Зеҳн
Т

Тоҷикистон

Бо истифода аз сарчашмаҳои муътамад, ҳаҷми зиёди иттилоот ва ҷалби муаллифони дорои ихтисосҳои гуногун таҳия намуда, маълумотҳо дар бораи Ватани азизамон

1 аъзоаз 8 ноябри 2026
Мақола

Иншооти муҳимтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон дар замони Истиқлол тадриҷан ба пешрафтҳои назарраси иқтисодӣ ноил шуда, самарабахшии иқтисоди бозориро дар фаъолияти табақаҳои гуногуни ҷомеа собит сохт. Бо мақсади таъмини истиқлоли иқтисодӣ, пеш аз ҳама, истиқлоли энергетикӣ ва раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати ҳаллу фасли чандин тадбири муҳим, аз ҷумла, эҳёи соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ, сохтмони пулҳо ва нақбҳои автомобилгард корҳои бузург анҷом дода шуданд. Дар ин муддат бунёду барқарорсозии иншооти ҳаётан муҳими кишвар - неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Маркази дуввуми барқу гармидиҳии Душанбе, агрегати якум ва дуввуми неругоҳи барқи обии Роғун, хатти интиқоли барқи Тоҷикистон - Афғонистон 220 киловатт, сохтмон ва азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе - Чаноқ, Душанбе - Кӯлоб - Қалъаи Хумб - Хоруғ - Қулма - Қароқурум, Душанбе - Саритош, нақбҳои мошингузари «Истиқлол», «Озодӣ», «Шаҳристон», «Хатлон», роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Кохи Сомон, бузургтарин масҷиди ҷомеъ барои 150 000 нафар, Қасри теннис барои 3000 ҷой ва қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2000 ҷои нишаст, бо назардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ, биноҳои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Амонатбонк», Нишону Парчами давлатӣ, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳри Душанбе, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ, биноҳои иқоматии баландошёна бо тарҳи меъмории миллӣ ва аврупоӣ, муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии замонавӣ, муассисаҳои тандурустӣ, аз қабили Маҷмааи «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе ва дигар иншооти муҳим амалӣ гардиданд, ки дар пешравӣ, тараққӣ ва худшиносии миллии мардуми кишвар аҳаммияти бузурги таърихӣ доранд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 358.

0

Ҳифзи иҷтимоӣ

Ҳуқуқҳои муҳимтарини инсоният — кор, истироҳат, ҳифзи саломатӣ, манзил, таҳсилот ва таъминоти иҷтимоӣ дар қонуни асосии кишвар — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми давлатии ҳифзи иҷтимоӣ фаъолият намуда, ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи таъминоти моддӣ (нафақа ҳангоми пиронсолӣ, беморӣ, куллан ё қисман аз даст додани қобилияти меҳнатӣ, гум кардани саробон), кӯмаки иҷтимоӣ ва дастгирӣ аз ҷониби ҷомеаро дар дигар ҳолатҳои зарурӣ кафолат медиҳад. Дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шумораи умумии муассисаҳои фаъолияткунанда дар давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ ба 193 адад расонида шуд. Бо мақсади пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ ба шахсони осебпазиру ниёзманд, танҳо дар сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: 7 хона-интернат барои пиронсолону маъюбон ва беморони рӯҳӣ, 4 осоишгоҳу истироҳатгоҳи мавсимӣ барои собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон ва дигар дараҷаҳои имтиёздор, 3 маркази давлатии тавонбахшии маъюбон, маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон, 6 маркази минтақавии хизматрасонӣ барои пирону маъюбон, 43 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ, марказҳо ва шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, 48 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, пиронсолону маъюбон ва дигар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта, барои ҷабрдидагони хушунат дар оила ва қурбониёни савдои одамон, шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам фаъолият доранд. Сохтори он аз муассисаҳои статсионарӣ (будубоши доимӣ), марказҳои тавонбахшӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, маҷмааи таълимию таҷрибии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо, корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ» дар шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ, пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва комиссияҳои ташхиси тиббию иҷтимоӣ иборат аст. Дар замони Истиқлоли давлатӣ шаклҳои муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ аз 3 ба 9 намуд, шумори хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз 12 ба 40 ва дараҷаҳои истифодабарандагони хадамоти иҷтимоӣ аз 3 ба 16 гурӯҳ расонида шуданд. Дар моҳҳои январ–июни 2021 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 710000 нафар нафақагир (аз он 154556 нафар маъюб ва беш аз 30000 нафар кӯдакони маъюб) ба қайд гирифта шуда, ҳудуди 15%-и хонаводаҳо аз оилаҳои камбизоати кишвар аз низоми кумакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ бархӯрдор мебошанд. Яке аз шаклҳои муосири дастгирии ниёзмандони аҳолӣ ҷорӣ намудани низоми нави таъйин ва пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат мебошад. Механизми таъйин ва пардохти ёрии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат бар ивази ду механизми қаблӣ: кумакпулӣ барои мактаббачаҳо аз оилаҳои камбизоат ва ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ мебошад, ки шурӯъ аз соли 2011, марҳала ба марҳала дар 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шудааст. Соли 2017 ба 84986 нафар аз оилаи камбизоат кумакпулӣ ба маблағи 28,5 миллион сомонӣ, соли 2018 ба 94 675 оила дар ҳаҷми 38,6 миллион сомонӣ ва соли 2019 ба 98858 оила дар ҳаҷми 39 249 316 сомонӣ пардохт карда шудааст. Соли 2020 теъдоди гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоӣ 103644 оила буда, маблағи он 12 550 300,00 сомониро ташкил дод. Дар 7 соли охир ба 470511 оилаи камбизоат ба маблағи 177 миллион сомонӣ ёрдампулии унвонии иҷтимоӣ таъйин ва пардохт карда шуд. Ҳаҷми ёрдампулиҳо ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд, 23,5 миллион сомониро ташкил дода, ба 753 263 талаба пардохт гардид. Низоми ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи 2008, №379 «Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» то соли 2020 амалӣ гардид. Дар ин давра ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ барои ҷуброни истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ 131 миллион сомониро ташкил намуда, ба 684920 оилаи камбизоат таъйин ва пардохт карда шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби шарикони рушд ба ҷараёни хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла тавонбахшии кӯдакони осебпазир ҳамасола таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз соли 2008 то имрӯз 48 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, пирону маъюбон, ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ, қурбониёни савдои одамон ва дигар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ташкил гардида, фаъолияти онҳо идома дорад. Барои ташкил ва пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ маблағи кӯмакпулӣ аз 150000 сомонӣ (соли 2008) ба 11 842 080 сомонӣ дар соли 2021 расид. Бо дар назар доштани пайдоиши мушкилоти иҷтимоӣ, инчунин бо мақсади бештар фаро гирифтани кӯдакон, пиронсолону маъюбон бо хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тавонбахшӣ, муассисаҳои давлатии Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар ноҳияи Балҷувон (барои 150 ҷой) ва Кушониён (барои 100 ҷой) сохта ба истифода дода шуданд. Сатҳи маъюбшавӣ дар ҷумҳурӣ бо гузаронидани ҷараёни мунтазами солимгардонӣ коҳиш ёфт. Масалан, соли 2014 шумораи маъюбон 167881 нафар (2,0%) ва соли 2019 - 149704 нафарро (1,6%) ташкил дод. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахши муҳими сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб шуда, мақсад ва вазифаҳои он, пеш аз ҳама таъмини шароити зиндагии арзандаи шаҳрвандон, тавассути таъмин намудани ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва пойдории ризояти оммавӣ дар ҷомеа мебошад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 357.

0

Савдо

Савдо дар ҳамаи давру замон оинаи рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа буда, таносуби муҳими иқтисодиёти миллӣ (тақсимоти даромади миллӣ, афзоиши даромади пулии аҳолӣ ва истеҳсолоти молҳои истеъмолии халқ)-ро инъикос карда, истеҳсолкунандагонро бо истеъмолкунанда мепайвандад. Баъди ба даст овардани соҳибихтиёрӣ ва гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклу усулҳои ташкили савдо ва сохтори идоракунии он ба таври назаррас тағйир ёфтанд. Гузариши тадриҷӣ ба фурӯши мол бо нархҳои озод, озодии савдои дохилию хориҷӣ ва хусусигардонии объектҳои асосии савдо амалӣ карда шуданд. Солҳои 1990–1998 заминаи зарурии қонунгузорӣ, меъёрӣ ва амалӣ барои ташкили савдо дар шароити бозори озод ва рақобати солим фароҳам оварда шуд. Субъектҳои асосии савдо тамоми корхонаву ташкилот, вазорату идораҳо, новобаста аз шакли моликият, идоракунӣ ва тобеияти онҳо ба ҳисоб мераванд. Ин субъектҳо иштирокчиёни муносибатҳои тиҷоратӣ буда, дар маҷмӯъ савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми корхонаҳои савдои шаклҳои гуногуни моликият (савдои яклухт ва чакана, таъминоти моддию техникӣ ва хӯрок)-ро тавсиф мекунанд. Шаклҳои асосии савдо: давлатӣ, кооперативӣ ва тиҷоратӣ. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон савдо дар маҷмӯъ ба дохилӣ ва хориҷӣ ҷудо шуда, вобаста ба сохти сохторӣ-ташкилӣ ва шакли фурӯши мол, ба яклухт (аз ҷумла, биржавӣ, ярмаркавӣ, музоядавӣ ва ғайра) ва чакана фарқ карда мешавад. Савдои Тоҷикистон дар солҳои 1990–2019 | Сол | Савдо, миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (нархҳои ҷорӣ) | Ба ҳар сари аҳолӣ, доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (нархҳои ҷорӣ) | Савдо, миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (нархҳои доимии соли 1990) | Рушди савдо, % | Ҳиссаи савдо дар иқтисодиёт, % | Ҳиссаи Тоҷикистон дар ҷаҳон, % | Дар Осиё, % | Дар Осиёи Марказӣ, % | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 1990 | 0.14 | 25.9 | 0.14 | – | 4.6 | 0.0043 | 0.018 | 3.5 | | 1991 | 0.12 | 22.1 | 0.13 | -7.3 | 4.3 | 0.0035 | 0.013 | 3.2 | | 1992 | 0.063 | 11.5 | 0.090 | -29.3 | 2.5 | 0.0017 | 0.0062 | 1.7 | | 1993 | 0.063 | 11.3 | 0.073 | -18.7 | 3.5 | 0.0017 | 0.0055 | 1.5 | | 1994 | 0.15 | 27.0 | 0.057 | -22.2 | 11.9 | 0.0037 | 0.012 | 3.2 | | 1995 | 0.056 | 9.8 | 0.050 | -12.2 | 4.3 | 0.0013 | 0.0039 | 1.1 | | 1996 | 0.092 | 15.8 | 0.042 | -16.2 | 9.4 | 0.0020 | 0.0068 | 1.6 | | 1997 | 0.11 | 18.9 | 0.043 | 3.0 | 13.5 | 0.0025 | 0.0086 | 1.9 | | 1998 | 0.17 | 28.8 | 0.045 | 3.5 | 14.2 | 0.0038 | 0.015 | 3.1 | | 1999 | 0.13 | 20.7 | 0.046 | 2.8 | 12.7 | 0.0027 | 0.0096 | 2.7 | | 2000 | 0.093 | 15.0 | 0.052 | 13.5 | 11.8 | 0.0019 | 0.0068 | 2.1 | | 2001 | 0.12 | 18.3 | 0.050 | -3.7 | 11.8 | 0.0024 | 0.0090 | 2.6 | | 2002 | 0.14 | 22.2 | 0.055 | 9.5 | 12.9 | 0.0029 | 0.011 | 2.8 | | 2003 | 0.18 | 27.2 | 0.066 | 19.9 | 12.8 | 0.0032 | 0.012 | 3.0 | | 2004 | 0.34 | 51.5 | 0.082 | 24.4 | 18.4 | 0.0056 | 0.021 | 4.2 | | 2005 | 0.38 | 56.4 | 0.089 | 8.9 | 18.5 | 0.0058 | 0.022 | 3.8 | | 2006 | 0.48 | 69.8 | 0.10 | 16.9 | 19.0 | 0.0068 | 0.027 | 3.6 | | 2007 | 0.61 | 87.1 | 0.12 | 11.5 | 18.6 | 0.0078 | 0.030 | 3.4 | | 2008 | 1.0 | 144.5 | 0.13 | 14.2 | 22.8 | 0.012 | 0.045 | 4.6 | | 2009 | 1.0 | 142.2 | 0.14 | 5.7 | 23.4 | 0.013 | 0.044 | 5.1 | | 2010 | 1.1 | 151.8 | 0.15 | 9.6 | 22.6 | 0.013 | 0.041 | 4.2 | | 2011 | 0.86 | 111.2 | 0.16 | 7.2 | 14.8 | 0.0087 | 0.026 | 2.5 | | 2012 | 1.1 | 134.8 | 0.19 | 14.5 | 15.7 | 0.010 | 0.031 | 2.6 | | 2013 | 1.2 | 151.6 | 0.25 | 30.4 | 16.2 | 0.012 | 0.035 | 2.6 | | 2014 | 1.3 | 157.5 | 0.26 | 6.2 | 16.1 | 0.012 | 0.036 | 2.7 | | 2015 | 1.2 | 138.0 | 0.27 | 3.5 | 16.7 | 0.011 | 0.033 | 2.7 | | 2016 | 1.1 | 123.5 | 0.29 | 6.6 | 17.1 | 0.010 | 0.029 | 3.1 | | 2017 | 0.94 | 106.1 | 0.28 | -3.9 | 13.9 | 0.0085 | 0.024 | 2.5 | | 2018 | 0.99 | 108.7 | 0.27 | -2.0 | 14.1 | 0.0085 | 0.024 | 2.5 | | 2019 | 1.1 | 121.7 | 0.27 | 0.13 | 15.0 | 0.0096 | 0.026 | 2.8 | Соли 1990 савдои Тоҷикистон 0,14 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ба ҳар сари аҳолӣ 25,9 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳиссаи тиҷорати Тоҷикистон дар ҷаҳон 0,0043% ва соли 2019 1,1 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳиссаи тиҷорати Тоҷикистон дар ҷаҳон 0,0096%-ро ташкил намуд. Дар солҳои 1990–2019 савдои Тоҷикистон бо нархҳои ҷорӣ 1,00 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (8,3 баробар) афзуда, ба 1,1 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расид. Афзоиши миёнаи солонаи савдо дар Тоҷикистон 0,034 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё 7,6% ва бо нархҳои муқаррарӣ 2,4%-ро ташкил намуд. Ҳиссаи савдо дар ҷаҳон 0,0053% ва дар Осиё 0,0086% зиёд шуд. Соли 1995 ҳадди ақалли савдо 0,056 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва соли 2014 1,3 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дод. Афзоиши миёнаи солонаи савдо ба ҳар сари аҳолӣ бо нархҳои ҷорӣ дар сатҳи 3,3 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё 5,5% буд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзуда, воридоти маҳсулотро аз дигар кишварҳои дунё коҳиш ва содиротро афзоиш дод. Соли 2018 ҳаҷми умумии гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 4223 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла содирот 1073 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва воридот 3150 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил кард. Соли 2019 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 4523,7 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2020 4129,4 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баробар шуд. Дар ин давра гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба 2357,9 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баробар гардид, ки ин нишондиҳанда 51,7%-и гардиши савдои хориҷии ҷумҳуриро ташкил дод. Гардиши савдои хориҷӣ (миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) | Нишондиҳанда | 2017 | 2018 | 2019 | 11 моҳи 2020 | | --- | --- | --- | --- | --- | | Ҳамагӣ | 3972 | 4223 | 4523,7 | 4129,4 | | Содирот | 1198 | 1073 | 1174,4 | 1322,5 | | Воридот | 2774 | 3150 | 3349,3 | 2806,9 | Шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатҳои Россия (21,4%), Қазоқистон (20%), Швейсария (15,3%), Чин (10,4%), Ӯзбекистон (7,3%), Туркия (7,1%), Олмон (2%), Афғонистон (1,6%), Эрон (1,3%), Ҷопон (1,1%), Корея (1,2%), Итолиё (0,8%); аз рӯи амалиётҳои содиротӣ - Швейсария (49%), Туркия (14,4%), Қазоқистон (10,8%), Ӯзбекистон (5,9%), Афғонистон (5%), Россия (2,9%), Чин (2,4%), Белгия (2,3%), Итолиё (1,1%), Покистон (1%), Гурҷистон (0,9%), Қирғизистону Латвия (0,7%-ӣ); дар сохтори ҷуғрофии воридот шарикони асосӣ Россия (29,6%), Қазоқистон (24%), Чин (13,9%), Ӯзбекистон (7,9%), Туркия (3,8%), Олмон (2,9%), Корея (1,7%), Ҷопон ва Эрон (1,5%-ӣ), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (1,2%), Ҳиндустон (1,3%), Қирғизистон (0,9%), Австрия ва Украина (0,8%-ӣ), Итолиё (0,7%) ва ғайра. Гардиши моли чакана дар ҳамаи соҳаҳои савдо (бо нархҳои соли 2019, миллион сомонӣ) | Нишондиҳанда | 2013 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | Ҳаҷми умумии гардиши моли чакана дар ҳамаи соҳаҳои савдо | 15019,4 | 16025,7 | 16923,1 | 17938,5 | 19068,6 | 20479,7 | 24848,3 | | Бахши давлатӣ | 137,5 | 138,4 | 69,2 | 95,0 | 68,9 | 133,6 | 264,8 | | Бахши ғайридавлатӣ | 14881,9 | 15887,3 | 16853,9 | 17843,5 | 18997,3 | 20346,1 | 24683,5 | | Аз ҷумла: савдои тиҷоратӣ | 2120,4 | 3426,6 | 3837,7 | 4110,2 | 5084,3 | 6691,0 | 8448,8 | | Савдои кооперативии «Тоҷикматлубот» | 145,6 | 138,2 | 82,2 | 13,6 | 2,6 | 1,4 | 0,5 | | Бозори номуташаккил | 12615,9 | 12322,5 | 12934,0 | 13719,7 | 13910,4 | 13653,7 | 16234,2 | Ҳиссаи содирот дар ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ аз 26%-и соли 2019 то 30,9% афзоиш ва ҳиссаи воридот аз 74%-и соли 2015 то 69,1% дар соли 2020 коҳиш ёфт. Соли 2020 содироти мол 1406,9 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2019 19,8% ё 232,5 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиёд мебошад. Вазни хосси содиротии кишвар асосан аз ҳисоби фурӯши филиззоти гаронбаҳо ва нимгаронбаҳо 49,0%, нахи пахта 12,4%, маъдани консентратҳо 11,2%, алюминийи аввалия 10,0%, семент 4,3 %, қувваи барқ 4,0%, дигар филиззоти нимгаронбаҳо (сурма) 2,3 %, меваю сабзавот 1,3%, либос 1,2% ва ғайра мебошад. Соли 2020 содироти сангҳои ороишӣ ва филиззоти гаронбаҳою нимгаронбаҳо 689,7 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли 2019 464 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё 3,1 баробар зиёд мебошад. Дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ (24,5%), маҳсулоти нафтӣ (10,5%), филиззоти сиёҳ (7,7%), таҷҳизоти технологӣ (6,9%), воситаҳои нақлиёти заминӣ (6,9%), гази моеъ (6,2%), мошину таҷҳизоти барқӣ (3,9%), чӯбу тахта ва маҳсулот аз он (3,8%), маҳсулоти полимерӣ, пластмассӣ (3,1%), гилхок (2,8%), маҳсулот аз филиззоти сиёҳ (2,3%), таҷҳизот ва дастгоҳҳои оптикӣ (2,1%), нуриҳои минералӣ (1,4%) ва ғайра ташкил медиҳанд. Гардиши моли чакана дар бозори истеъмолӣ дар бахши ғайридавлатӣ 98,5% ва давлатӣ 1,5%-ро ташкил дод. Ҳоло ҳиссаи бештари молҳои истеъмолӣ дар бозори ҷумҳурӣ маҳсулоти воридотӣ ташкил дода, афзоиши нархҳои воридотии молу маҳсулот сабаби болоравии нархи маҳсулот дар бозори дохилӣ гардидааст. То имрӯз ҷумҳурӣ аз рӯи ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ имконияти таъмин кардани талаботи бозори дохилиро надорад. Соли 2020 ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 9,0 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2019 2,4% зиёд мебошад. Солҳои 2019–2020 ба афзоиши ҳаҷми умумии гардиши савдо, ҳаҷми савдои яклухт 2,6 миллиард сомонӣ ё 102,4% ва савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 6,4 миллиард сомонӣ ё 102,4% мусоидат кард. Январ – июни 2021 ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо 18869,7 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 17,2% афзуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди савдои дохилӣ ва хориҷӣ имконоти воқеӣ дошта, дар асоси шарикии баробарҳуқуқ ва рақобати озод бозори истеъмолиро васеъ намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ва болоравии некуаҳволии мардум саҳми назаррас дорад. Сохтори гардиши моли чакана аз рӯи гурӯҳҳои молҳо (миллион сомонӣ) | Нишондиҳанда | 2013 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | Навъҳои мавод | 11311,7 | 12823,9 | 14377,7 | 16166,7 | 18435,2 | 20479,7 | 24948,3 | | Маводди озуқа | 5180,8 | 6168,3 | 7045,1 | 7921,7 | 9144,1 | 9891,7 | 12099,9 | | Маводди ғайриозуқа | 6130,9 | 6655,6 | 7332,6 | 8245,0 | 9291,1 | 10588,0 | 12848,4 | Гардиши моли чакана дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (бо нархҳои соли 2019, миллион сомонӣ) | Минтақа | 2013 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | Ҷумҳурии Тоҷикистон | 16336,2 | 17430,7 | 18406,8 | 19511,2 | 20740,5 | 22275,2 | 24948,3 | | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | 101,3 | 108,1 | 114,2 | 121,0 | 128,6 | 138,1 | 154,7 | | Суғд | 5922,6 | 6318,4 | 6673,3 | 7073,7 | 7519,3 | 8075,7 | 9044,8 | | Хатлон | 4145,8 | 4423,6 | 4671,3 | 4951,6 | 5263,0 | 5653,0 | 6331,4 | | Душанбе | 3664,9 | 3910,5 | 4129,5 | 4377,2 | 4653,0 | 4997,3 | 5597,0 | | ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 2501,6 | 2168,2 | 2888,7 | 2987,8 | 3176,1 | 3411,1 | 3820,4 | --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 353–356.

0

Хоҷагии манзилию коммуналӣ

Ташаккул ва рушди хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ аз солҳои 20 асри 20 оғоз ёфт. Аввалин биноҳои иқоматии дуошёнаву сеошёнаи замонавӣ солҳои 30 асри 20 бунёд шуданд. Баробари инкишофи соҳаи бинокорӣ ва бунёди биноҳои калонпанел суръати сохтмони манзил афзуд. Қисми зиёди манзилҳои иқоматии пойтахт солҳои 1970–1980 сохта шуданд. Дар ин давра асосан биноҳои иқоматии 9–12 ошёна сохта мешуданд. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сохтмони биноҳои баландошёнаи иқоматӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, шароити манзилии аҳолӣ беҳтар шуд. Аз 27 октябри 2020 Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партовро гирифт. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» хидматрасониҳои асосии зеринро анҷом медиҳад: таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ ва баровардани партовобҳои истеъмолкунандагон; пешбурди сиёсати ягонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар ҷумҳурӣ; истифода ва таъмини ҳифзи фонди манзил дар шаҳрҳо, шаҳракҳо ва марказҳои ноҳияҳо; тозагии санитарӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ирригатсия; истифодабарӣ ва таъмини хидматрасонии иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ; таъмини гармӣ ба истеъмолкунандагон; иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва лоиҳакашию конструкторӣ; иҷрои корҳои таъминотӣ, ташкили анборҳои яклухт ва чакана; пешбурди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; хидматрасониҳои нақлиётӣ ва иттилоотию машваратӣ; тарбия, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ғайра. Ҳоло (2021) дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 118 корхонаи давлатии фаръӣ воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд: корхонаҳои давлатии фаръии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ – 61 адад; корхонаҳои давлатии фаръии соҳаи обтаъминкунӣ ва корез воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо – 27 адад; корхонаҳои истифодабарии соҳаи оби ошомиданӣ ва чароғҳо дар деҳоти мамлакат – 25 адад ва корхонаҳои давлатии фаръии ғайрикоммуналӣ 5 адад. Соли 2019 масоҳати умумии фонди манзили ҷумҳурӣ 101,3 миллион метри мураббаъро ташкил медод, ки аз ин миқдор 33,8 миллион метри мураббаъ ба фонди манзили шаҳрӣ ва 67,3 миллион метри мураббаъ ба фонди манзили деҳот рост меояд. Фонди манзили аҳолӣ дар солҳои 2013–2019 | Нишондиҳанда | 2013 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | Фонди манзил — ҳамагӣ (миллион метри мураббаъ) | 86,9 | 90,2 | 91,2 | 93,3 | 96,3 | 98,6 | 101,3 | | Фонди манзили шаҳрӣ (миллион метри мураббаъ) | 27,9 | 30,6 | 30,9 | 31,3 | 32,0 | 32,9 | 33,8 | | Ба ҳисоби миёна ба ҳар як сокини шаҳр (метри мураббаъ) | 12,7 | 13,9 | 13,7 | 13,6 | 13,9 | 13,6 | 14,1 | | Фонди манзили деҳот (миллион метри мураббаъ) | 59,0 | 59,6 | 60,4 | 61,9 | 64,3 | 65,6 | 67,5 | | Ба ҳисоби миёна ба ҳар як сокини деҳот (метри мураббаъ) | 10,0 | 9,8 | 9,6 | 9,6 | 9,9 | 9,8 | 9,8 | Солҳои 2001–2020 барои сохтмон ва барқарорсозии иншооти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ, аз тарафи буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 128 миллион 600 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Соҳаи асосии умури беҳдошту техникӣ таъминот бо об ва ба роҳ мондани фаъолияти корезҳо мебошад. Низоми муосири обтаъминкунӣ аз маҷмӯи иншооту дастгоҳҳои мураккаб иборат буда, истихроҷ, софкорӣ, безараргардонӣ ва ба истеъмолкунандагон расонидани оби хушсифатро таъмин мекунад. Соли 2007 дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ 47% ва соли 2020 65%-ро ташкил намуд. Айни замон 58% сокинони деҳот ва тақрибан 86% сокинони шаҳрҳо бо оби ошомиданӣ таъмин мебошанд. Ҳаҷми хидматрасониҳои коммуналӣ дар соли 2020 ба 181 миллион 867,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2007 (27 миллион 867,9 ҳазор сомонӣ) 6,5 баробар зиёд мебошад. Солҳои 2008–2012 аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ 41 адад техникаи махсуси коммуналӣ ба маблағи 14 миллион 620,6 ҳазор сомонӣ ва солҳои 2009–2012 аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ 41 адад техникаи махсуси коммуналӣ ва 3 адад равонакҳо ба маблағи 1 миллион 948 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуданд. Соли 2020 корхонаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ барои корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ 40 миллион 291,2 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карданд. Ҳамчунин 33,8 ҳазор бех дарахтони гуногуни ороишӣ, аз ҷумла: дар вилояти Хатлон – 12,2 ҳазор бех (112%), вилояти Суғд – 20,8 ҳазор бех (100%) ва ноҳияҳои тобеи марказ 0,8 ҳазор бех (100%) шинонида шуд. Дар миқёси ҷумҳурӣ масоҳати умумии заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони корхонаҳои коммуналӣ 40,97 гектарро ташкил медиҳад, 68 адад гармхона дар масоҳати 11711 метри мукааб сохта шуда, аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 24,26 гектар ва 35 адад гармхона ба масоҳати 6189 метри мукааб, дар вилояти Суғд 12,81 гектар ва 21 адад гармхона бо масоҳати 4043 метри мукааб, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6 адад гармхона дар масоҳати 419 метри мукааб, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ – 3,9 гектар ва 6 адад гармхона дар масоҳати 1060 метри мукааб. Дар гармхонаҳо 239,3 ҳазор қаламчаи гули садбарг, дар масоҳати 1218 метри мукааб гулҳои мавсимӣ, 21,5 ҳазор бех дарахти ҳамешасабзи ороишӣ парвариш шудаанд, ки дар мавсими дарахтшинонӣ барои ободонӣ ва сабзкории кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо истифода бурда шудаанд. Барои ташкил намудани низоми безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди фурӯзонакҳои симобдор дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маблағгузории корхонаҳои коммуналӣ ва истифода аз биноҳои онҳо, 94 нуқтаи қабул ва нигоҳдории фурӯзонакҳои симобдор ташкил гардида, солҳои 2011–2020 ба миқдори 538940 дона фурӯзонакҳои симобдори корношоям барои нигоҳдорӣ дар ҷойҳои махсус ҷамъоварӣ шуд. Бо мақсади таҷдид, барқарорсозӣ ва сохтмони нави иншооти коммуналӣ, бахусус иншооти обтаъминкунӣ, корез ва беҳдошти санитарии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо ташкилотҳои байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Раёсати гуманитарии Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди ҳамкориҳои техникии Олмон, Агроаксияи Олмон, Агентии амрикоӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо лоиҳаҳо (UNOPS), Фонди фавқулодаи ёрӣ ба кӯдакони назди Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF), Ташкилоти башардӯстӣ оид ба мубориза бо камбизоатии ҷаҳонӣ (OXFAM), Агентии ҷопонӣ оид ба ҳамкории байналхалқӣ дар Тоҷикистон («JICA»), Раёсати швейсарии рушду ҳамкорӣ (SDC), Агентии туркӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (TİKA) ҳамкориҳо ба роҳ мондааст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 352–353.

