӯянд вақте ки одам аз ин об нӯшад худро сабуку бардам ҳис мекунад. Аз роҳҳои дуру наздик ҳоҷатмандон барои табобат омада шифо меёбанд. Ба ин хотир чашмаро муқаддас дониста, ҳамеша тозаву озода нигоҳ медоранд. Тибқи нақли сокинон ин обро танҳо барои нӯшидан ё табобат истифода кардан мумкин аст. Ҳатто дар оби ин чашма даст шустанро калонсолон қатъиян иҷоза намедиҳанд. Дар аснои зиёрат ба ин мавзеъ як ҳамсафарамон, ки зодаи шаҳри Норак буд, ба мо гуфт, ки “мардуми мо пояшонро сӯи чашма дароз намекунанд, ки убол мешавад. Агар дидаву дониста пояшонро сӯи чашмаи Бибизубайда дароз кунанд ба ягон фалокат дучор мешаванд”. Мардуми шаҳри Норак тибқи ҳамин бовару эътиқод зиндагӣ карда, нисбати чашма эҳтироми хосса зоҳир менамоянд. Боз як ҳодисаеро дар робита ба чашмаи Бибизубайда нақл намуд, як вақтҳо як гурӯҳ аскарони рус омада, дар ин ҷо беэҳтиромӣ нисбати ин чашма намуданд ва ҳангоми бозгашт мошинашон ба садамае дучор гардида, чаппа шуд. Бештар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба зиёрати чашма меоянд. Тибқи ривояти сокинон вақте мардҳо зиёрат кунанд, оби чашма камтар ҷорӣ мешавад ва агар занҳо ба зиёрат оянд, баръакс об бисёртар ҷорӣ мешавад. Сабаби инро чунин шарҳ медиҳанд, ки Бибизубайда аз мардон шарм медоштааст. Баъди таҳқиқу баррасӣ ба хулосае омад, ки мазмуни ҳамаи нақлу ривоятҳое, ки дар бораи пайдоиши чашмаҳои муқаддас офарида шудааст, қариб якранг аст. Ва пайдоиши онҳоро ба бузургони дин, ашхоси парҳезкор, занҳои покдоман ва ё шахсиятҳои асотирӣ нисбат медиҳанд. Аз ин хотир мардуми омма ба ин ривоятҳо бовар карда, онро ба дигарон образнок ва ё камтаре аз худ илова карда, нақл мекунанд, ки дар натиҷа вариантнокии он ба вуҷуд меояд. Ҳатто ривоят ба худ характери асотирӣ касб карда, ба афсона мубаддал мегардад. Аммо дар бораи чашмаи “Бибизубайда” мо танҳо як варианти ривоятро пайдо кардем. Маълум мегардад, ки дар муқоиса ба Чилучорчашма, Авҷ, Бибифотимаи Заҳро, Гармчашма ва дигар чашмаҳо теъдоди зиёраткунандагон ба ин чашма маҳдуд буда, дар миқёси ҷумҳурӣ чандон маъмулӣ нест. Дар ҷумҳурӣ адади рӯду чашмаҳо бениҳоят зиёданд ва на дар бораи ҳамаи онҳо нақлу ривоятҳои аҷиб офарида шудааст. Аз ин маълум мегардад, ки обҳои он чашмаҳое, ки воқеъан шифобахшанду гуворо нақлҳои ҷолибе аз тарафи мардум эҷод гардида, то ба дараҷаи муқаддасӣ расонида шудааст. Ин омил метавонад барои сарфа ва тозаву озода нигоҳ доштани ҷӯю чашмаҳо мусоидат кунад, зеро муқаддас будани оби ин ё он чашма шахсро водор месозад, ки нисбати чашмаҳо эҳтиёткорона рафтор намояд. Холмуродов Зафар
Истироҳатгоҳи Биби Фотимаи Заҳро
