Зеҳн
Т

Тоҷикистон

Бо истифода аз сарчашмаҳои муътамад, ҳаҷми зиёди иттилоот ва ҷалби муаллифони дорои ихтисосҳои гуногун таҳия намуда, маълумотҳо дар бораи Ватани азизамон

1 аъзоаз 8 ноябри 2026
Мақола

ЧАШМАИ “БИБИЗУБАЙДА”

Миёни он неъматҳои моддие, ки Офаридгор  ба инсон арзонӣ додааст, об мебошад. Обро метавон ҳастии тамоми ашё номид, ки бидуни он ҳеҷ чиз вуҷуд дошта наметавонад. Сарчашмаи об пиряху чашмаҳо мебошад, ки тавассути дарёҳо ва ҷӯйҳо ҷорӣ гардида, инсон ва табиатро шодоб мегардонад. Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим обро ашёи муқаддас дониста, ҳар як қатраи онро арҷгузорӣ мекарданд. Ин анъана то имрӯз идома ёфта, дар бораи муқаддасии об ҳар гуна нақлу ривоятҳо бофта ба мардум мешунавонданд, ки ин неъмати бебаҳоро азиз доранд. Қариб дар ҳар гӯшаву канори олам ривоятҳои асотирие дар бораи об – ҳаёти ҷовидонӣ ва фанонопазирӣ мебахшад, вуҷуд доранд. Масалан, барои мисриҳои қадим об макони тавлиди худоҳояшон ба шумор мерафт ё ҳиндуҳо боварӣ доштанд, ки аввалу охири мавҷудияти олам об аст, инчунин бошандагони Бобулистон обро сарчашмаи беинтиҳои инсоният медонистанд. Тоҷикистон низ дорои ададҳои бешумори чашмаҳои табиӣ ва шифобахшӣ аст, ки бештари  онҳо дар атрофи худ нақлу ривоятҳоеро дар бораи таърих ва пайдоишаш ба вуҷуд овардааст. Барои мисол метавон дар бораи чашмаи “Бибизубайда” дар шаҳри Норак  каме маълумот дод. Чашмаи “Бибизубайда” дар деҳаи Туғмазори ҷамоати деҳоти Дуконии  шаҳри Норак  ҷойгир аст, ки  бошандагони ин мавзеъ бо лаҳчаи худ “Бибизведа” мегӯянд. Мувофиқи баъзе ривоятҳои сокинони Норак таърихи 500 сола дорад, аммо дар мавриди таърихи пайдоиши он ягон далели мӯътамад пайдо наградид. Мардуми маҳаллии Норак ин мавзеъи табииро бениҳоят муқаддас дониста, нисбати вай бовару эътиқод доранд.  Зимни зиёрат ба ин мавзеъ мушоҳида гардид, ки рӯ ба рӯи чашмае, ки аз байни санг ҷорӣ мешуд,  дарахтони туғ соя меафканданд. Ва дар шохҳои ин дарахт миқдори  зиёди латтаҳои гуногунранг баста шуда буданд. Боиси тазаккур аст, ки ба андешаи мардуми тоҷик дарахти “туғ” муқаддас маҳсуб ёфта, онро бештар дар мазору зиёратгоҳҳо вохӯрдан мумкин аст.  Шояд аз ҳамин сабаб ин деҳаро Туғмазор меномиданд.  Аз ин бармеояд, ки одамон ба зиёрати чашма бисёр мерафтаанд ва ҳангоми  зиёрат ба дарахти туғ барои талаби ҳоҷаташон латта мебастаанд. Дар бораи чашма бо сокини деҳаи Туғмазор Солеҳов Насрулло (соли тав. 1939) вохӯрда, маълумот гирифтем, аз гуфтаҳои пирамард маълум шуд, ки Бибизубайда дар оила чор нафар: ду писар ва ду духтар  будаанд. Мувофиқи нақли пирамард дар замонҳои пеш ҳангоми ҳуҷуми душманон ин чор нафар бародарону хоҳарон аз таъқиби кофирон гурехта ба ин мавзеъ меоянд,  писарҳо яке ҳазрати  Хоҷаи Сабзпӯш, ки марқадаш  дар наздикии НБО-и Норак дар масофаи 150 км. дуртар аз ин мавзеъ, дуввумин ҳазрати Хоҷаи Сурхпӯш дар назди обанбори  Норак,  духтарҳо хоҳараш Бибитуғдона дар деҳаи Тутқавули нав ва худаш Бибизубайда дар деҳаи Туғмазор воқеъ мебошад. Баъди  таъқиби  кофирон  Бибизубайда ба деҳаи Туғмазори имрӯза омада, ба болои кӯҳ, ки баландиаш  200 метр мебошад,  мебарояд. Ин дам кофирон наздик шудан мегиранд, Бибизубайда рӯй суи қибла карда, ба ҷониби Худованд илтиҷо мекунад, ки кӯҳро бишкофад то вай ба даруни он даромада, рӯи кофирони номаҳрамро набинад. Ҳамин дуои Бибизубайда иҷобат гардида, даруни кӯҳ кушода мешаваду ин  зани покдоман вориди он мегардад. Кӯҳ боз дубора пӯшида мешавад, мегӯянд аз ҳамон рӯзу соат аз ҳамон ҷо чашмае ҷорӣ мешавад, ки обаки ширину мусаффое дорад. Ба ақидаи мардуми маҳаллӣ гўё ин чашма ашки Бибизубайда  мебошад, ки то имрӯз ҷорӣ шуда истодааст.  Оби ин чашма хусусиятҳои ба худ хосе дорад: Оби чашмаи “Бибизубайда” аз даруни санг ҷорӣ шуда, чандон дур  намеравад,  то дарозии 2 метр рафта нопадид мешавад. Ин об дар чор фасли сол як хел ҷорӣ мегардад,  на кам ва на зиёд мешавад. Оби ин чашмаро барои дармон бахшидан ба бемориҳои меъдаву руда, шикамдард ва “кабудсулфа” истифода мебаранд. Тибқи мушоҳидаи мардум чашма оби сарду гуворо дошта, он аз ҷиҳати таъму лаззат аз дигар чашмаҳо фарқкунанда мебошад. Мегӯянд вақте ки одам аз ин об нӯшад худро сабуку  бардам  ҳис мекунад. Аз роҳҳои дуру наздик ҳоҷатмандон барои табобат омада шифо меёбанд. Ба ин хотир чашмаро муқаддас дониста, ҳамеша тозаву озода нигоҳ медоранд. Тибқи нақли сокинон ин обро танҳо барои нӯшидан ё табобат истифода кардан мумкин аст. Ҳатто дар оби ин чашма даст шустанро калонсолон қатъиян иҷоза намедиҳанд. Дар аснои зиёрат ба ин мавзеъ як ҳамсафарамон, ки зодаи шаҳри Норак буд, ба мо гуфт, ки “мардуми мо пояшонро сӯи чашма дароз намекунанд, ки убол мешавад. Агар дидаву дониста пояшонро сӯи чашмаи Бибизубайда дароз кунанд ба ягон фалокат дучор мешаванд”. Мардуми шаҳри Норак тибқи ҳамин бовару эътиқод зиндагӣ карда, нисбати чашма эҳтироми хосса зоҳир менамоянд. Боз як ҳодисаеро дар робита ба чашмаи Бибизубайда нақл намуд, як вақтҳо як гурӯҳ аскарони рус омада, дар ин ҷо беэҳтиромӣ нисбати ин чашма намуданд ва ҳангоми бозгашт мошинашон ба садамае дучор гардида,  чаппа шуд. Бештар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба зиёрати чашма меоянд. Тибқи ривояти сокинон вақте мардҳо зиёрат кунанд, оби чашма камтар ҷорӣ мешавад ва агар занҳо ба зиёрат оянд, баръакс об бисёртар ҷорӣ мешавад. Сабаби инро чунин шарҳ медиҳанд, ки Бибизубайда аз мардон шарм медоштааст. Баъди таҳқиқу баррасӣ ба хулосае омад, ки мазмуни ҳамаи нақлу ривоятҳое, ки дар бораи пайдоиши чашмаҳои муқаддас офарида шудааст, қариб якранг аст. Ва пайдоиши онҳоро ба бузургони дин,  ашхоси парҳезкор, занҳои покдоман ва  ё шахсиятҳои асотирӣ нисбат медиҳанд. Аз ин хотир мардуми омма ба ин ривоятҳо бовар карда, онро ба дигарон образнок ва ё камтаре аз худ илова карда, нақл мекунанд, ки дар натиҷа вариантнокии он ба вуҷуд меояд. Ҳатто ривоят ба худ характери асотирӣ касб карда,  ба афсона  мубаддал мегардад. Аммо дар бораи чашмаи “Бибизубайда” мо танҳо як варианти ривоятро пайдо кардем. Маълум мегардад, ки дар муқоиса ба Чилучорчашма, Авҷ, Бибифотимаи Заҳро, Гармчашма ва дигар чашмаҳо теъдоди  зиёраткунандагон ба ин чашма маҳдуд буда, дар миқёси ҷумҳурӣ чандон маъмулӣ нест. Дар ҷумҳурӣ адади рӯду чашмаҳо бениҳоят зиёданд ва на дар бораи  ҳамаи онҳо нақлу ривоятҳои аҷиб офарида шудааст. Аз ин маълум мегардад, ки обҳои он чашмаҳое, ки воқеъан шифобахшанду  гуворо нақлҳои ҷолибе аз тарафи мардум эҷод гардида, то ба дараҷаи муқаддасӣ расонида шудааст. Ин омил метавонад барои сарфа ва тозаву озода нигоҳ доштани ҷӯю чашмаҳо мусоидат кунад, зеро муқаддас будани оби ин ё он чашма шахсро водор месозад, ки нисбати чашмаҳо эҳтиёткорона рафтор намояд. Холмуродов Зафар

0

Истироҳатгоҳи Биби Фотимаи Заҳро

Чашмаи шифобахши Бибӣ Фотимаи Заҳро ба қабули беморону истироҳаткунандагон оғоз намуд. Агарчи ин чашма дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ишкошим дар масофаи 200 километр дур аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, аммо бо хусусиятҳои шифобахшӣ, манзараҳои ҷолибу тамошобоб сол то сол таваҷҷуҳи сокинони кишвар  ва берун аз онро бештар ба худ ҷалб мекунад. Сардори Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи табобатии Бибӣ Фотимаи Заҳро Ақназар Самадов ба мухбири АМИТ Ховар гуфт, ки ин истироҳатгоҳи табобатӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ тааллуқ дошта, собиқадорони ҷангу меҳнат бо роҳхати ин Вазорат дар ин ҷо ройгон ба истироҳату табобат фаро гирифта мешаванд. Барои қишрҳои дигари ҷомеа низ дари ин истироҳатгоҳ ҳамеша боз аст ва онҳо бо пардохти маблағи муайян аз оби чашма баҳра мебаранд. Баъди бунёд гардидани панҷ меҳмонхонаи нав ҳоло  дар як баст истироҳатгоҳ то 100 нафарро қабул карда метавонад. Хизматрасонӣ  дар ин муассиса  мутобиқи меъёрҳои муосир  ба роҳ монда шуда,  муштариён аз хизмати маркази саломатӣ,  кабинети  физиотерапевтӣ, дорухонаи  гиёҳҳои шифоӣ ва ёрии таъҷилӣ истифода мебаранд.  Барқароркунии пурраи  ҳудуди  истироҳатгоҳ соли 2000 оғоз ёфта,  марҳила ба марҳила  анҷом дода шуд.  Дар ин муддат  зиёда аз  10 ҳазор бех  дарахтони сояафкан шинонда шуда,  боғи мевадор ҳам  дар нашъунамо аст. Истироҳатгоҳи Биби Фотимаи Заҳро  барои  касалиҳои  сирояткунанда, пӯст, дарди дил, тарбод,  меъда,  безурётӣ ва чандин  дардҳои дигар  фоидаовар аст.  Дар назди чашма  нуқтаи  ёрии аввалияи тиббӣ мавҷуд аст ва баъди аз оби чашма берун омадан табибон вазъи саломатии ҳар як беморро муоина мекунанд.