0

Сохтмон

Сохтмон соҳаи фаъол ва рушдёбандаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои ба кор андохтани иншооти нав, инчунин таҷдид, тавсеа, навсозӣ, муҷаҳҳазгардонии такрории техникӣ ва таъмири иншооти амалкунандаи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ пешбинӣ шудааст. Соҳаи мазкур аз солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва рафъи нобаробарии воқеии иқтисодӣ нақши муҳим дошта, тақрибан 10%-и ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. Ҳиссаи арзиши ниҳоии мол ва хизматрасонӣ аз рӯи намуди фаъолияти сохтмон дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 12% (6569,7 миллион сомонӣ) ва дар соли 2017 тақрибан 9,3% (5705,5 миллион сомонӣ)-ро ташкил намуд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бино бар нооромиҳо суръати сохтмон паст шуд. Аксар иншоот, майдонҳои азими сохтмонӣ, биноҳои иқоматӣ нотамом монданд. Новобаста ба шароити вазнини иқтисодӣ сохтмони баъзе иншоот, аз ҷумла корхонаи қолинбофии Қайроққум (1993), корхонаи нонпазӣ дар Хуҷанд, базаи истеҳсолии «Тоҷикмонолитстрой» дар Душанбе (1994), корхонаи кабелсозӣ дар Қайроққум, пойгоҳи автоматии телефонӣ дар Панҷакент, корхонаи нонпазӣ дар Душанбе (1995), заводи пахта ва корхонаи истеҳсоли намаки «Экстра» дар Ёвон (1996); бинои Суди конститутсионӣ ва Кумитаи гумрук дар Душанбе (1997) ба охир расонида шуд. Баробари нисбатан ором шудани вазъи сиёсӣ баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёди нақбҳо ба роҳ монда шуд. Тӯли солҳои Истиқлол дар сохтмон, азнавсозӣ, таҷдиду барқарор кардани роҳҳои автомобилгард ва оҳан корҳои назаррас анҷом дода шуда, ҳоло ҳам идома доранд. Бунёди шоҳроҳи «Абрешим», нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шаршар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб – Қулма – Қароқурум, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ва роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб омили пешрафти кишвар гардиданд. Сохтмони Тоҷикистон дар солҳои 1990–2019 | Сол | Сохтмон, миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (нархҳои ҷорӣ) | Ба ҳар сари аҳолӣ, доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (нархҳои ҷорӣ) | Сохтмон, миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (нархҳои доимии соли 1990) | Рушди сохтмон, % | Ҳиссаи сохтмон дар иқтисодиёт, % | Ҳиссаи Тоҷикистон дар ҷаҳон, % | Дар Осиё, % | Дар Осиёи Марказӣ, % | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 1990 | 0.20 | 37.0 | 0.20 | – | 6.6 | 0.014 | 0.047 | 3.6 | | 1991 | 0.17 | 30.8 | 0.065 | -66.9 | 6.0 | 0.012 | 0.036 | 3.8 | | 1992 | 0.12 | 22.1 | -0.065 | -200.8 | 4.9 | 0.0083 | 0.025 | 3.2 | | 1993 | 0.096 | 17.1 | 0.068 | -204.1 | 5.3 | 0.0063 | 0.017 | 2.6 | | 1994 | 0.089 | 15.7 | 0.12 | 81.2 | 6.9 | 0.0055 | 0.015 | 2.8 | | 1995 | 0.024 | 4.2 | 0.11 | -13.4 | 1.8 | 0.0014 | 0.0037 | 1.0 | | 1996 | 0.017 | 2.8 | 0.099 | -7.3 | 1.7 | 0.0010 | 0.0026 | 0.72 | | 1997 | 0.016 | 2.7 | 0.098 | -0.96 | 1.9 | 0.0010 | 0.0027 | 0.68 | | 1998 | 0.032 | 5.3 | 0.100 | 1.6 | 2.6 | 0.0019 | 0.0061 | 1.2 | | 1999 | 0.037 | 6.0 | 0.11 | 8.0 | 3.7 | 0.0021 | 0.0066 | 1.5 | | 2000 | 0.018 | 2.9 | 0.051 | -52.3 | 2.3 | 0.0010 | 0.0032 | 0.86 | | 2001 | 0.029 | 4.6 | 0.091 | 76.6 | 3.0 | 0.0017 | 0.0057 | 1.4 | | 2002 | 0.025 | 3.9 | 0.073 | -19.1 | 2.3 | 0.0014 | 0.0049 | 0.90 | | 2003 | 0.045 | 6.8 | 0.12 | 58.6 | 3.2 | 0.0022 | 0.0079 | 1.4 | | 2004 | 0.088 | 13.3 | 0.12 | 3.4 | 4.8 | 0.0038 | 0.014 | 2.2 | | 2005 | 0.10 | 15.5 | 0.14 | 16.4 | 5.1 | 0.0042 | 0.015 | 1.7 | | 2006 | 0.17 | 24.9 | 0.15 | 7.2 | 6.8 | 0.0062 | 0.023 | 1.7 | | 2007 | 0.30 | 42.6 | 0.17 | 10.4 | 9.1 | 0.0094 | 0.035 | 2.4 | | 2008 | 0.53 | 74.1 | 0.20 | 21.2 | 11.7 | 0.015 | 0.053 | 3.5 | | 2009 | 0.51 | 68.8 | 0.17 | -15.5 | 11.3 | 0.016 | 0.047 | 3.6 | | 2010 | 0.58 | 76.7 | 0.19 | 9.5 | 11.4 | 0.017 | 0.047 | 3.4 | | 2011 | 0.52 | 67.3 | 0.16 | -15.8 | 8.9 | 0.013 | 0.036 | 2.7 | | 2012 | 0.64 | 81.0 | 0.12 | -24.4 | 9.4 | 0.016 | 0.041 | 3.1 | | 2013 | 0.88 | 109.4 | 0.15 | 29.1 | 11.7 | 0.021 | 0.054 | 3.8 | | 2014 | 0.94 | 114.3 | 0.19 | 24.9 | 11.7 | 0.022 | 0.054 | 4.1 | | 2015 | 0.87 | 103.3 | 0.23 | 21.2 | 12.5 | 0.022 | 0.051 | 4.3 | | 2016 | 0.84 | 96.8 | 0.28 | 21.8 | 13.4 | 0.020 | 0.047 | 4.8 | | 2017 | 0.90 | 101.2 | 0.33 | 17.4 | 13.2 | 0.020 | 0.046 | 5.2 | | 2018 | 1.0 | 113.0 | 0.21 | -36.7 | 14.7 | 0.021 | 0.049 | 5.7 | | 2019 | 0.95 | 101.5 | 0.20 | -3.3 | 12.5 | 0.019 | 0.044 | 4.8 | Сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», чандин неругоҳи хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1 ба истифода дода шуданд. Дар вилояти Суғд хатти 500 киловатт Ҷануб – Шимол ба кор даромада, дар пойгоҳи асосии он трансформатори дуввум насб гардид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмони иншооти ҳаётан муҳим – неругоҳи барқи обии Роғун оғоз гардид, ки баъди ба кор даромадани он Тоҷикистон бо барқ таъмин шуда, ба дигар давлатҳои минтақа барқ содир мекунад. Сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун соли 2008 аз нав оғоз ёфт. Аввалин чарха (агрегат)-и неругоҳ соли 2018 ба истифода дода шуд. Неругоҳ дар маҷмӯъ аз 6 чарха иборат буда, иқтидори ҳар яки онҳо 600 мегаваттро ташкил мекунад. Баробари ба истифода супоридани ду чархаи неругоҳ таъмини ҷумҳурӣ бо барқ беҳтар шуда, ин омил ба рушди соҳаи шаҳрсозӣ, фаъолияти ташкилоту ширкатҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва корхонаҳои истеҳсоли маводду масолеҳи сохтмонӣ мусоидат кард. Солҳои 1990–2019 сохтмон ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон 64,5 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (2,7 баробар) афзуда, ба 101,5 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расид. Афзоиши миёнаи солонаи сохтмон ба ҳар сари аҳолӣ 2,2 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё 3,5%-ро ташкил намуд. Соли 2019 сохтмони Тоҷикистон ба 0,95 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ба ҳар сари аҳолӣ 101,5 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рост омад. Ҳиссаи сохтмони Тоҷикистон дар ҷаҳон 0,019%-ро ташкил дод. Дар даврони Истиқлол ба бунёд, азнавсозӣ ва таҷдиди иншооти варзишӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷои нишаст дар шаҳри Ваҳдат (2017), варзишгоҳ барои 20 ҳазор ҷои нишаст дар маркази шаҳри Ҳисор (2015), калонтарин маҷмааи варзишӣ – Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар пойтахт (2020) сохта ба истифода дода шуда, алҳол сохтмони калонтарин варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷои нишаст дар шаҳри Душанбе идома дорад. Инчунин, барои солимгардонӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар назди биноҳои иқоматӣ майдончаҳои варзиш сохта ба истифода дода шуданд. Солҳои 2017–2020 дар шаҳри Душанбе 250 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон бо маблағи умумии зиёда аз 205 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд. Соли 2019 дар ҷумҳурӣ барои 21706 талаба, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои 844, вилоятҳои Суғд – 1502, Хатлон – 10528, шаҳри Душанбе – 8192 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 640 талаба мактабҳои маълумоти умумӣ ба истифода дода шуданд. Ба истифода додани мактабҳои маълумоти умумӣ (ҷои нишаст) | Сол | Ҳамагӣ | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | Вилояти Хатлон | Вилояти Суғд | Шаҳри Душанбе | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 2013 | 17329 | 776 | 7985 | 3014 | 960 | 4594 | | 2014 | 15080 | – | 7414 | 3826 | 1994 | 1846 | | 2015 | 10941 | – | 7529 | 960 | 740 | 1712 | | 2016 | 12258 | 384 | 9414 | 1500 | 960 | – | | 2017 | 20651 | 1062 | 10583 | 3790 | 1840 | 3376 | | 2018 | 9655 | – | 3404 | 2031 | 3740 | 480 | | 2019 | 21706 | 844 | 10528 | 1502 | 8192 | 640 | | Январ–июни 2021 | 8750 | 192 | 6554 | 240 | 1200 | 564 | Соли 2019 беморхонаҳо бо 469 кат, аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 244 кат, Суғд 25 кат ва шаҳри Душанбе 200 кат мавриди истифода қарор дода шуданд. Ба истифода додани беморхонаҳо (кат) | Сол | Ҳамагӣ | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | Вилояти Хатлон | Вилояти Суғд | Шаҳри Душанбе | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 2013 | 521 | 47 | 182 | 272 | – | 20 | | 2014 | 217 | 47 | 135 | – | – | 35 | | 2015 | 115 | – | 115 | – | – | – | | 2016 | 745 | – | 50 | 45 | 650 | – | | 2017 | 251 | – | 67 | 14 | 150 | 20 | | 2018 | 107 | – | 24 | 83 | – | 20 | | 2019 | 469 | – | 244 | 25 | 200 | – | Соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 1456,1 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд. Манзилҳои иқоматӣ асосан аз ҳисоби маблағҳои аҳолӣ (63,1%) сохта мешаванд. Дар вилоятҳои Суғд 515,8 ҳазор метри мураббаъ, Хатлон 251,5 ҳазор метри мураббаъ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 109,9 ҳазор метри мураббаъ, шаҳри Душанбе 401,0 ҳазор метри мураббаъ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 177,9 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд. Дар қаламрави ҷумҳурӣ бунёд, азнавсозӣ, барқарорсозии иншооти таъйиноти гуногун босуръат ҷараён дорад. Тӯли солҳои Истиқлол дар шаҳри Душанбе иншооти бузург, аз ҷумла Қасри миллат (2008), Китобхонаи миллии Тоҷикистон (2012), Осорхонаи миллии Тоҷикистон (2013), Кохи Наврӯз (2015) бунёд, инчунин биноҳои иқоматии баландошёна (9, 10, 11, 12, 14, 16 ва 26-ошёна) дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Турсунзода ва Ҳисор бо истифодаи ҷузъҳои анъанавии меъмории шарқӣ ва ғарбӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Сохтмони манзил ва иншооти иҷтимоӣ-маданӣ (ҳазор метри мураббаъ масоҳати умумӣ) | | 2013 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | Ҳамагӣ | 1056,1 | 1123,3 | 1263,2 | 1185,3 | 1162,4 | 1159,6 | 1456,1 | | Аз ҷумла, аз ҳисоби: Сармоягузории давлатӣ | 31,3 | 9,3 | 31,6 | 26,5 | 8,5 | 15,2 | – | | Сармояи аҳолӣ | 854,1 | 954,6 | 960,8 | 847,0 | 859,1 | 819,1 | 919,4 | | Ташкилотҳои дигар | 170,7 | 159,4 | 240,8 | 311,8 | 258,8 | 325,3 | 536,7 | | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | 30,9 | 33,3 | 50,2 | 59,8 | 43,7 | 17,4 | 109,9 | | Вилояти Хатлон | 346,0 | 361,9 | 393,1 | 291,5 | 270,7 | 204,3 | 251,5 | | Вилояти Суғд | 292,2 | 370,5 | 418,1 | 423,0 | 464,4 | 509,4 | 515,8 | | Шаҳри Душанбе | 204,7 | 150,2 | 174,9 | 293,5 | 195,2 | 217,9 | 401,0 | | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 182,3 | 207,4 | 226,9 | 117,5 | 188,4 | 210,6 | 177,9 | Сохтмони корхонаи истеҳсоли хишт, асфалт, рег, қуму шағал, аз ҷумла, корхонаи истеҳсоли хишти «Корвони аср» дар шаҳри Ҳисор (бо иқтидори 320 ҳазор дона хишт дар як шабонарӯз), корхонаи семент дар ноҳияи Ёвон (бо иқтидори 1 миллион тонна семент дар як сол), корхонаи истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (бо иқтидори 60 тонна асфалти гарм дар як соат) ва дигар корхонаҳо омили асосии рушду нумӯи заминаи соҳаи сохтмонӣ, меъмориву шаҳрсозӣ ва иқтисодиёти кишвар мебошад. Дар ҷумҳурӣ 951 ташкилоти сохтмонии пудратӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 34 ташкилот (3,6%), дар вилояти Хатлон – 187 ташкилот (19,7%), дар вилояти Суғд – 221 ташкилот (23,2%), дар шаҳри Душанбе – 321 ташкилот (33,8%), Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 188 ташкилот (19,8%) мавҷуд аст. Соли 2018 ташкилотҳои пудратии ҷумҳурӣ ба маблағи 7763278 сомонӣ корҳои сохтмониро иҷро намуданд. Бунёдкорӣ, созандагӣ ва ободоние, ки дар ҷумҳурӣ дар замони Истиқлол дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ анҷом дода мешавад, ба пешрафт, рушди босуботи иқтисодиёт ва боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ, маънавиёт ва эҳёи фарҳанги меъморӣ, сохтмонӣ ва шаҳрсозии кишвар мусоидат менамоянд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 350–352.

0

Алоқа

Алоқа дар хоҷагии халқ, идораи давлат, қувваҳои мусаллаҳ ва нақлиёт, инчунин барои қонеъ гардонидани талаботи маданӣ ва маишии аҳолӣ аҳаммияти бузург дорад. Дар Тоҷикистон намуд ва воситаҳои алоқа дар асоси нақшаи ягонаи давлатӣ рушд ёфта, баҳри қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни хоҷагии халқ ва аҳолӣ хизмат мекунанд. Воситаҳои асосии алоқа дар Тоҷикистон дар салоҳияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз чандин муассиса, шуъбаву нуқтаи алоқа, почтамт, пойгоҳи телефонии шаҳрию байнишаҳрӣ, телеграф, пойгоҳи радио ва нуқтаи алоқаи радио, алоқаи мобилӣ ва Интернет иборатанд. Нахустин хатти алоқаи почтавӣ дар Тоҷикистон соли 1866 байни Хуҷанду Тошканд ба фаъолият оғоз кард. Соли 1867 дар байни Хуҷанду Нов (ҳоло Спитамен), Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), Зомину Ҷиззах алоқаи почтавӣ ба кор шурӯъ кард; охири соли 1868 хатти алоқа то Самарқанд расид. Соли 1913 дарозии хатти алоқаи почтавӣ дар Идораи почтаву телеграфи Хуҷанд 100 километрро ташкил дод, ки ба он асосан нақлиёти саворӣ (асп, хар, шутур) хизмат мерасонд. Аввалин алоқаи телеграфӣ дар Тоҷикистон соли 1875 байни Хуҷанду Тошканд сар шуд. Почта ва телеграф, асосан, ба ҳарбиёни рус ва амалдорони маҳаллӣ хизмат мерасонданд. Амир, бек, амлокдорон барои расонидани амру фармон навкарони махсус доштанд. Аҳолии Бухорои Шарқӣ умуман аз хидмати алоқа маҳрум буд. Воситаҳои алоқа дар Тоҷикистон фақат баъди ғалабаи Инқилоби Октябр (1917) инкишоф ёфтанд. Дар давраи сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ алоқа ба яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи ҷумҳурӣ табдил ёфт. Хусусан воситаҳои алоқа солҳои панҷсолаи ҳафтум ва ҳаштум босуръат рушд кардаанд. Дар ҷумҳурӣ теъдоди корхонаҳои алоқа дар соли 1929 - 46, соли 1940 - 263, соли 1950 - 275, соли 1960 - 348 ададро ташкил медод, соли 1970 шумораи онҳо ба 650 адад (аз ҷумла дар деҳот ба 447 адад) расид. Соли 1975 шумораи корхонаҳои алоқа дар ҷумҳурӣ ба 750 адад, аз ҷумла дар деҳот ба 516 адад баробар шуд, соли 1980 шумораи онҳо 778 адад (аз ҷумла дар деҳот 530 адад)-ро ташкил медод. Дар панҷсолаи даҳум (1976–1980) ҳаҷми маҳсулоти корхонаҳои алоқа 32% афзоиш ёфт ва дар солҳои баъдӣ қариб ду баробар зиёд шуд. Дар шаҳрҳо беш аз 38 ҳазор ва дар деҳот 7,4 ҳазор рақами телефонӣ ба истифода дода шуд. Бахусус алоқаи шаҳрӣ ва телефонӣ дар солҳои панҷсолаи 11 ва 12 босуръат рушд кард. Дар ин солҳо дар шаҳрҳо барои 125 ҳазор рақам ва дар деҳот барои зиёда аз 20 ҳазор рақам пойгоҳи автоматии телефонӣ ба кор андохта шуд. Соли 1985 шумораи корхонаҳои алоқа дар ҷумҳурӣ ба 800 адад расид. Шабакаи васеи алоқаи телеграфӣ ва телефонӣ, радиошунавонӣ ва телевизион ташкил шуд. Корхонаҳои алоқаи почта ирсол ва расонидани матбуоти даврӣ, мактубҳо, бастаҳои коғазӣ (бандеролҳо), бастаҳои коғазии таъйиноти фарҳангию маишӣ ва интиқоли пулро барои аҳолӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо таъмин мекарданд; то соли 1996 нафақа ва кумакпулиро ба хонаи шаҳрвандон мерасониданд; дар деҳот амалиёти хазинаи амонатиро иҷро ва ба аҳолӣ хизматрасониҳои телеграфӣ ва телефониро пешниҳод ва матбуоти давриро паҳн мекарданд. Соли 1924 шуъбаи почта дар шаҳри Душанбе таъсис ёфт, ки муҳимтарин воқеа дар ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Худи ҳамон сол шуъбаҳои почта дар Кӯлоб, Саройкамар, Мурғоб ва солҳои 1925–26 дар Чилликӯл (ҳоло Дӯстӣ), Ҳисор, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Гарм (ҳоло Рашт), Файзобод, Хоруғ ва дигар шаҳру ноҳияҳо кушода шуданд. Соли 1927 шоҳроҳҳои почта: Душанбе - Қӯрғонтеппа, Душанбе - Гарм - Хоруғ ба кор шурӯъ карданд. Соли 1930 Идораи алоқаи Тоҷикистон таъсис ёфт ва 27 шуъбаи минтақавии алоқа ба корхонаҳои алоқаи минтақаҳои шимолии Тоҷикистон муттаҳид карда шуданд. Соли 1935 почтаи марказӣ ба бинои нав кӯчонда шуд. Паҳншавии матбуот дар Тоҷикистон аз замони ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1924) оғоз шуда, аввалин рӯзнома ба забони тоҷикӣ - «Овози тоҷик» аз чоп баромад. Дар қаламрави Бухорои Шарқӣ, ки қисмҳои шарқу ҷанубӣ ва марказии Тоҷикистони имрӯзаро дар бар мегирифт, соли 1924 алоқаи телеграфӣ, ки бори нахуст Бухорои Навро бо Тирмиз ва Тошканд мепайваст, ба кор оғоз кард. Соли 1929 телеграф Душанберо бо Самарқанд, Кӯлоб, Файзобод, Гарм, Қӯрғонтеппа, Чилликӯл, Саройкамар (Панҷ), Ҳисор пайваст мекард. Дарозии хатти телеграфӣ дар ҷумҳурӣ 1034 километрро ташкил медод. То соли 1935 хатҳои телеграфии Душанбе - Хуҷанд - Ӯротеппа, Ашт - Мелниково (ҳоло шаҳри Конибодом), Исфара - Шӯроб, Душанбе - Кӯлоб - Ховалинг гузаронида шуданд. Соли 1940 телеграфи марказии пойтахт бо 40 маркази минтақавии ҷумҳурӣ, инчунин бо Маскав, Тошканд ва Хоруғ иртиботи мустақим барқарор кард. Аз соли 1955 алоқаи телеграфӣ худкор (автоматӣ) карда шуд ва соли 1960 дастгоҳҳои куҳнаи телеграф бо дастгоҳҳои мукаммали СТ-35, ки аз рӯи низоми баландсифати бисёрканалаи алоқаи телеграфӣ амал мекарданд, иваз карда шуданд. Дар ҷумҳурӣ навъи нави алоқа - телеграфи муштарӣ (абонентӣ) ҷорӣ карда шуд, ки ба заводу фабрикаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо барои бо ҳамдигар пайдо кардани алоқаи бевосита ва амалӣ кардани гуфтушунидҳо имкон фароҳам овард. Алоқаи фототелеграф (телеграфи аксдор) дар Маскав, Тошканд ва дигар шаҳрҳои кишвар босуръат инкишоф ёфт. Қабул, ирсол ва нашри чандин рӯзномаи марказии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ дар Душанбе тавассути фототелеграф анҷом дода мешуд. Алоқаи телеграфии ҷумҳурӣ ба низоми пайвасткунии мустақим гузашт. Дар Душанбе пойгоҳи интиқоли маълумоти телеграфӣ насб карда шуд. Тамоми шабакаҳои телеграфии ҷумҳурӣ солҳои ҳаштодум навсозӣ карда шуданд. Дастгоҳҳои тасма (лента)-вӣ ба дастгоҳҳои нисбатан муосир ва муносиби лӯлапеч иваз шуданд, ки ин кори телеграфчиёни ҷумҳуриро хеле сабук кард. Дар пойтахти ҷумҳурӣ насби дастгоҳи муттаҳидаи телеграфӣ дар асоси техникаи компютерӣ (АТА, ПС, ПД) ба анҷом расид, ки ҳамаи пойгоҳҳои телеграфии қаблан мавҷудро муттаҳид мекард. Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон шабакаи васеъ паҳнгаштаи телефонӣ ба вуҷуд омад. Соли 1924 дар Душанбе аввалин коммутатори телефонии батареяи маҳаллӣ бо 50 рақам насб гардида, соли 1929 дар ҷумҳурӣ 3 пойгоҳи телефонии шаҳрии дорои 250 рақам (Душанбе, Хуҷанд ва Ӯротеппа) амал мекард. Дар солҳои баъдӣ, алоқаи телефонии шаҳр ба таври динамикӣ рушд карда, пойгоҳҳои телефонӣ бо техникаи муосир муҷаҳҳаз шуданд. Дар шаҳру деҳот пойгоҳҳои нав бо таҷҳизоти телефонии низоми худкор насб ва нуқтаҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ бо алоқаи телефонии худкор таъмин гардиданд. Соли 1996 дар Душанбе нахустин пойгоҳи радиотелефонии мобилӣ бо дастрасӣ ба шабакаи телефонии маҳаллии байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ ва соле баъд – алоқаи ҷустуҷӯи радиоӣ (пейҷинг) ҷорӣ карда шуд. Охири соли 1997 дар Душанбе ва Қӯрғонтеппа низоми алоқаи радиотелефонии транкии ба ҳам пайвастшуда ҷорӣ гардид (пойгоҳҳои шабеҳ дар Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ низ ба истифода дода шуданд). Ба ҷумҳурӣ телефонҳои моҳвораии (радифӣ) оварда шуданд, ки тавассути низоми байнамилалии моҳвораии «Инмарсат» (INMARSAT) кор мекарданд. Алоқаи телефонии деҳот ба таври назаррас рушд кард. Соли 1940 дар ҷумҳурӣ 11 пойгоҳи телефонии деҳот бо 150 рақам, соли 1950 – 18 пойгоҳ, соли 1960 – 51 пойгоҳ ва соли 1970 – 99 пойгоҳ бо иқтидори умумии насбшудаи 9000 рақам мавҷуд буд; аз ҷумла 6400 рақам ба усули худкор гузаронда шуд. Соли 1975 дар ҷумҳурӣ 135 пойгоҳи телефонии деҳот бо 15840 рақам мавҷуд буд, соли 1980 – 202 пойгоҳ бо 25000 рақам, соли 1985 шумораи онҳо 246 пойгоҳ бо 37000 рақамро ташкил дод, ки бо низоми худкор (автоматӣ) кор мекарданд. Дар панҷсолаи дувоздаҳум (1986–1990) дар деҳоти ҷумҳурӣ боз 64 пойгоҳи автоматии телефонӣ барои 7500 рақам ба кор сар карданд. Сатҳи худкор кардани алоқаи телефонии деҳот дар соли 1970 72% буд, соли 1979 он 100%-ро ташкил медод, яъне алоқаи телефонии деҳоти ҷумҳурӣ куллан худкор карда шуд. Соли 1970 42% совхозҳо ва 50% колхозҳо алоқаи дохилиистеҳсолӣ доштанд ва соли 1980 ин гуна робитаҳо дар совхозҳо 58% ва колхозҳо 96%-ро ташкил медоданд. Тӯли солҳои 1990 алоқаи телефонии дохилиистеҳсолӣ дар заминаи пойгоҳи автоматии телефонӣ дар 60 колхоз ва 68 совхоз таҷдид карда шуд. Яке аз дастовардҳои бузурги соҳаи алоқа дар Тоҷикистон рушди телефонии байнишаҳрӣ буд. Бояд қайд кард, ки хатҳои алоқа дар шароити душвори кӯҳистон гузаронда шудаанд. Алоқаи мустақими телефонии байни пойтахти ҷумҳурӣ бо Маскав, Тошканд, Самарқанд, Алмаато, Ашқобод, Свердловск, Ростов, Одесса ва Хуҷанд ба роҳ монда шуда буд. То соли 1970 55 маркази минтақавӣ бо пойтахт тавассути низоми бисёрканала алоқаи телефонии байнишаҳрӣ доштанд ва дар 26 канали минтақавӣ имкони фаврии гуфтугӯи телефонии байнишаҳрӣ ҷорӣ карда шуд. Дастгоҳҳои телефонии байнишаҳрӣ дар тамос бо Душанбе – Маскав, Тошканд, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Куйбишев (ҳоло Абдурраҳмони Ҷомӣ), Ҳисор ва даҳҳо шаҳру ноҳияи дигари ҳам ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он кор мекарданд. Соли 1980 дарозии умумии шабакаҳои алоқаи телефонии байнишаҳрӣ дар ҷумҳурӣ 207 ҳазор шабака-километр буда, дар панҷсолаи ёздаҳум 1,5 баробар афзуд ва 502 ҳазор шабака-километрро ташкил дод. Шаҳрҳо ва марказҳои минтақавии ҷумҳурӣ бо шабакаи хатҳои ҳавоӣ, кабелӣ ва радиорелей бо таҷҳизоти муосири алоқаи бисёршабакавӣ зич пайвастанд. Соли 1984 дар Душанбе пойгоҳи калони муосири квазиэлектронии худкори телефонии байнишаҳрӣ ба кор даромад, ки он барои худкор кардани алоқаи телефонии байнишаҳрӣ хизмат кардааст. Сохтмони пойгоҳҳои кайҳонии рӯизаминии «Орбита» дар Душанбе ва Хоруғ пойтахти ҷумҳуриро бо шаҳрҳои Хоруғ ва Маскав бо низоми боэътимоди бисёршабакаи шабакаҳои алоқаи кайҳонӣ пайваст кард. Агар ҷумҳурӣ қаблан ба шабакаи байнамилалии телефон дастрасии мустақилона надошт, пас дар аввали солҳои 90-ум чунин имконот пайдо шуданд. Соли 1993 пойгоҳи электронии телефонии байнишаҳрӣ бо роҳи дастрасӣ ба хориҷи дур тавассути шабакаҳои алоқаи моҳворавӣ сохта шуд. Дар солҳои баъдӣ боз як баромади дигар тавассути моҳвора ба шабакаи телефонии байнишаҳрӣ ташкил карда шуд. Дар ҷумҳурӣ охири солҳои 90-уми асри 20 се баромад мавҷуд буд, ки бо бисёр кишварҳои ҷаҳон алоқаи мустақими телефонии байнишаҳриро фароҳам меовард. Соли 1929 аввалин радиоузели радиошунавонии симӣ сохта шуда, дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 87 нуқтаи радио мавҷуд буд. То соли 1940 онҳо 17 ҳазор, соли 1950 – 38,4 ҳазор ва соли 1970 – 262,5 ҳазор, аз ҷумла, дар деҳот – 182 ҳазор адад, соли 1980 – 349,7 ҳазор нуқтаҳои радио, аз ҷумла, дар деҳот – 203,4 ҳазор ададро ташкил медоданд. То охири солҳои 80-уми асри 20 дар ҷумҳурӣ қариб 0,5 миллион нуқтаи радио, аз ҷумла бо даҳҳо ҳазор барномаи гуногун мавҷуд буд. Тақрибан ҳамаи колхозҳо ва бештар аз 60%-и совхозҳо бо дастгоҳи радио таъмин карда шуда буданд. Рушди телевизион аз соли 1959 оғоз шуда, он то соли 1980 74%-и аҳолии ҷумҳуриро фаро мегирифт, дар ҳоле ки дар соли 1959 ҳамагӣ 15% буд. Соли 1959 студияи телевизионии Душанбе ба кор даромад. Соли 1966 байни Маскаву Душанбе алоқаи телевизионӣ барқарор гардид. Соли 1975 барномаҳои он бори аввал бо телевизиони ранга намоиш дода шуданд. Дар Душанбе ва Хоруғ пойгоҳҳои телевизионии «Орбита» ба фаъолият шурӯъ карданд. Охири солҳои 1990 4 барнома дар Душанбе, 3 барнома дар Хуҷанд ва 2 барнома дар Қӯрғонтеппаву Кӯлоб пахш мешуд. Хоруғ, марказҳои ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои наздикӯҳӣ ду барномаи телевизиони марказиро тамошо мекарданд. Барои вусъат додани фарогирии аҳолӣ бо пахши мавҷҳои телевизион дар ҷумҳурӣ 15 километр хатҳои алоқаи радиорелей сохта шуданд (1965-1990). Садҳо ретранслятор (такрорпахшгар)-и телевизион сохта шуданд, ки боиси фаро гирифтани 97%-и аҳолӣ бо як барномаи телевизиони марказӣ ва 85%-и аҳолӣ бо ду барномаи телевизиони марказӣ гардиданд. Аз соли 1997 пахши барномаҳои телевизион тавассути моҳвора ба Хоруғ ба роҳ монда шуд. Баъди барҳамхӯрии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ ва канда шудани робитаҳои хоҷагидорӣ, дар аввали солҳои 90-уми асри 20 суръати рушди ҳамаи зербахшҳои алоқа паст шуд. Дар ҷумҳурӣ талабот ба хидмати алоқа якбора коҳиш ёфт, дар шаҳрҳо ва махсусан дар деҳот мардум аз телефонҳо ва радиоҳо ба таври оммавӣ даст кашиданд. Ба ин, равандҳои аз андоза зиёд харобиворе, ки дар чандин минтақаи ҷумҳурӣ ба амал омада буданд, мусоидат карданд. Сулҳу суботи охири солҳои 90-ум дар сарзамини деринаи Тоҷикистон бавуҷудомада, дар қатори дигар соҳаҳои ҷумҳурӣ барои эҳё ва рушди такрории соҳаи алоқа имкон фароҳам овард. Қабули чандин санади муҳими қонунгузории ҷумҳурӣ, ғайридавлатикунонии баъзе зерсоҳаҳои алоқа барои ҷалби сармояи хориҷӣ барои навсозӣ ва рушди соҳа шароити мусоид фароҳам овард. Бо ин мақсад, Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаи навсозӣ ва рушди воситаҳои телекоммуникатсия, телевизион ва радиошунавониро дар солҳои баъдӣ таҳия ва тасдиқ намуда, барои татбиқ кардани он саъю кӯшиши кормандони ин соҳаи муҳимро равона кард. Давоми 30 соли Истиқлол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди босуръати телекоммуникатсия ба вуҷуд омад, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт маҳсуб шуда, дар бозори хизматрасонӣ ба аҳолӣ нақши асосӣ ва муҳимро мебозад. Дар айни замон дар бозори телекоммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқа панҷ оператори мобилӣ, як оператори миллӣ ва ҳашт интернет-провайдер фаъолият менамоянд: Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ-Мобайл», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Индиго Тоҷикистон», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Вавилон-М», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таком», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «О-мобайл». Интернет-провайдерони соҳа: Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Исател», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Коминтел», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Истера», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Телеком Технолоҷӣ», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Вавилон-Т», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Интерком», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Астел», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММС-Т». Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» дар шаҳри Душанбе аз шабакаҳои қиёсӣ (аналогӣ) ба шабакаи рақамӣ гузаронида шуд (2003). Тамоми ҷумҳурӣ ба хатти нахи нурӣ пайваст карда шуд (2004). Шабакаи нақлиётии магистралии нахи нурии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком»-и Хадамоти алоқа дар сартосари ҷумҳурӣ сохта шуда, байни тамоми шаҳру ноҳияҳо то сатҳи марказҳои ноҳиявӣ хатҳои баландсуръати нахи нурии алоқа бо истифода аз технологияҳои DWDM ва SDH мавриди истифодаи оператори алоқаи барқӣ қарор гирифтанд. Шабакаи хатҳои алоқаи нахи нурии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком», шабакаи нақлиётии асосии истифодаи умум маҳсуб шуда, аз ҷумлаи истифодабарандагони асосии шабака – шабакаи алоқаи телефонӣ, шабакаи IP ва шабакаи таҳвили маълумот (интернет) ба шумор мераванд. Татбиқи хатҳои нахи нурии алоқа имкони пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тамоми кишварҳои ҳаммарз аз тариқи кабели нахи нурӣ ба вуҷуд овард. Тавассути шабакаи шоҳроҳӣ бо хатҳои нахи нурӣ алоқаи шаҳри Душанбе бо марказҳои вилоятию ноҳиявӣ ба роҳ монда шуда, айни замон сохтмони чунин низомҳо дар ҳудуди ҳамаи вилоятҳо оғоз гардидааст. Истифодаи онҳо эътимоднокӣ ва пойдории шабакаро таъмин карда, инчунин захирасозии хатҳои алоқаро то 100% кафолат медиҳад. Бар замми ин, зарфияти шабакаҳои шоҳроҳии нахи нурии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» ба вазоратҳо, кумитаҳо, хадамот ва муассисаҳои давлатӣ, ки шабакаҳои онҳо таҷдиду густаришро тақозо мекунанд, иҷора дода мешаванд. То ба ҳол, аксар вазорату муассисаҳои давлатӣ ва бонкҳою муассисаҳои тиҷоратӣ бо истифода аз шабакаҳои магистралии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» шабакаҳои VPN-и худро таъсис дода, дар сартосари кишвар нуқтаҳои худро таҳти як шабака бо ҳам пайваст кардаанд. Соҳаи алоқаи мобилии кишвар ҳамқадами давлатҳои рушдкарда буда, дар давоми 10 соли охир бо истифода аз стандартҳои CDMA 20001X, CDMA450, GSM, 3G-UMTS, 4G/LTE хизматрасониҳои алоқаи барқӣ пешниҳод мекунад, ки то насли 5-ум расидааст. Ҳоло дар кишвар хизматрасониҳои асосии алоқаи мобилӣ, маҳаллӣ, байнишаҳрию байналмилалӣ ва Интернет пешниҳод гардида, нисбат ба соли 2005 технология ва таҷҳизоти истифодашаванда ба таҷҳизоти муосиру замонавӣ иваз ва сифати хизматрасонӣ ба маротиб баланд шудааст. Масалан, агар соли 2005 ба аҳолӣ танҳо хизматрасонии интернетии ноқилӣ пешниҳод шуда буд, аз соли 2015 хизматрасонии интернетӣ бо истифода аз хатти нахи нурӣ, технологияҳои WiMAX, WiFi ва LTE пешниҳод карда мешавад. Аз соли 1996 бо татбиқи технологияи нав шабакаҳои алоқаи маҳаллӣ тавсеа ёфта, боиси дарёфти шаклҳо ва усулҳои нави танзимгари фаъолияти тамоми соҳаи алоқа ва афзоиши беш аз дукаратаи операторони алоқаи мобилӣ ва истифодаи васеи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётии кишвар гардиданд. Соли 1996 аввалин муассисаи муштараки тоҷикӣ-амрикоӣ, Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «ТоҷикТел» таъсис дода шуд, ки бо стандарти AMPS хизматрасонии алоқаи мобилиро пешниҳод мекард. Соли 1998 дар вилояти Суғд оператори алоқаи мобилии «Индиго Сомонком» бо стандарти GSM ва аз октябри 2001 то сентябри 2002 боз 3 оператори алоқаи мобилӣ «Индиго Тоҷикистон», «ТТ Мобайл» ва «Вавилон Мобайл» пешниҳоди хизматрасонӣ бо стандарти GSM сар карданд. Ин иқдом боиси паст шудани нархи ин навъи хизматрасонӣ гардид. Тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 (№ 550) «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии компютерикунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015» таъмини мақомоти давлатӣ бо техникаи компютерӣ комилан анҷом дода шуда, соли 2015 ҳамаи хизматчиёни давлатӣ бо техникаи компютерӣ таъмин шуданд. Шумораи хизматчиёни давлатӣ, ки хизматрасонии Интернетро бо мақсади иҷрои вазифаҳояшон истифода мекунанд, дар соли 2015 дар муқоиса бо соли 2011 дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 2 баробар, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 14 баробар зиёд гардид. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели 2016 (№ 207-7), «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» қабул гардид, ки хариду фурӯши симкортҳоро танзим мекард. Ҳоло (2021) теъдоди муштариёни алоқаи мобилӣ беш аз 7,3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 5,4 миллион нафар муштариёни фаъол мебошанд, ин нишондод нисбат ба нишондоди соли 2019 (4,8 миллион) 0,6 миллион муштарӣ зиёдтар мебошад. Тибқи нишондоди мазкур ба ҳар сад нафар аҳолӣ 57 нафар муштарӣ (рақам) рост меояд. Теъдоди умумии муштариёни алоқаи барқии собит 367798 нафарро ташкил медиҳад, ки 82480 нафари онҳо фаъол мебошанд (2021). Теъдоди истифодабарандагони Интернет соли 2021 3,3 миллион нафарро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2019 (3,0 миллион) 0,3 миллион нафар зиёдтар аст. Тибқи нишондоди мазкур ба ҳар сад нафар аҳолии ҷумҳурӣ 35 нафар истифодабарандаи Интернет рост меояд. Бо мақсади таъмини рушди соҳаи алоқа дар 10 соли охир ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, 10 санади меъёрии ҳуқуқии нав тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки 4 адади онҳо созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа мебошанд. Соҳаи алоқаи почтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз, дар давраи Истиқлол комилан мустақил шуда, ба пешравиҳо ноил гардид. Вобаста ба талаботи Иттифоқи ҷаҳонии алоқаи почта чун ташкилоти ҷудогона - Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик» дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Ҳоло (2021) дар кишвар 490 адад шуъбаи алоқаи почта фаъолият мекунанд. Бар замми ин Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик» вобаста ба талаботи аҳолӣ интиқоли маблағҳоро бо усули электронӣ ба роҳ мондааст. Бори нахуст соли 2005 дар Тоҷикистон почтаи фаврӣ EMS ба фаъолият оғоз кард. Айни ҳол бо 196 давлати ҷаҳон мубодилаи почтаи фаврии байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 347–349.