Чашмаи шифобахши Бибӣ Фотимаи Заҳро ба қабули беморону истироҳаткунандагон оғоз намуд. Агарчи ин чашма дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ишкошим дар масофаи 200 километр дур аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, аммо бо хусусиятҳои шифобахшӣ, манзараҳои ҷолибу тамошобоб сол то сол таваҷҷуҳи сокинони кишвар ва берун аз онро бештар ба худ ҷалб мекунад. Сардори Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи табобатии Бибӣ Фотимаи Заҳро Ақназар Самадов ба мухбири АМИТ Ховар гуфт, ки ин истироҳатгоҳи табобатӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ тааллуқ дошта, собиқадорони ҷангу меҳнат бо роҳхати ин Вазорат дар ин ҷо ройгон ба истироҳату табобат фаро гирифта мешаванд. Барои қишрҳои дигари ҷомеа низ дари ин истироҳатгоҳ ҳамеша боз аст ва онҳо бо пардохти маблағи муайян аз оби чашма баҳра мебаранд. Баъди бунёд гардидани панҷ меҳмонхонаи нав ҳоло дар як баст истироҳатгоҳ то 100 нафарро қабул карда метавонад. Хизматрасонӣ дар ин муассиса мутобиқи меъёрҳои муосир ба роҳ монда шуда, муштариён аз хизмати маркази саломатӣ, кабинети физиотерапевтӣ, дорухонаи гиёҳҳои шифоӣ ва ёрии таъҷилӣ истифода мебаранд. Барқароркунии пурраи ҳудуди истироҳатгоҳ соли 2000 оғоз ёфта, марҳила ба марҳила анҷом дода шуд. Дар ин муддат зиёда аз 10 ҳазор бех дарахтони сояафкан шинонда шуда, боғи мевадор ҳам дар нашъунамо аст. Истироҳатгоҳи Биби Фотимаи Заҳро барои касалиҳои сирояткунанда, пӯст, дарди дил, тарбод, меъда, безурётӣ ва чандин дардҳои дигар фоидаовар аст. Дар назди чашма нуқтаи ёрии аввалияи тиббӣ мавҷуд аст ва баъди аз оби чашма берун омадан табибон вазъи саломатии ҳар як беморро муоина мекунанд.
Хоҷасангхок
Хоҷасангхок, чашмаи минералӣ. Дар масофаи 89 километр шимолтар аз шаҳри Душанбе, дар водии дарёи Зидеҳ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3000 метр. Оби чашма аз роғи варақсангҳои давраи силур ба рӯи замин мебарояд. Таркиби он аз 98,3% гази карбонат, 1,4% омехтаи гидроген ва 0,3% оксиген иборат аст. Ба оби нарзан шабоҳат дорад. Оби минералие, ки бо номи «Анзоб» маъмул аст, аз Хоҷасангхок гирифта мешавад. Хоҷа Сангхок (ки дар гуфтугӯ гоҳо Хоҷасангҷоқ низ талаффуз мешавад) як минтақаи зебои сайёҳӣ, табобатӣ ва зиёратгоҳи маъруф дар Ҷамоати деҳоти Зиддеҳи ноҳияи Варзоб мебошад. Ҷойгиршавӣ ва роҳи расидан Ин мавзеъ дар шимоли шаҳри Душанбе, дар масири роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ ҷойгир аст. Барои расидан ба он пас аз гузаштани деҳаи Калон (ҳангоми баромадан ба ағбаи Анзоб) ба самти рост гардиш кардан лозим аст. Ба ин минтақа мошинҳои сабукрави баландигузар (кроссовер ва ҷип) ба осонӣ мебароянд. Хусусиятҳои асосӣ Чашмаҳои шифобахш. Мавзеъ бо обҳои минералии худ машҳур аст, ки мардум барои табобат ва истироҳат ба он ҷо мераванд. Мазори Хоҷа Сангхок. Дар ин макон зиёратгоҳи таърихӣ ва муқаддас ҷойгир буда, ҳамасола садҳо нафар барои зиёрат ба ин ҷо меоянд. Табиат ва сайёҳӣ. Аз сабаби дар баландии кӯҳҳо ҷойгир буданаш, ҳавои тобистонаи он хеле салқин аст (шабона ҳаво хунук мешавад) ва барф дар ин ҷо барвақт меборад. Кӯли Лолакӯл (Лайлакӯл). Аз чашмаҳои Хоҷа Сангхок бо роҳи пиёдагард дар давоми тақрибан ду соат ба ин кӯли зебои баландкӯҳ расидан мумкин аст, ки шакли гули лоларо дорад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 387.