0

Хуҷачор

Хуҷачор, чашмаи минералӣ. Дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, 35 километр шимолу шарқтар аз шаҳри Душанбе дар соҳили рости сойи Юнус ҷойгир шудааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 1350 метр. Дебиташ – 1 литр дар сония, ҳарорати обаш – 23,5 °С. Оби Хуҷачор камминерал буда, аз гидрокарбонатҳо, калсий, магний, кислотаи силикат (13 миллиграмм дар литр), молибден, мис, руҳ иборат аст. Барои табобати бемориҳо истифода бурдан мумкин аст. Ҳавотаг Ҳавотаг, чашмаи минералӣ. Дар масофаи тақрибан 25 километр шимолу ғарбтари шаҳри Истаравшан ҷой гирифтааст. Обаш гарм, минералнокиаш 4,4 грамм дар литр аст. Солҳои 1948–1950 дар натиҷаи кофтани пармачоҳ (аз умқи 1300 метр) бароварда шудааст. Таркиби кимиёвии он аз хлоридҳо, натрий, сулфур, ҳамчунин микроэлементҳои фаъоли биологӣ – бром, йод, оҳан, молибден, фтор, маргимуш, сурб, руҳ, камубеш магний, калсий, гидрокарбонатҳо, кислотаи борат, сулфатҳо, газҳои метан, нитроген, гидрогенсулфид ва ғайра иборат аст. Мавҷудияти микроэлементҳо ва газ шифобахшии обро дучанд мегардонанд. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии осоишгоҳҳои Ланкарон (Озарбойҷон), Велмиера (Латвия) ва Нижние Серги (вилояти Свердловски Россия) наздик аст. Дар заминаи оби минералӣ осоишгоҳи «Ҳавотог» бунёд карда шудааст. Аз соли 1977 оби минералии «Ҳавотог» ҳамчун оби ошомидании шифобахш фурӯхта мешавад (барои табобати гастрит ва колитҳои музмин нафъ дорад). Чӯрш Чӯрш, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Дар наздикии деҳаи Чӯрш, 2 километр дуртар аз маҷмааи табобатию сайёҳии «Гармчашма» ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2840 метр. Дебиташ – 0,15 – 2,9 литр дар сония, минералнокиаш – 2,0 грамм дар литр, ҳарорати обаш 13–14 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (356 миллиграмм дар литр), калсий (320 миллиграмм дар литр), магний (71,0 миллиграмм дар литр), калий (43,0 миллиграмм дар литр), анионҳои сулфатҳо (274 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (260 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (15,6 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (760 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (68,0 миллиграмм дар литр), радон (9,2 нанокюри дар литр) мавҷуданд. Оби чашма барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои хунгард, нафаскашӣ ва ҳозима (илтиҳоби музмини меъда, колит, гепатит ва холецистит) манфиатбахш аст. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Олентуй, Сираб (вилояти Читаи Россия), Шови, Хмелнитский (Гурҷистон) ва нарзани доломитии Кисловодск монанд аст. Чавшангоз Чавшангоз, чашмаи минералии обаш муътадил дар ноҳияи Шуғнон. Дар соҳили дарёи Чавшангоз, 110 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3360 метр. Маҳалле, ки чашма ҷорӣ мешавад, шибарзамин гаштааст. Дебиташ 1,8 – 10 литр дар сония, минералнокии умумиаш – 0,45 грамм дар литр. Ҳарорати обаш 13 – 36 °С. Таркиби оби чашма аз катионҳои натрий (146 миллиграмм дар литр), калсий (6 миллиграмм дар литр), анионҳои сулфатҳо (180,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (122,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (35,0 миллиграмм дар литр), молекулаҳои кислотаи силикат (51,0 миллиграмм дар литр), гидрогенсулфид (0,12 миллиграмм дар литр), ҳамчунин литий, мис, никел, фтор иборат аст. Барои табобати бемориҳои узвҳои хунгард, ҳаракат, узвҳои ҳозима ва системаи асаб манфиатбахш аст. Онро барои обзан (ванна) ва ошомидан кор мефармоянд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби осоишгоҳи Белокурихаи кишвари Олтой (Федератсияи Руссия) шабоҳат дорад. Чайлаоб Чайлаоб, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар болооби дарёи Муғсу ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 4000 метр. Дебиташ – 30 литр дар сония, минералнокиаш – 0,77 грамм дар литр, ҳарорати обаш 10–15 °С. Таркибаш аз натрий (241 миллиграмм дар литр), калсий (73,0 миллиграмм дар литр), магний (32,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (282 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (98,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (47,0 миллиграмм дар литр) иборат аст. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ ба обҳои табобатии осоишгоҳи Чавскийи Гурҷистон наздик аст. Барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва пешоброҳа тавсия карда мешавад. Чартигумбаз Чартигумбаз, Чоштеппа, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар соҳили рости дарёи Истик воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 4120 метр. Оби чашма ба воситаи 15 пармачоҳ мебарояд. Дебиташ 1,45–3,5 литр дар сония, минералнокиаш 2,02 грамм дар литр. Ҳарорати обаш +33,5 – +63 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (372 миллиграмм дар литр), калсий (51,0 миллиграмм дар литр), калий (20,0 миллиграмм дар литр), магний (6,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (99,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (78,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (74,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (99,0 миллиграмм дар литр), кислотаҳои силикат (118 миллиграмм дар литр) ва метаборат (10,0 миллиграмм дар литр), гидрогенсулфиди озод (14,3 миллиграмм дар литр), ҳамчунин литий, никел, фтор, бром, рух ва сурб мавҷуданд. Дар маҳалле, ки чашма ҷой гирифтааст, қабати лойқа (ғафсиаш 57 сантиметр, ҳарорати 42–48 °С) хобидааст. Онро барои табобат кор мефармоянд. Оби чашма барои муолиҷаи илтиҳоби музмини меъда, камхунӣ, энтероколити музмин, амрози рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар ва пешоброҳа манфиат дорад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Боржоми (Гурҷистон), Лужанская, Свалява, Квасова, Плосковская (Закарпатия) наздик аст. Дар заминаи чашма шуъбаи махсуси физиотерапевтӣ фаъолият дорад. Челонди Челонди, Челондеҳ, чашмаи минералии обаш гарм. Дар ноҳияи Шуғнон, дар соҳили чапи дарёи Тӯқузбӯлоқ, 124 километр шимолу шарқтар аз шаҳри Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3500 метр. Дебиташ – 0,3 грамм дар сония, минералнокии умумиаш – 0,3 грамм дар литр. Оби чашма ба воситаи 4 пармачоҳ мебарояд, ки ҳарорати ҳар яки он аз +21,5 то +67,5 °С аст. Дар таркиби оби чашма натрий (76,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (68,0 миллиграмм дар литр), карбонатҳо (36,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (30,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (11,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (73,0 миллиграмм дар литр), фтор (5,6–10 миллиграмм дар литр), ҳамчунин мис, бор, рух, сурб, молибден, никел ва радон (2,1 нанокюри дар литр) мавҷуданд. Онро бо мақсади обзан (ванна)-ҳои умумӣ ва ингалятсия истифода бурдан мумкин аст. Барои муолиҷаи гастрити музмин, гепатит, холецистит, колит, проктосигмоидит, ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби чашмаҳои Белокуриха (кишвари Олтой) шабоҳат дорад. Ширгин Ширгин, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 99 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар шоҳроҳи Ишкошим – Лангар воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2780 метр. Оби чашма ба воситаи шаш пармачоҳ хориҷ мешавад. Аз чаҳор пармачоҳ оби сард ва аз дутои он оби гарм мебарояд. Ҳарорати обаш +13 – +16 °С, дебиташ 2,9 литр дар сония. Дар таркиби оби чашма силитсий (62–69 миллиграмм дар литр), оҳан (12 миллиграмм дар литр) ва ангидриди карбон (1074 миллиграмм дар литр) мавҷуд аст, ки ба оби нарзани Кисловодск шабоҳат дорад. Обҳои гарми чашма нисбатан серминерал мебошанд. Дар таркиби онҳо силикат (120–132 миллиграмм дар литр), кислотаи метаборат (132–165 миллиграмм дар литр), натрий (450 миллиграмм дар литр), калсий (308 миллиграмм дар литр), калий (80,0 миллиграмм дар литр), магний (67,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (1574 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (585 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (120 миллиграмм дар литр) вуҷуд доранд. Ҳарораташон +28–+36 °С, дебит – 3,1 литр дар сония. Ба обҳои минералии Лебарди ва Сурами (Гурҷистон) наздик аст. Барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ҳаракат, системаи асаб, узвҳои нафаскашӣ (ба ҷуз бемории сил) нафъ дорад. Оби чашмаҳои хунукро барои ошомидан ва оби чашмаҳои гармро барои обзан (ванна) метавон истифода бурд. Шоҳамбарӣ Шоҳамбарӣ, оби минералӣ дар ноҳияи Ҳисор. Дар доманаи ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, 26 километр ғарбтар аз шаҳри Душанбе, дар баландии 1100 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Оби минералӣ соли 1951 бино бар дар маҳалли он ба роҳ мондани корҳои иктишофи нафт тасодуфан ошкор шудааст. Об аз се пармачоҳи умқашон аз 624 то 1830 метр мебарояд. Минералнокӣ — аз 3,5 то 16,3 грамм дар литр, ҳарорат — аз +27 то +43 °С; ишқорнокӣ – рН 7,8 – 8,4. Таркиби обҳо ҳамчунин аз гази карбонат, метан ва нитрогени ҳалшуда, сулфатҳо, хлоридҳо, натрий, микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол, титан, ванадий, лантан, молибден, оҳан, йод, бром, кислотаи нафтенат, алюминий ва ғайра иборат аст. Оби пармачоҳи №1 аз сулфатҳо, хлоридҳо ва натрий иборат буда, минералнокиаш 3,6 грамм дар литр аст. Дар таркиби он ҳамчунин йод, бром, бор, оҳан, кислотаҳои нафтенат ва силикат, метан, радон вуҷуд дорад. Онро ошомидан мумкин аст. Оби пармачоҳи №2 сулфатунатрийдор буда, минералнокиаш 7,6 – 10,2 грамм дар литр мебошад. Дар он газ ва элементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол нисбатан бештаранд. Бо мақсади обзан (ванна) ва душ кор фармуда мешавад. Оби пармачоҳи №3 ба гурӯҳи обҳои сулфат, хлорид ва натрийдор мансуб аст; минералнокиаш 10,7–11,6 грамм дар литр, ҳарораташ +43 °С; андаке бӯи гидрогенсулфид мекунад. Оби нисбатан сергаз аст. Барои обзан (ванна) ва душҳои гуногун тавсия мешавад. Оби маъдании пармачоҳи №1 аз соли 1961 ин ҷониб ҳамчун оби шифобахши ошомиданӣ («Шамбарӣ») дар шишаҳо бароварда мешавад. Дар заминаи оби пармачоҳҳо осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» бунёд карда шудааст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 387–388.