0

Нақлиёт

Нақлиёт дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ мавқеи муҳим дошта, соҳаи афзалиятноки кишвар ҳисоб меёбад. Нақлиёт ҳамчун намуди фаъолияти хоҷагӣ ба нақлиёти истифодаи умум ва ғайриумум ҷудо мешавад. Нақлиёти истифодаи умум талаботи соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолиро дар боркашонӣ ва мусофирбарӣ қонеъ мегардонад. Намудҳои гуногуни маҳсулотро байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда мекашонанд. Нақлиёти истифодаи ғайриумумӣ (идоравӣ), маъмулан бору мусофирони корхонаву иттиҳодияи (ассотсиатсия, консерн ва ғайра)-и худро мекашонанд. Оғози ташаккули низоми нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солҳои 20-уми асри 20 тааллуқ дошта, нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ ва ҳавоиро дар бар мегирад. Соли 1924 аввалин хатсайри ҳавоии Душанбе — Тошканд ифтитоҳ ёфт. Солҳои 1926–1929 роҳи оҳани Тирмиз — Душанбе (225 километр) сохта шуд, ки мушкилоти алоқаи ҷумҳуриро бо шабакаи роҳи оҳани кишвар ҳал намуд. Солҳои 1929–1931 барои хизматрасонии нақлиётии сохтмони канали Вахш роҳи оҳани камбари Панҷи Поён бунёд карда шуд, ки баъдан ба роҳи истифодаи умум табдил ёфт. Дар ҳамин давра роҳҳои автомобилгарди ниҳоят муҳим барои ҷумҳурӣ ва нахустин дар ҳудуди он сохта шуданд, ки робитаҳои дохилии иқтисодиро, бахусус дар ноҳияҳои ҷанубӣ (Душанбе — Тирмиз, Саройкамар — Кӯлоб, Душанбе — Қӯрғонтеппа, шоҳроҳи Помири Шарқӣ — Ӯш — Хоруғ, Душанбе — Хуҷанд, баъдан шоҳроҳи Помир — Душанбе — Хоруғ) таъмин мекарданд. Дар солҳои пешазҷангӣ заминаи шабакаи роҳҳои алоқаи Тоҷикистон сохта шуд. Дар фурсати начандон зиёди таърихӣ Тоҷикистон аз кишвари қадимии дорои пайроҳа ва роҳҳои корвонгузар ба ҷумҳурии дорои роҳу нақлиёти замонавӣ табдил дода шуд. Ба сабаби шароити душвори релйеф роҳҳои оҳан чандон рушд наёфтанд. Ҳама роҳҳо якхатта буданд. Дар охири солҳои 80-ум дар хати Ҳавос — Хӯқанд сохтмони роҳи дуввум оғоз ёфт, ки баъдан ба кашиши барқӣ гузаронида шуд. Соли 1994 сохтмони ду хатти нави роҳи оҳани Самарқанд — Панҷакент ва Қӯрғонтеппа — Кӯлоб оғоз ёфт. Масофаи хатҳои роҳи оҳан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 600 километр буд. Тақрибан 70% интиқоли бори хоҷагии халқ ба соҳаи нақлиёти автомобилӣ рост меомад. Ҳаҷми хизматрасонии нақлиётӣ тавассути тамоми соҳаҳои нақлиёт дар ҳолати пайвастаи рушд қарор дошт. Солҳои 2008–2010 ҳаҷми миёнаи солона дар самти боркашонӣ 2,5–3% ва мусофирбарӣ 4,5–5%-ро ташкил дод. Ҳаҷми умумии боркашонӣ дар соли 2018 афзуд (нигар ҷадвали 1). Робитаҳои нақлиётиву иқтисодии берунӣ ва байниҷумҳуриявӣ тавассути роҳҳои оҳан, автомобилгард ва инчунин нақлиёти ҳавоӣ амалӣ карда мешаванд. Алоқаи дохили ҷумҳурӣ асосан ба нақлиёти автомобилӣ вобаста аст. Қисми боркашонӣ ва мусофирбарӣ дар дохили ҷумҳурӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва дохилиминтақавии тариқи нақлиёти автомобилӣ амалӣ мешавад. Давоми 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт бо маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари амрикорӣ, 53 лоиҳаи гуногуни давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, бунёди иншоот ва лоиҳаҳои таҳкимбахши иқтидори техникии соҳа амалӣ гардид. Дар натиҷа, 2183 километр роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаи сеқабата ва 2 дуқабата, 5 адад нақби мошингузар, 3,4 километр долонҳои зиддитармавӣ, 219 километр роҳи оҳан таҷдиду таъмир шуда, 682 адад техникаву таҷҳизоти роҳ харидорӣ гардид. Бо ёрии ташкилотҳои хориҷӣ 27,5 километр роҳҳои автомобилгард ва 47 адад пул (бо дарозии 2859 метр) ва аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9,91 километр роҳҳои автомобилгард ва 19 пул (бо дарозии 435 метр) сохтмону таҷдид шуданд. Дар ин давра барои муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 682 адад техникаю таҷҳизоти замонавӣ ва пуриқтидори нигоҳдории роҳҳо харидорӣ гардидаанд, ки зиёда аз 43,8%-и техникаю таҷҳизоти дар тавозуни муассисаҳо қарордоштаро ташкил медиҳанд. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба шумор рафта, сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарду оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурудгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ дар бар мегирад. Аз ин рӯ, дар комплекси нақлиёти ҷумҳурӣ 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, зиёда аз 2 ҳазор километр роҳи мошингард, 31 километр нақб, 200 пул ва 173,2 километр роҳи оҳан сохтаву таҷдид шуд, аз ҷумла терминали мусофирбарӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин 374 адад техникаву механизми роҳдорӣ харидорӣ гардид. Соли 2011 барои инкишофи тамоми таркибҳои маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» таҳия шуд. Нақлиёти роҳи оҳан Дар қаламрави Тоҷикистон роҳи оҳан аз хатҳои транзитии гузарандаи Исфара – Шӯроб; Пахтаобод – Душанбе; Душанбе – Янгибозор; Тирмиз – Қӯрғонтеппа – Ёвон; Қӯрғонтеппа – Кӯлоб ва Самарқанд – Панҷакент иборат буд. Равобити байнидавлатии нақлиётиву иқтисодӣ тавассути роҳи оҳан бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон амалӣ карда мешавад. Дар робитаҳои иқтисодии байниминтақавӣ, боркашонӣ байни минтақаҳои шимолӣ ва ҷанубии ҷумҳурӣ ва мусофирбарӣ дар алоқаҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ (Душанбе – Маскав, Душанбе – Волгоград, Душанбе – Конибодом), инчунин дар минтақаи наздишаҳрии пойтахти ҷумҳурӣ амалӣ карда мешаванд. Дар оғози даврони Истиқлол роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҳолати ба се қисм аз ҳам ҷудо қарор дошт. Соли 1994 дар заминаи шуъбаи душанбегии роҳи оҳани Осиёи Миёна корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъсис ёфт. Хатти нави роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб (соли 1998, бо дарозии 52 километр) ва марҳилаи дуввуми ин роҳ, қисмати Данғара – Қурбоншаҳид – Кӯлоб (соли 1999, бо дарозии 80 километр), инчунин роҳи оҳани Бохтар – Кӯлоб (бо дарозии 132 километр) ба истифода дода шуд. Соли 2011 қатораи мусофирбари Хуҷанд – Маскав ба фаъолият шурӯъ кард. Бори аввал дар даврони Истиқлол қатораҳои мусофирбари Кӯлоб – Маскав, Хуҷанд – Саратов низ ба фаъолият шурӯъ карданд. Соли 2016 дар қитъаи Ваҳдат – Ёвони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб 40,7 километр роҳ, 3 нақб бо дарозии 3,7 километр ва 8 пул бо дарозии 683,2 метр ба истифода дода шуд. Айни ҳол 34 истгоҳу 4 вокзали роҳи оҳан, ки таҷдиду азнавсозӣ шудаанд, дар хизмати мардум қарор доранд. Дар доираи лоиҳаи муштараки Харитаи роҳ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба харидории 300 вагони болопӯшида, 200 нимвагон, 5 тепловоз ва 5200 тонна релси P65 бо пешниҳоди қарзи имтиёзноки Ҷумҳурии Қазоқистон ба маблағи умумии 50 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешбинӣ гардид. Парки нақлиётии корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 769 вагони борқаш, 168 вагони мусофирбар ва 7 тепловоз иборат аст. Соли 2019 тавассути нақлиёти роҳи оҳан 5798,9 ҳазор тонна бор ва 0,6 миллион мусофир интиқол дода шуд (нигар ҷадвали 2). Ҳаҷми боркашонӣ ва мусофирбарӣ дар солҳои 2015–2019 Ҷадвали 2. | Нишондиҳанда | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | | :--- | :---: | :---: | :---: | :---: | :---: | | Боркашонӣ (ҳазор тонна) | 6125,6 | 5454,2 | 4646,5 | 5348,1 | 5798,9 | | Мусофирбарӣ (миллион мусофир) | 0,4 | 0,5 | 0,5 | 0,5 | 0,6 | Дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 5 пули роҳи оҳан ба маблағи умумии 8,5 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ карда шуд. Бо мақсади баромадан ба мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ аз соли 2019 корҳои сохтмонӣ дар хатти роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷи Поён (Тоҷикистон) – Шерхон Бандар (Афғонистон) амалӣ мешавад. Нақлиёти ҳавоӣ Нақлиёти ҳавоӣ дар Тоҷикистон аз солҳои 20-уми асри 20 ибтидо мегирад. Дар давраи пешҷангӣ хатҳои ҳавоӣ аз Душанбе – Хуҷанд, инчунин аз Душанбе – Кӯлоб, Ғарм, Панҷ ва ғайра амал мекарданд. Соли 1937 роҳи ҳавоии Душанбе – Хоруғ кушода шуд. Солҳои 1971–1980 дарозии хатҳои ҳавоӣ 3,9 баробар (аз 17,9 то 68,9 ҳазор километр) ва ҳаҷми мусофирбарӣ аз 1691 ҳазор нафар ба 2497 ҳазор нафар зиёд шуд, яъне 1,5 баробар ва гардиши мусофирон аз 1603 ба 3406 миллион мусофиркм расид, яъне 2,1 маротиба афзуд. Тариқи нақлиёти ҳавоӣ миқдори назарраси корҳои соҳаи кишоварзӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, ёрии тиббӣ ва ғайра иҷро карда мешаванд. Дар ҷумҳурӣ солҳои 1991–2008 танҳо як корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикистон» фаъолият дошт. Дар ин давра шумораи парвозҳои байналмилалӣ зиёд ва парвозҳои дохилӣ коҳиш ёфтанд. Ин аз рӯи омили баланд шудани тарифҳои ҳамлу нақли ҳавопаймоӣ ва паст шудани талаботи қобилияти пардохт ба ҳамлу нақли ҳавопаймоии дохилӣ вобаста буд. Соли 1995 фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб таҷдид гардид ва ба истифода дода шуд. Соли 2008 дар заминаи коргоҳи ҳавопаймоии «Тоҷикистон» ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», 4 фурудгоҳи байналмилалӣ (Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа), 29 фурудгоҳи маҳаллӣ (Хоруғ, Ванҷ, Рӯшон, Мурғоб, Дарвоз, Панҷакент, Айнӣ, Исфара, Панҷ, Ҳамадонӣ, Фархор, Рашт, Лахш ва ғайра), Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» ва «Тоҷикаэронавигатсия» ташкил шуданд. Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ ҷуғрофияи парвозҳои ширкатҳои ватанӣ васеъ гардида, бо 26 давлати дунё ҳамкориҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба роҳ монда шуд. Соли 2017 Агентсияи авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳоло дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ширкатҳои хориҷии «Сибир», «Ютайр», «Уральские авиалинии», «Глобус» ва «Икар» (Федератсияи Россия), «Южные авиалинии» (Хитой), «Туркиш авиалинии» (Туркия), «Осмон» (Эрон), «КамЭйр» (Афғонистон), «Авиа Трафик Компания» (Қирғизистон), «ЭйрАстана» (Қазоқистон), «Флай дубай» (Аморати Муттаҳидаи Араб) ва «Узбекистон ҳаво йӯллари» (Узбекистон) амал мекунанд. Соли 2017 ҳаҷми умумии интиқоли мусофирон аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ афзуда, 0,9 миллион мусофир ва гардиши мусофирон 2344,5 миллион мусофир-кмро ташкил дод (нигар ҷадвали 3). Ҳаҷми мусофирбарӣ ва гардиши мусофирон дар солҳои 2015–2019 Ҷадвали 3. | Нишондиҳанда | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | Мусофирбарӣ (миллион мусофир) | 0,8 | 0,8 | 0,9 | 0,8 | 0,7 | | Гардиши мусофирон (миллион мусофир-километр) | 2028,6 | 2259,1 | 2344,5 | 2241,1 | 1913,4 | Дар ҷумҳурӣ 12 парки умумии ҳавопаймо ва 13 адад ҳавопаймои муосир мавриди истифода қарор доранд. Ҳоло ба 127 адад ширкати ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ хидматрасониҳои аэронавигатсионӣ карда мешавад. Бо мақсади боло бурдани сатҳи хизматрасониҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Фаронса барои бунёди манораи назоратӣ - диспетчерӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар солҳои 2014–2018 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминалҳои нави ҳозиразамони мусофирбарӣ ба истифода дода шуданд. Айни замон, дар соҳаи мазкур 3 лоиҳаи инвеститсионӣ, аз ҷумла лоиҳаи «Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» (8,6 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), «Беҳтаргардонии хизматрасонии аэронавигатсионии Тоҷикистон» (3,4 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) ва сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ (4 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди татбиқшавӣ қарор доранд. Дар умум дар даврони Истиқлол 220 километр хатти роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуд. Нақлиёти автомобилӣ Нақлиёти автомобилӣ навъи нақлиёти асосии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, тақрибан 90% корҳои боркашонии ҷумҳуриро иҷро мекунад. Соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарозии умумии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум 14198 километрро ташкил дод. Роҳҳои автомобилӣ ҳамчун унсури асосии муҷаҳҳазкунии техникии нақлиёти автомобилӣ, хусусан дар даҳсолаҳои охир босуръат сохта ва таҷдид шуданд. Барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ аз буҷети давлат дар солҳои 1992 – 2020 778,6 миллион сомонӣ ва аз буҷети мақомоти маҳаллӣ 95 миллион сомонӣ ҷудо ва истифода шуд. Соли 2021 бо ин мақсад аз буҷети давлат 80,9 миллион сомонӣ пешбинӣ гардид, ки нисбат ба соли 1992 67,1 баробар зиёд аст. Соли 2020 221 корхонаи нақлиёти автомобилӣ (81 адад мусофирбар, 104 адад боркаш ва 36 адад омехта), 51 терминали мусофирбарӣ, 11 терминали боркашонӣ, 1314 нуқтаи таъмир ва хизматрасонии техникии таъмири нақлиёт ва 77 қароргоҳи нақлиёти автомобилӣ, инчунин 886 хатсайри мусофирбарӣ (180 шаҳрӣ, 571 наздишаҳрӣ, 118 байнишаҳрӣ ва 17 байналмилалӣ) ба қайд гирифта шуданд. Тавассути нақлиёти автомобилӣ дар ин давра 11 миллион 549 ҳазор тонна бор бо гардиши 2067,1 миллион тонна-километр ва 292 миллион 283,7 ҳазор мусофир бо гардиши 2632,8 миллион мусофир-километр интиқол дода шуд. Аз соли 2000 бо ҷалби маблағгузории хориҷӣ 44 лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ татбиқ шуд, ки роҳҳои автомобилгарди Мурғоб – Қулма – Қароқурум; Шоҳон – Зигар – марҳилаи 1, 2 ва 3, Шкев – Зигар, Душанбе – Қӯрғонтеппа – Данғара – Кӯлоб, Дӯстӣ – Панҷи Поён – марҳилаи 1 ва 2, Душанбе – сарҳади Қирғизистон – марҳилаи 1, 2 ва 3, Душанбе – Чаноқ – сарҳади Узбекистон; Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ марҳилаи 1, Душанбе – Турсунзода – сарҳади Узбекистон; Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Узбекистон, пул аз болои дарёи Сурхоб дар Янғолиқ, пулҳо дар ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз, Ванҷ, Шӯробод, шаҳри Хоруғ, пулҳои байналмилалии байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар мавзеъҳои Тем, Рузвай, Ишкошим, Панҷи Поён, Ванҷ, Шӯробод, нақбҳои «Истиқлол», «Озодӣ», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Хатлон» ва ғайраро дар бар мегирад. Соли 2017 лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаи Ш. Шоҳин – Шоҳон ва роҳи автомобилгарди Восеъ – Ховалинг ба истифода дода шуданд. Дар ин давра 9 терминали байналмилалии боркашонӣ ва 5 терминали мусофирбарӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Холдинг Азия Групп Таджикистан», Терминали марказии шаҳри Душанбе азнавсохта шуда, 40 адад автобуси замонавӣ ва 100 адад воситаи нақлиёти сабукрави «такси»-и истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ дар хизмати мусофирон қарор дода шуд. Соли 2014 50 адад автобуси «ЛиАЗ», 25 адад автобуси «ПАЗ» ва 30 адад троллейбус ба ҷумҳурӣ оварда шуд, ки ҳоло хизмат мерасонанд. Солҳои 2017–2018 64 автобуси тамғаи «ISUZU» ва 27 адад автобуси тамғаи «АКИА» барои беҳтар гардонидани хизматрасонӣ ба мусофирон харидорӣ карда шуд. Соли 2018 теъдоди умумии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 449780 ададро ташкил дод, (38988 адад боркаш, 14567 адад мусофирбар, 392425 адад сабукрав ва 3800 адад махсусгардонида). Дар заминаи барқарор шудани муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон фаъолияти 9 гузаргоҳи сарҳадии қаблан аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла гузаргоҳҳои сарҳадии Айвоҷ (ноҳияи Шаҳритус) – Узбекистон, Саразм (шаҳри Панҷакент) – Узбекистон, Ҳаштяк (ноҳияи Спитамен) – Узбекистон, Навбунёд (ноҳияи Айнӣ) – Узбекистон, Равот (шаҳри Конибодом) – Узбекистон, Зафаробод (ноҳияи Зафаробод) – Узбекистон, Ҳавотоғ (ноҳияи Зафаробод) – Узбекистон ва Ӯротеппа (шаҳри Истаравшан) – Узбекистон аз нав барқарор карда шуданд. Айни замон, интиқоли байналмилалии бору мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ тавассути ин гузаргоҳҳо амалӣ мешавад. Дар самти ҳамлу нақли байналмилалии бор 28 ширкати нақлиёти автомобилӣ дар ҳамкорӣ бо 3 Ассотсиатсияҳои байналмилалии автомобилии боркашонӣ («АВВАТ», «АІАТТ» ва ЛТ) дар асоси созишномаҳои байналмилалии дуҷонибаву бисёрҷониба бо 40 кишвари хориҷи дуру наздик ҳамлу нақлро амалӣ мекунанд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 344–346.