Хоҷаобигарм
Хоҷаобигарм, гурӯҳи чашмаҳои минералии обашон гарм. Дар ноҳияи Варзоб, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар водии дарёи Хоҷаобигарм (шохоби рости дарёи Варзоб) ҷой гирифтаанд. Маълумоти нахустин оид ба чашмаҳо ба нимаи дуввуми асри 19 рост меояд: Д. Е. Гордон (1877), В. И. Липский (1902), В. Н. Вебер (1917). Ҷиҳати фарқкунандаи чашмаҳои Хоҷаобигарм ҳарорати баланд (89,5–96 °С), серишқорӣ (рН 8,5 – 8,9), зиёд будани миқдори кислотаи силикат (то 148 миллиграмм дар литр), фтор (20 миллиграмм дар литр), радиоактивияти суст (радон 135 эман) ва минералнокии кам (0,4 грамм дар литр) мебошад. Дар таркиби оби чашмаҳо ҳамчунин оҳан, алюминий, титан, мис, молибден, хром, кадмий, литий, барий, фтор, калий, индий, германий, галлий мавҷуданд. Бо мақсади табобат обро меошоманд, барои обзан (ванна) кор мефармоянд. Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» соли 1934 таъсис ёфтааст. Он дар масофаи 50 километр шимолтар аз шаҳри Душанбе, дар қисми марказии нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дар баландии 1940–1960 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дар солҳои аввали фаъолияти осоишгоҳ барои истиқомати истироҳаткунандагон хаймаҳо гузошта шуда буданд. Меҳмонон дар ин хаймаҳо зиндагӣ карда, аз муолиҷаҳои гуногуни табобатӣ ва солимгардонӣ баҳра мебурданд. Баъдтар дар ҳудуди осоишгоҳ якчанд бинои истиқоматӣ сохта шуданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) фаъолияти осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» муваққатан қатъ гардида, биноҳои он ҳамчун анбори нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ истифода мешуданд. Соли 1946, пас аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, осоишгоҳ фаъолияти худро аз нав оғоз намуда, дарҳои худро ба рӯи меҳмонон боз кард. То соли 1968 осоишгоҳ танҳо ба таври мавсимӣ фаъолият мекард, аммо аз соли 1968 ба фаъолияти доимӣ гузашта, дар тамоми фаслҳои сол ба истироҳаткунандагон хизмат мерасонад. Таърихи рушд ва фаъолияти осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» Соли 1972 бо қарори Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ, тибқи лоиҳаи сармеъмор Г. Ерзовецкий ва таҳти роҳбарии сармуҳандис В. Ржевкин, сохтмони биноҳои иловагии осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» оғоз гардид. Соли 1982 аввалин бинои ҳаштқабатаи хобгоҳи «А» ба истифода дода шуд. Соли 1984 хобгоҳи «Б», соли 1985 хобгоҳи «Г», соли 1986 бинои ошхона ва толори фарҳангӣ ва соли 1988 охирин бинои хобгоҳи маҷмааи «Б» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ биноҳои осоишгоҳ зарари ҷиддӣ дида, фаъолияти он ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардид. Дар ин давра осоишгоҳ дар остонаи баста шудан қарор дошт. Соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барқарор намудани фаъолияти осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» қарор қабул кард. Соли 2011 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои таъмиру таҷдиди асосии осоишгоҳ оғоз гардиданд. Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» дар тӯли қариб 90 соли фаъолияти худ ба яке аз осоишгоҳҳои маъруфи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Интиқол аз шаҳр ба осоишгоҳ Барои рафтуомади меҳмонон аз шаҳри Душанбе то осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» ҳаракати микроавтобусҳо ташкил карда шудааст. Ба меҳмонон тавсия дода мешавад, ки пешакӣ бо ронанда тамос гирифта, барои худ ҷой фармоиш диҳанд. Ҳуҷраҳо барои ҷойгиронӣ Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» барои истиқомати бароҳат ва истироҳати бофароғати меҳмонон ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз пешниҳод менамояд. Ҳуҷраҳо вобаста ба шароит ва сатҳи хизматрасонӣ ба якчанд гурӯҳ ҷудо мешаванд: «Стандарт», «Люкс», «Квартира» ва «VIP». Ҳамаи ҳуҷраҳо бо телевизор ва чойники барқӣ таъмин буда, барои меҳмонон халатҳои ҳаммом ва пойафзоли хонагӣ пешниҳод карда мешаванд. Ғизои болаззат ва солим Дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» барои меҳмонон ғизои солим ва мутавозин се маротиба дар як рӯз пешниҳод карда мешавад. Барои омода намудани таомҳо маҳсулоти тару тоза истифода гардида, маводи ғизоӣ ҳар рӯз ба осоишгоҳ дастрас карда мешавад. Кормандон Дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» мутахассисони соҳибихтисоси соҳаи тиб фаъолият мекунанд. Ҳангоми интихоби кормандон ба сатҳи дониш ва малакаи касбӣ, хушмуомилагӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ барои расонидани кумак ба меҳмонон аҳаммияти махсус дода мешавад. Ҳадафи асосии кормандон фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳат, табобат ва барқарорсозии саломатии меҳмонон мебошад. Табиат Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» дар яке аз мавзеъҳои хушманзараи кӯҳистони Тоҷикистон ҷойгир буда, бо табиати зебо, ҳавои тоза ва манзараҳои дилфиреби худ машҳур аст. Осоишгоҳро кӯҳҳои сарбафалак иҳота кардаанд, ки дар доманаҳои онҳо гиёҳҳои гуногуни шифобахш мерӯянд. Яке аз хусусиятҳои муҳими табиии ин минтақа мавҷудияти манбаъҳои буғи гарми табиии дорои радон мебошад, ки ҳамчун яке аз омилҳои асосии табобатӣ дар осоишгоҳ истифода мешаванд. Хизматрасониҳои тиббӣ Дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» маҷмӯи васеи хизматрасониҳои тиббӣ ва солимгардонӣ пешниҳод карда мешавад. Истифодаи омилҳои табиии табобатӣ дар якҷоягӣ бо усулҳои муосири тиббӣ метавонад ба беҳтар шудани вазъи саломатӣ ва барқарорсозии нерӯи ҷисмонии меҳмонон мусоидат намояд. Аз ҷумла, дар осоишгоҳ чунин намудҳои муолиҷа пешниҳод мешаванд: Физиотерапия — истифодаи усулҳои табобатии ҷисмонӣ барои беҳтар намудани фаъолияти узвҳо ва барқарорсозии саломатӣ. Гиёҳдармонӣ — истифодаи гиёҳҳои шифобахш бо мақсади табобат ва солимгардонӣ. Радондармонӣ — истифодаи омилҳои табиии дорои радон бо мақсадҳои табобатӣ таҳти назорати мутахассисони тиб. Интихоби усулҳои муолиҷа вобаста ба вазъи саломатӣ ва тавсияи табиб анҷом дода мешавад. Муолиҷа бо радон барои ҳамаи беморон мувофиқ нест ва бояд бо дарназардошти зиддиятҳои тиббӣ гузаронида шавад. --- Манбаи сархати аввал дар бораи чашмаҳо: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 387.
Калтуч
Калтуч, чашмаи минералӣ дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дар водии дарёи Қофарниҳон, 0,5 км поинтар аз деҳаи Калтуч ҷой гирифтааст. Баландиаш аз с. б. 1140 м. Дебиташ – 6 л/с, ҳарорати обаш 30,2 °С. Оби чашма аз гидрокарбонатҳо, калсий, натрий таркиб ёфтааст. Бо мақсади табобати бемориҳо истифода мешавад. Дараи Ромит минтақаи сайёҳӣ эълон шудааст. Дар ин ҷо осоишгоҳҳои табобатӣ ва истироҳатгоҳҳои кӯдакона ҷойгиранд. Ҳамчунин, дар ҳудуди он, дар мавзеи «Калтуч», чашмаи оби гарм мавҷуд аст, ки дар назди он барои табобат ва солимгардонии шаҳрвандон осоишгоҳ бунёд карда шудааст. Ворид шудан ба ҳудуди мамнӯъгоҳ бо мувофиқаи маъмурияти он тавассути нақлиёти фармоишӣ ташкил карда мешавад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 383.
Шаҳракҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
| № т/т | Шаҳракҳо | Санаи ташкил | Ба кадом шаҳр ё ноҳия дохил мешавад | Масофа то маркази ноҳия ба андозаи км | Масофа то Хоруғ ба ҳисоби км | Масофа то Душанбе ба ҳисоби км | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 1 | Ваҳдат | 5 июни соли 2008 | Шуғнон | марказ | 13 | 640 | | 2 | Исмоили Сомонӣ | 3 марти соли 2016 | Хоруғ | - | - | 523 | | 3 | Мурғоб | 25 декабри соли 2019 | Мурғоб | - | 310 | 950 | | 4 | Шириншоҳ Шотемур | 3 марти соли 2016 | Хоруғ | - | - | 523 | --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 39.