0

Хоҷасангхок

Хоҷасангхок, чашмаи минералӣ. Дар масофаи 89 километр шимолтар аз шаҳри Душанбе, дар водии дарёи Зидеҳ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3000 метр. Оби чашма аз роғи варақсангҳои давраи силур ба рӯи замин мебарояд. Таркиби он аз 98,3% гази карбонат, 1,4% омехтаи гидроген ва 0,3% оксиген иборат аст. Ба оби нарзан шабоҳат дорад. Оби минералие, ки бо номи «Анзоб» маъмул аст, аз Хоҷасангхок гирифта мешавад. Хоҷа Сангхок (ки дар гуфтугӯ гоҳо Хоҷасангҷоқ низ талаффуз мешавад) як минтақаи зебои сайёҳӣ, табобатӣ ва зиёратгоҳи маъруф дар Ҷамоати деҳоти Зиддеҳи ноҳияи Варзоб мебошад. Ҷойгиршавӣ ва роҳи расидан Ин мавзеъ дар шимоли шаҳри Душанбе, дар масири роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ ҷойгир аст. Барои расидан ба он пас аз гузаштани деҳаи Калон (ҳангоми баромадан ба ағбаи Анзоб) ба самти рост гардиш кардан лозим аст. Ба ин минтақа мошинҳои сабукрави баландигузар (кроссовер ва ҷип) ба осонӣ мебароянд. Хусусиятҳои асосӣ Чашмаҳои шифобахш. Мавзеъ бо обҳои минералии худ машҳур аст, ки мардум барои табобат ва истироҳат ба он ҷо мераванд. Мазори Хоҷа Сангхок. Дар ин макон зиёратгоҳи таърихӣ ва муқаддас ҷойгир буда, ҳамасола садҳо нафар барои зиёрат ба ин ҷо меоянд. Табиат ва сайёҳӣ. Аз сабаби дар баландии кӯҳҳо ҷойгир буданаш, ҳавои тобистонаи он хеле салқин аст (шабона ҳаво хунук мешавад) ва барф дар ин ҷо барвақт меборад. Кӯли Лолакӯл (Лайлакӯл). Аз чашмаҳои Хоҷа Сангхок бо роҳи пиёдагард дар давоми тақрибан ду соат ба ин кӯли зебои баландкӯҳ расидан мумкин аст, ки шакли гули лоларо дорад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 387.

0

Хоҷаобигарм

Хоҷаобигарм, гурӯҳи чашмаҳои минералии обашон гарм. Дар ноҳияи Варзоб, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар водии дарёи Хоҷаобигарм (шохоби рости дарёи Варзоб) ҷой гирифтаанд. Маълумоти нахустин оид ба чашмаҳо ба нимаи дуввуми асри 19 рост меояд: Д. Е. Гордон (1877), В. И. Липский (1902), В. Н. Вебер (1917). Ҷиҳати фарқкунандаи чашмаҳои Хоҷаобигарм ҳарорати баланд (89,5–96 °С), серишқорӣ (рН 8,5 – 8,9), зиёд будани миқдори кислотаи силикат (то 148 миллиграмм дар литр), фтор (20 миллиграмм дар литр), радиоактивияти суст (радон 135 эман) ва минералнокии кам (0,4 грамм дар литр) мебошад. Дар таркиби оби чашмаҳо ҳамчунин оҳан, алюминий, титан, мис, молибден, хром, кадмий, литий, барий, фтор, калий, индий, германий, галлий мавҷуданд. Бо мақсади табобат обро меошоманд, барои обзан (ванна) кор мефармоянд. Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» соли 1934 таъсис ёфтааст. Он дар масофаи 50 километр шимолтар аз шаҳри Душанбе, дар қисми марказии нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дар баландии 1940–1960 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дар солҳои аввали фаъолияти осоишгоҳ барои истиқомати истироҳаткунандагон хаймаҳо гузошта шуда буданд. Меҳмонон дар ин хаймаҳо зиндагӣ карда, аз муолиҷаҳои гуногуни табобатӣ ва солимгардонӣ баҳра мебурданд. Баъдтар дар ҳудуди осоишгоҳ якчанд бинои истиқоматӣ сохта шуданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) фаъолияти осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» муваққатан қатъ гардида, биноҳои он ҳамчун анбори нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ истифода мешуданд. Соли 1946, пас аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, осоишгоҳ фаъолияти худро аз нав оғоз намуда, дарҳои худро ба рӯи меҳмонон боз кард. То соли 1968 осоишгоҳ танҳо ба таври мавсимӣ фаъолият мекард, аммо аз соли 1968 ба фаъолияти доимӣ гузашта, дар тамоми фаслҳои сол ба истироҳаткунандагон хизмат мерасонад. Таърихи рушд ва фаъолияти осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» Соли 1972 бо қарори Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ, тибқи лоиҳаи сармеъмор Г. Ерзовецкий ва таҳти роҳбарии сармуҳандис В. Ржевкин, сохтмони биноҳои иловагии осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» оғоз гардид. Соли 1982 аввалин бинои ҳаштқабатаи хобгоҳи «А» ба истифода дода шуд. Соли 1984 хобгоҳи «Б», соли 1985 хобгоҳи «Г», соли 1986 бинои ошхона ва толори фарҳангӣ ва соли 1988 охирин бинои хобгоҳи маҷмааи «Б» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ биноҳои осоишгоҳ зарари ҷиддӣ дида, фаъолияти он ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардид. Дар ин давра осоишгоҳ дар остонаи баста шудан қарор дошт. Соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барқарор намудани фаъолияти осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» қарор қабул кард. Соли 2011 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои таъмиру таҷдиди асосии осоишгоҳ оғоз гардиданд. Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» дар тӯли қариб 90 соли фаъолияти худ ба яке аз осоишгоҳҳои маъруфи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Интиқол аз шаҳр ба осоишгоҳ Барои рафтуомади меҳмонон аз шаҳри Душанбе то осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» ҳаракати микроавтобусҳо ташкил карда шудааст. Ба меҳмонон тавсия дода мешавад, ки пешакӣ бо ронанда тамос гирифта, барои худ ҷой фармоиш диҳанд. Ҳуҷраҳо барои ҷойгиронӣ Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» барои истиқомати бароҳат ва истироҳати бофароғати меҳмонон ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз пешниҳод менамояд. Ҳуҷраҳо вобаста ба шароит ва сатҳи хизматрасонӣ ба якчанд гурӯҳ ҷудо мешаванд: «Стандарт», «Люкс», «Квартира» ва «VIP». Ҳамаи ҳуҷраҳо бо телевизор ва чойники барқӣ таъмин буда, барои меҳмонон халатҳои ҳаммом ва пойафзоли хонагӣ пешниҳод карда мешаванд. Ғизои болаззат ва солим Дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» барои меҳмонон ғизои солим ва мутавозин се маротиба дар як рӯз пешниҳод карда мешавад. Барои омода намудани таомҳо маҳсулоти тару тоза истифода гардида, маводи ғизоӣ ҳар рӯз ба осоишгоҳ дастрас карда мешавад. Кормандон Дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» мутахассисони соҳибихтисоси соҳаи тиб фаъолият мекунанд. Ҳангоми интихоби кормандон ба сатҳи дониш ва малакаи касбӣ, хушмуомилагӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ барои расонидани кумак ба меҳмонон аҳаммияти махсус дода мешавад. Ҳадафи асосии кормандон фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳат, табобат ва барқарорсозии саломатии меҳмонон мебошад. Табиат Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» дар яке аз мавзеъҳои хушманзараи кӯҳистони Тоҷикистон ҷойгир буда, бо табиати зебо, ҳавои тоза ва манзараҳои дилфиреби худ машҳур аст. Осоишгоҳро кӯҳҳои сарбафалак иҳота кардаанд, ки дар доманаҳои онҳо гиёҳҳои гуногуни шифобахш мерӯянд. Яке аз хусусиятҳои муҳими табиии ин минтақа мавҷудияти манбаъҳои буғи гарми табиии дорои радон мебошад, ки ҳамчун яке аз омилҳои асосии табобатӣ дар осоишгоҳ истифода мешаванд. Хизматрасониҳои тиббӣ Дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» маҷмӯи васеи хизматрасониҳои тиббӣ ва солимгардонӣ пешниҳод карда мешавад. Истифодаи омилҳои табиии табобатӣ дар якҷоягӣ бо усулҳои муосири тиббӣ метавонад ба беҳтар шудани вазъи саломатӣ ва барқарорсозии нерӯи ҷисмонии меҳмонон мусоидат намояд. Аз ҷумла, дар осоишгоҳ чунин намудҳои муолиҷа пешниҳод мешаванд: Физиотерапия — истифодаи усулҳои табобатии ҷисмонӣ барои беҳтар намудани фаъолияти узвҳо ва барқарорсозии саломатӣ. Гиёҳдармонӣ — истифодаи гиёҳҳои шифобахш бо мақсади табобат ва солимгардонӣ. Радондармонӣ — истифодаи омилҳои табиии дорои радон бо мақсадҳои табобатӣ таҳти назорати мутахассисони тиб. Интихоби усулҳои муолиҷа вобаста ба вазъи саломатӣ ва тавсияи табиб анҷом дода мешавад. Муолиҷа бо радон барои ҳамаи беморон мувофиқ нест ва бояд бо дарназардошти зиддиятҳои тиббӣ гузаронида шавад. --- Манбаи сархати аввал дар бораи чашмаҳо: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 387.