0

Занбӯрпарварӣ

Занбӯрпарварӣ соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, ба аҳолии Тоҷикистон аз замонҳои қадим маълум буд. Дар асри 11 Абӯалӣ ибни Сино дар асари худ «Ал-Қонун фи-тонна-тиб» дар бораи хусусиятҳои табобатии асал ва мум зикр карда буд. Занбӯрпарварӣ дар ҷумҳурӣ соҳаи нисбатан ҷавон буда, дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад. Дар Тоҷикистони имрӯза аввалин оилаҳои занбӯри асал соли 1918 пайдо шуда буданд. Оилаҳои занбӯри асал дар ковокӣ ва кундаи дарахтон, қуттиҳои чӯбӣ, танӯр, кандуи чаҳорчӯба ва ғайра нигоҳ дошта мешуданд. Дар он давра занбӯрҳои асал аз Америка, Итолиё ва Кипр оварда мешуданд. Солҳои 1932–1934 нахустин кандуҳои занбӯри асал, ки аз 300 оилаи занбӯри навъи қафқозӣ иборат буданд, ба колхозҳои ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Ҳисор ва Шаҳринав оварда шуданд. Соли 1946 дар Варзоб ва соли 1949 дар Ғарм (ҳоло Рашт) парвариши занбӯри асал ба роҳ монда шуд. Соли 1952 дар шаҳри Душанбе идораи «Занбӯрпарварӣ» таъсис ёфт. Соли 1957 онро ба ноҳияи Янгибозор (ҳоло шаҳри Ваҳдат) кӯчонида, истеҳсоли мумварақа, канду ва болопӯши онро ба роҳ монданд, коргоҳи кандусозӣ ва мағозаи фурӯши асбобу анҷоми занбӯрпарварӣ ташкил карда шуд. Ҳамин тавр, адади оилаҳои занбӯри асал соли 1960 ба 70 ҳазор расид. Соли 1992 дар ҷумҳурӣ 250 ҳазор оилаи занбӯри асал мавҷуд буд. Иттиҳодия ва Ассотсиатсияи занбӯрпарварони Тоҷикистон ташкил ёфт, ки дар 42 ноҳия фаъолият мекард. Дар 360 хоҷагии занбӯрпарварӣ 7500 нафар машғули кор буд. Дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ 16 хоҷагии махсуси занбӯрпарварӣ ташкил ёфт, ки 31 ҳазор оилаи занбӯри асал дошт. Дар хоҷагиҳои занбӯрпарварии Хуҷанд, Истаравшан, Зафаробод, Темурмалик, Ховалинг, Мӯъминобод, Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин), Файзобод, Ҳисор (деҳаи Арчинак) ва Тавилдара 1500–4500 оилаи занбӯри асал мавҷуд буд (аз ҳар оилаи занбӯр то 20 килограмм асал мегирифтанд). Дар замони нооромиҳои сиёсии кишвар занбӯрпарварӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Дар ҷумҳурӣ аз 250 ҳазор оилаи занбӯри асал, ки соли 1992 мавҷуд буд, соли 2005 ҳамагӣ 49 ҳазор оила боқӣ монд. Фаъолияти хоҷагиҳои калони занбӯрпарварӣ, масалан, совхози занбӯрпарварии ноҳияи Мӯъминобод ба куллӣ қатъ гашт. Соли 2005 дар ҷумҳурӣ ду барномаи давлатӣ — «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006–2010» ва «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2016» қабул гардид, инчунин дар факултаи зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур тахассуси занбӯрпарварӣ ва кафедраи парандапарварӣ ва занбӯрпарварӣ таъсис дода шуд. Дар натиҷа шумораи оилаҳои занбӯри асал аз 46 ҳазор ба 207 ҳазор расид. Соли 2013 ба ҷумҳурӣ 500 оилаи занбӯри асали хушзот ворид ва ба хоҷагиҳо тақсим карда шуд (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 80, Суғд - 70, Хатлон - 150, ноҳияҳои тобеи марказ - 200). Корхонаи воҳиди давлатии «Асали Тоҷикистон» ва Ассотсиатсияи занбӯрпарварони Тоҷикистон таъсис ёфт. Ба ҳолати 1 январи соли 2021 — 235370 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 4965 оила зиёд аст. Бо дар назар доштани шароити беназири иқлимӣ ва захираҳои ғании набототи асалдор тамоми заминаҳо барои рушди бомуваффақияти соҳа мавҷуданд. Адабиёт: Шарипов А. (ва дигарон) Перспективы развития пчеловодства в Таджикистане // Научное обеспечение животноводства Таджикистана. Душанбе, 1990; Алиев Ғ. Таърихи занбӯрпарварӣ ва маслиҳат ба занбӯрпарварон. Душанбе, 1990; Харченко И. Н., Рыдин В. Е. Пчеловодство. Москва, 2015. А. Шарипов, Ғ. Алиев, Ш. Солиев. Моҳипарварӣ Дар ҷумҳурӣ моҳипарварии ҳавзӣ аз соли 1936 ибтидо гирифта, ҳамчун соҳаи хоҷагии халқ, он аз нимаи дуввуми солҳои 60, пас аз сохтани обанборҳои маснуъ босуръат рушд кард. Ҳавзи моҳипарварии шаҳри Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе) дар байни деҳаҳои Лучоб ва Варзоб дар масоҳати 36 гектар воқеъ буд. Дар ин ҷо асосан моҳии фурӯшӣ парвариш карда мешуд. Маҳсулнокии ҳавз 8-10 сентнер аз ҳар гектар буд. Дар ибтидои солҳои 50 асри 20 моҳипарварӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав, Сталинобод, Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат), Кӯйбишев (ҳоло ноҳияи А. Ҷомӣ) вусъат ёфт. Солҳои 60 асри 20 хоҷагии тухму моҳипарварии Қайроқум, хоҷагиҳои моҳипарварии Чӯбак, Кумсангир ва комбинати моҳии Панҷакент ба истифода дода шуданд. Соли 1982 Иттиҳодияи истеҳсолии моҳии Хоҷамастон, хоҷагии моҳипарварии Қайроқум бо хоҷагии тухмгузорӣ ва парвариши моҳӣ, комбинати моҳипарварии Панҷакент, хоҷагии моҳипарварии Чӯбак ва заводи гулмоҳипарварии Кофарниҳон фаъолият мекарданд. Масоҳати умумии ҳавз тақрибан 1000 гектарро ташкил медод. Соли 1986 дар ҷумҳурӣ 2470 тонна моҳӣ истеҳсол шуд. Бо мақсади ривоҷу равнақ додани соҳаи моҳипарварӣ дар Институти зоология, паразитология ва хоҷагиҳои моҳидорӣ корҳои илмиву таҳқиқотӣ анҷом дода мешаванд. 5 марти 1979 унвони фахрии Моҳипарвари хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз ҷониби Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис шуда буд, ки ба мутахассисони хуби хоҷагиҳои моҳипарварӣ, корхонаҳои саноати моҳӣ, коркунони Идораи (Управленияи) хоҷагии моҳипарварӣ назди Совети Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ба пешқадамони ин соҳа дода мешуд. Дар давоми панҷсолаи даҳум Комбинати моҳипарварии Панҷакент ба истифода дода шуда, майдони ҳавзи Иттиҳодияи истеҳсолии моҳии Хоҷамастон васеъ гардид. Дар анҷоми панҷсолаи ёздаҳум майдони ҳавзҳои Хоҷагии моҳипарварии Чӯбак аз ҳисоби ба истифода додани 2 ҳавзи дуввуми моҳифарбеҳкунӣ дар масоҳати 100 гектар васеъ ва заводи гулмоҳипарварӣ бо мақсади ба роҳ мондани гулмоҳичаҳо барои ҷойгир кардан дар обанбори Норак таҷдид карда шуд. Дар баробари сохта шудани неругоҳи барқи обии Роғун ва дигар силсиланеругоҳҳои Вахш масоҳати обанбор васеъ мешавад. Дар хоҷагиҳо навъҳои гулмоҳӣ, капур, амури сафед ва пешониғафсҳо парвариш карда мешуданд. Иттиҳодияи истеҳсолии моҳии Хоҷамастон таъминкунандаи асосии маводди моҳипарварӣ аст, ки на танҳо барои хоҷагиҳои моҳипарварии Тоҷикистон, балки ба баъзе хоҷагиҳои ҳавзии Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маводди моҳипарварӣ фароҳам мекунад. Соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 352 хоҷагии моҳипарварӣ бо масоҳати 2713,4 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 адад зиёд аст. Моҳидорӣ дар хоҷагии моҳипарварии Қайроқум, ки дар он ҷо бригадаҳои махсуси моҳидорӣ ташкил карда шудаанд, рушд кардааст. Ба роҳ мондани самти нави парвариши моҳӣ ва хоҷагии кӯливу молини моҳипарварӣ ба нақша гирифта шудааст. У. Ҷалилов, Ш. Солиев. Кирмакдорӣ Кирмакдорӣ дар Тоҷикистон қадимтарин соҳаи кишоварзӣ мебошад. Дар асрҳои 4-5 дар Хуҷанди бостонӣ ва дар ҷануб дар ҳудуди имрӯзаи ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон ба кирмакдорӣ машғул буданд. Баъдан он дар саросари Тоҷикистон вусъат ёфт. Тоҷикон аз қадим кирмакпарварони моҳир ва коркардкунандагони абрешим буданд. Анвои гуногуни матоъҳои абрешимӣ ва нимабрешимӣ шоҳӣ, атлас, беқасаб, адрас ва ғайра истеҳсол карда мешуд. Алҳол истеҳсолоти абрешими шаҳри Душанбе дар ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тори заррин», ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ВТ– Роҳи абрешим» ва «Тоҷикатлас» идома дорад. Дар Хуҷанд аз соли 1867 ҳамасола беш аз 10 ҳазор пуд навъҳои арзишноки пила истеҳсол карда мешуд. Соли 1872 дар Хуҷанд 2000 пуд ва соли 1887 – 6642 пуд пила тайёр карда шудааст. Соли 1892 бори аввал дар Осиёи Марказӣ дурагаи нави тухми кирмаки абрешим дар Хуҷанд ба вуҷуд оварда шуд. Дар Хуҷанд як корхонаи тухмитайёркунӣ таъсис ёфт, ки аҳолиро бо тухми аълосифат таъмин менамуд. Кирмакпарварон дар Хуҷанд тухмиҳои ҷопонӣ, фаронсавӣ, самарқандӣ ва фарғонагиро парвариш мекарданд. Соли 1886 ба кирмакпарвари маҳаллӣ Акрам Аскаров медали калони нуқрагин супурда шудааст. Селекционери зотпарвар аз Хуҷанд Алихоҷа Эшони пилачӣ ҳамасола тухмҳои абрешими гуногунранг (сурх, зард, кабуд, сафед ва ғайра) омода мекард. Соли 1900 Мир Солеҳ Зоитбоев ва Мирзо Хоҷа Ӯрунхоҷаев барои парвариши дурагаҳои нави сермаҳсули абрешим дар намоишгоҳ бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ сарфароз шуда буданд. Соли 1910 Нишони шаҳри Хуҷанд тасдиқ гардид, ки дар он баргҳои тут, матоъҳо аз абрешим ва шохаи гандум тасвир шуда буданд, ки ин рамз дар баробари истеҳсоли ғалладона кирмакдориро низ инъикос мекард. Солҳои пеш аз инқилоб дар ноҳияҳои Хуҷанд пила сол аз сол зиёд истеҳсол карда мешуд: солҳои 1907–11723 пуд, 1910–23753 пуд, 1913–27 000 пуд. Соли 1919 дар Хуҷанд ва соли 1922 дар Душанбе заводи давлатии тухмитайёркунӣ ба истифода дода шуд. Барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти кирмакдорӣ соли 1957 дар шаҳри Хуҷанд ва соли 1980 дар шаҳри Душанбе заводҳои тухмии замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд. Иқтидори заводҳо ба 50–60 ҳазор қуттии тухми кирмак расида, тамоми хоҷагиҳои кирмакдориро бо тухми ватанӣ таъмин менамуданд. Барои бо тухми кирмаки зотӣ таъмин кардани заводҳо соли 1963 дар шаҳри Ваҳдат Стансияи зотпарварии тухми кирмак ба истифода дода шуд. Кирмакдорӣ солҳои пойдории Давлати Шӯравӣ дар Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳосили умумии пила ҷои чорум (пас аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Туркманистон) ва аз ҷиҳати ҳосилнокӣ ҷои дуввумро (баъд аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон) ишғол намудааст. Солҳои 1928–1929 дар Ленинобод (ҳоло Хуҷанд), Шаҳритус, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Кӯлоб, Шаҳринав, Ғарм ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ривоҷи кирмакдорӣ ниҳолхонаҳои тутпарварӣ ташкил гардида буданд. Дар ҷумҳурӣ ба сабаби кам будани заминҳои обӣ тут чун манбаи ғизои кирмак дар байни заминҳо, атрофи роҳҳо шинонда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ парвариши тути лалмӣ ҷорӣ карда шуда буд. Бо мақсади беҳтар гардондани сифати пила дар ҷумҳурӣ се бор (солҳои 1948–1950; 1955–1958; 1963–1971) зотивазкунӣ сурат гирифт. Дурагаҳои СН 8 Х СН9 аз истеҳсолот гирифта шуда, дурагаҳои баландсифати БК1 Х БК2, СН21 Х СН17, тетрахибриди №3 ҷорӣ карда шуданд. Дар ҷумҳурӣ, хусусан солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ кирмакдорӣ инкишоф ёфт. Соли 1940 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1279 тонна пила тайёр карда шуд, соли 1965 – 2359 тонна; 1970 – 2483,7 тонна, 1975 – 3419,3 тонна ва соли 1991 – 4528 тонна пила истеҳсол шуд, ки ин ба ҳисоби миёна аз ҳар қуттӣ мутаносибан 34; 52,7; 53,1; 59,5 килограммро ташкил дод. Ҳаҷми пилатайёркунӣ соли 1991 нисбат ба соли 1975 32,4% афзуд. Дар хоҷагиҳои алоҳида маҳсулнокии кирмаки пила ба ҳисоби миёна 70 килограмм ва ҳатто аз 100 килограмм зиёдро ташкил мекард. Соли 1976 кирмакпарварони колхози ба номи М. В. Фрунзеи ноҳияи Хуҷанд аз 490 қуттӣ кирмак ба ҳисоби миёна 103,9 килограмм ҳосил гирифта, нақшаи пиласупориро 121% иҷро карданд. Чандин кирмакпарвари ҷумҳурӣ барои дастовардҳои баланд бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (Ф. Сӯфихонова, Б. Мирашӯрова, Ҷ. Ӯрунова) ва 8 нафар мутахассисони соҳа ба унвони Агрономи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сарфароз шуданд. Дар натиҷаи ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ муҳлати хӯрокдиҳии кирмак аз 30–32 то 25–28 рӯз кам карда шуд. Бо мақсади таъмини тухми кирмаки абрешими зотҳои ба маҳал мутобиқшуда дар назди Стансияи минтақавии таҷрибавии пахтакории ноҳияи Хуҷанд озмоишгоҳи кирмакдорӣ ва дар заминаи он Стансияи таҷрибавӣ ва соли 2018 Стансияи ҷумҳуриявии таҷрибавии кирмакпарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ташкил гардид. Зотҳои нави «Тоҷикистон-1», «Тоҷикистон-2», «Хуҷанд-1» ва «Хуҷанд-2», инчунин дурагаҳои сермаҳсули онҳо ва дурагаҳои дарахти тут «Суғдиён-1» ва «Суғдиён-2»-и аз ҷониби олимони соҳа бавуҷудовардашуда дар амал татбиқ гардиданд. Соли 2004 дар факултети «Боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ»-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур кафедраи кирмакпарварӣ таъсис дода шуд. Истеҳсоли пила дар ҷумҳурӣ дар солҳои 2008–2019 | Вилоят ё минтақа | 2008 (тонна) | 2010 (тонна) | 2012 (тонна) | 2019 (тонна) | | --- | --- | --- | --- | --- | | Суғд | 1303,1 | 396,4 | 636,2 | 315,7 | | Хатлон | 1212,7 | 518,8 | 560,2 | 378,4 | | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 243,2 | 162,7 | 145,1 | 109,6 | | Ҳамагӣ | 2759 | 1077,9 | 1341,5 | 803,7 | Соли 2011, «Барномаи рушди соҳаи кишоварзӣ ва коркарди пила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2020» тасдиқ шуд. Тибқи барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳтар кардани заминаи хӯроки кирмак ва корҳои зотпарварӣ, таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифати кирмак, бештар намудани ҳавасмандии хоҷагидорон ва кирмакпарварон дар истеҳсоли пила ва рушди соҳа амалӣ мешаванд. Адабиёт: Ҳафизов А. Р. Шелководство Средней Азии (Развитие и экономика). Ташкент, 1969; Муҳиддинов С. Москва, Салимҷонов С. Кирмакпарварӣ. Хуҷанд, 2010; Салимҷонов С. История шелководства и шелкомотального производства Северного Таджикистана. Душанбе, 2014. С. Салимҷонов, Д. Комилзода, С. Шарифов, Ш. Солиев. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 341–343.