Шаҳру ноҳияҳо ва Маркази онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
| № т/т | Шаҳрҳо ва ноҳияҳо | Марказҳо | Масофа то Хоруғ ба ҳисоби км | Масофа то Душанбе ба ҳисоби км | | --- | --- | --- | --- | --- | | 1 | шаҳри Хоруғ | - | - | 523 | | 2 | ноҳияи Ванҷ | деҳаи Ванҷ | 171 | 495 | | 3 | ноҳияи Дарвоз | деҳаи Қалъаихумб | 241 | 374 | | 4 | ноҳияи Ишкошим | деҳаи Ишкошим | 104 | 650 | | 5 | ноҳияи Мурғоб | шаҳраки Мурғоб | 310 | 950 | | 6 | ноҳияи Роштқалъа | деҳаи Роштқалъа | 43 | 567 | | 7 | ноҳияи Рӯшон | деҳаи Рӯшон | 65 | 550 | | 8 | ноҳияи Шуғнон | шаҳраки Ваҳдат | 15 | 640 | --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 39.
Шаҳракҳо дар вилояти Суғд
ШАҲРАКҲО | № т/т | Шаҳр | Санаи ташкил | Ба кадом шаҳр ё ноҳия дохил мешавад | Масофа то маркази шаҳр (ноҳия) (км) | Масофа то Хуҷанд (км) | Масофа то Душанбе (км) | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 1 | Адрасмон | 26 марти соли 1941 | Гулистон | 60 | 75 | 416 | | 2 | Бӯстон | 28 августи соли 1960 | Мастчоҳ | марказ | 59 | 396 | | 3 | Ғафуров | 7 апрели соли 1965 | Бобоҷон Ғафуров | марказ | 11 | 356 | | 4 | Ғончӣ | 27 январи соли 1977 | Деваштич | марказ | 64 | 285 | | 5 | Зарафшон | 15 апрели соли 1952 | Айнӣ | 30 | 196 | 148 | | 6 | Зарнисор | 14 апрели соли 1951 | Гулистон | 130 | 145 | 471 | | 7 | Зафаробод | 26 августи соли 1960 | Зафаробод | марказ | 106 | 303 | | 8 | Консой | 11 июни соли 1933 | Гулистон | 47 | 62 | 388 | | 9 | Меҳнатобод | 11 ноябри соли 1966 | Зафаробод | 10 | 114 | 293 | | 10 | Меҳрон | 2 феврали соли 1996 | Кӯҳистони Мастчоҳ | марказ | 280 | 229 | | 11 | Навгарзан | 29 августи соли 1964 | Гулистон | 230 | 245 | 571 | | 12 | Навкат | 9 феврали соли 1944 | Спитамен | марказ | 36 | 313 | | 13 | Нефтобод | 28 ноябри соли 1938 | Исфара | 12 | 105 | 470 | | 14 | Нурафшон | 27 декабри соли 1937 | Исфара | 15 | 88 | 475 | | 15 | Обшорон | 30 ноябри соли 1953 | Мастчоҳ | 8 | 68 | 404 | | 16 | Палос | 30 июли соли 1964 | Бӯстон | 25 | 13 | 354 | | 17 | Меҳробод | 15 майи соли 1933 | Ҷаббор Расулов | марказ | 20 | 324 | | 18 | Сирдарё | 26 апрели соли 1973 | Гулистон | 9 | 6 | 347 | | 19 | Суғдиён | 11 июни соли 1933 | Мастчоҳ | 13 | 47 | 383 | | 20 | Суғдиён | 28 январи соли 1971 | Зафаробод | 10 | 98 | 313 | | 21 | Чоруқдаррон | 15 марти соли 1945 | Гулистон | 30 | 45 | 386 | | 22 | Шайдон | 30 ноябри соли 1967 | Ашт | марказ | 107 | 448 | | 23 | Шӯроб | 26 декабри соли 1952 | Исфара | 12 | 116 | 485 |
Шаҳрҳои тобеи вилояти Суғд
| № т/т | Шаҳрҳо | Санаи таъсис | Масофа то Хуҷанд ба ҳисоби км | Масофа то Душанбе ба ҳисоби км | | --- | --- | --- | --- | --- | | 1 | ш. Бӯстон | 10 августи соли 1956 | 10 | 351 | | 2 | ш. Гулистон | 4 январи соли 1963 | 15 | 356 | | 3 | ш. Истаравшан | асри VI пеш аз милод | 73 | 268 | | 4 | ш. Истиқлол | 22 октябри соли 1937 | 39 | 391 | | 5 | ш. Исфара | 15 сентябри соли 1952 | 107 | 448 | | 6 | ш. Конибодом | соли 712 | 79 | 421 | | 7 | ш. Панҷакент | 23 августи соли 1953 | 290 | 261 | | 8 | ш. Хуҷанд | соли 329 пеш аз милод | марказ | 341 | --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 34.