0

Хосгунӣ

Хосгунӣ, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Дар соҳили дарёи Хосгунӣ, тақрибан 2,5 километр шарқтар аз маҷмааи табобату сайёҳии «Гармчашма» воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2850 метр. Оби чашма ба воситаи се пармачоҳ мебарояд. Дебиташ — 1,5 литр дар сония, минералнокиаш — 4,2 грамм дар литр; ҳарорати обаш +11,5 — +12 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (477 миллиграмм дар литр), натрий (199 миллиграмм дар литр), магний (67,0 миллиграмм дар литр), оҳан (6,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (1275 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (681 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (103 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (56,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин титан, мис, маргимуш, бор ва молибден мавҷуданд. Оби чашма барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои хунгард, ҳозима ва роҳҳои нафаскашӣ (на бемории сил) муфид аст. Онро барои обзан (ванна)-ҳои умумӣ ва ошомидан истифода мебаранд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 387.

0

Хонйӯлӣ

Хонйӯлӣ, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар соҳили дарёи Хонйӯлӣ, 8 километр шимолу шарқтар аз деҳаи Қизилработ ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3950 метр. Оби чашма аз ду мавзеъ мебарояд. Минералнокиаш 0,33 грамм дар литр, дебиташ 6–7 литр дар сония, ҳарорати обаш +19 – +32 °С. Дар таркиби оби чашма калсий (45,0 миллиграмм дар литр), натрий (14,0 миллиграмм дар литр), магний (10,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (10,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (20,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (7,4 миллиграмм дар литр), ҳамчунин руҳ, маргимуш ва молибден мавҷуданд. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ ба оби осоишгоҳи Кисегачи вилояти Челябински Федератсияи Россия наздик аст. Оби чашма барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо тавсия карда мешавад. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 387.

0

Харгӯш

Харгӯш, чашмаи минералии обаш сард. Тақрибан 184 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ишкошим, дар қисми шарқии деҳаҳои Лангар ва Харгӯш ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3270 метр. Минералнокиаш 1,3 грамм дар литр, ҳарорати обаш +7 – +9 °С. Дар таркиби оби Харгӯш натрий (129 миллиграмм дар литр), калсий (34,0 миллиграмм дар литр), магний (5,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (451 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (18,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (16,0 миллиграмм дар литр), ангидриди карбон (580 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (38,0 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Оби чашма газ дорад (96% таркиби онро гази ангидриди карбон ташкил медиҳад). Дебиташ 0,5–0,8 литр дар сония. Барои табобати илтиҳоби меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, гепатит, санги пешобдон ва касалии қанд муҳим аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Сираб ва Дилиҷон (Арманистон) наздик аст. Хирманак Хирманак, оби минералии гарм. Дар деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, дар дараи Алмосӣ, дар соҳили чапи дарёи Хонақоҳ ҷой гирифтааст. Оби чашма аз се пармачоҳ ҷорӣ мешавад, ки умқи онҳо мутаносибан 1824, 1546 ва 1944 метр аст. Таркиби кимиёвии об ба оби минералии Шоҳамбарӣ шабоҳат дорад. Пармачоҳҳо бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 11 январи 1965 «Дар бораи ривоҷи сохтмони санаторияву фароғатгоҳҳо дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1966–1970» кофта шуданд. Мутобиқи қарори мазкур бояд дар водии дарёи Хонақоҳ оби минералии дебиташ 6–10 литр дар сония бароварда мешуд. Дар заминаи оби минералии Хонақоҳ ташкил кардани табобатгоҳи махсус дар назар аст. Ду иморати нимтайёр низ сохта шудааст. Ҳоло оби шифобахши чашмаро бештар аҳолии маҳаллӣ ва навоҳии гирду атроф истифода мебаранд. Хирсдара Хирсдара, чашмаи минералии обаш сард. Дар соҳили чапи дарёи Ванҷ, 60 километр шарқтар аз маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3500 метр. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (683 миллиграмм дар литр), калсий (45,0 миллиграмм дар литр), магний (12,0 миллиграмм дар литр), натрий (11,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (110 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (26,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (3,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин никел, кобалт, руҳ, молибден ва сурб иборат аст. Ҳарорати обаш +9 °С; дебиташ — 8 литр дар сония, минералнокии умумиаш — 1,13 грамм дар литр. Оби чашма дармонбахш буда, барои муолиҷаи бемориҳои илтиҳоби меъда, захми меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, роҳҳои талхадон, ҳамчунин барои ба низом даровардани ҳаракати хун, фарбеҳӣ, ихтилоли мубодилаи моддаҳо манфиат дорад. Ба обҳои нарзани Кисловодск монанд аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386–387.

0

Тмеаша

Тмеаша, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Тақрибан 134 километр ҷанубу шарқтар аз маркази ноҳия, дар соҳили дарёи Оқсу ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3860 метр. Дебиташ – 10 литр дар сония, минералнокиаш – 0,5 грамм дар литр, ҳарорати обаш +31 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (0,5 грамм дар литр), натрий (21,0 грамм дар литр), магний (21,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (281 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (14,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (22,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин фтор, мис, руҳ, маргимуш ва молибден мавҷуданд. Тмеаша барои табобати бемориҳои аъзои ҳозима, узвҳои ҷинсӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо тавсия карда мешавад. Тӯқузбӯлоқ Тӯқузбӯлоқ, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳияи Шуғнон. Дар водии дарёи Тӯқузбӯлоқ, 114 километр шимолу шарқтар аз шаҳри Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3500 метр. Дебиташ – 2,5 литр дар сония. Оби чашма камишқор буда, ба воситаи 12 пармачоҳ мебарояд; ҳарорати оби ҳар пармачоҳ аз +35 то +65 °С аст. Таркиби оби чашма аз натрий (94,0 миллиграмм дар литр), калсий (4,0 миллиграмм дар литр), калий (3,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (117 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (85,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (11,0 миллиграмм дар литр), радон (4,7 нанокюри дар литр), фтор (11,5 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (76,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин мис, никел, руҳ, бром ва молибден иборат мебошад. Минералнокии умумиаш – 0,39 грамм дар литр. Оби чашма гази нитроген дошта, барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, узвҳои такягоҳ, системаи асаб, бемориҳои занона, ғадудҳои дохилӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Он вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби осоишгоҳи Белокуриха (кишвари Олтой) ва чашмаи Моминпроходи Булғория шабоҳат дорад (вале ҳарораташ баландтар аст). Удит Удит, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 28 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар сойи Дараи Удит воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3000 метр. Аз соҳили рости сой ду чашмаи минералӣ мебароянд, ки аз якдигар дар масофаи 40–50 метр ҷой гирифтаанд. Ҳарорати обашон +11,5 – 13,0 °С, минералнокиашон – 3,45 грамм дар литр, дебиташон 0,3 – 1,1 литр дар сония. Таркиби кимиёвии оби чашма аз катионҳои калсий (24,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (848 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (184 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (27,0 миллиграмм дар литр), инчунин аз оҳан, мис, бром, радон (1,6 нанокюри дар литр) ва руҳ иборат аст. Миқдори гази карбонати ҳалшуда 77,8%, нитроген 22,2%. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Севан (Арманистон) ва Квасовск (Закарпатия) наздик аст. Оби чашма таъми хуш дорад ва бо мақсади табобати бемориҳои меъда, рӯда, ҷигар, талхадон, мубодилаи моддаҳо онро ошомидан мумкин аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386.

0

Танобча

Танобча, гурӯҳи кӯлҳои шӯр дар ноҳияи Темурмалик. Тақрибан 15 километр ҷанубу ғарбтар аз шаҳраки Темурмалик ҷой гирифтаанд. Андозаи кӯлҳо гуногун аст: кӯли шарқӣ – 450 × 180 метр, ғарбӣ – 300 × 180 метр. Кӯлҳо кифшакл буда, соҳили ростфаромада (65–70°) доранд. Таҳқиқоти нахустин оид ба хосиятҳои физикию кимиёвии лойқаи шифобахши Танобча ба соли 1956 мансуб аст. Чашмаи ягонае, ки дебити ниҳоят кам дорад, аз қабатҳои гач ҷорӣ мегардад; минералнокиаш – 150 грамм дар литр. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии сулфатунатрийдор мансуб аст; он ҳамчунин йод (0,25 миллиграмм дар литр), бром (то 75,0 миллиграмм дар литр) ва кислотаи метаборат (зиёд аз 90 миллиграмм дар литр) дорад. Лойқаи кӯлҳо дар зери қабати тунуки намак (0,1–0,2 сантиметр) ҷой гирифта, рангаш сиёҳ, хокистарии сиёҳ ва хокистарӣ мебошад; ғафсиаш 30–50 сантиметр (баъзан 70 сантиметр). Дар таркиби лойқаи кӯли шарқӣ 3,2 – 8,8% карбонатҳо, 0,2 – 1,2% гач, 23–56% силикатҳо, ҳамчунин оксидҳо (4%), сулфиди оҳан (0,2 – 0,5%), сулфур (0,01–0,03%), моддаҳои органикӣ (0,8–1,6%) мавҷуданд. Таркиби кимиёвии кӯли ғарбӣ аз карбонатҳои калсий (3–8%), гач (0,3–5%), фосфатҳо, карбонатҳои магний (даҳҳо ҳиссаи %) ва ғайра иборат аст. Лойқаи кӯлҳо аз апрел то октябр гарм аст (30 °С). Лойқаи шифобахши кӯлҳо давои беназири бемориҳои банду буғум ва пӯст мебошад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386.

0

Тағкамар

Тағкамар, чашмаи минералӣ. Дар нишебии шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, 103 километр шимолтар аз шаҳри Душанбе, дар соҳили чапи дарёи Яғноб ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2600 метр. Дебиташ – 0,04 литр дар сония, ҳарорати обаш – 7,5 °С. Дар таркиби оби чашма кислотаи силикат, маргимуш, молибден, литий, сезий, стронсий, ҳамчунин манган, никел, титан, хром, сирконий, мис, сурб, нуқра, руҳ, бор, барий мавҷуданд. Онро метавон бо мақсади табобати бемориҳо истифода бурд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386.

0

Сист

Сист, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 47 километр ҷанубтари шаҳри Хоруғ, дар баландии 2360 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масофа аз Сист то Гармчашма 14 километр. Дебиташ 0,1–0,2 литр дар сония, минералнокиаш – 4,2 грамм дар литр, ҳарорати обаш +10 – +12 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (153 миллиграмм дар литр), магний (41,0 миллиграмм дар литр), натрий (25,0 миллиграмм дар литр), оҳан (20,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (284 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (264 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (10,0 миллиграмм дар литр), гази ангидриди карбон (12,51 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (39,4 миллиграмм дар литр), радон (5,3 нанокюри дар литр), ҳамчунин мис, молибден, бор ва фтор мавҷуданд. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ ба обҳои нарзани доломитии Кисловодск ва Слиач (Чехия) наздик аст. Барои табобати бемориҳои меъда, рӯда, роҳҳои талхарон ва пешоброн, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва панкреатити музмин манфиатбахш аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386.