0

Кишоварзӣ

То солҳои 20-уми асри 20 кишоварзӣ дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза хусусияти истеъмолӣ дошт. Маҳсулоти бозоргир (пахта, меваҳои хушк) танҳо дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистони Шимолӣ ба миқдори ночиз истеҳсол мешуданд. Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҷумҳурӣ колхозу совхозҳои калони истеҳсолӣ ба вуҷуд омаданд. Соли 1998 дар ҷумҳурӣ 255 колхоз, 230 совхоз, 8 идораи байнихоҷагӣ, 171 хоҷагии иҷоравӣ, 61 ҷамъияти саҳомӣ, 118 кооперативи кишоварзӣ, 87 ассотсиатсияи деҳқонӣ, 8243 хоҷагии деҳқонӣ вуҷуд дошт. Дар Тоҷикистон шабакаи васеи корхонаҳои давлатии кишоварзӣ — совхозҳо, фермаҳои парандапарварӣ, пойгоҳҳои чорводорӣ ва инкубатсионӣ-парандапарварӣ, хоҷагиҳои таҷрибӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ба вуҷуд омаданд, ки дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим доштанд. Дар натиҷаи ин корҳо соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 33607,1 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2019 8,8% зиёд мебошад. Маҳсулоти соҳаҳои рустанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 8,1 ва 10,7 % афзуд. Рушди соҳаи чорводорӣ дар таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир ва тухм муассир буда, соли 2020 нисбат ба соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон 27181 сар (аз ҷумла, 13568 гови дӯшоӣ), 154 кутос, 168498 гӯсфанду буз, 892 асп, 4965 оила занбӯри асал ва 707317 паранда зиёд гардид. Дар ин давра истеҳсоли гӯшт 269,5 ҳазор тонна ё 105,2 % (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта), шир 1021,0 ҳазор тонна ё 102,0 %, тухм 983,1 миллион дона ё 135,5 %, асал 4220,9 тонна ё 100,1 % ва пашм 8017,0 тонна ё 103,2%-ро ташкил намуд. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ ба 170 адад расид, ки аз ҷумлаи ин корхонаҳо 72 адад ба истеҳсоли гӯшт ва 98 адад ба истеҳсоли тухми паранда машғуланд. Солҳои охир соҳаи моҳипарварӣ тадриҷан рушд карда, шумораи хоҷагиҳои соҳа дар ҷумҳурӣ ба 352 адад расид. Соли 2020-ум 3571,7 тонна моҳӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 52 адад ва истеҳсоли моҳӣ 29,9% афзуд. Соли 2020 дар ҷумҳурӣ истеҳсоли асал ба 4220,9 тонна нисбат ба соли 2019-ум 0,1% зиёд гардида, шумораи оилаҳои занбӯри асал дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ба 235370 оила расонида шуд. Зироаткорӣ Намудҳои асосии кишти зироат дар Тоҷикистон: обӣ, лалмӣ, кӯҳистон. Кишти зироатҳои обӣ асосан дар минтақаҳои водӣ ва доманакӯҳҳо, кишоварзии лалмӣ дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони ҷумҳурӣ, ки боришот дар он ҷо кам аст, кишоварзии кӯҳӣ — дар заминҳои обӣ ва лалмӣ, асосан дар доманаҳои нишебии контурашон паст роиҷ аст. Дар Тоҷикистон то замони шӯравӣ зироатпарварӣ асосан дастӣ иҷро мешуд. Асбобҳои асосӣ омоч ва молаи чӯбӣ буданд, нуриҳои минералӣ қариб истифода намешуданд. Пас аз Инқилоби Октябр дар Тоҷикистон хоҷагиҳои деҳқонии калон — колхозу совхозҳо ба вуҷуд омаданд, ки зироаткорӣ дар онҳо ба таври механикӣ роҳандозӣ шуд. Нуриҳои минералӣ, заҳрҳои зидди ҳашарот ва дигар маводди кимиёӣ ба таври васеъ истифода мешуданд. Азхудкунии заминҳои бекорхобида аҳамияти бузург дошт. Кишти заминҳои обӣ босуръат рушд кард. Майдони кишт дар соли 1998 тақрибан ба 758 ҳазор гектар расид, ки 521 ҳазор гектар заминҳои обӣ буданд. Дар рушди илми кишоварзии ҷумҳурӣ И. Н. Антипов-Каратаев, П. А. Керзум, В. Ф. Петров, Н. С. Паришкура, Л. П. Белякова, А. Н. Махсумов, Д. К. Қосимов, В. Н. Литвинов, Х. Д. Ҷуманқулов, Б. С. Сангинов, Х. Д. Домуллоҷонов, И. М. Липкинд, Ю. А. Акрамов, Х. И. Рашидов, У. Р. Раҳматҷонов саҳм гузоштанд. Онҳо усулҳои илмии кишти сермаҳсулро барои шароити мухталифи табиии Тоҷикистон таҳия ва мутобиқ намуда, тавсияҳои муайянро барои афзоиши ҳосилхезии замин ва истифодаи оқилонаи он пешниҳод карданд. Дар рушди зироаткории илмӣ таъсиси муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Пажӯҳишгоҳи миллии илмӣ-тадқиқотии зироатпарварии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии хокшиносии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмии боғдорӣ, токпарварӣ ва сабзавоткории Тоҷикистон нақши бузург доранд. Зироаткории муосири илмӣ масъалаҳои зерро баррасӣ мекунад: ба вуҷуд овардани қабати киштшаванда, ба ҳадди ақал расонидани коркарди замин, киштгардон кардани он, биологикунонӣ, муҳофизати хок аз бодлес, зироаткории ландшафтӣ ва ғайра Аз ҷониби олимон дар соҳаи зироаткорӣ зиёда аз 250 навъи зироати кишоварзӣ офарида шуда, ба Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки аз онҳо зиёда аз 140 навъ ба шароити минтақа мутобиқ мебошад. Аз ҷониби олимон зиёда аз 60 технологияи самаранок ва инноватсионии кишти зироатҳои кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид, аз ҷумла: технологияи кишти ғалладонагиҳои ватанӣ бо коркарди сифрии хок, кишти пуштагии зироатҳо, усулҳои интегратсияи ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз касалию ҳашароти зараррасон, кишти такрории тухмиҳои элитию репродуксионии зироатҳои кишоварзӣ ва ғайра. Татбиқи дастовардҳои илмӣ беҳтар гардид. Соли 2020 навъҳои ватании пахта дар масоҳати 123 ҳазор гектар ва навъҳои зироати ғалладонагӣ дар 173 ҳазор гектар кишт шуданд, ки мутаносибан 66,5 ва 45%-и майдони кишти ин зироатҳоро дар ҷумҳурӣ ташкил менамоянд. Кишти навъҳои зироати лӯбиёӣ дар масоҳати 12,2 ҳазор гектар ё 75% (бо дар назар доштани кишти такрории мош), хӯроки чорво дар масоҳати 70 ҳазор гектар ё 80% (бо назардошти кишти такрории ҷуворӣ), рустаниҳои равғандиҳанда дар масоҳати 18,2 ҳазор гектар ё 66% амалӣ гардидааст. Коллексияи захираи тухмии навъу намунаҳои зироатҳои маҳаллӣ ва ҳамавлоди ёбоии онҳо дар бонки марказии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба 12 ҳазор расонида шуд. А. Эргашев, Ш. Солиев. Пахтакорӣ Тоҷикистон манбаи пайдоиши рустаниҳои зироатии Осиёи Марказӣ ҳисоб мешавад, ки яке аз навъҳои пахта – ғӯза (Coc. Herbaceum L.) кишт карда мешавад. Пахтакорӣ дар Тоҷикистон соҳаи асосии кишоварзӣ буда, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беҳтар намудани сифати он вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ ба рушди пахтакорӣ таваҷҷуҳи хос дода мешуд, зеро дар ибтидо заминҳои муносиб барои кишти пахта кам буданд, бо мақсади таъмини пахта, саноати нассоҷии Тоҷикистон барои истеҳсоли нахи пахта, хусусан навъҳои маҳиннах, махсус гардонида шуд. Дар робита ба ин, барномаи бузурги сохтмони каналҳо дар водии Вахш, сохтмони қисми тоҷикистонии каналҳои калони Фарғона ва Ҳисор, азхудкунии заминҳо тавассути обтаъминкунии техникӣ дар қисми Тоҷикистони Дашти ташналаб, азхудкунии замин дар водиҳои Ёвон, Бешкент, Ашти Калон ва ғайра амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа, майдони кишти пахта солҳои 1986–1990 назар ба соли 1913 аз 27,0 ҳазор гектар ба 313,9 ҳазор гектар расид, ки тақрибан 12 баробар зиёд аст. Ташкили хоҷагиҳои деҳқонии калон ва хоҷагиҳои давлатӣ (колхозу совхозҳо), бо технологияи муосир муҷаҳҳаз кардани онҳо, таъминот бо нуриҳои минералӣ ва хизматрасонии хуби агротехникӣ боиси рушди пахтакорӣ гардид. Соли 1984 дар хоҷагиҳо 4422 мошини пахтачинӣ кор мекард, ба ҳар гектар кишти пахта 250 килограмм нуриҳои азотӣ, 140–150 килограмм нуриҳои фосфорӣ ва 50–60 килограмм нуриҳои калийдор пошида шуд. Дар ҷумҳурӣ 20 озмоишгоҳи минтақавии агрокимёӣ ва 50 озмоишгоҳи биологӣ фаъолият мекунад. Қабл аз инқилоб дар Тоҷикистон пахтаи маҳиннах (Gossypium barbadense L.) кишт карда намешуд. Кишти он солҳои 1928–1929 ҷорӣ карда шуда буд, ки ҳосили хеле паст медод (соли 1932 – 1,9 сентнер аз ҳар гектар). Дар натиҷаи корҳои бомуваффақияти селексионии академики Академияи илмҳои Тоҷикистон В. П. Красичков имкони тавлиди пахтаи навъи 23 ба вуҷуд омад, ки бо пешпазӣ, муқовимат бар зидди гоммоз фарқ мекард ва ин имкон дод, ки афзоиши ҳосили ин зироат дар соли 1940 ба 13,9 сентнер аз ҳар гектар расонида шавад. Баъди кишти ин навъи пахта он ба касалии вилти (як навъ касалии бактерияноки ниҳоли пахта) Фузариум (Fusarium vasinfectum) мубтало шуд ва дар натиҷа пас аз дурагакунӣ пахтаи навъи маҳиннахи 504-В ба вуҷуд оварда шуд, ки ба касалии вилти Фузариум тобовар буд. Навъи мазкур бо сифати хеле хуби нахи навъи I фарқ мекард. Пас аз он кишти навъи 5904-И бо вазни қиёсӣ, ки бо навдадавонӣ, зудрасӣ ва муқовиматпазирӣ бар зидди вилти Фузариум фарқ мекард ва дар сифат аз дигар навъҳо камӣ надошт, ба роҳ монда шуд. Дар натиҷаи корҳои селексионии академикҳо В. П. Красичков ва Б. С. Сангинов навъҳои 5545-В, 6465-В, 6249-В ба вуҷуд омаданд, ки ҷорӣ кардани онҳо имкон фароҳам овард, то ҳосили навъҳои пахтаи маҳиннах ба сатҳи пахтаи миёнанах расонида шавад. Соли 1974 аз майдони кишти 79,5 ҳазор гектар 34,8 сентнер аз ҳар гектар ҳосил бардошта шуд. Ҳоло майдонҳои асосии киштро пахтаи маҳиннахи навъҳои 9326-В ва 750-В, ки академик Б. С. Сангинов ихтироъ кардааст, ишғол мекунанд. Кишти пахта дар Тоҷикистон мутобиқи минтақабандии амудии шароити табиӣ дар нуқтаҳои аз 300 то 1100 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Навъҳои маҳиннах дар водии Вахш ва қисман дар вилояти Суғд дар баландиҳои то 400–600 метр аз сатҳи баҳр кишт карда мешаванд. Аз ин саҳҳ баландтар пахтаи миёнанах (Gos. Hirsutum) кишт мешавад. Чанде пеш, навъи асосии он навъи 108-F буд, аммо ба касалии вилти Вертисиллиум (Vertisilium dahliae Kleb) гирифтор шудани он боиси коҳиш ёфтани ҳосили кишти он дар солҳои 1961–1975 гардид. Баъдан, навъҳои ба касалии вилт тобовари Тошканд – 1,2 ва 3 ҷорӣ карда шуданд, ки ба баланд шудани ҳосил мусоидат карданд, лекин онҳо бо пастсифатии нахҳо фарқ мекарданд. Ҳоло навъҳои Қирғиз-3, инчунин навъҳои селексионии ватании «Меҳргон» (селексияи О. Маҳмудҷонов), «Гулистон» (селексияи Ш. Т. Бурнашев) кишт карда мешаванд. Кишти пахта дар Тоҷикистон дар фосилаи 60-сантиметрӣ байни қаторҳо анҷом дода мешавад. Тухмиҳои хушсифат ва дорукардашуда кишт карда мешаванд. Ҳангоми кишт миқдори ками аммофос ё нитроаммофос пошида шуда, ягонакунӣ дастӣ анҷом дода мешавад. Пас аз ягона кардан дар як гектар 100 ҳазор ниҳол бояд боқӣ монд. Дар давраи нашъунамо 2–3 бор нурӣ дода ва 5–7 бор обёрӣ мешавад. Дар охири моҳи июл чеканкаи дастӣ ё мошинӣ анҷом дода мешавад. Қабл аз ғунучини ҳосил барги пахтазор бо хлорати магний резонида шуда, дастӣ ё бо мошинҳои пахтачинӣ ҷамъоварӣ карда мешавад. Киштгардонии заминҳои пахтаю юнуҷқа вусъат ёфта, дар минтақаҳои ҷанубӣ ҳар 4-5 сол кишти зироатҳои шабдар (Trifolium respinatum L.) ё берсим (Trifolium alexandrinum L.) тавсия дода мешавад. Ҳашароти зараррасони маъмул: ширинча (Aphis frangulackoch), канаҳои анкабутмонанд (Tetranychus urticae koch) ва парвонаи пахта (ClorideaobsoletaF.). Дар мубориза бо онҳо аз усулҳои кимиёвӣ ва биологӣ истифода карда мешаванд. Солҳои охир, магаси сафеди пахта (Bemisiatabaci Geen) ба зироат хисороти зиёд мерасонад. Бемориҳои гоммоз (Bacterium malvacearum), пӯсидагии реша (Rizoctonia), вертисиллез, велти Фузариум ва макроспориоз (Macrosporium nigricantum Atr) бештар ба назар мерасанд. Соли 1974 ҳосили баландтарин ба даст оварда шуд - 33,2 сентнер аз ҳар гектар ва ҳосили нохолиси аз ҳама баландтарин соли 1980 - 1010 ҳазор тоннаро ташкил дод. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ бо коҳиши робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷанги шаҳрвандӣ, кишти пахтаи хом якбора таназзул ёфта, дар оянда парвариши пахта соҳаи асосӣ боқӣ монд. Дар натиҷаи истифодаи технологияи муосир ва навъҳои беҳтарини тухмӣ, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ, механизатсияи корҳои саҳроӣ, эътимоднокии кори низоми ирригатсионию мелиоративӣ боис гардид, ки соли 2020 аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ба 22,1 сентнер ва дар баъзе хоҷагиҳо то 35–40 сентнер аз ҳар гектар ҳосил гирифта шуд ва бидуни васеъ кардани майдони кишти он истеҳсоли пахта ба 409 ҳазор тонна баробар гардид. Танҳо дар 4 соли охир 19 навъи асосии пахтаи ватанӣ ва хориҷӣ ба шароити минтақа мутобиқ гардонида шуд, аз ҷумла навъҳои «Фаровон-20», «Тезпур», «Зуҳал», «Флеш», «Сзинян-9», Кармен, Синюзса-39, «Меҳнат», «Дӯстӣ-1», «Инхай-6», «Сзинян-801», «Нодир», «Инхай-W1», «Фанмян-3», «Фанмян-8», «Синлуджун-66», «Карисма», «Яҳё-110», «Зебо», «2918-В», «ВД-75», «ВА-440», ки ба ҳисоби миёна ҳосилнокии онҳо 35-44 сентнер аст. Майдони кишти пахта дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар | Сол | Майдон, ҳазор гектар | | --- | --- | | 1991 | 298,8 | | 1992 | 285,3 | | 1993 | 274,8 | | 1994 | 281 | | 1995 | 268,4 | | 1996 | 228,2 | | 1997 | 218,6 | | 1998 | 247,2 | | 1999 | 247,8 | | 2000 | 238,6 | | 2001 | 257,4 | | 2002 | 269,2 | | 2003 | 284,4 | | 2004 | 293,6 | | 2005 | 288,7 | | 2006 | 262,9 | | 2007 | 254,8 | | 2008 | 237,1 | | 2009 | 168,9 | | 2010 | 162,4 | | 2011 | 204,1 | | 2012 | 199,3 | | 2013 | 190,9 | | 2014 | 177,6 | | 2015 | 159,6 | | 2016 | 162,5 | | 2017 | 174 | | 2018 | 185,8 | | 2019 | 185,6 | | 2020 | 185,4 | Адабиёт: Хлопководство в Таджикской ССР. Душанбе, 1991; Региональный статистический сборник, Республика Таджикистан за 1991-1995 гг. Душанбе, 1996; Изв. Академии Наук Республики Таджикистан, №2 (138) Душанбе, 1998. Ҳ. Ҷумонқулов, Ш. Солиев. Зироатҳои ғалладона Зироатҳои ғалладона (гандум, ҷуворӣ, биринҷ, ҷав ва ҷави русӣ) дар заминҳои лалмӣ ва обӣ кишт карда мешаванд. Майдонҳои хурдро ҷойҷуворӣ, ҷавдор, тритикале ва арзан ишғол карда, майдонҳои калон ба гандум ва ҷав тааллуқ доранд. Дар водиҳо ва доманакӯҳҳо онҳо асосан ҳамчун зироатҳои тирамоҳӣ парвариш карда мешаванд, ки аз боришот беҳтар таъмин мешаванд ва ҳосили бештар медиҳанд. Соли 1998 кишти тирамоҳии гандум 136 ҳазор гектар, ҷав 15,4 ҳазор гектарро ташкил дод, ки ҳосили миёна дар ҷумҳурӣ мутаносибан аз ҳар гектар 10,2 ва 7,8 сентнерӣ буд. Дар заминҳои обёришаванда ҳосили ғалладона нисбат ба заминҳои лалмӣ 2–3 баробар ва аз он ҳам бештар аст. Соли 1998 аз заминҳои обёришаванда ба ҳисоби миёна 17,5 сентнер аз ҳар гектар дони ҷуворӣ ва 18,1 сентнер аз ҳар гектар шолӣ рӯёнида шуд, ки ин нисбат ба солҳои пешин хеле паст аст. Боиси коҳиш ёфтани ҳосили ғалладона нисбат ба соли 1990 норасоии нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, мошинҳо ва воситаҳои кимиёии ҳифзи рустаниҳо гардид. Бо соҳибихтиёр гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таъмини хоҷагии халқ бо ғаллаи истеҳсоли худӣ, масъалаи ғалладона ба масъалаи мубрам табдил ёфт. Бо талаботи солонаи хоҷагии халқ ба 1,5 миллион тонна истеҳсоли воқеии он солҳои 1993-1995 аз 20-25% зиёд набуд, танҳо соли 1996 ҳосили ғалладона ба 600 ҳазор тонна расид. Дар натиҷаи андешидани чораҳои ҳамаҷониба аз тарафи роҳбарияти кишвар ва татбиқи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ майдони кишти зироатҳои ғалладона ба таври назаррас рушд кард. Барномаи «Ғалладона» қабул гардид. Дар ин самт дар нақшаи ислоҳоти иқтисодии кишвар масъалаҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд. Ба рушди назарраси парвариши ғалла ва афзоиши истеҳсоли ғалладона татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тақсими 50 ҳазор гектар замин дар байни аҳолӣ ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мусоидат намуд. Дар оянда бо мақсади ба даст овардани истиқлоли ғалла дар кишвар афзоиши қатъии баъдии ҳосили ғалла пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои Темурмалик ва Данғара аз заминҳои лалмӣ то 20-25 сентнер аз ҳар гектар гандуми тирамоҳӣ ба даст меоварданд. Соли 1996 совхози «Ғалаба»-и ин минтақа аз ҳар гектар 12–14 сентнер гандум рӯёнд. Дар заминҳои обёришавандаи ноҳияи Мастчоҳ аз ҳар гектар кишти гандуми навъи «Ежбош» 50–60 сентнер ҳосил ба даст оварданд. Бригадаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Исфара, Ҳисор, Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) ва ғайра низ аз кишти гандум ҳосили баланд гирифтанд. Дар колхози ба номи Карл Маркси шаҳри Панҷакент, совхози «Сурхоб»-и ноҳияи Фархор ҳосили шолӣ аз ҳар гектар ба 60–70 сентнер расида буд. Бори аввал дар солҳои 80-ум то 130–140 сентнер аз ҳар гектар ду ҳосил дар колхози ба номи Раҳматови ноҳияи Кумсангир аз тарафи Мингтура Бутаев ва дар колхози «Пахтакор»-и ноҳияи Қубодиён аз тарафи дорандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ Бекмурод Сафаров ба даст оварда шуд. Дар Тоҷикистон навъҳои зерини ғалладона ноҳиябандӣ шуданд: гандум–Сете Серрос-66, Наврӯз, Шарора, Ватан; ҷав – Ченад-345, Росава; биринҷ-УЗПОС-7-13, Лочвард; ҷуворимакка-Имертинии таркибӣ, Краснодарӣ 613-АТВ, Шуҳрат, зардхӯшаи Ҳисорӣ-45, Вахшӣ-10: ҷавдор — навъи тоҷикии зимистона–50, тезпазак; тритикале–Немича-2, Қосимовӣ, С. Г. Багдасарян. Соли 2020 ҳосилнокии ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 31,1 сентнерро ташкил дода, истеҳсоли он ба 1561 ҳазор тонна расид. Дар хоҷагиҳои пешқадам 45-50 сентнер аз ҳар гектар ҳосил мегирифтанд. Чунончи, кооперативҳои тиҷоратии истеҳсолии «Чорқӯҳ»-и шаҳри Исфара, «Муҳсинҷон», «Раҳмонҷон»-и ноҳияи Данғара, «Латиф Муродов»-и шаҳри Ҳисор ва хоҷагии деҳқонии «Нуробод»-и ноҳияи Спитамен барои истеҳсоли тухмиҳои хушсифату репродуксияҳои баланди зироатҳои кишоварзӣ фаъолияти худро хуб ба роҳ монданд. Фаъолияти аксар хоҷагиҳои тухмипарварӣ нисбат ба солҳои қаблӣ чашмрас бошад ҳам, ин танҳо 40-50% талаботи хоҷагиҳои ҷумҳуриро бо тухмиҳои хушсифат таъмин менамояд. Барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навъҳои гандуми ҳосилнокиашон баланд 18 навъи гандуми мулоим, 11 дурагаи гандуми мулоим, 1 навъи гандуми сахт, 1 навъи тритикале, 2 навъи ҷав, 1 навъи нахӯд, 1 навъи наск, 3 навъи ҷуворӣ, 10 дурагаи ҷуворӣ дар истеҳсолот иҷозат дода шудаанд. Ш. Солиев. Тамокупарварӣ Парвариши тамоку дар Тоҷикистон соли 1931 дар ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Ёвон оғоз ёфт. Аз соли 1966 инчунин дар минтақаи Ғарм, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) низ ба роҳ монда шуд. Маркази асосии истеҳсоли тамоку дар Тоҷикистон вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ва ноҳияи Панҷакент (тақрибан 60% ҳосили умумӣ) мебошанд. Хоҷагиҳои пешқадами ин минтақа (колхозҳои ба номи Карл Маркс, «Ленинград») аз ҳар гектар то 46 сентнер ва бригадаҳои пешқадам то 50-60 сентнер аз ҳар гектар барги тамокуи навъҳои якум ва дуввум то 70% ҳосил ба даст меоварданд. Ҳосили миёнаи барги тамоку дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ба 34-35 сентнер аз ҳар гектар расид. Навъи тамокуи Дюбеки Қирғиз 03-4-15 (2898) минтақабоб карда шуд. Соли 2007 дар 374 гектар ва соли 2008 дар майдони 136 гектар тамоку кишт карда шуд. Ҳосилнокӣ мутаносибан 13,7 ва 13,9 сентнер гектарро ташкил дод. Солҳои 2009-2010 сармояи ширкатҳои «Ҳаҷ ва К», ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ба пеш» ва ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сунел табак» ба рушди соҳа равона карда шуд. Вазорат барои пешбурди фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Соли 2013 майдони кишти тамокуро ба 639 гектар ва истеҳсоли онро ба 783 тонна расонданд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2008 мутаносибан 503 гектар ва 647 тонна зиёд мебошад. Ширкати «Тоҷик Табак Интернейшнл» барои рушди соҳа 750 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ намуда, майдони киштро аз 60 гектар (2012) ба 200 гектар (2013) расонид. Соли 2013 олимони Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон тавсияномаи «Технологияи парвариши навъҳои нави тамоку дар Тоҷикистон»-ро ба табъ расониданд, ки дар он вобаста ба хусусиятҳои гуногуни навъҳои ноҳиябандишудаи тамоку, тарзи парвариш ва нигоҳубини онҳо, ферментатсия ва усулҳои коркарди тамоку, касалиҳо, ҳашароту зараррасонҳо ва роҳҳои мубориза бар зидди онҳо маълумоти илмӣ дода шуд. Рустаниҳои равғандеҳ Дар Тоҷикистон рустании асосии равғандеҳ загири равғанӣ (кудряш) мебошад, ки асосан дар заминҳои лалмии минтақаи Кӯлоб, инчунин ноҳияҳои кӯҳистон (баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр) кишт карда мешавад. Масоҳати киштзори ин навъи рустанӣ соли 1995 нисбат ба соли 1991 бештар аз ду баробар (9,2 ҳазор гектар) зиёд шуд. Масоҳати майдонҳои кишти кунҷид, сафолин, офтобпараст, фундуқи заминӣ (арахис), лӯбиё, маъсар (рапс) кам аст. Солҳои охир тамоюли зиёдшавии майдони рустаниҳои равғандор дар манотиқи кишвар мушоҳида мешавад. Ҳосили миёнаи тухмиҳои рустаниҳои равғандеҳ дар солҳои нооромӣ бино бар паст будани технологияи кишоварзӣ, нарасидани нуриҳои минералӣ, техника, маводди кимиёвӣ, тухмии баландсифат ва ғайра кам шуд. Солҳои 2000 ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ 4-5 сентнер аз ҳар гектар тухми загир (1991- 4,2 сентнер аз ҳар гектар), 17,5 сентнер аз ҳар гектар тухми рапси зимистона ба даст оварда шуд. Дар хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Данғара ҳосили загир ба 8-9 сентнер ва дар қитъаи навъҳои шӯравӣ ба ҳар гектар 10,9 сентнер расид. Навъи загири Ҳисор-474 ва Баҳмал-2 маҳаллӣ карда шуд. Вобаста ба навъ, технологияи кишоварзӣ, тухми загир дорои 38-48% равғани хушк мебошад. Рустании қадимии анъанавии равғандеҳ дар Тоҷикистон – кунҷид дар водиҳо ва минтақаҳои наздикӯҳӣ, ҷангалҳои сербориши минтақаҳои Ҳисор ва Кӯлоб парвариш мешавад. Соли 1995 он дар 428 гектар кишт ва 0,7 сентнер аз ҳар гектар ҳосил гирифта шуд. Кунҷид дар заминҳои лалмӣ 1-1,5 сентнер аз ҳар гектар ва обёришаванда 4-5 сентнер аз ҳар гектар тухмӣ медиҳад. Навъи кунҷиди Тошканд-122 парвариш карда мешавад. Тухми кунҷид дорои равғани баландсифати 50- 60% мебошад. Дар байни рустаниҳои равғандеҳи ба хушкӣ тобовар сафлор аст, ки дар шароити вазнини ҷангалҳои лалмии вилояти Суғд кишт карда мешавад. Тибқи маълумоти қитъаҳои навсанҷӣ дар (Панҷакент), ҳосили тухмии маъсар ба 5-6 сентнер аз ҳар гектар ва дар заминҳои лалмии водии Ҳисор ба 8-12 баробар буд. Маъсар ба шароити хушксолӣ тобовар ва дар вақти нешзанӣ ба намӣ серталаб набуда, рустании серравған аст. Донаки маъсар 30-35% (дар мағз то 50%) равғани нимхушк дорад. Равғани тухми маъсар таъми талх дошта, дар саноати локу ранг ва собунпазӣ истифода мешавад. Лӯбиёро дар заминҳои обие парвариш кардан мумкин аст, ки дар онҳо ҷуворимакка ва лӯбиё парвариш карда шудаанд. Майдони кишти лӯбиё кам, аммо аз ҷиҳати миқдори ғизоҳои тухмӣ (сафеда, равған) ояндадор аст. Ҳосили миёнаи тухмии лӯбиё 6-7 сентнер аз ҳар гектар ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ 20-25 сентнер аз ҳар гектар ва баъзан 40 сентнер аз ҳар гектар мебошад. Навъҳои лӯбиёи «Надежда», «Орзу» ва «Доринас» маҳаллӣ карда шудаанд. Истифодаи заминҳои корами обёришаванда ва лалмии кишвар яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ маҳсуб шуда, парвариш ва истеҳсоли рустаниҳои техникӣ ва равғандеҳ аҳолии кишварро бо равғани истеъмолии ватанӣ таъмин менамояд. Соли 2017 дар ҷумҳурӣ 12,7 ҳазор тонна равғани рустанӣ истеҳсол шуд. Барои таъмини аҳолӣ бо равғани истеҳсоли ватанӣ ба роҳ мондани парвариши зироати пахта муҳим аст. Ш. Солиев. Парвариши анҷибар (геран) Анҷибар соли 1931 аз Гурҷистон ба Тоҷикистон оварда шуда, кишти саноатии он аз соли 1934 оғоз ёфт. Он ҳамчун зироати яксола дар заминҳои обёришавандаи ноҳияҳои Турсунзода ва Қумсангир (ҳоло ноҳияи Ҷайҳун), ки дар он ҷо совхоз – заводҳои махсусгардонидашудаи «Эфиронос» ва «Геран» таъсис ёфта буданд, парвариш карда мешуд. Дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон аз рӯи масоҳати киштзор ва истеҳсоли равғани анҷибар яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекард. То солҳои 90 майдони кишти анҷибар дар кишвар 1000 гектар буд, ки ҳосили миёнаи он 250-280 сентнер аз ҳар гектар ва баъзе хоҷагиҳои пешқадам то 400-500 сентнер аз ҳар гектар мерасониданд. Анҷибар рустании серҳосил буда, равғани эфир ҳосил мекунад. Д. К. Қосимов, Ш. Солиев. Сабзавоткорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоиди хоку иқлим барои парвариши зироатҳои гармидӯст (бодиринг, қаламфур, боимҷон, харбуза, тарбуз, каду ва ғайра), ба хунукӣ тобовар (карам, сабзӣ, пиёз, сирпиёз) сабзавот ва зироатҳои полизӣ дорад. Мардуми тоҷик тӯли садсолаҳо пиёз, сабзӣ, тарбуз, харбуза, каду, сирпиёз, мурч ва дар 100–150 соли охир помидор ва картошка мекоранд. Талаботи аҳолии ҷумҳурӣ ба сабзавоти гуногун ва саноати коркарди ашёи хом аз ҳисоби маҳсулоти истеҳсоли худӣ қонеъ карда мешавад. Навъҳои гуногуни пиёз, сабзӣ, бодиринг, помидор, карам, сирпиёз, лаблабу, қаламфур, боимҷон, шалғам, шалғамча, каду, кабудиҳо ва занҷабил дар собиқ колхозу совхозҳо ва ҳоло хоҷагиҳои деҳқонии фермерӣ, инчунин қисми зиёди онҳо дар қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ парвариш карда мешаванд. Минтақаҳои асосии парвариши сабзавот қисмати водии вилояти Суғд, водиҳои Ҳисору Вахш ва ноҳияҳои дар водӣ қарордоштаи Кӯлоб мебошанд. Аксаран навъҳои селексияи Ташкилоти ғайридавлатии «Боғпарвар», селексияи миллӣ ва навъҳои ба маҳал мутобиқкардашуда парвариш карда мешаванд. Барои парвариши сабзавот дар давраи ғайримавсимӣ гармхонаҳо мавҷуданд. Гармхонаҳо аҳолии ҷумҳуриро бо сабзавоти тару тоза тақрибан дар тамоми сол таъмин мекунанд. Қисми муайяни сабзавот барои коркард ба корхонаҳои саноатӣ фиристода мешавад. Соли 2020 дар ҷумҳурӣ 2480595,0 тонна сабзавот, 756988,0 тонна полизӣ, истеҳсол шуд. Обчакорӣ Тоҷикистон аз қадим маркази кишти зироатҳои полизӣ буд. Дар ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни харбузаҳои қандақ парвариш мешаванд, ки дар охири моҳи май ва аввали июн, навъҳои тухмӣ ва қаҳваранг охири июн то сентябр мепазанд. То тирамоҳ навъҳои харбузаи дерпаз, ки барои истеъмол дар давраи тирамоҳу зимистон мувофиқанд, мепазанд. Дар гузашта харбузаҳои дерпаз дар зарфҳои махсуси сурбӣ ба кишварҳои араб, Эрон, Ироқ ва ғайра фиристода мешуданд. Тарбуз дар 7-8 асри охир парвариш карда мешавад. Он аз кишварҳои Осиёи Хурд ва Африқои Шимолу Шарқӣ ворид шудааст. Навъҳои тарбузи зудпаз, миёна ва дерпазро давоми 4-5 моҳи тирамоҳу зимистон нигоҳ доштан мумкин аст. Он охири тобистон ва аввали тирамоҳ мепазад. Кадуро бештар дар тирамоҳу зимистон истеъмол мекунанд. Картошкапарварӣ Картошка дар Тоҷикистон зироати нисбатан нав ба ҳисоб рафта, 85 % истеҳсоли картошка ва 63% - масоҳати кишти картошка дар водии Рашт ва вилояти Суғд (Исфара, Ғончӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Шаҳристон) ба роҳ монда шудааст. Кишти картошкаро асосан дар шароити ҷумҳурии мо дар баландии 800-2800 метр аз сатҳи баҳр мегузаронанд. Талабот ба тухмӣ дар ҷумҳурӣ дар давоми сол 45- 50 ҳазор тонна ташкил мекунад. Дар Тоҷикистон картошка аввалҳои асри 20 дар Хуҷанд, Конибодом ва Истаравшан кишт карда мешуд. Баъдан кишти он дар ноҳияи Рашт ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳ монда шуд. Ба Помир ва водии Рашт картошкаро афсарони марзбони рус оварданд. Маълумотҳое низ мавҷуданд, ки картошка бори аввал ба Помир аз Хитой оварда шудааст. Соли 2012 дар ҷумҳурӣ "Барномаи давлатии рушди картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012-2016)" қабул карда шуд, ки дар назди мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, инчунин генетикҳо, селексионерон, фитопатологҳо вазифаҳои навро барои ба вуҷуд овардани картошка гузошт. Т. Ахмедов, Ш. Солиев. Зироатҳои хӯроки чорво Дар заминҳои обии ҷумҳурӣ зироатҳои асосии хӯроки чорво – юнуҷқа, ҷуворӣ ва лаблабуи қанд парвариш карда мешаванд. Барои рушди минбаъдаи чорводории ҷамъиятӣ ва фароҳам намудани заминаи хӯроки чорво вазифаҳои бузург гузошта шуда буданд. Омили асосӣ барои баланд бардоштани сатҳи интенсификатсияи истеҳсоли хӯроки чорво дар ҷумҳурӣ мебошад. Бо мақсади истифодаи дурусти давраи нашъунамои рустаниҳо баробари зироатҳои асосӣ дар аксар хоҷагиҳо заминҳои обӣ босамар истифода мешаванд. Масалан, кишти юнуҷқа бо зироатҳои ғалладонаи хӯроки чорво ҳосил мекунад. Истифодаи зироатҳо ва навъҳои гуногуни пешпаз ҳамчун зироатҳои мобайнӣ дар давраи зимистон имкон фароҳам меорад, ки чорвои хоҷагии қишлоқ то дарави якум бо хӯроки сабз таъмин карда шавад. Солҳои охир зиёда аз 80 ҳазор гектарро зироатҳои мобайнӣ ишғол кардаанд. Тамоми сол дар заминҳои обӣ зироатҳои мобайнии омехтаҳои лӯбиёгӣ-ғалладона, перко, шалғам ва маъсар, зироатҳои такрорӣ, хӯшадор ва омехтаи зироатҳои хӯроки чорво кишт карда мешаванд. Ҳар як тоннаи чоруми хӯроки чорво аз ҳисоби усулҳои кишоварзии истифодаи интенсивии давоми сол, ду ҳосили ғалладона ва ду-се ҳосили зироатҳои хӯроки чорво ба даст оварда мешавад. Ҳангоми боришоти зиёд, зироатҳои асосии хӯроки чорво ғалладонагиҳо, лӯбиёгӣ, эспарсет (навъи рустании лӯбиёгӣ), алафи судонӣ, офтобпараст барои силос, тарбуз барои хӯроки чорво ва дар шароити вазнини боришоти кам зироатҳои ғалладонаи хӯроки чорво ва алафи судонӣ маҳсуб мешаванд. Ҳалли масъалаи парвариши тухмии юнуҷқа дар ҷумҳурӣ имкони хеле васеъ намудани ин зироатро барои заминҳои обӣ ва лалмӣ таъмин карда, барои рушди киштгардони пахтаю юнуҷқа замина фароҳам овард. Бе ҳалли ин масъала дар минтақаи парвариши пахта мустаҳкам кардани заминаи хӯроки чорво ғайримумкин буд. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ парвариши зироатҳо ва навъҳои нави хӯроки чорво ҷорӣ карда шуд. Ба ҳисоби миёна, зиёда аз сеяки заминҳои корам (37%) қариб нисфи заминҳои кишт дар заминҳои лалмӣ мебошанд. Олимони ин соҳа: А. Н. Махсумов, Х. Х. Каримов, Р. Шарипов, З. К. Каримов, А. Хусайнов, Г. Ғулов, Т. Нарзуллоев, Е. Н. Григоренкова, В. Х. Муратов. З. К. Каримов, Ш. Солиев. Боғдорӣ Шароити хоку иқлими Тоҷикистон барои парвариши аксар меваҷот мусоид аст. Аввалин маълумоти таърихии хаттӣ аз рушди баланди мевапарварӣ дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Тоҷикистон яке аз марказҳои пайдоиши рустаниҳои маданӣ ва зодгоҳи нахустини аксар зироатҳои мевагӣ мебошад. Боғдорӣ дар қаламрави Тоҷикистони бостонӣ ба шакли парвариши инфиродӣ, дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои хурд рушд мекард. Боғҳо дар як минтақаи хурд бо маҷмӯи хурди намудҳо ва навъҳо бунёд карда мешуданд. Ба меваҳое, ки аз онҳо маҳсулоти хушк (зардолу, ангур, тут, чормағз) омода мекарданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешуд. Меваи хушк ғайр аз истеъмоли маҳаллӣ, ба хориҷи кишвар содирот ва ба молҳои зарурии саноатӣ иваз карда мешуд. Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ боғдорӣ дар ҷумҳурӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Рушди нақшавӣ ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки он имконпазир гардид. Дар майдонҳои васеъ бунёди боғҳо оғоз ёфт. Масоҳати умумии боғҳо дар соли 1994 85,1 ҳазор гектарро ташкил медод, ки аз ҷумла 60 ҳазор гектар мевадиҳанда буд. Аз рӯи нақшаи ҷойгиршавӣ самти мавҷудаи истеҳсолоти кишоварзӣ, шароити табиӣ ва иқлимии минтақаҳо, инчунин хусусиятҳои минтақаҳои маъмурию иқтисодӣ ва ноҳияҳо ба назар гирифта мешуданд. Дар натиҷаи омӯзиш ва санҷиши навъҳо дар шароити мушаххаси хок ва иқлими ҷумҳурӣ, навъҳои мутобиқгаштаи мева, ки дорои як қатор хусусияти пурарзиши иқтисодӣ ва биологӣ мебошанд, барои парвариш дар боғҳои навъи интенсивӣ мувофиқ шуданд. Дар робита ба интенсификатсияи соҳа, дар даҳсолаи охир пажӯҳишҳои филиалии Созмони ғайридавлатии «Боғпарвар» маҷмӯи навъҳои ояндадори ниҳолҳои мевадори навъи интенсивиро ба ҷумҳурӣ ворид кард, ки манбаи ғанӣ гардонидан ва таҷдиди навъҳои мавҷудаи боғҳои саноатӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ давоми 4 сол (аз соли 2016 то соли 2019) дар ҷумҳурӣ дар майдони 14776 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки 84,4 %-и иҷрои нақшаи барномаро таъмин менамояд. Аз майдони умумии боғу токзори бунёдгардида 13506 гектар 89,6 % нақшаи боғ ва 1270 гектар 52,2 % нақшаи токзор иҷро гардидааст. Рушди соҳаи боғдорӣ барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолии деҳот, бо ҷойи кор таъмин кардани қувваҳои коргарӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад. Бо мақсади рушд бахшидан ба соҳаи боғу токпарварӣ дар давоми 30 соли истиқлолияти кишвар 3 маротиба Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ масоҳати боғу токзор ба 201652 гектар расонида шудааст, ки аз ин миқдор 143635 гектар ё 71,2%-и он мевадиҳанда аст. 109007 гектар боғ ва 34638 гектарро токзор ташкил медиҳад. Соли 2020 467802 тонна мева ва 239096 тонна ангур ба даст омад. Ф. Урунов, С. Маҳмадаминов, Ш. Солиев. Токпарварӣ Тибқи ҳафриёти бостоншиносии маҳалҳои аҳолинишини қадим, тавсифи таърихнигорон, таҳқиқоти бузургтарини генетикҳо, қаламрави Тоҷикистон дар баробари Афғонистон ва Эрон яке аз марказҳои пайдоиши навъҳои ангури маҳаллӣ мебошад. Дар ин ҷо дар натиҷаи парвариши чандинасра ва селексияи халқӣ, ток аз ҷиҳати зебоӣ, андоза ва ранги буттамева, афшураи ширин, навъҳои давраҳои гуногуни пухта расидан ва истифодаи ҳамагонӣ назир надорад. Мардум то имрӯз навъҳои куҳани маҳаллӣ, эндемикӣ, ба монанди сафедҳои чиллагӣ, Дороӣ, Исписор, Бахтёрӣ, Расмӣ, Ангури сиёҳ, Ҷавзи сафед, Нимранг, Думи рӯбоҳ ва ғайраро парвариш мекунанд. Токпарварӣ аз солҳои 30 асри 20 самти васеъ ва воқеии саноатӣ гирифт. Дар тӯли сӣ сол дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ва Хатлон, инчунин дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои токзорҳо заминҳои калони обёришаванда ҷудо карда шуданд. Дар баробари ин, хоҷагиҳои калони махсусгардонидашудаи навтаъсис барои истеҳсоли ашёи хом ва содироти ангури тоза ва шароби ангурӣ ба хориҷи кишвар, коркарди аввалия ва дуввумдараҷаи ашёи хом дар водиҳои Ҳисор, Вахш, Кӯлоб, Панҷакент, Конибодом, Хуҷанд, Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) таъсис дода шуданд. Ба навъҳои беҳтарин мавизи Хусайнии сафед, Чанғолкара, Тоифии гулобӣ, Кишмиши сиёҳ ва сафед, навъҳои нави селексияи Зариф, Ҳисории барвақт, Анзоб, Кишмиши Хишрав, ВИР-и барвақтӣ дохил мешаванд. Бо вуҷуди мушкилоти муваққатии иқтисодӣ, солҳои охир майдони токзор дар ҳама шаклҳои хоҷагӣ аз 28,9 ҳазор гектар (1982) ба 39,2 ҳазор гектар (1993) афзуд. Танҳо солҳои 1993-1994 тақрибан 1,5 ҳазор гектар токзори нав бунёд карда шуданд. Гарчанде ки дар маҷмӯъ ҳосили ангур дар бахши давлатӣ бо сабабҳои объективӣ хеле коҳиш ёфт, аммо дар байни аҳолӣ он хеле баланд, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 150 сентнер аз ҳар гектар боқӣ монд. Олимони Институти илмӣ-таҳқиқотии боғпарварӣ, токпарварӣ ва сабзавоткории Тоҷикистон захираҳои бузургро барои рушди васеи токпарварӣ заминҳои лалмӣ, доманакӯҳҳо, кӯҳҳои вилояти Хатлон ва минтақаи Ҳисор муайян карда, оид ба тайёр кардани замин пеш аз кишт, зичии ниҳолҳо, ташаккули буттаҳо, нигоҳубини агротехникии токҳои ҷавон ва калон тавсияҳо доданд. Дар ноҳияҳои Мӯъминобод ва Ховалинг минтақаҳои беназири парвариши навъҳои ангури баландпояи шампан мавҷуданд. Майдони токзорҳои лалмӣ мунтазам афзуда, соли 1994 беш аз 16 ҳазор гектар ва соли 2020 майдони умумии токзор дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 39815 гектарро ташкил дод. А. Д. Савченко, З. А. Имомқулов, Ш. Солиев. Меваҳои субтропикӣ Шароити табиии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки меваҳои субтропикӣ, аз қабили анор, хурмои шарқӣ, анҷир, меваҳои ситрусӣ, писта, бодом ва ғайра парвариш карда шаванд. Макони асосии парвариши онҳо Хуҷанд, Конибодом, Ӯротеппа, минтақаҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ, инчунин Дарвоз мебошад. Дар давраи шӯравӣ зироатҳои нави субтропикӣ — хурмои шарқӣ, пекан (навъи чормағз), лимӯ ва афлесун ба вуҷуд омаданд. Дар боғҳои табиӣ ва сунъӣ чормағз ва писта паҳн шуд. Муассисаҳои таҳқиқотӣ — илмии ҷумҳурӣ дар соҳаи боғдории субтропикӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Аз солҳои 30 ноҳияҳое, ки манбаъҳои афзоиши табиии дарахтони субтропикӣ ҳастанд, мавриди таҳқиқ қарор дода шуданд. Боғҳои комплексӣ бунёд гардиданд, навъҳои маҳаллӣ омӯхта шуда, таҳқиқот оид ба селексия ва технологияи кишоварзӣ идома дошт. Рушди саноатии меваҳои ситрусӣ аз соли 1949 оғоз ёфта, дар соли 1982 майдони меваҳои ситрусӣ дар колхозу совхозҳои ҷумҳурӣ ба 150 гектар расид, ки ҳосили умумии он беш аз 1000 тонна буд, зиёда аз 90% ниҳолҳои ситрусии дар водии Вахш ҷойгиранд. Тоҷикистон дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи ҳосили лимӯ дар ҷои аввал буд. Меваҳои субтропикӣ соҳаи муҳим ва фоидаовари рустанипарварӣ мебошанд. Дар асоси технологияи пешрафтаи кишоварзӣ ва дастовардҳои нави илм тадқиқот рушд кард. Соли 1965 дар ноҳияи Колхозобод (ҳоло ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ягона совхози махсусгардонидашудаи ситруспарварӣ ба номи Н. Каробоев бо ҳосили солонаи беш аз 600 тонна ташкил карда шуд. Боғҳои калони анор дар хоҷагиҳои водии Ҳисор ва Вахш (совхозҳои «Сумбулӣ», «Норак», боғҳои Вахш ва ғайра) ва баъдтар дар қитъаҳои Ёл ва Даштиҷум бунёд карда шуданд. Ғ. Урунов, С. Маҳмадаминов, Ш. Солиев. Чорводорӣ Як самти соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ буда, аз чорводории ширӣ ва гӯштӣ, кутоспарварӣ, гӯсфандпарварӣ, бузпарварӣ, асппарварӣ, занбӯрпарварӣ иборат аст. Дар миқёси аксар кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон ҳамчун кишвар барои парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ ва саршумори беназири экотипи кутосҳои Помир шинохта шудааст. Сатҳи баланди нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии парвариши чорво аз ҳисоби тағйироти тақрибан куллии таркиби зоти чорво ва беҳтар намудани таъминоти хӯрок ба даст оварда шуд. 10 заводи зотпарварӣ, 16 хоҷагии зотпарварӣ ва зиёда аз 80 фермаи зотпарварӣ барои парвариши зотҳои гуногуни заводии чорвои калон, моли майда, инчунин аспҳо сохта шуданд. Дар охири соли 1990 дар кишвар зоти чорвои калон 95%-ро ташкил медод, аз ҷумла зоти аслӣ – 53%, говҳо – 96 % ва 71,7 %, гӯсфандон – 99,6 % ва 77,0 %, бузҳо – 85,0 % ва 74,0 %, аспҳо - 100 % ва 65,0 %. Татбиқи технологияи пешрафтаи парвариши чорвои хоҷагӣ ба афзоиши маҳсулнокии онҳо ва афзоиши истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти ширӣ мусоидат намуд. Дар ҷумҳурӣ намудҳои зиёди чорво парвариш карда мешаванд. Якчанд зоти чорвои сермаҳсули ширӣ ва гӯштии аз кишварҳои дигар овардашуда ба шароити маҳал мутобиқ карда шуданд. Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои селексионӣ ва зотпарварӣ, такмил додани сифатҳои зотӣ ва маҳсулнокӣ ва ташаккули зот 50 завод ва хоҷагии зотпарварӣ таъсис ва ба тобеияти Вазорати хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ гузаронида шуданд. Парвариши чорвои калони ширдеҳ ва гӯштӣ бузургтарин соҳаи чорводорӣ маҳсуб мешавад. Помир ва Лахш минтақаҳои анъанавии парвариши кутос мебошанд. Ҳиссаи бештари гӯшт ва шире, ки дар кишвар истеҳсол мешавад, ба ин зербахши чорводорӣ рост меояд. То таъсиси ҷумҳурӣ дар хоҷагиҳо асосан чорвои зебумонанди маҳаллӣ парвариш карда мешуд, ки бо вуҷуди ба иқлими гарми маҳаллӣ ва бемориҳои хунӣ тобовар будан, вазни зинда (180-200 килограмм) ва ҳосилнокии шир паст буд (300-500 килограмм). Тадбирҳо оид ба ташкили корхонаҳои коллективӣ ва давлатӣ, ташкили шабакаи васеи хадамоти махсусгардонидашудаи зотпарварӣ, муассисаҳои илмӣ ва тайёр кардани мутахассисон ба рушди соҳаи чорводорӣ мусоидат кард. Аз аввали солҳои 30 ба ҷумҳурӣ овардани зоти сермаҳсули швейцарӣ, ба таври васеъ дурага кардани говҳо ва говҳои зебумонанде бо наслафзоҳои ин зот имкон фароҳам овард, ки шумораи чорвои дурага (200 ҳазор сар) ба таври назаррас афзоиш ёбад. Дар натиҷаи бунёди иншооти обёрии ирригатсионӣ, корҳои мелиоративӣ, азхудкунии заминҳои нав ва васеъ намудани майдонҳои кишти зироатҳои хӯроки чорво заминаи хӯроки чорворо таҳким бахшида, саршумори чорвои маҳсулнок хеле афзуд. Бо роҳи селексия ва зотпарварӣ — навъи сермаҳсули гови швитсии зебумонанди тоҷикӣ ба вуҷуд оварда шуд. Маҳсулнокии шири ин навъи говҳо ба 2600 килограмм мерасад ва дар баъзе хоҷагиҳо миқдори чарб ва сафеда аз 3000 килограмм мегузарад. Парвариши чунин зоти сершир, ба монанди сиёҳало, як қатор зотҳои решаи шведӣ дар минтақаҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ба роҳ монда шуд. Дар хоҷагиҳои зотпарварии пешқадам ширдӯшӣ аз ҳар сар гови дӯшӣ ба ҳисоби миёна аз 3400 килограмм боло рафт ва дар колхози ба номи А. М. Соатов (1994) он 4805 килограмм буд. Зиёда аз 20 сол аст, ки дар кишвар парвариши махсуси чорвои калони гӯштӣ рушд мекунад. Дар хоҷагиҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ чунин зоти говҳои гӯштӣ, аз қабили гови сарсафеди қазоқӣ, қалмиқӣ, абердин-ангуси қазоқӣ, ки ба онҳо тобоварӣ, гуногунии ғизо, истифодаи хуби чарогоҳҳо, беҳтар мутобиқшавӣ ва ҳосилнокии баланди гӯшт хос аст, парвариш карда мешаванд. Аввалин бор дар амалияи ҷаҳонии чорводорӣ дурагакунии зоти қалмиқӣ бо кутосро ба роҳ монда шуд. Дурагаҳои ҳосилшуда дорои як қатор сифатҳои дигари биологӣ нисбат ба зотҳои аслии худ ҳастанд. Саршумори чорвои зотӣ дар ҷумҳурӣ аз соли 1969 то 1990 хеле афзуда, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ мутаносибан 261,8 ва 360,5 ҳазор сарро ташкил дод. Дар ин давра саршумори говҳои зотӣ 73,8 ҳазор сар афзудааст. Дар ҷумҳурӣ чандин фабрикаи зотпарварӣ, даҳҳо фермаи зотпарварӣ ва фермаҳо барои такмил ва ташаккули чорводорӣ мавҷуд аст. Селексионерон корҳои зотпарвариро оид ба рушди зоти швитсии зебумонанди тоҷикӣ, навъи чорвои калони сиёҳу сафеди гӯштӣ ва тоҷикӣ анҷом медиҳанд. Соҳаи чорводорӣ аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҷои дуввум баъди рустанипарварӣ аст. Дар ноҳияҳои кӯҳсори ҷумҳурӣ чорводорӣ манбаи асосии даромади хоҷагиҳо ва аҳолӣ мебошад. Чорводорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, деҳқонӣ (фермерӣ), иҷоравӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ оид ба парвариши чорвои калони гӯштию ширӣ, гӯсфанду буз, парранда, моҳӣ, занбӯри асал, харгӯш дар заминаи мустаҳками хӯрок, беҳтар намудани зот ва парваришу нигоҳубини чорво инкишоф меёбад. Соли 1991 дар тамоми шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон 1390718 сар, аз он модагов 585896 сар, аз саршумори умумӣ кутос 15076 сар, гӯсфанду буз 3354928 сар, асп 52506 сар, парранда 6586398 сар ва занбӯри асал 61570 оила буд. Соли 2020 саршумори чорвои калон ба 2392191 сар, аз ҷумла гови дӯшоӣ 1245298 сар, кутос 27282 сар, гӯсфанду буз 5819379 сар, асп 82214 сар, парранда 9616823 ва занбӯри асал 236266 оила расонида шуд. А. Қароқулов, Ш. Солиев. Гӯсфандпарварӣ Ҳамчун соҳаи муҳими чорводорӣ дар ҷои дуввум аст ва дар рушди баъдии истеҳсолоти кишоварзӣ аҳамияти калон дорад. Он имкон медиҳад, ки заминҳои хӯроки табиӣ мувофиқи фаслҳои сол ба таври оқилона истифода шаванд ва гӯшти аз ҷиҳати экологӣ тоза – равғани гӯсфанд ва чарбу, пашм ва пӯсти гӯсфанд бо хароҷоти камтарин ба даст оварда шавад. То ибтидои соли 1940 дар Тоҷикистон танҳо гӯсфандҳои дуруштпашми думдор ва фарбеҳ; дар ноҳияҳои баландкӯҳи водии Вахш, Қароқул, дар вилояти Суғд зоти ҷойдорӣ ва дар дигар минтақаҳо гӯсфандони зоти ҳисорӣ парвариш карда мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гӯсфандони ҳисорӣ, ки ба гурӯҳи зотҳои думбадори фарбеҳ мансубанд, машҳур аст. Вазни зиндаи гӯсфанди ҳисориро то 200 килограмм баркашидаанд. Дар заводи зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор як наслафзо парвариш карда шуд, ки вазни зиндаи он ба 192 килограмм расид. Дар ноҳияи Турсунзода мешҳо то 152 килограмм вазн мегиранд. Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, давоми 30 сол зоти навъи фабрикаи «Фархор» бо се нишонаи заводӣ зоти гӯсфандони Ҳисор ба вуҷуд оварда шуд. Вазни миёнаи зиндаи гӯсфандони зотӣ 135–140 килограмм, мешҳо – 80–85 килограмм, наслафзоҳо ва гӯсфандони ҷавон, ки мутаносибан дар 4,0–4,5-моҳагӣ 40–43 ва 36–39 килограмм ва дар 1,5 солагӣ 65–70 килограмм мебошанд. Корҳои баъдии илмӣ-таҳқиқотӣ дар парвариши гӯсфанди ҳисорӣ ба мустаҳкам кардани сифатҳои зотӣ ва маҳсулнокии ҳайвонот, ба вуҷуд овардани сохтори генетикии зот, ки ба пешрафти он мусоидат мекунанд, равона карда шудааст. Ташаккул ва эҷоди навъи нави Шаҳринав – Регар аз зоти ҳисорӣ дар Тоҷикистони Марказӣ таҳқиқоти хеле умедбахши имрӯза ва оянда мебошад. Минтақаҳои зотпарварӣ – водии Ҳисор ва баъзе хоҷагиҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон. Бо ҷуфт кардани мешҳои ҳисорӣ бо наслафзоҳои зоти Сарочин ва сипас бо истифода аз мешҳои дурага (насли мешҳои ҳисорӣ ва наслафзоҳои британии Линколн), зоти гӯсфанди гӯштучарбдор ва пашмини тоҷикӣ ба вуҷуд оварда шуд. Вазни зиндаи гӯсфандони наслафзо 118–162 килограмм, мешҳо 70 - 75 килограмм ва то 124 килограмм мебошанд. Ба ҳисоби миёна аз мешҳо 2,9 килограмм ва аз наслафзоҳо 4,5–6 килограмм пашм гирифта мешаванд. Гӯсфандони ҷойдор ба гурӯҳи зотҳои дунбадори гӯштии чарбдор дохил мешаванд. Вазни зиндаи гӯсфандони зотӣ 70–90 килограмм, мешҳои калонсол 50–55 килограмм, аъло – 70 килограмм. Ба ҳисоби миёна аз мешҳо 2,0–2,5 килограмм ва аз наслафзоҳо 3,0–3,5 килограмм пашм гирифта мешаванд. Минтақаҳои зотпарварии вилояти Суғд: ноҳияҳои Ғончӣ (ҳоло Деваштич), Нов (ҳоло Спитамен) ва шаҳри Хуҷанд. Дар Тоҷикистон парвариши навъи қароқулӣ асосан пас аз инқилоб ба роҳ монда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати парвариши гӯсфандони қароқулӣ, дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷои чорум аст. Дар байни гӯсфандони қароқулӣ намудҳои дохилии зотӣ (барои истифодаи пӯст) ва заводӣ мавҷуданд. Аз намудҳои маҳаллии зотӣ, бо ранги сиёҳ то 75%, хокистарӣ-20% паҳн шудаанд. Вазни зиндаи наслафзоҳо 60–65 килограмм, беҳтаринҳо то 80 килограмм, мешҳои калонсол 46–50 килограмм ва беҳтаринҳо то 60 килограмм мебошанд. Аз мешҳо 2,2–2,5 килограмм, аз гӯсфандҳо – 2,8 килограмм ва беҳтаринҳо мутаносибан 3,0–4,5 килограмм пашм гирифта мешавад. Гӯсфандони қароқулӣ бо мӯинаи зебо машҳуранд. Минтақаи зотпарварӣ – ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон. Хоҷагии давлатии зотпарварии «Қубодиён»-и ноҳияи Қубодиён, хоҷагии зотпарварии «Данғара»-и ноҳияи Данғара ва хоҷагии зотпарварии ба номи Ю. Гагарини ноҳияи Шаҳритус хоҷагиҳои беҳтарин мебошанд. Дар минтақаҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ дурагакунии репродуктивии гӯсфандон бо навъҳои маҳинпашм, мешҳои каммаҳсули дарвозӣ бо гӯсфандони зотҳои вюртембергӣ, қирғизӣ ва дурагаҳои онҳо бо рамаҳои зоти қафқозӣ имкон доданд, ки гурӯҳи гӯсфандони серпашми гӯштии помирӣ ба вуҷуд оварда шаванд. Вазни зиндаи мешҳо 55–58 килограмм, наслафзоҳо 85–90 килограмм ва беҳтаринҳо то 120 килограмм мебошанд. Пашми маҳин дар мешҳо 3,5–4,8 килограмм, дар кӯчқорон 7–7,5 килограмм мебошад. Пашми ин навъи гӯсфандон маҳину сафеди якранг аст. Хоҷагиҳои зотпарварии «Сағирдашт»-и Дарвоз, хоҷагиҳои зотпарварии «Кангурт» ва «Оличабулоқ»-и ноҳияи Совет, (ҳоло ноҳияи Темурмалик) «Лахш» ва «Бӯстон»-и ноҳияи Ҷирғатол, (ҳоло ноҳияи Лахш) беҳтаринанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ гӯсфандони зотҳои ҳисорӣ, тоҷикӣ, ҷойдорӣ, қароқулӣ, гурӯҳи маҳинпашми дарвозӣ ва бузи зоти тоҷикии серпашм парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд. С. И. Форсихонов, Ғ. Сафарлиев, А. Ҳусейнов, Ш. Солиев. Асппарварӣ Асппарварӣ соҳаи қадим ва муҳимтарини ҳаёти мардуми тоҷик аст. То ҳол асппарварӣ дар хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аҳамияти худро гум накардааст. Якчанд аср пеш аз милод дар давлати Давон (асри 2 пеш аз милод Фарғона ва минтақаҳои шумолии Тоҷикистони имрӯза) арғамакҳо – наслҳои аспҳои «осмонӣ» парвариш ёфта, дар Хуталон (қаламрави минтақаҳои имрӯзии марказӣ ва ҷанубии ҷумҳурӣ) навъи аълои аспҳо парвариш карда мешуданд. Минбаъд аспҳои Давон ва Хуталон бо аспҳои муғулӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ ва арабӣ ҷуфт карда шуданд. Дар давраи азнавсозии сотсиалистии хоҷагии қишлоқ дар ҷумҳурӣ заводҳои асппарварӣ, аспрез (ипподром), парваришгоҳи аспҳои зотӣ бунёд ёфта, дар колхозу совхозҳо фермаҳои асппарварӣ ташкил карда шуданд. Ибтидои соли 1995 дар ҷумҳурӣ дар тамоми категорияҳои хоҷагиҳо тақрибан 57,6 ҳазор асп, аз ҷумла аспи корӣ беш аз 8 ҳазор буд. Зотҳои нодири он дар ноҳияҳои марказию ҷанубӣ (гуруҳи зоти савори лакай ва тоҷикӣ 84%), дар вилояти Суғд (қарабоир 6%) парвариш мешаванд. Дар хоҷагиҳои зотпарварӣ дар тӯли 55 сол бо роҳи ҷуфт кардани зотҳои лақайӣ, арабӣ ва хушзоти саворӣ гурӯҳи нави пурбаҳои аспҳои асили тоҷикӣ бо қади баланди то 158 сантиметр ва вазни зиндаи 420–450 килограмм ба вуҷуд оварда шуд. Заводҳои асппарварии Кӯктош ва ба номи Ҷомӣ, совхозҳои «Кангурт», «Данғара» ва «Эсанбой», хоҷагии иҷоравии ба номи А. Фирдавсии ноҳияи Қофарниҳон (ҳоло шаҳри Ваҳдат), хоҷагии «Чорводор»-и ноҳияи Вахш ва хоҷагии таҷрибаи Даҳанакиик ба парвариши аспҳои хушзоти дурага машғул буданд. Аспҳои корӣ ва сермаҳсул дар аксари колхозу совхозҳо парвариш карда мешаванд. Нигоҳубини аспҳо дар ҷумҳурӣ дар шакли гала буд. Аспҳои модиён ва ҷавонро дар чарогоҳҳои зимистонӣ ва тобистонӣ тамоми сол нигоҳ медоштанд. Нарёнҳо дар фасли баҳор дар чарогоҳҳо бо модиён ва дар вақтҳои дигар дар саисхонаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Давраи ҳамли модиён 11 моҳ аст. Зоиши саросарӣ ба моҳҳои март – апрел рост меояд. Вазни зиндаи тойчаҳо ҳангоми таваллуд 40–50 килограмм, дар яксолагӣ то 170 килограмм. Тойчаҳо дар 8-моҳагӣ аз модар ҷудо карда мешаванд. Аспҳои ҷавонро аз 1,5–2 солагӣ барои кор ва саворӣ истифода мебаранд. Соли 2013 саршумори аспҳо аз 76,9 ҳазор ба 81,3 ҳазор (2019) расид. Соли 2021 82897 асп парвариш карда мешуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 892 сар зиёд аст. Аз аспҳо инчунин гӯшт, шир ва маҳсулоти ширии шифобахш (қимиз) ба даст меоранд. Ҳар сол ҳазорон аспсавор ба намудҳои варзиши миллии аспдавонӣ машғул мешаванд. Н. С. Мамин, А. Г. Шамсиев, Ш. Солиев. Парандапарварӣ Парандапарварӣ соҳаи босамари чорводорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор ба ҳисоб меравад. Ҳангоми парвариши паранда, хоҷагии халқи ҷумҳурӣ чунин маҳсулот, аз қабили тухм, гӯшт, ашёи хом барои саноат (пашм, пар ва ғайра), инчунин пору барои заминҳои кишт мегирад. Азбаски ҷумҳурӣ ба минтақаи ғалладонагӣ дохил намешавад, вазни қиёсии Парандапарварӣ дар хоҷагии халқ дар гузашта низ кам буд. Аҳолӣ асосан мурғҳои навъи ҷангӣ ва парандаҳои хурди каммаҳсули маҳаллии умумӣ истифодашавандаро парвариш мекард. Соли 1913 дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон 20,5 миллион дона тухм ё тақрибан 20 дона тухм ба ҳар сари аҳолӣ истеҳсол карда шуд. Парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ аз солҳои 30 асри 20 бо роҳи ташкили фермаҳои хурди парандапарварии колхозию совхозӣ ба вуҷуд омадааст, аммо хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ истеҳсолкунандаи асосии маҳсулоти соҳа ба ҳисоб мерафтанд. Соли 1940 истеҳсоли тухм дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ тақрибан 38 миллион дона ва истеҳсол ба ҳар сари аҳолӣ 25 дона буд. Ба ҳисоби миёна дар як сол аз як мокиён ҳамагӣ 11 дона тухм ҷамъ карда мешавад. Парандапарварии саноатии Тоҷикистон асосан дар минтақаи субтропикии хушк аст. Олимони Институти таҳқиқоти илмии чорводории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони фабрикаҳои парандапарварии Чептура (шаҳри Ҳисор), шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҷаббор Расулов низоми муносибкунонии микроиқлимро дар парандахонаҳо таҳия ва дар истеҳсолот ҷорӣ карданд; тадбирҳои технологӣ ва реҷаи ғизодиҳӣ, ки барои кам ва безарар кардани таъсири манфии омилҳои иқлимӣ мусоидат мекунанд, ворид карда шуданд; дурагаҳои парандаҳо бо маҳсулнокии баланд дар иқлими гарм муайян ва офарида шуданд. Ғайр аз ин, аз ҷониби мутахассисони хоҷагиҳои парандапарварӣ барои ба низом даровардани равандҳои технологӣ, тақвияти махсусгардонӣ ва концентратсияи истеҳсолот мунтазам тадбирҳо андешида мешуданд. Дар натиҷаи амалишавии ин тадбирҳо соли 1980 истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда дар ҳамаи намуди хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ба 322 миллион дона ва 16,5 ҳазор тонна ва соли 1990 мутаносибан то 592 миллион дона ва 15,1 ҳазор тонна афзуд. Истеҳсоли тухм ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 1990 112 дона ва гӯшти паранда 2,8 килограммро ташкил дод. Шумораи тамоми намудҳои паранда дар ҷумҳурӣ 7,5 миллион-ро ташкил медод. Тухмнокии мурғон дар фабрикаи парандапарварии Чептура ба 255–260 дона ва дар баъзе мурғхонаҳо то 280 дона расид. Аз рӯи паст шудани сатҳи таъмини донҳои омехтаи баландсифат ва дигар воситаҳои моддию техникӣ дар хоҷагиҳои парандапарварӣ, солҳои охир боиси кам шудани паранда ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа гардид. Соли 1995 шумораи тамоми намудҳои паранда 478 ҳазор, ҳаҷми умумии истеҳсоли тухм 31 миллион донаро ташкил дод. Дар ҷумҳурӣ 12 фабрикаи парандапарварӣ, 1 совхози парандапарварӣ ва 3 истгоҳи ҷӯҷахобӣ (инкубаторӣ) ва парандапарварӣ фаъолият мекард. Соли 2021 дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 177 адад корхонаи парандапарварӣ фаъолият мекард, ки нисбат ба соли 2020 43 адад зиёд аст. Дар соли 2020 шумораи паранда ба 9782,7 ҳазор сар расид. Истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2020 1,9 баробар зиёд гардида, 30,6 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки аз он 23,9 ҳазор тонна ё 78,2 % ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ рост омада, нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2019 2,4 баробар зиёд аст. Д. К. Колинов, Ш. Солиев. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 332–341.