Шаҳрҳо, ноҳияҳо ва марказҳои онҳо дар вилояти Суғд
| № т/т | Шаҳрҳо ва ноҳияҳо | Марказҳои ноҳияҳо | Масофа то Хуҷанд ба ҳисоби км | Масофа то Душанбе ба ҳисоби км | | --- | --- | --- | --- | --- | | 1 | ш. Бӯстон | марказ | 10 | 351 | | 2 | ш. Гулистон | марказ | 15 | 356 | | 3 | ш. Истаравшан | марказ | 73 | 268 | | 4 | ш. Истиқлол | марказ | 39 | 391 | | 5 | ш. Исфара | марказ | 107 | 480 | | 6 | ш. Конибодом | марказ | 79 | 421 | | 7 | ш. Панҷакент | марказ | 290 | 261 | | 8 | ш. Хуҷанд | марказ | марказ | 341 | | 9 | н. Айнӣ | деҳаи Айнӣ | 177 | 178 | | 10 | н. Ашт | шаҳраки Шайдон | 107 | 448 | | 11 | н. Бобоҷон Ғафуров | шаҳраки Ғафуров | 11 | 356 | | 12 | н. Деваштич | шаҳраки Ғончӣ | 64 | 285 | | 13 | н. Зафаробод | шаҳраки Зафаробод | 106 | 303 | | 14 | н. Кӯҳистони Мастчоҳ | шаҳраки Меҳрон | 280 | 229 | | 15 | н. Мастчоҳ | шаҳраки Бӯстон | 59 | 396 | | 16 | н. Спитамен | шаҳраки Навкат | 36 | 313 | | 17 | н. Ҷаббор Расулов | шаҳраки Меҳробод | 20 | 324 | | 18 | н. Шаҳристон | деҳаи Шаҳристон | 100 | 241 | --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 34.
Вилояти Суғд
Санаи ташкил шудани вилоят — 23 декабри соли 1970 (вилоят аввалин бор 27 октябри соли 1939 ташкил шуда, 28 марти соли 1962 барҳам дода шудааст). 23 декабри 1970 аз нав таъсис ёфт. 10.11.2000 номи он ба вилояти Суғд тағйир дода шуд. Маркази маъмурӣ – шаҳри Хуҷанд. Масоҳат ба андозаи ҳазор км². – 25,2 Аҳолӣ ба ҳисоби ҳазор нафар (то аввали соли 2021) – 2 751,8 Масофа аз Хуҷанд то Душанбе – 341 км Ноҳияҳо – 10 Шаҳрҳо – 8 Шаҳрҳои тобеи вилоят – 8 Шаҳракҳо – 23 Ҷамоатҳои деҳот – 93 Деҳаҳо – 770 --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 31.
Вилояти Хатлон
Марказ – шаҳри Бохтар (аҳолиаш 117 ҳазор нафар; 2021) Санаи ташкил шудани вилоят – 2 декабри соли 1992 (вилоят аввалин бор 8 сентябри соли 1988 ташкил ёфта, феврали соли 1990 барҳам хӯрд) Масоҳат – 24 682 км² Аҳолӣ – 3 348 нафар (то январи 2021) Масофа аз шаҳри Бохтар то шаҳри Душанбе – 99 км Ноҳияҳо – 21 Шаҳрҳо – 4 Шаҳрҳои тобеи вилоят – 4 Шаҳракҳо – 23 Ҷамоатҳои деҳот – 132 Деҳаҳо – 1 644 --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 28.