0

Саришитхарв

Саришитхарв, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Дар водии сойи Саришитхарв, 52 километр дуртар аз маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3300 метр. Дар ин мавзеъ оби чашма ҳашт роҳи баромад дорад. Дебиташ 0,3–0,5 литр дар сония, минералнокиаш 2,27 грамм дар литр, ҳарорати обаш 8 – 12 °С. Дар таркиби оби чашма калсий (263 миллиграмм дар литр), натрий (91,0 миллиграмм дар литр), магний (91,0 миллиграмм дар литр), калий (10,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонат (909 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (339 миллиграмм дар литр), ангидриди карбон (458 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (102 миллиграмм дар литр), ҳамчунин оҳан, радон (3 нанокюри дар литр) мавҷуданд. Онро барои муолиҷаи бемориҳои меъда, рӯда, ҷигар, талхадон, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва панкреатити музмин истифода бурдан мумкин аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби минералии Аршанск (Бурятистон) шабоҳат дорад. Сасиқбӯлоқ Сасиқбӯлоқ, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар соҳили ҷанубии Яшилкӯл, дар баландии 3800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Роҳ ба сӯи чашма аз тарафи деҳаи Булункӯл мегузарад. Минералнокиаш 0,55 грамм дар литр, дебиташ 2–4,6 литр дар сония, ҳарорати обаш 22–32 °С. Дар таркиби оби чашма натрий (59,0 миллиграмм дар литр), калсий (10,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (11,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (50,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (50,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (11,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (35,0 миллиграмм дар литр), фтор (6,4 миллиграмм дар литр), радон (1,1 нанокюри дар литр), ҳамчунин никел, руҳ, маргимуш ва молибден мавҷуданд. Онро барои муолиҷаи илтиҳоби меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар, роҳҳои талхарон, панкреатит, дарди мафосил (колит) истифода мебаранд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби осоишгоҳи Ачалуки (Гурҷистон) шабоҳат дорад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 385–386.

0

Оқсуқон

Оқсуқон, кӯли шӯрест дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд. Дар соҳили рости дарёи Сир, дар доманаи қаторкӯҳи Қизилҷар воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 420 метр. Масоҳаташ 12 километри мураббаъ, тӯлаш 5 километр, бараш то 2,5 километр; умқаш қариб 1 метр. Баҳорон кӯл аз оби барфу борон пур мешавад, тобистон обаш дар натиҷаи бухори зиёд хушк шуда, қабати намак боқӣ мемонад. Гиле, ки дар зери намак ҷамъ шудааст, шифобахш аст. Мавсими табобат дар кӯл моҳи июл оғоз ёфта, то сентябр давом мекунад. Тобистон боришот кам аст, боронгариҳо тирамоҳ сар мешаванд. Маълумоти нахустин оид ба Оқсуқон охири асри 19 пайдо шудааст. Вале аҳолии таҳҷоӣ гили шифобахши онро аз замонҳои қадим истифода мебурданд. Таҳқиқоти аввалини гидрогеологӣ ва физикию кимиёвии кӯл соли 1887 сурат гирифт. Ранги сиёҳи гили кӯлро олимон ба мавҷудияти пайвастҳои сулфури оҳан дар он нисбат медиҳанд. Дар таркиби лойқаи Оқсуқон ионҳои натрий ва калсий (то 95%), ҳамчунин хлор (то 90–95%) ва сулфатҳо (4–5%) бартарӣ доранд. Вобаста ба мавсим ва маҳал дараҷаи ғилзат (консистенсия)-и лойқа гуногун мешавад. Чунончи, лойқаи соҳилҳо нисбатан дурушт буда, лойқаи қисми наздик ба маркази кӯл нарм ва «обакӣ» аст. Ҳангоми омезиш бо об лойқа массаи якранги часпак ҳосил мекунад. Оби лойқаи шифобахш бояд аз 40–60% зиёд набошад. Дар таркиби лойқаи Оқсуқон хлориди натрий (74,86%) ва сулфати магний (7,76%) хеле бисёр аст. Вазни хоси лойқа 1,85–1,87 аст. Соли 1951 дар назди кӯл табобатхона кушода шуд. Ночӯриҳои асаб, гардиши хун, фаъолияти ғадудҳои эндокринӣ ва мубодилаи моддаҳоро дар андомгон ба сомон меорад. Инчунин дар Оқсуқон остеохондроз, тарбод (ревматизм), артрит, бемориҳои меъда, рӯдаҳо, талхадон, ҷигар, ғадуди зери меъда, гурда, амрози занона, простатит, бенаслӣ, бемориҳои пӯст табобат карда мешаванд. Лойи Оқсуқонро дар шифохонаҳои Хуҷанд, Хоҷаобигарм, Обигарм, Тошкент, Фарғона, Чортоқ истифода мебаранд. Оқтош Оқтош, Шаймак, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Тақрибан 128 километр ҷанубу шарқтари деҳаи Қизилработ дар баландии 3860 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Оби чашма дар соҳили рости дарёи Оқсу аз 16 мавзеи хурд мебарояд. Атрофи чашма шибарзамин аст. Дебиташ 3–5,3 литр дар сония, ҳарорати обаш +15 – +27 °С. Таркибаш аз калсий (31,0 миллиграмм дар литр), магний (11,0 миллиграмм дар литр), натрий (7,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (12,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (35,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (6,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин аз мис, никел, руҳ, сурб ва маргимуш иборат аст. Оби чашмаро барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва роҳҳои пешоб истифода мебаранд. Ривак Ривак, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Шуғнон. Дар водии дарёи Ғунд, 32 километр шимолу шарқтар аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2600 метр. Дебиташ – 0,9 литр дар сония; ҳарорати обаш +8 °С. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (555 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (51,0 миллиграмм дар литр), катионҳои калсий (93,0 миллиграмм дар литр), натрий (20,0 миллиграмм дар литр), магний (10,0 миллиграмм дар литр), оҳан (5,0 миллиграмм дар литр), калий (3,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (329 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (44,0), хлоридҳо (3,0 миллиграмм дар литр) иборат аст. Оби чашма шифобахш буда, барои табобати бемориҳои санги пешобдон ва талхадон, дарди мафосил, гепатит, холангит ва душворҳаракатии талхароҳа муфид мешавад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикӣ ба оби осоишгоҳи Лебарден (Гурҷистон) ва чашмаи Молоковскии вилояти Читаи Россия наздик аст. Оби чашма тавассути қубурҳо ба водӣ ҷорӣ мешавад. Аз он нӯшокии минералии «Бадахшон» истеҳсол мекунанд. Ростошитхарв Ростошитхарв, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 56 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар баландии 3900 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дебиташ 0,8 – 1,9 литр дар сония, минералнокиаш – 0,98 грамм дар литр, ҳарорати обаш +8 – +10 °С. Дар таркиби оби чашма калсий (136 миллиграмм дар литр), натрий (72,0 миллиграмм дар литр), магний (23,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (366 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (278 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (88,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (14,0 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Барои муолиҷаи бемориҳои аъзои хунгард, ҳозима ва роҳҳои нафаскашӣ истифода мешавад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби нарзани доломитии Кисловодск наздик аст. Рохарвдара Рохарвдара, чашмаи минералии обаш сард. Тақрибан 7,5 километр ғарбтар аз маркази ноҳияи Ванҷ, дар соҳили рӯди Рохарвдара, дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Ҳарорати обаш +18 °С; дебиташ 1,4 литр дар сония. Дар таркиби обаш катионҳои калсий (145 миллиграмм дар литр), магний (21,0 миллиграмм дар литр), натрий (12,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (612 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (97,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (5,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (700 миллиграмм дар литр), ҳамчунин никел, руҳ, мис ва кобалт мавҷуданд. Минералнокии умумиаш 1,6 грамм дар литр. Омили асосии шифобахши чашма оби минералнокиаш ками дорои карбонатҳо ва калсий мебошад. Онро барои муолиҷаи бемориҳои меъдаю рӯда, ҷигар, роҳҳои пешоб ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истифода мебаранд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 385.

0

Обишифо

Обишифо, оби минералӣ. Дар масофаи 23 километр ғарбтари шаҳри Исфара аз пармачоҳ ҷорӣ мешавад. Он аз қабатҳои олой ва бухорои давраи палеоген аз чуқуриҳои 400–450 метр ва 1430–1460 метр мебарояд. Оби пармачоҳ гарм (19–27 °С) буда, таркибаш аз гидрогенсулфид (370–560 миллиграмм дар литр), намаки бор (128 грамм дар литр), намаки ош иборат аст. Таъмаш андаке турш мебошад. Дебити пармачоҳ 0,27–0,46 литр дар сония. Ҳамчун оби шифобахш барои табобати бемориҳои дилу рагҳо (ғалаёни хун, миокардит, атеросклероз, ишемия ва ғайра), асаб, узвҳои ҳозима, ҳаракат (тарбод, илтиҳоби тарбодмонанд, остеохондроз, спондиллёз, остит, тендовагинит ва ғайра) истифода мешавад. Дар осоишгоҳи «Зумрад» 16 обзани табобат бо Обишифо вуҷуд дорад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 385.