0

Ислоҳоти саноатӣ дар Тоҷикистон

Баъди таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои бартараф кардани монеа ва мушкилоти соҳаи иқтисод ва рушди саноати ҷумҳурӣ замина фароҳам омад. Дар ин давра бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ дар Тоҷикистон талаби замон буд. Бидуни истеҳсолоти саноатӣ таъмини пешрафти иқтисодӣ, бартараф кардани монеаҳо ва рушди муқаррарии қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ ғайриимкон буд. Дар охири солҳои 20-уми асри 20 дар ҷумҳурӣ асосан саноати сабук ва хӯрокворӣ вуҷуд дошт. Бо сабаби ҳанӯз омӯхта нашудани иқтидори саноатию энергетикии Тоҷикистон соҳаҳое бунёд гардида инкишоф ёфтанд, ки аз ашёи хом ғанӣ буданд. Тоҷикистон яке аз маконҳои асосии ашёи хоми саноатӣ ва хӯроквории Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Ғояи саноатикунонӣ дар нақшаҳои панҷсолаи пеш аз ҷанг инъикос шуда буд. Дар самти саноатикунонии мамлакат сохтмони нахустин неругоҳи бузург – неругоҳи барқи обии Варзоб бо иқтидори 7,5 ҳазор киловатт, хатти роҳи оҳани Мелниково (Конибодом)–Шӯроб, ду комбинати ғалла ва истеҳсоли орд дар Қӯрғонтеппа ва Янгибозор (ҳоло шаҳри Ваҳдат) оғоз ёфт. Заводи коркарди меваи Конибодом (соли 1928), кони ангишти «Первомайская» (1930, кони № 8), Комбинати консерви Хуҷанд (Ленинобод, соли 1932), ду заводи нахустини равғанкашӣ дар Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва чандин неругоҳи хурд сохта шуданд, ки ба давраи панҷсолаи якум (1928–1932) рост омаданд. Дар саноати пахтатозакунӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба навсозии техникии он нигаронида шуда буд. Бо мақсади рушд додани саноати абрешимбофӣ ва пилтаресӣ солҳои 1930–1932 заводҳои пахтатозакунии Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе), Хуҷанд, Фархор, Ҷилликӯл, Қӯрғонтеппа ба истифода дода шуданд. Фабрикаи дӯзандагии Сталинобод (соли 1933) ва фабрикаи дӯзандагӣ-трикотажии Ленинобод (вилояти Суғд, соли 1939) бузургтарин корхонаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ буданд. Соли 1942 дар Сталинобод навбати аввали комбинати бофандагӣ ба кор даромад, ки пойгоҳи коркарди пахта дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешуд. Бо вусъат ёфтани инқилоби фарҳангӣ саноати полиграфӣ хеле рушд карда, соли 1934 комбинати полиграфӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар натиҷа матбааи давлатии Душанбе ва чандин матбааи хурди ноҳиявӣ таъсис дода шуданд. Бо сохтани корхонаҳои саноатӣ масъалаи омода намудани кадрҳо ба миён омад. Дар давраи аввали саноатикунонӣ мутахассисон ва ҳатто як ҳиссаи коргарон аз Федератсияи Россия ва Украина ба Тоҷикистон вобаста карда шуданд. Барои ҷалби мардуми маҳаллӣ ва тайёр намудани коргарони касбӣ дар назди фабрикаю заводҳо (соли 1924) омӯзишгоҳҳо таъсис ёфтанд. Танҳо соли 1940 дар омӯзишгоҳҳои ҷумҳурӣ 1185 нафар мутахассиси касбӣ тайёр карда шуд. Дар ин давра қадамҳои нахустин барои табдил додани Тоҷикистон аз ҷумҳурии аграрӣ ба аграрӣ-саноатӣ гузошта шуданд. Саноат дар даврони истиқлол Аз аввали солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти низоми иқтисодии миллӣ тавассути аз низоми банақшагирии мутамаркази давлатӣ ба иқтисоди бозоргонӣ гузаронидани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба роҳ монда шуд. Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф таҳия ва қабули маҷмуи тадбирҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот тавассути ҷорӣ кардани технологияи инноватсионӣ, таъсиси кластерҳои саноатӣ ва паркҳои технологӣ, ташкили марказҳои логистикӣ ва бизнес-инкубаторҳо дар соҳаҳои саноат аз шартҳои асосӣ мебошад. Барои амалисозии ин тадбирҳо, аз ҷониби вазорат лоиҳаҳо доир ба таъсиси технопаркҳо ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷорӣ таҳия гардиданд. Давоми солҳои 2005–2015 барои рушди соҳаҳои саноати кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи 3,3 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сармоягузорӣ шуд, аз ҷумла сармоягузории мустақим 2,8 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар маблағгузориҳо 474,8 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медоданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (дар соли 2015) ба 12,2 миллиард сомонӣ расонида шуд. Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат ба 27 миллиард 586,6 миллион сомонӣ расонда шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 3 миллиард 809,4 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 113,6%-ро ташкил дод. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноатҳо: ангишт — 114,2%; маъдани кӯҳӣ — 117,6%; масолеҳи сохтмон — 114,3%; сабук – 123,6%; мошинсозӣ – 129,6%; табъу нашр – 109%; хӯрокворӣ – 109,2%; корхонаҳои пахтатозакунӣ – 102,5%; нафт ва газ – 117,6%; электроэнергетика – 119,6%. Дар се моҳи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,4% афзуда, ҳаҷми он 8201,1 миллион сомониро ташкил дод. Дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 2285 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 269 корхона дар саноати истихроҷ, 1859 дар саноати коркард, 76 корхона дар соҳаҳои таъминоти газ, барқ, буғ, об ва 81 корхона дар коркарди партовҳо фаъолият мекунанд. Аз миқдори умумӣ 695 корхона дар вилояти Суғд, 621 адад дар вилояти Хатлон, 493 адад дар шаҳри Душанбе, 419 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 57 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеанд. Бо мақсади такмил додани низоми сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини сифат ва амнияти озуқаворӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳаҳои саноати хӯрокворӣ тавассути ҷорӣ намудани сертификатсиякунонии байналмилалӣ, дар корхонаҳои соҳа раванди гузариш ва мутобиқгардонии низоми сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба стандартҳои байналмилалӣ идома дошта, якчанд корхонаи соҳа мутобиқи низоми Таҳлили хатар ва нуқтаҳои муҳими назоратӣ (Hazard Analysis and Critical Control Points) сертификатсия шуда, низоми ISO22000 – Созмони байналмилалии стандартизатсия (International Organization for Standardization) ҷорӣ карда шуд. Дар натиҷа, якчанд корхонаи саноати хӯрокворӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок карда, ба муваффақиятҳо ноил гардидаанд, аз ҷумла маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ бино бар дорои сифати баланд будан, бо қарори Фонди байналмилалии сифати баланди кор дар шаҳри Женева (Швейсария) бо медали тило ва аз ҷониби Кумитаи номинатсияи Ассамблеяи тиҷоратии Аврупоӣ дар шаҳри Вена (Австрия) бо мукофоти байналхалқии «Сифати аврупоӣ» сарфароз гардонида шуданд. Ю. Николаев, Т. Луқмонов. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 330–331.