Шаҳракҳо
ШАҲРАКҲО | № т/т | Шаҳракҳо | Санаи таъсис | Ба кадом шаҳр ё ноҳия дохил мешавад | Масофа то маркази шаҳр ё ноҳия (км) | Масофа то Душанбе (км) | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 1 | Ваҳдат | 5 июни соли 2008 | Лахш | марказ | 284 | | 2 | Ғарм | 27 декабри соли 1937 | Рашт | марказ | 184 | | 3 | Дарбанд | 1999 | Нуробод | марказ | 152 | | 4 | Мирзо Турсунзода | 12 марти соли 2009 | Рӯдакӣ | 5 | 12 | | 5 | Мирзо Турсунзода | 28 марти соли 1939 | Шаҳринав | 5 | 47 | | 6 | Навобод (аз соли 1950 то соли 1959 шаҳр буд) | 16 марти соли 1959 | Рашт | 20 | 204 | | 7 | Навобод | 23 майи соли 1942 | Рӯдакӣ | 32 | 8 | | 8 | Нӯъмон Розиқ | 12 марти соли 2009 | Ваҳдат | 4 | 17 | | 9 | Оби Гарм | 27 январи соли 1977 | Роғун | 17 | 100 | | 10 | Сомониён | 6 октябри соли 1938 | Рӯдакӣ | марказ | 17 | | 11 | Тоҷикобод | 21 декабри соли 2017 | Тоҷикобод | марказ | 234 | | 12 | Такоб | 16 октябри соли 1950 | Варзоб | 19 | 41 | | 13 | Файзобод | 29 апрели соли 2000 | Файзобод | марказ | 50 | | 14 | Ҳисор | 29 декабри соли 1953 | Ҳисор | марказ | 26 | | 15 | Шарора | 2 феврали соли 1993 | Ҳисор | 12 | 18 |
Феҳристи шаҳрҳо ва ноҳияҳо
ФЕҲРИСТИ ШАҲРҲО ВА НОҲИЯҲО | № т/т | Шаҳрҳо ва ноҳияҳо | Маркази ноҳияҳо | Масофа то Душанбе (км) | | --- | --- | --- | --- | | 1 | ш. Ваҳдат | марказ | 13 | | 2 | ш. Роғун | марказ | 110 | | 3 | ш. Турсунзода | марказ | 56 | | 4 | ш. Ҳисор | шаҳраки Ҳисор | 26 | | 5 | н. Варзоб | деҳаи Варзоб | 26 | | 6 | н. Лахш | шаҳраки Ваҳдат | 284 | | 7 | н. Нуробод | шаҳраки Дарбанд | 152 | | 8 | н. Рашт | шаҳраки Ғарм | 184 | | 9 | н. Рӯдакӣ | шаҳраки Сомониён | 17 | | 10 | н. Сангвор | деҳаи Тавилдара | 202 | | 11 | н. Тоҷикобод | шаҳраки Тоҷикобод | 234 | | 12 | н. Файзобод | шаҳраки Файзобод | 50 | | 13 | н. Шаҳринав | деҳаи Шаҳринав | 42 |
Маориф, илм, фарҳанг.
Соли хониши 2020–2021 дар Душанбе 209 муассисаи таълимӣ – 182 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, 179 муассисаи рӯзонаи таълими умумӣ (160 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 14 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 5 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидой), 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи ғоибона, 16 гимназия ва 9 литсей, Мактаби байналмилалии президентӣ, Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе фаъолият доштанд, ки дар онҳо 253 205 нафар толибилм (232 560 нафар дар муассисаҳои таълимии давлатӣ) таҳсил мекарданд. Дар Душанбе (2021) 24 муассисаи олии таълимӣ фаъолият дорад. Мактабҳои олии ш. Душанбе, аз ҷумла, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Донишқадаи сарҳаддии Сарраёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Донишқадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишқадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишқадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишқадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, Донишқадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов, филиали Донишқадаи пӯлод ва хӯлаи Донишгоҳи миллии таҳқиқӣ-технологии Маскав, филиали Донишқадаи энергетикии Маскав муассисаҳои ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд. Дар оғози соли таҳсили 2020–2021 дар мактабҳои олии Душанбе 115 951 донишҷӯ таҳсил мекард. Дар Душанбе санъати кандакорӣ таърихи қадимӣ дошта, бештар чӯб, устухон ва филиззот кандакорию ҳаккокӣ карда мешавад. Аз ҳунари кандакории рӯи чӯб дар чойхонаҳои «Истаравшан», «Роҳат», «Коҳи Наврӯз» ва дигар биноҳои ҷамъиятии шаҳр истифода шудааст. Дар Душанбе Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абӯлқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи М. Қосимов, Театри давлатии лӯхтак, Театри давлатӣ ва таҷрибавии миниатюраи «Оина», Театри хусусии «Падида» амал мекунанд. Аз соли 1988 ҳамасола ва аз соли 1993 пас аз ҳар ду сол дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии театрии «Парасту» баргузор мегардад. Дар Душанбе ҳамчунин Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ансамблҳои рақсии «Лола», «Зебо», «Ҷаҳоноро», «Гулрез», «Чаманоро», «Падида», Сирки давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд. Нигаҳдории тандурустӣ. Амбулаторияи ҷароҳии чашм аввалин муассисаи табобатӣ дар ҶМШС Тоҷикистон буд, ки феврали 1925 дар Душанбе ифтитоҳ ёфт. Соли 1928 он ба Беморхонаи ҷумҳуриявӣ табдил дода шуд. Соли 1925 дар Душанбе бори аввал нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ таъсис ёфт. Нахустин таваллудхона дар пойтахт соли 1938 ба фаъолият оғоз кард. Ҳоло дар Душанбе Маркази шаҳрии мубориза бо бемории сил (1997), Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим (1999), Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ (1999), Маркази аллергологии шаҳрӣ (2000), Маркази шаҳрии эндокринологӣ (2001), Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» (2016) бунёд ёфтаанд, ки ба аҳолии пойтахт ва атрофи он ёрии тиббию беҳдоштии босифат мерасонанд. Охири даҳсолаи аввали асри 21 бори нахуст дар таърихи тибби ҷумҳурӣ 8 адад нақлиёти ёрии таъчилӣ ба шабакаи навигатсияи кайҳонӣ васл карда шуданд. Ҳоло дар пойтахт 62 муассисаи пешгирию дармонии тобеи Раёсати тандурустии шаҳр (аз ҷумла, 17 беморхона, 2 хонаи кӯдакон, 14 маркази саломатӣ, 8 маркази назорати давлатии беҳдошт ва вогирӣ) ва 52 муассисаи пешгирию дармонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон фаъолият доранд. Ба аҳолии пойтахт 39 муассисаи дармонии ёрии аввалияи тиббию беҳдоштӣ мерасонанд. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш. Душанбе бузургтарин маркази рушди ҳаёти варзишӣ ва тарбияи ҷисмонии ҷумҳурӣ буда, дар иншооти варзишии он мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳурӣ ва байнамилалӣ доир мегарданд. Соли 1936 Шуроиҳои тарбияи ҷисмонӣ ба кумитаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш табдил дода шуданд. Солҳои 1936–1941 дар Душанбе навъҳои варзиши футбол, варзиши сабук, баскетбол, тирандозӣ, шоҳмот, аспдавонӣ ва мотоспорт босуръат рушд кард. Соли 1947 дастаи «Динамо»-и Сталинобод дар мусобиқаҳои ИҶШС ширкат варзида, дар минтақаи Осиёи Миёна ҷои аввалро ишғол намуд. Соли 1950 дастаи ҷумҳурӣ дар Спартакиадаи Осиёи Миёна аз рӯи бозии футбол дар шаҳри Алмаато ҷои аввалро соҳиб гардид. Ҳоло дар Душанбе маҷмааҳои калони варзишӣ, аз қабили Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, Толори бозиҳои дастӣ, Ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ, Қасри теннис, маҷмааии варзишии иттифоқҳои касаба, варзишгоҳҳои «Спитамен», «Авиатор», бошишгоҳи тирандозии Ташкилоти мададгори мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмааҳои варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, «Наврӯзгоҳ», «Зӯрхона»-и ба номи Абулқосими Фирдавсӣ, маҷмааи варзишии қаиқронӣ, 158 майдони варзишӣ, 79 майдони футбол, 13 ҳавзи шиноварӣ, 138 толори варзишӣ ва ғ. фаъолият доранд. Матбуот, радио ва телевизион. Матбааи аввалин дар Душанбе соли 1924 ташкил шуд. Ҳоло дар Душанбе 61 нашриёт, аз ҷумла, 10 нашриёти давлатӣ, 46 ҷамъиятӣ ва 198 чопхонаи хурду миёна, аз ҷумла, 16 давлатию 182 ғайридавлатӣ фаъолият доранд (аз ҷумла, «Ирфон», «Адиб», «Маориф», «Дониш», Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, «Адабиёти бачагона», Комбинати полиграфии Душанбе, КВД Комплекси табъу нашри «Шарқи Озод», нашриёту матбааҳои хусусию ҷамъиятии «Истеъдод», «Ганҷ», «Эр-граф», «Офсет», «Оила», «Мушфиқӣ», «Контраст», «То- Рус», «Орбита», «Аржант», «Мегапринт» ва ғ.). Нахустин радио дар пойтахти Тоҷикистон (ш. Сталинобод) 10 апрели 1930 ташкил шудааст. Соли 1992 Ширкати давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон таъсис ёфта, 21 октябри 1992 барҳам хӯрд ва Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ аз нав таъсис ёфт. Ҳоло Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад. Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» (2005), Муассисаи давлатии телевизиони «Баҳористон» (2006), шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» (2008), шабакаҳои «Варзиш», «Синамо» (2016), Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (2017), Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон — «Илм ва табиат» (апрели 2021) таъсис ёфтанд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 21.