0

Кӯкбой

Кӯкбой, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳияи Шуғнон. Дар соҳили рости шохоби дарёи Кӯкбой ҷойгир аст, баландиаш аз сатҳи баҳр 3920 метр. Дебиташ – 4 литр дар сония, минералнокии умумиаш – 0,9 грамм дар литр, ҳарорати обаш +40 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (20,0 миллиграмм дар литр), натрий (12,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (73,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (15,0 миллиграмм дар литр) ва ангидриди озоди карбон (77,0 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Кӯкбой хосияти шифобахшӣ дошта, барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Оби чашмаро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд. Қаратобон Қаратобон, чашмаи минералӣ. Дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, 15 километр шарқтари деҳаи Зиреҳ ҷойгир шудааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2050 метр. Дебиташ – 0,6 литр дар сония, ҳарорати обаш 90 °С, минералнокиаш – 3,6 грамм дар литр. Таркиби оби чашма аз кислотаҳои силикат, метаборат, манган, никел, кобалт, мис, рух, литий, гази карбонат (90,6%), нитроген (7,8%), оксиген (1,6%) иборат аст; хусусан миқдори оҳан (2 миллиграмм дар литр) зиёд аст (он ҳангоми ба рӯи замин баромадани оби чашма қисман таҳшин мешавад). Ҳамчун оби ошомиданӣ ва барои қабули обзан (ванна) тавсия шудааст. Қизилработ Қизилработ, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар водии дарёи Оқсу, 2 километр ғарбтари деҳаи Қизилработ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3380 метр. Оби чашма газнок (кислотаи карбон – 87%, нитроген – 12,5%) буда, аз миёнаҳои дарёи Оқсу дар ҷазирачаи хурде мебарояд. Дебиташ 1,2–1,6 литр дар сония, минералнокиаш 1,53 грамм дар литр, ҳарорати обаш +37 – +38 °С. Таркиби оби чашма аз калсий (193 миллиграмм дар литр), натрий (71,0 миллиграмм дар литр), магний (23,0 миллиграмм дар литр), калий (8,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (756 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (69,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (18,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (335 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (51,0 миллиграмм дар литр), метаборат (6,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин литий, оҳан, никел, фтор, бром, рух ва сурб иборат аст. Барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима тавсия карда мешавад. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан истифода бурд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои маъдании Тсагвери ва Шови (Гурҷистон) наздик аст. Қизилтумшуқ Қизилтумшуқ, оби минералии гарм дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. Аз пармачоҳ (чуқурии 500–700 метр) ҷорӣ мешавад. Бӯи тези гидрогенсулфид дорад. Таркибаш аз хлоридҳо, сулфатҳо, натрий, калий, ҳамчунин йод, бром, бор, оҳан, алюминий, газҳои радон, карбоҳидрид, нитроген ва ғайра иборат аст. Он асосан барои табобати амбулаторӣ истифода мегардад. Тобистон барои беморони вазнин дар беморхонаҳои ноҳиявӣ чанд кат ҷудо карда мешавад. Дармонгоҳи обшифоӣ аз моҳи май то октябр фаъолият менамояд. 6 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ гаштааст. Оби пармачоҳ барои табобати бемориҳои узвҳои такяву ҳаракат, силсилаи асабҳои канорӣ, бемориҳои занона, пӯст (псориаз, нейродермит, себорея, шукуфаи сурхи паҳн ва ғайра) нафъ дорад. Қизилчилга Қизилчилга, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Тақрибан 45 километр ҷанубтари ағбаи Оқбайтал, дар водии дарёи Сасиқсу ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 4500 метр, дебиташ 0,3 литр дар сония, минералнокиаш 2,42 грамм дар литр, ҳарорати обаш +4 – +7 °С. Таркибаш аз калсий (448 миллиграмм дар литр), магний (153 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (1392 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (293 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (11,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (67 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (54,0 миллиграмм дар литр) иборат аст. Он барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои хунгард, ҳаракат, системаи асаб, пӯст ва узвҳои ҷинсӣ тавсия карда мешавад. Меҳмонйӯл Меҳмонйӯл, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар соҳили чапи дарёи Оқсу, 2 километр ҷанубу ғарбтар аз деҳаи Қизилработ воқеъ аст. Дебиташ 0,2 литр дар сония, минералнокиаш 4,8 грамм дар литр; ҳарорати обаш +24 °С. Дар таркиби оби чашма натрий (903 миллиграмм дар литр), калий (93,0 миллиграмм дар литр), калсий (93,0 миллиграмм дар литр), магний (16,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (2466 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (203 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (111 миллиграмм дар литр), кислотаи метаборат (42,0 миллиграмм дар литр), радон (8,7 нанокюри дар литр), силикат (37,5 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Барои муолиҷаи илтиҳоби меъда, бемориҳои рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар, талха, ихтилоли мубодилаи моддаҳо манфиатбахш аст. Ба обҳои маъдании Борҷоми наздикӣ дорад. Миёндара Миёндара, чашмаи минералии обаш сард. Дар соҳили рости дарёи Ванҷ, 55 километр шарқтар аз маркази ноҳияи Ванҷ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3500 метр. Дебиташ – 1 литр дар сония, минералнокии умумиаш – 1,65 грамм дар литр; ҳарорати об +8 °С. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (800 миллиграмм дар литр), катионҳои калсий (260 миллиграмм дар литр), натрий (116 миллиграмм дар литр), магний (47,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (342 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (78,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (1,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин микроэлементҳо - оҳан, никел, мис, бор ва рух иборат аст. Оби чашмаро барои муолиҷаи гастрит, бемориҳои захми меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, холецистит, гепатит, пиелонефрит ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истифода бурдан мумкин аст. Вобаста ба таркиби ионӣ ба обҳои нарзании Кисловодск шабоҳат дорад. Навободак Навободак, чашмаи минералӣ. Дар нишебии шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар соҳили чапи дарёи Яғноб (дар муқобили деҳаи Анзоб) ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2800 метр. Дебиташ – 0,2 литр дар сония, ҳарорати обаш 7 °С; таъми оҳан дорад. Аз оби чашма гази карбонат хориҷ мешавад. Таркиби он аз гидрокарбонатҳо, калсий, магний, кислотаи силикат иборат аст. Барои табобати бемориҳо истифода бурдан мумкин. Нахрхун Нахрхун, чашмаи минералии обаш сард. Дар соҳили рости дарёи Панҷ, 46 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ишкошим ҷойгир аст. Дебиташ – 0,5 литр дар сония, минералнокиаш – 1,7 грамм дар литр, ҳарорати обаш +13 – +15 °С. Дар таркиби оби чашма натрий (253 миллиграмм дар литр), калсий (230 миллиграмм дар литр), магний (43,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (1029 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (79,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (70,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (8,0 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Онро метавон барои ошомидан истифода кард. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Шови ва Тсагвери (Гурҷистон) наздик аст. Барои табобати бемориҳои аъзои ҳозима ва ихроҷи пешоб муфид мебошад. Наспар Наспар, чашмаи минералӣ. Дар ноҳияи Шуғнон дар масофаи 2 километр болотар аз резишгоҳи дарёи Наспар воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3840 метр. Дебиташ 0,8–10 литр дар сония, минералнокии умумиаш – 0,6 грамм дар литр. Ҳарорати обаш +22 – +27 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (192 миллиграмм дар литр), калсий (6,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (161 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (152 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (18,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (51,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (6,6 миллиграмм дар литр), ҳамчунин фтор, руҳ, маргимуш, сурб ва молибден мавҷуданд. Оби чашма бӯи гидрогенсулфид мекунад. Барои табобати бемориҳои узвҳои хунгард, такяву ҳаракат, системаи асаб ва амрози занона муфид аст. Оби чашмаро метавон барои қабули обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикӣ шабеҳи оби осоишгоҳҳои Белокурихаи кишвари Олтой аст. Немағс Немағс, чашмаи минералии обаш сард. Дар ноҳияи Шуғнон дар соҳили чапи дарёи Немағсдара (шохоби чапи дарёи Ғунд) воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3170 метр. Дебиташ 5,6–6,7 литр дар сония, ҳарорати обаш +6,0 °С. Дар таркиби оби чашма ангидриди карбон (449 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (51,0 миллиграмм дар литр), катионҳои калсий (20,0 миллиграмм дар литр), натрий (8,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (92,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (5,0 миллиграмм дар литр), радон (9,6 нанокюри дар литр) вуҷуд доранд. Оби чашма шифобахш буда, барои муолиҷаи гастрити музмин, гепатит, холетсистит, колит, проктосигмоидит, ихтилоли мубодилаи моддаҳо (диабет ва диатези бавлӣ-заҳрпешобӣ) муфид аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии осоишгоҳи машҳури Брамбахийск (Олмон) ва Дарасуни вилояти Чита (Руссия) шабоҳат дорад (вале минералнокиаш қадре кам аст). Обигарм Обигарм, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 76 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дебиташ – 53 литр дар сония, ҳарорати обаш +27 – +31 °С. Дар таркиби оби чашма гази ангидриди карбон (960 миллиграмм дар литр), катионҳои калсий (233 миллиграмм дар литр), натрий (180 миллиграмм дар литр), магний (52,0 миллиграмм дар литр), калий (38,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (872 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (232 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (196 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (52,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин магний, оҳан, мис, никел, фтор, радон (8,6 нанокюри дар литр) ва бром мавҷуданд. Онро метавон барои обзан (ванна)-ҳо, ингалятсия ва ошомидан истифода бурд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби минералии Дарасун (вилояти Читаи Россия) ва Лагунск (Украина) наздик аст. Барои табобати бемориҳои меъда, рӯда, ҷигар, талхароҳа ва узвҳои ҷинсӣ нафъ дорад. Обигарм Обигарм, гурӯҳи чашмаҳои минералии обашон гарм. Дар доманаи ҷанубу шарқии қаторкӯҳҳои Қаротегин, дар канори шаҳраки ҳамноми Обигарм ҷой гирифтааст. Бино ба тақсимоти маъмурӣ маҳалли мазкур тобеи шаҳри Роғун аст. Маълумоти нахустин оид ба чашмаҳо аз соли 1870 (К. А. Абрамов) ибтидо мегирад. Дар бораи чашмаҳо В. Ф. Ошанин (1878), В. Н. Вебер (1913), Г. Андреев (1916), И. И. Бездека (1925), Н. Л. Корженевский (1925) ва дигарон низ тадқиқот кардаанд. Аз рӯи таркиби физикию кимиёвӣ обҳо ишқорӣ, сулфатдор, хлориди натрийдор мебошанд. Минералнокии онҳо суст (0,9 грамм дар литр) ва ҳарораташон 45 – 55 °С аст; миқдори кислотаи силикат 20 – 30 миллиграмм дар литр. Дар таркиби обҳо ҳамчунин анионҳои сулфат ва хлор, катионҳои натрий ва калсий, камубеш гидрокарбонатҳо, магний, нитритҳо, микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол – алюминий, титан, манган, мис, силитсий, молибден, стронсий, барий, бор, фтор ва ғайра вуҷуд доранд. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Иссиқота (Қирғизистон), Ткваригели ва Схалтубо (Гурҷистон) наздик мебошад. Соли 1946 осоишгоҳи «Обигарм» ташкил карда шуд, ки аз оби минералии пармачоҳҳо истифода мекунад. Обисафед Обисафед, чашмаи гарми минералӣ дар ноҳияи Ғарм; 22 километр шимолу ғарбтари деҳаи Ҳоит, дар водии дарёи Қарокушхона воқеъ аст. Оби чашма аз роғҳои тектоникии байни табақаи оҳаксангу варақсангҳои силури боло чорист. Дебиташ 10 – 12 литр дар сония, ҳарорати об 51 °С. Оби чашма аз қабили обҳои силитсий (50 миллиграмм дар литр), фтор (11 миллиграмм дар литр), сулфати гидрокарбонати натрийдор буда, дар таркибаш инчунин ба миқдори ниҳоят кам манган, никел, титан, молибден, волфрам, мис, сурб, нуқра, руҳ, қалъагӣ, германий, галлий, бор, бериллий, барий, стронсий, литий ва дар ҳолати ҳалшуда гази азот мавҷуд аст. Онро ба мақсадҳои муолиҷа (ванна) истифода бурдан мумкин аст. Обшир Обшир, чашмаи минералии обаш сард дар водии дарёи Чичкрӯди ноҳияи Айнӣ. Чашма дар минтақаи тектоникӣ (рӯгечаи байни ҷинсҳои палеозой - аз боло ва таҳнишастҳои мезозой - аз поин) ҷой гирифтааст. Дебиташ 0,3 литр дар сония, ҳарорати обаш 11 °С. Чашма ба гурӯҳи обҳои дорои гази карбонат, сулфиди гидроген, силикат, гидрокарбонату сулфат, калий, магний ва натрий мансуб аст. Он ҳамчунин ба миқдори ниҳоят кам манган, титан, волфрам, мис, сурб, бериллий, стронсий, литий, инчунин дар ҳолати ҳалшуда гази сулфиди гидроген ва дар ҳолати озод гази карбонат низ дорад. Оби шифобахши чашмаро барои муолиҷаи баъзе бемориҳо истифода бурдан мумкин аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 383–385.