0

Саноат

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буда, соли 2009 дар масоҳати 200 гектар таъсис ёфтааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим», асосан, минтақаи истеҳсолию тиҷоратӣ, сайёҳӣ, сармоягузорӣ ва савдои наздисоҳилӣ буда, ба муҳлати 50 сол ташкил шудааст. Дар минтақа 5 субъект (то январи соли 2021) ба қайд гирифта шудааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар чорроҳаи чор давлати Хитой (Қошғар) – Тоҷикистон (Ишкошим) – Афғонистон (Файзобод) – Қирғизистон (Ӯш) воқеъ аст. Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим аз канданиҳои фоиданок сангҳои гаронбаҳо (кони «Кӯҳи лаъл», ки дар он санги гаронбаҳои лаъл истихроҷ мешавад) ва ороишию сохтмонӣ, захираи зиёди санги мармар мавҷуд аст, ки барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва дар ин замина ташкил намудани ҷойҳои нави кор мусоидат мекунанд. Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» соли 2019 дар масоҳати 309 гектар таъсис ёфта, соли 2020 ба фаъолият оғоз намуд. Дар минтақа 1 субъект (то январи соли 2021) ба қайд гирифта шудааст. Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаи иқтисодии мазкур ва бо ин васила ба шуғл фаро гирифтани шумораи бештари аҳолии маҳаллӣ минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дода мешавад. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар 1 гектар бунёди корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо бо арзиши беш аз 1,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар марҳалаи аввал истеҳсоли ҳавотозакунакҳои навъҳои гуногуни ҳавоӣ ва равғанӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба роҳ монда мешавад. Саноат Соҳаи саноати Тоҷикистон то замони Истиқлол дар доираи низоми нақшавии тақсимоти қувваҳои истеҳсолкунанда ташаккул ёфта, аз корхонаҳои он филиззоти рангаву нодир ва гаронбаҳо дар шакли маъдан, маҳсулоти саноати бофандагӣ ва хӯрокворӣ ҳамчун маҳсулоти тайёру нимтайёр дар дохили ҷумҳурӣ ва дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба фурӯш бароварда мешуд. Дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба кишоварзӣ зиёд буд. Соли 1991 шумораи умумии корхонаҳои соҳа 2308 ададро ташкил медод, аз ҷумла 207 корхонаи саноати вазнин ва 119 корхонаи саноати сабук. Ҳаҷми истеҳсолоти соҳаи мазкур дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 25,4% буд. Ҳиссаи саноати сабук ва хӯрокворӣ 70,6% ва саноати вазнин 29,4%-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда афзалият доштани соҳаҳои коркардро дар ҷумҳурӣ инъикос кард. Ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) боиси коҳиш ёфтани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ гардид. Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар соли 1997 нисбат ба соли 1990 32,3%-ро ташкил кард. Иқтидори корхонаҳои истеҳсоли нахи пахта 3 баробар, пойафзор, шоҳиворӣ, қолинҳо 30–40 баробар ва маҳсулоти ширӣ 90 баробар коҳиш ёфт. Дар давраи таҳаввулоти иқтисодӣ дар истеҳсолоти саноатӣ тағйироти сохтории бузург ба вуҷуд омад. Мувофиқи барномаҳои стратегӣ оид ба рушди минтақавию соҳавӣ, масъалаи ҷойгиркунии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар минтақаҳо, кофӣ будани захираи ашёи хоми табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ афзалиятҳои сиёсати кишварро дар соҳаи саноат муқаррар кард. Соли 2019 дар соҳаи саноат 219 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд – 59, Хатлон – 57, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3, шаҳри Душанбе – 60 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 40 корхона сохта ба истифода дода шуданд. Саноати маъдан ва филиззоти қиматбаҳо Дар шароити табиии кӯҳсори Тоҷикистон коркарди сарватҳои минералӣ ва таъмини пешрафти ин соҳа яке аз ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ мебошад. Дар натиҷаи анҷоми корҳои нақшавии геологӣ дар ҷумҳурӣ чандин кони филиззоти ранга, сиёҳ, нодир, асил, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, маводди сохтмонӣ, ашёи кимиёвӣ-кӯҳӣ ва ғайра кашф гардиданд. Дар ҷумҳурӣ комбинатҳои кӯҳӣ-маъдантозакунӣ амал карда, бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ чандин корхонаи муштарак таъсис дода шуд. Бо рушди саноати металлургияи Тоҷикистон коркарди ашёи хом ва истеҳсоли филиззоти ранга афзоиш ёфт. Нишондоди қиёсии соҳаи маъданҳои кӯҳӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ агар соли 1991 – 8% бошад, пас дар соли 2020 ба 25,1% расид. Бо мақсади суръат бахшидани истеҳсоли тило, нуқра, филиззоти ранга, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди буҷети давлат, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳо «Барномаи давлатии коркард ва фурӯши сангҳои гаронбаҳо ва ороишӣ дар солҳои 2001–2005», «Барномаи рушди соҳаи саноати коркарди тило ва нуқра барои солҳои 2002–2010», «Барномаи рушди заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009–2015» ва «Барномаи давлатии рушди соҳаи саноати истихроҷу коркарди тило ва нуқра барои солҳои 2012–2016» татбиқ шуданд. Соли 2019 «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ барои давраи то соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2020 «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025» тасдиқ ва мавриди амал қарор доранд. Ҳаҷми маҳсулоти корхонаҳои зертобеъ дар соли 2020 нисбат ба солҳои 2000–2016 (8,28 миллиард сомонӣ) ба 7722,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод 7,65 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Солҳои 1992–2019 дар соҳаи саноати кӯҳии ҷумҳурӣ 30 корхонаи истихроҷ ва коркарди сангҳои гаронбаҳо ва ороишӣ ва 8 корхонаи заргарӣ таъсис ёфт. Корхонаҳои бузурги истеҳсоли тило, нуқра, филиззоти ранга, заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишии ҷумҳурӣ: ҷамъияти масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон», ҶМТ КДММ «Апрелевка», ҷамъияти масъулияташ маҳдуди ТА корхонаи муштараки «Анзоб», ҷамъияти саҳомии кушодаи «ГОК Адрасмон», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноати Тоҷикистону Хитой», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуқрафом», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати металлургияи Анзоб», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент», Корхонаи махсуси давлатии ҷумҳуриявии «Тилои тоҷик», Артели заршӯйи «Одина», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Абдулазиз», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таком Голд», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут», ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Одина», корхонаи воҳиди давлатии «Филиззоти нодири Тоҷикистон», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Равшан», корхонаи воҳиди давлатии «Зари Кӯлоб», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик кристалл», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ақиқа», ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заргари тоҷик», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Майрамбибӣ», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷи зарин», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом», Ккорхонаи фаръии «Анори Дарвоз», Корхонаи коркарди санги «Анчин», Корхонаи коркарди санги «Фароғат», ҷамъияти саҳомии кушодаи «Чамаст», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лаъл», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Асрори санг» ва ғайра. Аксари корхонаҳо аз нав маблағгузорӣ шуда, бо технологияи нав таъмин гардиданд. Маҳсулоти ин корхонаҳо ба талабот ва стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст. Соли 2020 корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва филиззоти гаронбаҳо ба маблағи 7722,4 миллион сомонӣ масолеҳ истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2019 – 756,6 миллион сомонӣ зиёдтар буд. Дар ин давра 54,8 ҳазор тонна хокаи сурб, 94,2 ҳазор тонна хокаи руҳ, 48,7 ҳазор тонна хокаи мис, 54,7 ҳазор тонна хокаи сурма ва 6,9 ҳазор тонна сурмаи филиззӣ истеҳсол карда шуд. 100%-и маҳсулоти филиззоти қиматбаҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Саноати сабук ва пилапарварӣ Саноати сабук ва пилапарварӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки саноати кишвар ба шумор меравад. Коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ба монанди нахи пахта, пӯст, пашм, пила ва самаранок истифода намудани иқтидорҳои мавҷуда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва вусъати истеҳсоли маҳсулоти воридотиро ивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда афзалиятҳои соҳа муайян гардиданд. Давоми 30 соли Истиқлоли давлатии кишвар зиёда аз 50 корхонаи калони соҳа ифтитоҳ ёфт. Корхонаҳои нав, асосан дар самтҳои коркарди пахта ва нахи он, пӯст, истеҳсоли пахтаи тиббӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, бофандагӣ, ҷӯробу қолинбофӣ, мебелсозӣ, истеҳсоли пойафзор ва халта сохта, ба истифода дода шуданд. Соли 1991 шумораи корхонаҳои соҳа 63 адад буд, соли 2020 теъдоди онҳо ба 486 расид. Ҳаҷми маҳсулоти саноати сабук дар соли 1991 – 0,06 миллион сомонӣ, соли 1995 – 16 миллион сомонӣ, соли 2000 – 139,6 миллион сомонӣ, соли 2005 – 323,3 миллион сомонӣ, соли 2010 – 1093,7 миллион сомонӣ, соли 2015 – 1425,5 миллион сомонӣ, соли 2018 – 2700,4 миллион сомонӣ, соли 2019 – 2897,9 миллион сомонӣ ва соли 2020 – 3140,3 миллион сомониро ташкил дод. Истеҳсоли маҳсулоти муҳимтарини саноати сабук дар солҳои 1991–2020 Ҷадвали 1 | Номгӯи маҳсулот | Воҳиди андоза | 1991 | 1995 | 2000 | 2005 | 2010 | 2015 | 2018 | 2019 | 2020 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | Нахи пахта | ҳазор тонна | 246 | 168 | 107 | 153 | 95,2 | 98,4 | 98,5 | 102,5 | 101,5 | | Ресмони пахтагин | ҳазор тонна | 24,7 | 13,2 | 14,8 | 15 | 6,1 | 4,9 | 20,7 | 22,4 | 19,3 | | Матои пахтагин | миллион метри мураббаъ | 102,4 | 28 | 11,5 | 24,1 | 25,6 | 8,4 | 7,5 | 12,7 | 13,7 | | Матои нобофта | миллион метри мураббаъ | 13 | 5,5 | 1,8 | 1,7 | 1 | 0,8 | 1,1 | 2,1 | 2,2 | | Маҳсулоти дӯзандагӣ | миллион сомонӣ | 195,9 | 7,7 | 12,3 | 51,3 | 96,5 | 109,3 | 267,2 | 260,6 | 345,5 | | Ҷӯроб | миллион ҷуфт | 49,2 | 4,5 | 3,1 | 5 | 5,7 | 2,6 | 5,7 | 4,1 | 7,8 | | Қолин | миллион метри мураббаъ | 7,6 | 0,7 | 0,3 | 0,5 | 0,6 | 1,2 | 3,1 | 4,7 | 2,8 | | Пойафзор | миллион ҷуфт | 8,5 | 0,6 | 0,11 | 0,03 | 0,41 | 0,47 | 0,8 | 0,8 | 1,0 | | Мебел | миллион сомонӣ | 1,3 | 0,12 | 0,21 | 2,1 | 5,0 | 15,4 | 42,9 | 54,1 | 60,8 | | Атлас | миллион метри мураббаъ | 68,6 | 8,4 | 0,3 | 0 | 0,07 | 0,004 | 0,019 | 0,021 | 0,022 | Дар даврони соҳибистиқлолӣ корхонаҳои бузурги коркарди нахи пахта ба монанди ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷавонӣ», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «САТН», корхонаи «Кабоол-тоҷик-текстайлз», ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бофандаи Норак», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Замин Текстил», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаррес», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кӯлоб-текстайлз», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ресандаи Хатлон», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен Текстайлз», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хима текстил», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Неку Хуҷанд», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Истиқлол 2011», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нассоҷи Хуҷанд», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Органик Ян» ва истеҳсолоти ресандагии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил» ба маблағи зиёда аз 320 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сохта ба истифода дода шуданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 18 корхонаи ресандагӣ бо иқтидори беш аз 80 ҳазор тонна коркарди нахи пахта дар реҷаи се басти корӣ (дар як сол) фаъолият доранд. Соли 2016 марҳилаи якум ва соли 2018 марҳилаи дуввуми истеҳсолоти ресандагии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил» бо иқтидори коркарди 24,5 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ба истифода дода шуд, ки барои рушди саноати сабук такони ҷиддӣ бахшид. Маҳсулоти якчанд корхонаи соҳа дар бозорҳои хориҷии кишвар низ мавқеи худро пайдо карда, шимҳои мардонаву бачагона аз матои ҷинс, нимшимҳо, куртаҳои мардона, либосҳои варзишӣ ва кимоно ба давлатҳои Россия, Беларусь ва Иттиҳоди Аврупо содирот карда мешаванд. Ба роҳ мондани истеҳсоли либоси мактабӣ дар кишвар барои таъсиси ҷойҳои кори нав, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ ва дар ин замина ба раванди саноаткунонии босуръати кишвар мусоидат намуд. Солҳои охир истеҳсоли либоси мактабӣ мунтазам тамоюли афзоиш дошта, аз 79 ҳазор дона (соли 2014) ба 926 ҳазор дона (соли 2020) расидааст. Соҳаи қолинбофӣ, ҳамчун қисми таркибии соҳаи саноати сабук ба ҳисоб рафта, дар давраи истиқлоли кишвар марҳила ба марҳила рушд мекунад. Соли 2014 «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014–2020» қабул карда шуд. Бо амалӣ шудани ин барнома истеҳсоли қолинҳо нисбат ба соли 2014 1,5 баробар афзоиш ёфта, аз 1 миллион 763 ҳазор метри мураббаъ соли 2014 ба 2 миллион 812 ҳазор метри мураббаъ дар соли 2020 расонида шуд. Саноати мебелбарорӣ низ батадриҷ рушд карда, корхонаҳои соҳа бо дастгоҳу таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз гардиданд. Соли 2016 истеҳсоли мебел дар ҷумҳурӣ ба 17,4 миллион сомонӣ баробар буда, соли 2018 ин рақам ба 42,9 миллион сомонӣ расид. Корхонаҳои бузурги ин соҳа ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бисот», «Арча-мебел», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикмебел», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ИИ «Империя» ва ғайра мебошанд. Рушди соҳаи коркарди маҳсулоти чорво (пӯст ва пашм) бо дар назар доштани истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, иқтидори содиротии ҷумҳурӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав аҳаммияти иқтисодӣ дошта, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо таъсиси корхонаҳои ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чарми Осиё» дар заминаи «Заводи пӯсти Данғара», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Матин Чарм», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Мастчоҳ», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик Интиқол», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чарми Хуҷанд», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик–Хуа-Ши-Тай», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сармоягузории Байналмилалии Дубай», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Чарм», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳасан саноат», соҳибкори инфиродии «Набиев» ва соҳибкори инфиродии «Абдусатторов» амалӣ гардид. Саноати масолеҳи сохтмон Яке аз соҳаҳои муҳими саноати кишвар буда, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми назаррас мегузорад. Бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ корхонаҳои зиёд фаъолият карда, эҳтиёҷоти иншоотҳои сохтмонӣ, обиву барқӣ, роҳсозӣ ва иқоматиро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд. Солҳои 90-уми асри 20 дар ҷумҳурӣ 32 корхонаи саноатӣ ва ташкилотҳои хизматрасонии соҳа фаъолият доштанд, соли 2019 миқдори онҳо ба 517 адад расид. Соли 2014 бунёд ва муҷаҳҳазгардонии корхонаҳо бо технологияи нав ба роҳ монда шуд. Дар 103 корхонаву коргоҳ барои 1710 нафар ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд, ки ба маблағи 49,7 миллион сомонӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд. Бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо сементи ватанӣ ва ба хориҷи кишвар содир намудани он соли 2014 корхонаҳои истеҳсоли семент ва варақаҳои гаҷкартонӣ таъсис дода шуданд. Масалан, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Чунгтсай Моҳир семент» — иқтидори солонааш 1,2 миллион тонна буда, гаҷкартон бо иқтидори 1 миллион м мураббаъ, халтаҳои қоғазӣ бо иқтидори 80 миллион дона ва ширкати «Ху Чан Ғаюр Индастриал» бошад, гаҷ бо иқтидори 150 ҳазор тонна, варақаҳои гаҷӣ бо иқтидори 2,5 миллион дона истеҳсол мекунанд. Истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ аз нимаи дуввуми соли 2013 босуръат инкишоф ёфт. Ҳоло аз ҳисоби маҳсулоти истеҳсол кардаи корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» ва «Чунгтсай Моҳир семент» соле ба хориҷи кишвар зиёда аз 500 ҳазор тонна сементи навъҳои М - 400 ва М-500 содир карда мешавад. Тавассути ин корхонаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари воридкунандаи ин навъи маҳсулот ба кишвари содиротсозанда табдил ёфт. Соли 2014 истеҳсоли сементи ватанӣ ба 1 миллион тонна расонда шуда, соли 2015 ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол гардид ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 11,5%-ро ташкил дод. Корхонаҳои соҳаи мазкур соли 2019 ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2018 345,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 10%-ро ташкил дод. Истеҳсоли семент ба 4,2 миллион тонна, хишт – 159,1 миллион дона, газоблок - 36,9 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ - 1,5 миллион метри мукааб, гаҷкартон - 1,4 миллион дона ва шифер - 1,3 миллион дона баробар гардид. Дар ин давра 1,5 миллион тонна семент ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 890 ҳазор тонна, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон - 576 ҳазор тонна ва Ҷумҳурии Қирғизистон - 80,6 ҳазор тонна содир гардид. 399,6 ҳазор дона гаҷкартон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот шуд. Дар маҷмӯъ соли 2019 25 корхона ва коргоҳҳои соҳа ба фаъолият оғоз намуда, ба маблағи 82,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Соли 2020 корхонаҳои соҳа ба маблағи 3 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2019 200,4 миллион сомонӣ зиёдтар буд. Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 9,7%-ро ташкил дод. Истеҳсоли семент ба 4242,3 ҳазор тонна, хишт - 171,5 миллион дона, хишти сементӣ - 82,5 миллион дона, газоблок - 45,4 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ - 1434,3 ҳазор метри мукааб, бетони сохтмонӣ - 436,9 ҳазор метри мукааб, бомпӯши асбестӣ ба 1842,8 ҳазор дона баробар шуд. Ҳаҷми содироти масолеҳ 60,3 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳаҷми воридот 48,2 миллион долларро ташкил дод, содирот нисбат ба воридот ба 12,1 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиёд гардид. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент буд, ки маблағи он 59,8 миллион долларро ташкил дод. Дар ин давра воридоти таҷҳизоту технология 2,5 миллиард сомониро ташкил дод. Равандҳои истеҳсолии онҳо ба муҳити зист таъсир нарасонида, маводди энергетикию сӯзишвориро сарфа менамоянд. Хароҷоти қувваи барқ ва ангишт то 30% кам шуда, боиси то 15–25% баланд шудани даромаднокӣ ва паст гардидани арзиши аслии маҳсулот шуд. Истифодаи технологияи нав имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа аз 5 миллион сомонӣ (1991) ба 3 миллиард сомонӣ (2020) расад. Аксарияти корхонаҳои масолеҳи ғайримаъданӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, шаҳри Ҳисор ва ғайра сохта ба истифода дода шудаанд. Содироти семент охири соли 2015 оғоз гардида, соли 2020 ба 1,3 миллион тонна расид. Истеҳсоли масолеҳи асосии сохтмонӣ дар солҳои 1992–2020 Ҷадвали 2. | Номи масолеҳ | 1992 | 2000 | 2005 | 2010 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2020 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | Семент, ҳазор тонна | 446,8 | 54,8 | 253,1 | 288,2 | 1149,3 | 1412,0 | 2001,3 | 3117,2 | 3844,2 | 4202,2 | 4242,3 | | Маводди ғайримаъданӣ, ҳазор метри мукааб | 168,8 | 35,5 | 268,8 | 448,8 | 862,0 | 1100,0 | 1241,3 | 1041,1 | 1232,2 | 1511,4 | 1434,3 | | Хишт, миллион дона | 102,7 | 21,0 | 44,6 | 78,4 | 164,6 | 160,0 | 175,6 | 180 | 202 | 229 | 254,0 | Саноати сӯзишворию энергетикӣ Дар Тоҷикистон ин соҳа, асосан, истеҳсоли ангишт, нафт ва газро дар бар мегирад. Соҳаи муҳимтарин истихроҷи ангишт мебошад. Дар Тоҷикистон тақрибан 35 кони ангишт маълум аст. Конҳои калонтарини он: Шӯроб, Фон-Яғноб, Равот, Киштуду Заврон, Моғиён, Назарайлок ва Миёнаду. Солҳои 2013–2020 суръати афзоиши истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ назаррас буд. Истихроҷи ангишт дар соли 2020 2 миллион 29 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 1991 1 миллион 720 ҳазор тонна ё 6 баробар зиёд мебошад. Бо фароҳам омадани шароити мусоид барои рушди соҳа ва таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ бо ангишт, аз соли 2013 то соли 2019 дар ҷумҳурӣ 18 адад корхона, аз ҷумла 6 корхонаи давлатӣ ва 12 корхонаи ғайридавлатӣ дар 11 кони ангишт, аз ҷумла 3 адад бо тарзи зеризаминӣ ва 15 адад бо тарзи кушода ба истихроҷи ангишт оғоз намуданд. Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» бузургтарин корхонаи истихроҷи ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар як сол тақрибан 900 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мекунад. Соли 2001 дар қитъаи ғарбии кони ангишт корхонаи фаръии «Кони ангишти Зиддӣ» бо истихроҷи тарзи кушоди ангишт ва бо иқтидори 120 ҳазор тонна дар як сол ба кор шурӯъ кард. Дар қатори корхонаҳои мавҷудаи соҳаи саноати ангишт дар давраи солҳои 2013–2020 бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корхонаҳои нав, аз ҷумла ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талко-Ресурс», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комбинати металлургии Тоҷик», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қудрат-2010», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сиёвуш» таъсис дода шуданд. Афзоиши истихроҷи ангишт ва пешрафти корхонаҳои соҳа маҳз дар ин давра ба назар расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз 87,3 миллион сомонӣ (2013) ба 380 миллион сомонӣ (2020), ҷалби сармоягузорӣ оид ба воридоти техника ва таҷҳизоти нав аз 27,1 миллион сомонӣ (2013) ба 56,4 миллион сомонӣ (2019) расонида шуд. Дар соли 2020 миқдори техникаҳои махсуси кӯҳӣ аз 36 то 889 адад расонида шуд, ки боиси афзоиши истихроҷи ангишт гардид. Дар ин давра ҳаҷми истихроҷи ангишт ба 2 миллион 29 ҳазор тонна расонида шуд, ки дар таърихи ҷумҳурӣ нишондоди баландтарин ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи ба роҳ мондани сиёсати дурусти ягонаи давлат дар бахши саноати истихроҷи ангишт ҷиҳати таъмини боэътимоди соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ангишт, дар самти кам кардани вобастагии кишвар аз воридоти гази табиӣ ва таъмини фаъолияти мунтазаму самараноки беш аз 200 корхонаи бузурги саноатӣ ва энергетикӣ бо истифода аз ангишт корҳои зиёди назаррас ба анҷом расонида шуданд. Ҳоло яке аз иншооти бузурги энергетикӣ — Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-2 — бо истифода аз ангишти кони «Фон-Яғноб» фаъолият мекунад. Лоиҳаҳои мазкур ба таъминоти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Хатлону Суғд бо энергияи барқ, гармӣ ва буғи технологӣ нигаронида шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки ҷуброни камбудҳои мавсимӣ дар истеҳсоли қувваи барқ таъмин гардида, қувваи барқи зиёдатӣ ба бозори энергетикии мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ содирот карда шавад. Бо назардошти ҳаҷми фаровони захираҳои ангишт ва имконоти мавҷуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият ва рушди соҳаи саноати ангишт заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ташкил карда шуд. Ҳоло содироти ангишт ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ монда шудааст. Аз солҳои 60-уми асри гузашта дар натиҷаи корҳои тадқиқотӣ-геологӣ як қатор конҳои нафту газ дар ҳудуди вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Ҳисор кашф карда шуданд. Инҳо конҳои нафту гази Равот, Ниёзбек, Айриғон, Қарақчиқум, Кичикбел, Қизилтумшуқ, Оқбашадир, Қӯрғонча, Шоҳамбарӣ, Бештенток, Сулдузӣ ва ғайра мебошанд. Аз соли 2001 нафт дар заводи нафткоркунии Шоҳонаи Конибодом коркард мешавад. Дар ҷумҳурӣ 13 кони газ ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла 7-тои он дар шимоли мамлакат ва конҳои гази Қизилтумшуқ (Ҷалолиддини Балхӣ) ва Шоҳамбарӣ дар қисми марказии мамлакат воқеъ аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли нафт зиёда аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда то соли 1990-ум ба зиёда аз 320 ҳазор тонна расида буд. Истихроҷи газ дар Тоҷикистон хеле кам буда, талаботи аҳолиро қонеъ намегардонад. Гази кони Қизилтумшуқ ба воситаи қубур ба Душанбе дода мешавад. Гази Қизилтумшуқ асосан ба Заводи нуриҳои азотии Вахш дода мешавад, вале захираи он ночиз буда, талаботи асосӣ бо гази табиӣ аз ҳисоби гази Ӯзбекистон таъмин карда мешавад. Соҳаи электроэнергетика дар Тоҷикистон аз давраи Ҳокимияти Шӯравӣ инкишоф ёфтааст. Асоси соҳаи электроэнергетикаи Тоҷикистонро неругоҳҳои барқи обӣ (беш аз 90%) ташкил медиҳанд. Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ аз солҳои 30-ум оғоз ёфт. Неругоҳҳои бузурги он давра неругоҳҳои барқи обии Норак (бо иқтидори 3 миллион киловатт), Сарбанд (210 ҳазор киловатт), Сангтуда 2, Бойғозӣ, Қайроқум (126 ҳазор киловатт) буданд. Аз замони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ба шумор меравад. Дар ин давра бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахши энергетика амалӣ карда шуд, ки ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 1861,8 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дод. Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф иншоотҳои обиву барқӣ ва як қатор неругоҳҳои бузурги барқӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта ба истифода дода шуд, инчунин татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 ва барқарору идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардид. Ҳоло иншооти бузурги соҳа неругоҳҳои барқи обии «Сангтуда – 1» (бо иқтидори 670 мегаватт) ва «Сангтуда - 2» (220 мегаватт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 (400 мегаватт), хатҳои интиқоли барқии «Ҷануб-Шимол» (500 киловолт), «Конибодом-Бодканд» (220 киловолт), «Лолазор-Хатлон» (220 киловолт) ва «Тоҷикистон - Афғонистон» (220 киловолт) сохта ба истифода дода шудаанд. Дар натиҷаи ин тадбирҳо иқтидори истеҳсолӣ ва имконияти содиротии мамлакат то андозае зиёд шуда, васеъ шудани инфрасохтори интиқоли барқ барои иқтисодиёту иҷтимоиёт имконияти навро фароҳам овард, некуаҳволии мардум ва дастрасӣ ба барқро беҳтар гардонд. Саноати мошинсозӣ, ҳарбӣ ва кимиё Инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ ва умуман иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ ба фаъолияти самараноки корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати ҳарбӣ ва кимиё алоқамандии зич дошта, дараҷаи тараққиёт ва сифати таҷҳизоти дар соҳа истеҳсолшаванда, метавонад ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ заминаи устуворро фароҳам оварад. Тамоюли барқароршавии вазъи истеҳсолӣ дар корхонаҳои соҳаи мазкур аз соли 2000-ум оғоз гардид. Агар дар соли 2000 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои соҳа 30,4 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин нишондод дар соли 2005 ба 131,2 миллион сомонӣ ва соли 2009 ба 150,8 миллион сомонӣ баробар шуд. Суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соли 2009 нисбат ба соли 2000 463% ва соли 2005 ба 107%-ро ташкил дод. Бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар давоми 30 соли Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ дар ин соҳа беш аз 20 корхона ва коргоҳҳои гуногун ба истифода дода шуд. Дар корхонаҳо, асосан маҳсулотҳо ба монанди ноқилҳои гуногунтамғаи алюминий, профилҳои алюминий, қубур ва профили металлӣ, маводҳои таркандаи саноатӣ, тракторҳо, автобусҳо, кунҷак ва швеллерҳо, профилҳои пластикӣ, криолит ва фториди алюминий, кислотаи сулфат, плитаҳои резинӣ, мехҳои махсус ва моеъҳои шӯянда истеҳсол карда мешаванд, ки маҳсулоти воридотивазкунанда мебошанд. Ҳамзамон беш аз 30 корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти гуногуни пластикӣ, 25 корхонаи коркарди пораву партовҳои металлӣ, 15 корхона ва коргоҳҳои дорубарорӣ ва гиёҳҳои шифобахш ва 12 корхонаи коркарди алюминийи аввалия мавриди истифода қарор дода шуд. Бо мақсади афзоиши ҳаҷми коркарди алюминийи аввалия ва таъмини бозори дохилӣ бо ноқилҳои баландшиддат ва бо ҷалби сармояи дохилӣ дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли ноқилҳо ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноқили Талко» таъсис дода шуд (2011). Иқтидори солонаи корхона коркарди 10 ҳазор тонна алюминий мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои соҳаи мазкур аз маблағи 655,7 миллион сомонӣ (2014) то ба 1986,2 миллион сомонӣ (2020) расонида шуд. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин давра аз ҳисоби корхонаҳои нави истеҳсолӣ мебошад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 23 корхонаву коргоҳҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ фаъолият мекунанд. Дар давоми соли 2020 корхонаҳо ба маблағи 34,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 18,1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 2 баробар зиёд шудааст. Дар саноати мазкур 298 адад корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ амал мекунанд, ки беш аз 40 номгӯи маҳсулоти асосии соҳаро истеҳсол карда истодаанд. Саноати хӯрокворӣ Ин соҳа асосан соҳаҳои истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот, равғанбарорӣ, шаробу нӯшокиҳои ғайриспиртию спиртӣ, тамокубарорӣ, каннодӣ, истеҳсоли намак, истеҳсоли орд ва гӯшту ширро фаро мегирад. Мақсади стратегии он аз таъминоти устувор ва кафолати аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоии бехатар ва дорои сифати баланд иборат буда, дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ тавассути ворид кардани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Сиёсати инноватсионӣ дар соҳаи мазкур дар заминаи воридоти техника ва технологияҳои муосир, такмили низоми фурӯши маҳсулот дар асоси маркетинг, ташкили коркарди самараноки ашёи хоми дохилӣ ва фурӯши маҳсулоти ниҳоӣ дар мағозаҳои фирмавии корхонаҳои коркард, таъмини бехатарии коргарон, сарфаи захираҳои истифодашаванда, бозомӯзии мутахассисони соҳа дар давлатҳои мутараққие, ки натиҷаҳои назарраси инноватсионӣ ба даст овардаанд, амалӣ карда мешавад, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти истеҳсолӣ мусоидат мекунад. Истифодаи техникаю технологияҳои муосири хориҷӣ дар истеҳсолот, ҷалби мутахассисони касбии хориҷӣ ва омодасозии кадрҳои сатҳи муносиб барои татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар хориҷи кишвар ба рушди инноватсия ва самаранокии истеҳсолот дар соҳа мусоидат кард. Ин пеш аз ҳама дар мисоли баланд шудани сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маводи бандубаст, истеҳсоли маҳсулоти гӯштию ширӣ, маҳсулоти қаннодӣ, намаки ошӣ, нӯшокиҳо, маҳсулоти макаронӣ, орд, нон ва маҳсулоти нонӣ ба назар мерасад. Таҷдиди хатҳои технологии корхонаҳои амалкунанда ва бунёди корхонаҳои муосир имкон фароҳам овард, ки коркарди саривақтии ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифату ивазкунандаи воридот дар истеҳсолот ҷорӣ гардида, иқтидорҳои истеҳсолӣ талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти гӯштию ширӣ, консерваи меваю сабзавот, орд, макарон, нон ва маҳсулоти нонӣ, намаки ошию техникӣ, нӯшокиҳои спиртию ғайриспиртӣ таъмин намоянд. Тибқи маълумоти расмии омор, соли 1991 дар ҷумҳурӣ 94 корхонаи саноати хӯрокворӣ мавҷуд буд. Дар давраи Истиқлоли давлатӣ ин шумора мунтазам боло рафта, соли 2021 ба 525 корхона расонида шуд. Танҳо дар ҳашт соли охир (2013–2020) дар саноати хӯрокворӣ 495 корхона ва коргоҳ бо дарназардошти васеъгардонии истеҳсолоти мавҷуда сохта ба истифода дода шуд. «Комбинати орди Душанбе», «Суғдиён», «Чархи гандумин», «Зерновая компания», «Султони Ҳаким», «Астана», «Кока-Кола нӯшокиҳои Тоҷикистон», «RC Душанбе», «Сиёма», «Авесто Гурӯҳ», «Макколӣ», «Грин-Фудс», «Афзали Суғд», «Шири Данғара», «ТҶ-МОЛ», «Тиҷорати Сорбон», «Сирдарё», «Аштфрут», «Хуҷ-Андагро», «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ», «Арай ТҶ» ва ғайра корхонаҳои азими кишвар буда, дар пешрафти саноати хӯрокворӣ саҳми назаррас доранд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ низ аз соли 1996 тамоили устувори рушд пайдо кард. Соли 1996 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 48,3 миллион сомониро ташкил дода, дар соли 2020 ин нишондод ба 6 миллиард 768,9 миллион сомонӣ баробар шуд, ки ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишвар ба 22% расонда шуд. Ҷиҳати паст намудани таъсири шиддати омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар дар ин давра пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба соҳаи саноат ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва густариши ҳамкориҳо бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонии кишварҳои Аврупо ва Осиё ба монанди ширкатҳои «ХАСКИ» (Ҷумҳурии Люксембург), «СИДЕЛ», «АДУЕ», «VGB», «Мингаззин» (Ҷумҳурии Италия), «ТРАН» (Ҷумҳурии Фаронса), «Франсуа» (Шоҳигарии Белгия), «АСКО» (Конфедератсияи Шветсария) ва ширкати «НАНТЕН» (Ҷумҳурии Финландия) дар самти воридоти хатҳои технологии муосир дар корхонаҳои ватанӣ мусоидат карда, ба инкишофи саноати хӯрокворӣ, аз ҷумла таъсиси брендҳои ватанӣ такон бахшид. Ин пеш аз ҳама дар мисоли баланд шудани сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маводи бандубасти маҳсулоти хӯрокӣ, таъсиси брендҳои ватанӣ ба монанди «Сиёма», «Оби зулол», «Амири», «Файзи Расул», «Шоҳона», «Фарозон», «Арзанда» ва дар корхонаҳои ватанӣ роҳандозӣ гардидани истеҳсоли брендҳои шинохтаи ҷаҳонии «Кока-Кола», «Пепси», «Фанта», «Миринда», «Бонаква», «Сеналко», «Буона» ва «Магна» ба назар мерасад. Дар натиҷа, воридоти нӯшокиҳои ташнагишикан аз 28,4 ҳазор тонна дар соли 2013 ба 16,7 ҳазор тонна дар соли 2020 расонида шуд, ки нисбат ба соли 2013 1,7 баробар ва ё 11,7 ҳазор тонна кам мебошад. Адабиёт: Султонов З. Ресурсно-экономический потенциал регионов Таджикистана. Душанбе, «Дониш» 1994; Ш. Ғаффоров, Ғ. Хоҷаев, А. Эшбоев. Захираҳои табиӣ ва вазъи истифодабарии онҳо. Душанбе. «ДДТТ», 2004; Утаганов А., Ғаффоров Ш. //Дастури таълимӣ-методӣ аз фанни «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Душанбе, 2007. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 325–330.