0

Койтезак

Койтезак, Кӯҳтезак, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Шуғнон. Дар соҳили чапи дарёи Суули-Тоғаркаки воқеъ гаштааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3960 метр. Маҳалли чашма шибарзамин аст. Оби чашма ба воситаи 3 пармачоҳ мебарояд. Дебиташ – 1,5–4,0 литр дар сония, ҳарорати обаш 23–33 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (72,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо ва сулфатҳо (182 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (77,0 миллиграмм дар литр), фтор (12,0 миллиграмм дар литр), радон (3,4 нанокюри дар литр), ҳамчунин бор, рух, литий, мис, никел мавҷуданд. Оби чашма гази нитроген дорад. Барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, узвҳои такягоҳ ва системаи асаб, бемориҳои узвҳои ҷинсӣ, ғадудҳои дохилӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истифода мешавад. Оби чашмаро менӯшанд, барои қабули обзан (ванна) кор мефармоянд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 383.

0

Калтуч

Калтуч, чашмаи минералӣ дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дар водии дарёи Қофарниҳон, 0,5 км поинтар аз деҳаи Калтуч ҷой гирифтааст. Баландиаш аз с. б. 1140 м. Дебиташ – 6 л/с, ҳарорати обаш 30,2 °С. Оби чашма аз гидрокарбонатҳо, калсий, натрий таркиб ёфтааст. Бо мақсади табобати бемориҳо истифода мешавад. Дараи Ромит минтақаи сайёҳӣ эълон шудааст. Дар ин ҷо осоишгоҳҳои табобатӣ ва истироҳатгоҳҳои кӯдакона ҷойгиранд. Ҳамчунин, дар ҳудуди он, дар мавзеи «Калтуч», чашмаи оби гарм мавҷуд аст, ки дар назди он барои табобат ва солимгардонии шаҳрвандон осоишгоҳ бунёд карда шудааст. Ворид шудан ба ҳудуди мамнӯъгоҳ бо мувофиқаи маъмурияти он тавассути нақлиёти фармоишӣ ташкил карда мешавад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 383.

0

Бӯғинак

Бӯғинак, чашмаи минералӣ, дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дар болооби дарёи Кофарниҳон (Сорбо) ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2550 метр. Оби чашма камишқор (pH 8,1) буда, аз силикатҳо, гидрокарбонатҳо, нитратҳо, ҳамчунин оҳан, манган, натрий, калий, калсий иборат аст. Бӯғинак хосияти табобатӣ дорад. Бутарӣ Бутарӣ, чашмаи минералӣ. Тақрибан 1 километр ҷанубу шарқтари шаҳраки Чоруқдарони вилояти Суғд, дар сойи амиқе ҷой гирифтааст. Дебиташ – 0,31 литр дар як сония, ҳарорати обаш 15 °С. Дар таркиби оби чашма сулфатҳо, гидрокарбонатҳо, натрий, калсий ва унсурҳои дигар мавҷуданд. Он ҳамчунин каме радон, уран ва ба миқдори зиёд нитратҳо (113 миллиграмм дар як литр) дорад. Ванҷ Ванҷ, чашмаи минералии обаш гарм. Дар соҳили чапи дарёи Ванҷ, 57 километр болотар аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ, дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масофа аз чашма то роҳи мошингард – 2,5 километр. Ҳарорати обаш + 22 °С; дебиташ 2,3 литр дар як сония. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (86,0 миллиграмм дар як литр), натрий (63,0 миллиграмм дар як литр), магний (62,0 миллиграмм дар як литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (390 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (283 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (5,01 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин микроэлементҳо (мис, кобалт, бор, молибден ва арсен) мавҷуданд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикӣ ба оби чашмаи Пауши Ҷумҳурии Руминия шабоҳат дорад. Омили асосии шифобахши чашма оби камминерали дорои гидрокарбонатҳо, сулфатҳо, магний, калсий ва натрий аст. Онро метавон барои табобати гастрити музмин, ҳепатити музмин, холецистит ва колит истеъмол кард. Вездара Вездара, чашмаи минералӣ. Дар ноҳияи Шуғнон, дар соҳили рости дарёи Вездара, 50 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3400 метр. Дебиташ 2,6–3,3 литр дар як сония, минералнокии умумиаш – 3,3 грамм дар як литр, ҳарорати обаш +17 – +33 °С. Дар таркиби оби чашма натрий (400 миллиграмм дар як литр), калий (53 миллиграмм дар як литр), калсий (196 миллиграмм дар як литр), магний (36 миллиграмм дар як литр), ҳидрокарбонатҳо (1165 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (430 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (50 миллиграмм дар як литр), кислотаҳои силитсий (187 миллиграмм дар як литр), метаборат (97 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (660 миллиграмм дар як литр) мавҷуданд. Оби чашма шифобахш буда, барои табобати бемории узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Онро метавон нӯшид, ҳамчунин обзан (ванна) кор фармуд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби чашмаҳои Налчик шабоҳат дорад. Вранг Вранг, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Дар соҳили рости дарёи Вранг, 85 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2 800 метр. Дебиташ 0,01–0,25 литр дар як сония, минералнокиаш 2,92 грамм дар як литр, ҳарорати обаш +12,5 – +15,5 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (137 миллиграмм дар як литр), магний (80,0 миллиграмм дар як литр), калий (21,0 миллиграмм дар як литр), ҳидрокарбонатҳо (1287 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (142 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (106 миллиграмм дар як литр), кислотаҳои силитсий (130 миллиграмм дар як литр), метаборат (134 миллиграмм дар як литр), радон (30 нанокюри дар як литр), ҳамчунин оҳан, бром ва борат мавҷуданд. Барои муолиҷаи бемории узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муҳим аст. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан истифода бурд. Гармоба Гармоба, чавонӣ, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Файзобод. Дар водии дарёи Гармоба (шоҳоби чапи дарёи Обигарм), 6 километр шумолу ғарбтар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 1520 метр. Обаш гарм (42 °С), таркибаш аз ионҳои сулфат, хлорид, натрий, калсий, манган, молибден, волфрам, инчунин кислотаи силикат (42 миллиграмм дар як литр), кислотаи метаборат (2 миллиграмм дар як литр) ва бром (1,06 миллиграмм дар як литр) иборат мебошад. Минеранокиаш 0,5 грамм дар як литр. Дебиташ 1,3 литр дар як сония. Оид ба чашма бори нахуст Э. Э. Карстенс таҳқиқот анҷом додааст (1937). Гармчашма (ноҳияи Ванҷ) Гармчашма, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳияи Ванҷ. Дар соҳили чапи дарёи Ванҷ, 50 километр шарқтар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр – 2400 метр. Оби чашма ба воситаи шаш пармачоҳ мебарояд, ки панҷтои онҳо 500 метр дуртар аз роҳи мошингард воқеанд; дебити умумиашон 20 литр дар як сония. Пармачоҳи шашум дар сари роҳи мошингард ҷой гирифтааст; дебиташ зиёда аз 10 литр дар як сония (оби он ба дарёи Ванҷ мерезад). Маҳалли чашма ба шибарзамин табдил ёфтааст. Ҳарорати обаш +21 °С; минералнокии умумиаш – 1,9 грамм дар як литр. Таркиби оби чашма аз катионҳои натрий (267 миллиграмм дар як литр), калсий (189 миллиграмм дар як литр), магний (61,0 миллиграмм дар як литр), калий (16,0 миллиграмм дар як литр), анионҳои сулфат (683 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (281 миллиграмм дар як литр), ҳидрокарбонатҳо (268 миллиграмм дар як литр), кислотаи силитсий (27,0 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин оҳан, никел, фтор, бром, маргимуш, рух ва сезий иборат аст. Оби чашма ҳамчунин радон (2,8 нанокюри дар як литр) дорад. Омили асосии шифобахши чашма оби минералнокиаш ками карбонатии дорои сулфатҳо, хлоридҳо, натрий ва калсий мебошад. Онро метавон барои муолиҷаи холетсистит, ҳепатит, илтиҳоби музмини меъда ва фарбеҳӣ истеъмол кард. Гармчашма (ноҳияи Ишкошим) Гармчашма, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Дар масофаи 42 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Шоҳдара, дар баландии 2 800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Тадқиқотҳои илмии чашма аз ибтидои асри 20 оғоз ёфтаанд (Б. А. Федченко). Минбаъд ба ин кор олимон Н. И. Березкина, Е. Г. Андреев, Н. Е. Хрисанфов ва Г. И. Жуков идома бахшидаанд. Оби минералӣ аз байни ҷинсҳои қадимии кристаллию метаморфӣ фаввора зада, чанд ҳавзчаи табииро ба вуҷуд меорад, ки сатҳашон аз 0,5 то 20 метри мураббаъ; умқашон то 0,5 метр. Дебиташ 7 литр дар як сония, минералнокиаш 3,4 грамм дар як литр. Ҳарорати об аз 33 ° то 50 °С. Таркиби он аз натрий (700 миллиграмм дар як литр), калий (75,0 миллиграмм дар як литр), калсий (132 миллиграмм дар як литр), магний (32,0 миллиграмм дар як литр), ҳидрокарбонатҳо (1629 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (404 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (161 миллиграмм дар як литр), кислотаҳои силитсий (196 миллиграмм дар як литр), метаборат (32,0 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (500 миллиграмм дар як литр), ҳидрогенсулфиди озод (170 миллиграмм дар як литр), гази карбонати ҳалшуда (380 – 500 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол (оҳан, алюминий, магний, фтор ва стронсий) иборат аст. Оби чашма барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, системаи асаб, аъзои такяву ҳаракат, амрози занона ва пӯст муфид мебошад. Оби чашма аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикӣ ба обҳои курорти Истису (Озарбойҷон), Пятигорск, Железноводск (Русия), Хайдусабосло ва Харкани (Маҷористон) шабоҳат дорад, вале миқдори ҳидрогенсулфид ва кислотаи силитсий дар он бештар аст (аз ин рӯ, шифобахшии нисбатан бештар дорад). Бино бар зиёд будани минералнокии оби чашма аз тарқишҳо берун баромада, шӯша мебандад. Дар натиҷа ба кристалҳо табдил ёфтани калсийи оби чашма чандин обзан (ванна)-и табиии хурду калон ба вуҷуд омадааст. Даршай Даршай, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Дар соҳили рости дарёи Даршай, 42 километр шарқтар аз маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Чашма дар пои шахи овезон дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Обаш бӯи ҳидрогенсулфид (46 миллиграмм дар як литр) мекунад. Дебиташ 2,3–3,0 литр дар як сония, минералнокиаш – 3,6 грамм дар як литр; ҳарорати обаш +31,5 °С. Таркиби оби чашма аз натрий (496 миллиграмм дар як литр), калсий (383 миллиграмм дар як литр), магний (38,6 миллиграмм дар як литр), ҳидрокарбонатҳо (443 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (250 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (360 миллиграмм дар як литр), кислотаи силитсий (75,0 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин мис, фтор, бор, рух ва молибден иборат аст. Барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои хунгард, ҳозима, ҳаракат, системаи асаб, пӯст, узвҳои ҷинсӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо судманд аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби чашмаҳои минералии Бюксек (Венгрия) ва Сойминск (Закарпатия) наздик мебошад. Дӯстироз Дӯстироз, дастирост, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ванҷ. Дар саргаҳи дарёи Ванҷ, 7 километр болотар аз даромадгоҳи дараи Дӯстироз воқеъ гаштааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3600 метр. Оби чашма аз қабати оҳаксанг, ки дар байни варақсангҳои давраи палеозой хобидааст, мебарояд. Дебиташ 6 литр дар як сония. Ҳарорати об +6 °С; минералнокиаш — 0,7 грамм дар як литр. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (300 миллиграмм дар як литр), калсий (45,0 миллиграмм дар як литр), магний (12,0 миллиграмм дар як литр), натрий (11,0 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (110 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (26,0 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (3,0 миллиграмм дар як литр), инчунин мис, рух, сурб, никел, кобалт, титан, стронсий иборат аст. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ оби чашма ба обҳои минералии Аршан (Бурятистон) шабоҳат дорад. Барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима ва хунгард муфид аст. Жунт Жунт, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Дар соҳили чапи дарёи Гармчашма, 500 метр шарқтари деҳаи Жунт ҷойгир аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2780 метр. Дебиташ – 0,1 – 0,2 литр дар як сония, минералнокиаш — 2,7 грамм дар як литр. Ҳарорати обаш +12 – +17 °С. Таркиби оби чашма аз ангидриди озоди карбон (220 миллиграмм дар як литр), кислотаи силитсий (90,0 миллиграмм дар як литр), катионҳои калсий (321 миллиграмм дар як литр), натрий (178 миллиграмм дар як литр), магний (91,0 миллиграмм дар як литр), калий (24,0 миллиграмм дар як литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (1196 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (485 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (108 миллиграмм дар як литр), инчунин микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол (оҳан, титан, мис, никел, кобалт, бром ва йод) иборат аст. Оби чашма барои муолиҷаи бемории узвҳои ҳозима, пешобзо ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои сулфатдори нарзани Кисловодск ва Хмелнитский шабоҳат дорад. Зерев Зерев, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 5 километр дуртар аз резишгоҳи сойи Дараи Зерев, дар баландии 2900 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Минералнокиаш – 2,0 грамм дар як литр, ҳарорати обаш +10 – +18 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (255 миллиграмм дар як литр), натрий (175 миллиграмм дар як литр), магний (65,0 миллиграмм дар як литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (1391 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (125 миллиграмм дар як литр) мавҷуданд. Оби чашма барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, роҳҳои нафаскашӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо нафъ дорад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби минералии Тсагвери (Гурҷистон) наздик аст. Зонг Зонг, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Дар андаробии дарёҳои Помир ва Вахон, тақрибан 111 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2840–3020 метр. Оби чашма аз 9 ҷой, ки оби шаштои он хунук ва сетоаш гарм аст, мебарояд. Мавзеи чашма ба шибарзамин табдил ёфтааст. Дар атрофу акнофи он бӯи гидрогенсулфид ҳис мешавад. Дебити чашмаҳои обаш гарм 6,0 литр дар як сония, ҳарорати обашон +25,5 – +47 °C аст. Обаш газ дорад. Таркиби об аз натрий (650 миллиграмм дар як литр), калий (61,0 миллиграмм дар як литр), калсий (61,0 миллиграмм дар як литр), магний (16,0 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (1232 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (291 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (287 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (301 миллиграмм дар як литр), кислотаҳои силитсий (161 миллиграмм дар як литр) ва метаборат (159 миллиграмм дар як литр) иборат аст. Минералнокиаш 3,07 грамм дар як литр. Ҳарорати чашмаҳои обашон сард +15 – +19 °C, дебиташ 2,85 литр дар як сония аст. Дар таркиби об оҳан, литий, стронсий, фтор, титан, манган, алюминий, мис ва берилий мавҷуданд. Оби чашмаро метавон барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва ғадудҳои эндокринӣ истифода бурд. Лойқаи атрофи чашмаҳо (ғафсиаш 10-15 сантиметр) низ шифобахш аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои маъдании Истису (Озарбойҷон), Боржоми (Гурҷистон) ва Дилиҷон (Арманистон) шабоҳат дорад. Зоог Зоог, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳияи Рӯшон. Дар водии дарёи Бартанг, 2 километр поёнтар аз кӯли Сарез, дар баландии 3800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Ҳарорати обаш зиёда аз +20 °C, минералнокии умумиаш – 1,0 грамм дар як литр. Таркиби оби чашма аз калсий (491 миллиграмм дар як литр), натрий (329 миллиграмм дар як литр), магний (119 миллиграмм дар як литр), оҳан (40,0 миллиграмм дар як литр), калий (6,0 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (36,0 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (11,0 миллиграмм дар як литр) иборат аст. Оби чашма барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои такяву ҳаракат, силсилаи асаб ва камхунии оҳаннорасо муфид мебошад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби курортҳои Ронченко ва Левико (Итолиё) монанд аст. Инеф Инеф, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 88 километр дуртар аз маркази ноҳия дар баландии 2770 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Оби чашма ба воситаи ду пармачоҳ мебарояд. Дебиташ 0,7–0,9 литр дар як сония. Маҳалли чашма шибарзамин аст. Ҳарорати обаш +18 – +19 °C, минералнокиаш – 4,5 грамм дар як литр. Оби чашма газнок буда, ба назар «ҷӯшида» меистад. Дар таркиби он ангидриди карбон (1310 миллиграмм дар як литр), кислотаҳои силитсий (65 – 68 миллиграмм дар як литр), метаборат (184 миллиграмм дар як литр), натрий (457 миллиграмм дар як литр), калсий (259 миллиграмм дар як литр), калий (77,0 миллиграмм дар як литр), магний (69 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (1421 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (500 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (142 миллиграмм дар як литр), инчунин оҳан, никел, фтор, бром, молибден, сурб, литий ва рух мавҷуданд. Оби чашмаро барои ошомидан ва ба шакли обзан (ванна) барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, пиелонефрити музмин, бемориҳои санги пешобдон, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва ғадудҳои эндокринӣ истифода бурдан мумкин аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Зваре, Муаши (Гурҷистон), Ессентуки (Русия) ва Сойминск (Закарпатия) шабоҳат дорад. Иссиқбулоқ Иссиқбулоқ, Яшилкӯл, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар соҳили рости дарёи Аличур ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3900 метр. Оби чашма аз 4 ҷой мебарояд. Дебиташ – 0,3 – 2,0 литр дар як сония, минералнокиаш – 0,53 грамм дар як литр, ҳарорати обаш +69 – +71 °C. Бӯи гидрогенсулфид мекунад. Таркиби об аз натрий (182,0 миллиграмм дар як литр), калсий (10,0 миллиграмм дар як литр), калий (6,0 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (152 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (60,0 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (26,0 миллиграмм дар як литр), кислотаҳои силитсий (82,0 миллиграмм дар як литр), метаборат (9,0 миллиграмм дар як литр), фтор (16,0 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин аз мис, литий ва никел иборат аст. Барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, системаи асаб, банду буғум, устухон, мушак, ихтилоли мубодилаи моддаҳо, амрози занона, ғадудҳои эндокринӣ муфид мебошад. Ичкелик Ичкелик, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Дар масофаи 169 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3800 метр. Дебиташ 0,2-0,5 литр дар як сония, минералнокии умумиаш 0,5-0,8 грамм дар як литр, ҳарорати обаш +10 °C. Дар таркиби оби чашма натрий (65,0 миллиграмм дар як литр), калсий (44,0 миллиграмм дар як литр), магний (17,0 миллиграмм дар як литр), калий (8,0 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (348 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (41,0 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (10,0 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (84,0 миллиграмм дар як литр), радон (24,9 нанокюри дар як литр), ҳамчунин фтор, мис, рух ва молибден мавҷуданд. Барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, ихтилоли мубодилаи моддаҳо, системаи асаб, узвҳои ҷинсӣ ва амрози занона манфиат дорад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Ямаровка (вилояти Чита, Русия), Липовская ва Саирма (Гурҷистон) монанд аст. Каҳқ Каҳқ, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳияи Шуғнон. Дар соҳили чапи дарёи Ғунд, 150 километр шимолу шарқтар аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 4200 метр. Дебиташ 3–4 литр дар як сония. Оби чашма ба воситаи чанд пармачоҳ мебарояд. Ҳарорати обаш аз +71 то +76 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (194 миллиграмм дар як литр), калсий (10,0 миллиграмм дар як литр), магний (10,0 миллиграмм дар як литр), калий (8,0 миллиграмм дар як литр), анионҳои сулфат (156 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (141 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (122 миллиграмм дар як литр), молекулаҳои кислотаҳои силитсий (112 миллиграмм дар як литр), метаборат (10,0 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (4,0 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин мис, никел, рух, фтор ва сурб мавҷуданд. Минералнокии умумиаш – 9,7 –10,8 грамм дар як литр. Оби чашмаро метавон барои обзан (ванна)-ҳо истифода бурд. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба оби чашмаҳои Красносельски Бошқирдистон наздик аст. Онро барои табобати амрози дилу рагҳо, узвҳои ҳаракат, силсилаи асабҳо, амрози занона, ғадудҳои дохилӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истифода бурдан мумкин аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 380–383.

0

Боздара

Боздара, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Тақрибан 15 километр дуртар аз резишгоҳи дарёи Боздара дар баландии 3920 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Оби чашма аз 4 ҷой мебарояд. Дебиташ – 1,5 литр дар як сония, минералнокиаш – 2,24 грамм дар як литр; ҳарорати обаш 18,5–21 °С. Таркибаш аз натрий (1510 миллиграмм дар як литр), калсий (46,0 миллиграмм дар як литр), магний (23,0 миллиграмм дар як литр), калий (9,0 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (394 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (156 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (35,0 миллиграмм дар як литр), кислотаи метаборат (8,0 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин оҳан, рух ва молибден иборат аст. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ ба обҳои осоишгоҳи Ҳевиз (Маҷористон) наздик аст. Онро барои муолиҷаи бемориҳои санги пешобдон, талхадон, илтиҳоби музмини меъда, холетсистит ва дарди мафосил метавон ошомид. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 379–380.

0