0

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Минтақаи озоди иқтисодӣ ҳудуди махсуси аз ҷониби давлат ҷудошуда, ки дорои имтиёзҳои боҷию молиявист ва бо ҳадафҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис ёфтааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мақсади таъмини шароити мусоид барои суръат бахшидан ба рушди иқтисоди мамлакат, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо ҷои кор, рушди иқтисодиёт дар асоси технологияи инноватсионӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, муттаҳидсозӣ ва истифодаи маҷмӯи сармояи давлатӣ, тиҷоратӣ ва хориҷӣ, санҷиши усулҳои нави хоҷагидорӣ, ки ба омезиши шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтаанд, дар иқтисодиёт ҷорӣ намудани ихтироот ва коркарди илмию техникии ватаниву хориҷӣ бо истифодаи баъдии онҳо дар дигар ташкилотҳои ҷумҳуриягӣ, густариши истеҳсоли молҳои истеъмолӣ ва хидматрасониҳо, афзун намудани содироти маҳсулот ва амалӣ кардани дигар вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ташкил шудаанд. Соли 2004 бо мақсади афзудани рақобатпазирии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини рушди иқтисодӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ тавассути рушди минтақаҳои кишвар, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии мамлакат ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ 5 минтақаи озоди иқтисодӣ «Суғд», «Данғара», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Кӯлоб» таъсис дода шуданд, ки аз онҳо минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Данғара» фаъол маҳсуб мешаванд. Дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар барномаи махсуси андозбандӣ амал карда, андоз аз даромад, андоз аз истифодабарандагони роҳ, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фурӯши пахта ва алюминийи аввалия, андоз аз захираҳои табиӣ, аксизҳо, андозҳо аз воситаҳои нақлиёт, амволи ғайриманқул ва боҷҳои гумрукӣ барои содироти маҳсулоти дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда ба сифр фоиз баробар аст. Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ танҳо ду намуд андоз: андози иҷтимоӣ (25%) ба Фонди музди меҳнат ва андоз аз даромад (8%–13%), ки аз музди меҳнати корманд нигоҳ дошта мешавад, пардохт мекунанд. Ҳифзи ҳуқуқҳо, афзалиятҳо ва ҳуқуқҳои баробари сармоягузорони ватанию хориҷӣ, дахолат накардани давлат ба тиҷорат, ҳуқуқи интиқоли даромад ба хориҷа, ҳаракати бемамониати моликият ва иттилоот, ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ кафолат дода мешаванд. Мутобиқи низомнома арзиши солонаи иҷораи қитъаи замин барои 1 метри мураббаъ 1 долларро ташкил мекунад. Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» соли 2009 таъсис ёфта, дар қисми ҷанубу ғарби шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Масоҳати умумиаш 320 гектар аст. Муҳлати амали он 25 сол муайян карда шудааст. Дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 31 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 26 субъектро корхонаҳои ватанӣ ва 5 субъектро корхонаҳои муштарак ташкил медиҳанд. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба истеҳсоли гелиоколлекторҳои офтобӣ, лӯлаҳои пластикӣ, ноқилҳои барқӣ, профилҳои алюминий ва пластикӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва рангҳо, зарфҳои пластикӣ, маҳсулоти гӯштӣ, инчунин ба коркарди такрории оҳан ва ғайра машғуланд. Моҳҳои январ – июни соли 2021 дар ин минтақа 12 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 118184,0 ҳазор сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Реал» ба маблағи 522407 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Равзана Пластик» – 456,8 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Стар Пласт» – 3100,7 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Силкоат Бойя» – 4800,4 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Арча мебел» – 2590,8 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки ТТ «Таҷпроф» – 77618,6 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фортуна Ко» – 2784,1 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикполиэтилен» – 2021,2 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки ТТ «Афранг Пластик» – 8819,0 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ариана метал пласт» – 9448,0 ҳазор сомонӣ ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Донаи алмос» – 1319,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷойгир буда, соли 2009 дар масоҳати 521,3 гектар ба муҳлати 25 сол таъсис ёфтааст. Дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 25 субъект ба қайд гирифта шудааст. Моҳҳои январ – июни 2021 дар ин минтақа 9 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 25614,7 ҳазор сомониро ташкил дод, аз ҷумла, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷпласт-1» ба маблағи 10049 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Грин Голд» – 12 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Миср-2001» – 102 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Детйен Бетон» – 1751,1 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ауфен» – 12826 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр Саноат» – 578,4 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оро» – 29,2 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷи Осиё» – 105 ҳазор сомонӣ ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон-11» – 162 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷойгир буда, соли 2008 таъсис ёфтааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» комплексӣ буда, ба муҳлати 25 сол дар масоҳати 401,6 гектар ташкил шуда, як қисми он бо 186 гектар ба бахши тиҷорат, воридот, содирот, молия ва инноватсия ва қисми дувум бо 215,6 гектар ба бахши саноат тааллуқ дорад. Дар минтақа 11 субъект (то январи соли 2021) ба қайд гирифта шудааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дорои захираҳои бузурги ашёи хом, ба мисли реги кварсӣ ва пахтаи хом, инчунин маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буда, соли 2009 дар масоҳати 200 гектар таъсис ёфтааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим», асосан, минтақаи истеҳсолию тиҷоратӣ, сайёҳӣ, сармоягузорӣ ва савдои наздисоҳилӣ буда, ба муҳлати 50 сол ташкил шудааст. Дар минтақа 5 субъект (то январи соли 2021) ба қайд гирифта шудааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар чорроҳаи чор давлати Хитой (Қошғар) — Тоҷикистон (Ишкошим) — Афғонистон (Файзобод) — Қирғизистон (Ӯш) воқеъ аст. Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим аз канданиҳои фоиданок сангҳои гаронбаҳо (кони «Кӯҳи лаъл», ки дар он санги гаронбаҳои лаъл истихроҷ мешавад) ва ороишию сохтмонӣ, захираи зиёди санги мармар мавҷуд аст, ки барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва дар ин замина ташкил намудани ҷойҳои нави кор мусоидат менамоянд. Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» соли 2019 дар масоҳати 309 гектар таъсис ёфта, соли 2020 ба фаъолият оғоз намуд. Дар минтақа 1 субъект (то январи соли 2021) ба қайд гирифта шудааст. Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаи иқтисодии мазкур ва бо ин васила ба шуғл фаро гирифтани шумораи бештари аҳолии маҳаллӣ минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дода мешавад. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар 1 гектар бунёди корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо бо арзиши беш аз 1,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар марҳалаи аввал истеҳсоли ҳавотозакунакҳои навъҳои гуногуни ҳавоӣ ва равғанӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба роҳ монда мешавад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 324–325.

0

Иқтисодиёт

Иқтисодиёт соҳаи муҳими хоҷагии халқи мамлакат буда, хусусиятҳои хосси тарзи истеҳсолот, инчунин хусусиятҳои фарқкунандаи мамлакатҳои алоҳидаро бо дар назар доштани мавқеи ҷуғрофиёӣ, ширкат дар тақсимоти байналмилалии меҳнат, анъанаҳои таърихие, ки тавассути сатҳи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва дигар шароитҳои мушаххаси таърихӣ ба даст омадаанд, ифода мекунад. Иқтисодиёт соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ – саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт, савдо, соҳаи ғайриистеҳсолӣ – маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайраро дар бар мегирад. Истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба истеҳсолоти воситаҳои истеҳсолот ва истеҳсолоти маҳсулоти истеъмолшаванда ҷудо мешавад, ки таносуби байни онҳо асоси пешрафти техникиро таъмин мекунад. Иқтисодиёти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ хоҷагии халқи ягона, маҷмӯе буд, ки ҳама зинаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ, тақсимот ва мубодиларо дар ҳудуди мамлакат дар бар мегирифт. Он ба истеҳсолоти бузурги мошинӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ такя карда, аз рӯи нақша барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ инкишоф меёфт. Дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ҷамъияти сотсиалистии мутарақкӣ бунёд шуд. Пайдо шудани якчанд давлати сотсиалистӣ дар ҷаҳон боиси ба вуҷуд омадани иқтисодиёти низоми ҷаҳонии сотсиализм гардид, ки самти асосии тараққиёти он пуриқтидор кардани раванди ҳамгароии иқтисодии сотсиалистӣ, наздик кардани хоҷагии халқи мамлакатҳои сотсиалистӣ ва ташаккули муносибатҳои устувор дар соҳаҳои асосии иқтисодиёт, илм ва техника буд. Иқтисодиётро ба шаклҳои зер ҷудо мекунанд: иқтисодиёти некуаҳволӣ (welfare economics), пӯшида (closed economy), сармояи бошиддат, кушода (opened economy), гузариш (transiting economy), бозорӣ (market economy) ва иқтисодиёти омехта (mixed economy). Тоҷикистон аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофиёӣ ва табиии худ яке аз минтақаҳои муҳими иқтисодии Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Пас аз соҳибихтиёр шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъ гардидани робитаҳои хоҷагӣ байни корхонаҳо, аз байн рафтани бозорҳои анъанавии фурӯш, камбуди ҷиддии захираҳои молӣ иқтисод ва тиҷорат ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Минбаъд марҳилаҳои иқтисодиёти Тоҷикистонро аз ибтидои соҳибистиқлолӣ то айни замон шартан ба 3 давра метавон ҷудо кард. Давраи аввал солҳои 1991–1994 таҳлили низоми шӯравӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ногувори ҷанги шаҳрвандӣ, давраи дуввум солҳои 1995–1999 раҳоӣ бахшидани иқтисоди кишвар аз ҳолати буҳронӣ, тағйироти сохторӣ ва институционалӣ, гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ; давраи севвум солҳои 2000–2014 солҳои рушди устувори иқтисодӣ. Соли 2011 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 952 корхонаи саноатӣ мавҷуд буд. Маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ дар 9 моҳи соли 2012 – 1,4 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико-ро ташкил кард. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 дар соҳаи саноат 219 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷои корӣ, аз ҷумла, дар вилояти Суғд 59 корхона бо 969 ҷойи кори нав, вилояти Хатлон 57 корхона бо 678 ҷойи кори нав, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3 корхона бо 87 ҷойи кори нав, шаҳри Душанбе 60 корхона бо 812 ҷойи кори нав ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 40 корхона бо 386 ҷойи кори нав сохта ба истифода дода шуданд. Аз шумораи умумии корхонаҳои нав: 38 корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 53 корхона ба саноати сабук, 50 корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 62 корхона ба саноати хӯрокворӣ, 2 корхона ба саноати маъдан, 1 корхона ба саноати ангишт, 5 корхона ба соҳаи табъу нашр ва 8 корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд. Саноатчиёни кишвар соли 2019 дар самтҳои гуногуни саноат фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 27 миллиард 586,6 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 3 миллиард 809,4 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 113,6%-ро ташкил дод. Соли 2019 256 корхонаи азими саноатӣ фаъолияти худро ҷамъбаст намуда, ба маблағи 14,6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2018 4,6 миллиард сомонӣ зиёд аст. То 1 апрели 2021 дар Тоҷикистон 603,3 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 83,8 ҳазор нафар тибқи шаҳодатнома, 345 ҳазор тибқи патент фаъолият мекунанд ва 178,410 хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуданд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои 2012–2019 | Нишондиҳанда | 2012 | 2013 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | | :--- | :--- | :--- | :--- | :--- | :--- | :--- | :--- | :--- | | Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо нархҳои амалии мутобиқи солҳо, миллион сомонӣ | 36163,1 | 40525,5 | 45606,6 | 50977,8 | 54790,3 | 64434,3 | 71059,2 | 77354,7 | | Суръати афзоиш бо ҳисоби фоиз нисбат ба соли гузашта | 107,5 | 107,4 | 106,7 | 106,0 | 106,9 | 107,2 | 107,6 | 107,5 | | Ба ҳар нафар аҳолӣ, сомонӣ | 4579,17 | 5019,7 | 5523,6 | 6031,7 | 6336,3 | 7291,4 | 7870,2 | 8388,3 | | Бо доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико | 961,5 | 1053,5 | 1119,3 | 978,5 | 808,7 | 852,8 | 860,0 | 880,2 | Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ арзиши бозории мол ва хизматҳо, ки шаҳрвандони кишвар дар дохил ва берун аз кишвар дар муддати як сол истеҳсол намудаанд. Натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро мол ва хизматҳое ташкил медиҳанд, ки дар муҳлати муайяни вақт истеҳсол шудаанд ва онҳоро маҳсулоти миллӣ меноманд. Соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 87,379 миллион сомонӣ муқаррар шуд, ки нисбат ба соли 2019 ба андозаи 11,7% зиёд буд. Дар назар дошта шудааст, ки солҳои 2021–2022 маҷмӯи маҳсулоти дохилии номиналӣ бо ҳисоби миёна ба 11,0% афзоиш ёфта, ба 108,793 миллион сомонӣ баробар мешавад. Афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои 2020 – 7,8%, соли 2021 - 7,9% ва дар соли 2022 - 8,0%-ро ташкил медиҳад. Мутобиқи ҳисоботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваррум дар соли 2020 – 6,8% (яъне нархҳо ба андозаи 6,8% дар 12 моҳ аз декабри 2019 то декабри 2020) ва дар солҳои 2021 ва 2022 – 6,8% ва 6,6%-ро ташкил медиҳад. Андоз Бо мақсади мукаммал ва дар як санади меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим даровардани низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри 1998 нахустин Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, аз 1 январи 1999 мавриди амал қарор гирифт. Дар доираи он тамоми муқаррароти асосии маъмурӣ, намудҳои мушаххаси андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ оварда мешаванд, пешбинӣ гардида, бори нахуст додани рақами мушаххаси андозсупорӣ ба андозсупоранда ба назар гирифта, шумораи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ кам карда шуд. Бо дар назар доштани такмили марҳалавии низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004 Кодекси андоз дар таҳрири такрорӣ (бори дуввум) қабул карда шуд, ки дар он 21 намуди андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, аз ҷумла андози ҳадди ақал аз даромадҳо ва андоз аз фурӯши чакана пешбинӣ шуда буд. Соли 2011 лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав омода гардида, соли 2012 қабул ва аз 1 январи 2013 мавриди амал қарор дода шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 намуди андоз амал мекунад: андозҳои умумидавлатӣ: (андоз аз даромад; андоз аз фоида; андоз аз арзиши иловашуда; аксизҳо; андози иҷтимоӣ; андозҳо барои захираҳои табиӣ; андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард; андоз аз фурӯши алюминийи аввалия) ва андозҳои маҳаллӣ (андоз аз воситаҳои нақлиёт ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул). Дар Кодекси андоз 4 низоми имтиёзноки андозбандӣ пешбинӣ шуд, ки ба ҷалби сармоя мусоидат намуда, ба дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт нигаронида шудаанд (аз ҷумла, андозбандии сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, андозбандии корхонаҳои навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда, ки ба силсилаи комили коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ машғуланд, андозбандӣ аз рӯи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот ва андозбандии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ). Ҳамзамон, дар Кодекси андоз чандин тағйиру илова ворид карда шуд. Аз ҷумла, низоми имтиёзноки андозбандии фаъолияти парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво (соли 2013); низоми имтиёзноки андозбандии субъектҳои бозори қоғазҳои қиматнок (соли 2015). Дар маҷмӯъ дар Кодекси андоз низоми имтиёзноки андозбандӣ то 6 адад расонида шуд, бекор намудани андоз аз фурӯши нахи пахта ва бар ивази он ҷорӣ намудани боҷи содиротии нахи пахта (соли 2016); ба муҳлати 5 сол аз андоз аз фоида озод намудани даромадҳо аз фаъолияти сайёҳӣ (соли 2017); бекор кардани санҷишҳои маҷмӯӣ ё мавзӯӣ ҳангоми қатъкунии фаъолияти хоҷагии кишоварзӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ (соли 2018); таҳвили (фурӯши) либосҳои ягонаи мактабӣ ва томактабӣ (истеҳсоли ватанӣ) ва маводди давоии истеҳсоли ватанӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд (соли 2018), воридот ва таҳвили баъдии автомобилҳои нав (аз санаи барориш 1 сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то 10 ҳазор километр бошад) бо мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 аз пардохти 50% маблағи андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд (соли 2018) ва аз моддаи 109-уми Кодекси андоз меъёри 1%-и андоз аз даромади умумии корхонаҳо хориҷ карда шуд (соли 2020). Дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва татбиқи стратегияву барномаҳои соҳавӣ, чораҳо андешида шудаанд. Аз ҷумла, дар доираи амалӣ кардани Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011–2019 аз ҷониби мақомоти андоз тавассути таҳия ва мавриди амал қарор додани барномаҳои компютерӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сифати хизматрасониҳо ба андозсупорандагон, аз соли 2013 оғоз намуда, тартиби ба тариқи электронӣ пешниҳод кардани эъломияҳои андоз ҷорӣ карда шуд. Аз ҷониби мақомоти андоз барои чунин андозсупорандагон дар 38 нуқтаи нозироти андози шаҳру ноҳияҳо ҳуҷраҳои алоҳида (терминалҳо) бо компютерҳои ба Интернет пайваст кушода шудаанд, ки дар онҳо барои мусоидат ба андозсупорандагон ҷиҳати истифодаи дурусти хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла пешниҳоди электронии эъломияҳо, кормандони алоҳида вобаста гардидаанд. Ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва пешгирии қонуншиканиҳо дар ҳисоб ва пардохти ин намуди андоз, аз 1 июли 2015 истифодаи ҳисобнома-фактураҳои электронии андоз аз арзиши иловашуда низ ҷорӣ карда шудааст, ки маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашударо сифатан тағйир дод. Бо мақсади сода ва мувофиқ намудани пардохти андозҳо ва сарфа намудани вақти субъектҳои хоҷагидор дар сомонаи Кумитаи андоз шакли нави хизматрасонӣ ҷорӣ карда шуд, ки бо истифода аз он шаҳрвандон ва андозсупорандагон имкон доранд, ки маблағи андоз аз объектҳои ғайриманқул, андози замин ва андоз аз воситаҳои нақлиётро бо истифодаи кортҳои бонкӣ («VISA», «Master Card» ва «Корти миллӣ») пардохт намоянд. Дар баробари пардохти ғайринақдии маблағи андозҳои мазкур бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ, тавассути сомонаи Кумитаи андоз хизматрасонии интернет-эквайринг ҷорӣ карда шуд. Ҷиҳати бештар намудани муомилоти ғайринақдӣ ва саҳл намудани иҷрои ҳисоббаробаркуниҳо, Кумитаи андоз якҷо бо Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ бо истифода аз (рамзҳои бақайдгирӣ) РК-рамзҳо ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳоро оғоз намуд, ки мавриди амал қарор гирифтани чунин тартиб пеш аз ҳама ба коҳиш додани муомилоти нақдӣ, шаффоф нишон додани амалиёти анҷомдодаи андозсупорандагон, дар ҳисобҳо пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои андоз ва коҳиш додани иқтисоди пинҳонӣ мусоидат кард. Ҷиҳати сода намудани раванди баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашудаи пардохтгардида, амсилаи (модули) нави хизматрасонӣ омода ва мавриди амал қарор гирифт, ки тибқи он пешниҳоди аризаи андозсупоранда ва хулосаи мақомоти андоз дар бораи баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин шакли хизматрасонӣ барои сари вақт баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда, сарфаи вақти (хароҷоти) андозсупорандагон, инчунин баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дар ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ «Рушди соҳибкорӣ» мусоидат менамояд. Ислоҳоти пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ фаъолияти худро аз такмили заминаи қонунгузорӣ, ба муомилот баровардани пули миллӣ, бунёди сиёсати мукаммали пулию қарзӣ, таҳкими назорати бонкӣ ва муҳайё кардани ҳисоббаробаркуниҳои мунтазаму боэътимод оғоз намуда, то ин замон ба чандин дастоварди бузург ноил гардид. Баъди ба даст овардани Истиқлол ва авҷи низоъҳои дохилӣ дар шароити сатҳи баланди таваррум ва беқурбшавии пул, Тоҷикистон бештар ба ҳимояи иқтисодиёти худ ва татбиқи сиёсати самараноки иқтисодӣ ниёз дошт. Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои кишвар ва суръат бахшидан ба дигаргуниҳои иқтисодӣ ва бунёди низоми пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 майи соли 1995 Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани пули миллӣ бо қарори № 8 (324) «Дар бораи тартиби дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани пули миллӣ — рубли тоҷикӣ» қарор қабул кард. Аз 10 майи 1995 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ — рубли тоҷикӣ — бо арзишҳои 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубл ба муомилот бароварда шуд. Ба муомилот баровардани рубли тоҷикӣ зарурати ба таври дақиқ муайян кардани оқибати он ба равандҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ташкили механизми пурраи танзими муносибатҳои пулию қарзӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Ин раванд дар маҷмӯъ то андозае имкон дод, ки вазъи иқтисодии кишвар муътадил гардад ва барои баровардани пули нави миллӣ — «сомонӣ» омодагӣ гирифта шавад. Дар ин муддат барои баланд бардоштани қобилияти харидории рубли тоҷикӣ ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии дохилӣ як силсила тадбир андешида шуд. Аз ҷумла, муайян кардани қурби рубли тоҷикӣ нисбат ба асъори хориҷӣ оғоз ёфта, ҳисоббаробариҳо бо ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ба тартиб дароварда шуданд ва дар бораи назорати асъор дастурамулу низомномаҳои дахлдор таҳия ва қабул гардиданд. Илова бар ин, ба муомилот баровардани рубли тоҷикӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон имкон дод, ки қарзи дохилии худро дар назди шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар бобати пардохти маош, нафақа, идрорпулӣ ва дигар пардохтҳои ба он баробар пардохт кунад ва Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати мустақилонаи пулию қарзии хешро пеш бибарад. Ин рӯйдоди муҳим аз ҷониби мутахассисони соҳаи иқтисод қадами инқилобӣ арзёбӣ гардида, ҳамчун оғози давраи сифатан нави ислоҳоти иқтисодии мамлакат баҳои сазовор гирифт. Рубли тоҷикӣ яке аз василаҳои асосии ба даст овардани истиқлоли иқтисодии кишвар гардид ва имкон дод, ки то андозае муътадилии макроиқтисодӣ таъмин карда шавад. Маҳз дар ҳамин давраи инкишоф зарурати қабул намудани маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки мебоист мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро ба сифати бонки танзимгар равшан ифода намуда, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ фаъолияти онро ба роҳ монад, ба миён омад. Бино бар ин, соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» қабул шуд, ки барои ба бонки марказии муосир табдил ёфтани Бонки миллии Тоҷикистон ва таъмини устувории пули миллӣ замина гузошт. Иқдоми мазкур дар якҷоягӣ бо маҷмӯи чорабиниҳои дигари иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодии кишвар, таҷдиди низоми бонкӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сирри бонкӣ, ҳифзи пасандозҳо ва ғайра имкон доданд, ки иқтисодиёти кишвар давраи таназзулро паси сар намояд ва барои ворид намудани нишонҳои нави пули миллӣ — «сомонӣ» дар соли 2000-ум заминаи зарурӣ фароҳам оварда шавад. Аз даврони истиқлоли давлатӣ то инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилоти пулии кишвар асъори зерин истифода бурда шудааст: Пули миллӣ (рубл)-и собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ то 6 январи соли 1994; Рубли Федератсияи Россия (барориши соли 1993) – аз 6 январи соли 1994 то 10 майи 1995; Рубли тоҷикӣ – аз 10 майи 1995 то 30 октябри 2000; Сомонӣ – аз 30 октябри 2000 то инҷониб. Вобаста ба муътадил шудани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат зарурати ислоҳоти дуввуми пулӣ ва ба муомилот баровардани пули дорои унсурҳои ҳимоявии муосир, ки мебоист ҳамзамон мероси таърихию фарҳангии тоҷиконро таҷассум намояд, ба миён омад. Бо мақсади сари вақт чоп намудани пули миллӣ соли 1999 Бонки миллии Тоҷикистон бо корхонаи Giesecke + Devrient GmbH (Олмон) шартнома ба имзо расонид. Аз 30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллии кишвар — «сомонӣ», ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849–907) номгузорӣ шудааст, ба муомилот бароварда шуд. Пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. Соли 2010 бино бар зарурат ва эҳтиёҷоти муомилоти пулии мамлакат пулҳои коғазӣ бо арзиши 3, 200, 500 сомонӣ ба муомилот ворид карда шуданд. Ҳамчунин, бо мақсади истифода дар муомилот, аз соли 2001 тангаҳои филизӣ ва аз соли 2004 ба муносибати ҷашну санаҳои таърихӣ тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ сикка зада мешаванд. Низоми бонкӣ Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми асосии ҷудонашавандаи бахши молиявӣ буда, барои амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ ва иқтисодии кишвар нақши муҳим дорад. Вобаста ба ин, яке аз вазифаҳои асосии низоми бонкӣ пешбурди миёнаравии молиявӣ тавассути ҷалби захираҳои пулии озоди аҳолӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, равона намудани онҳо ба воситаи қарздиҳӣ ба субъектҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дусатҳа буда, аз сатҳи болоӣ – Бонки миллии Тоҷикистон ва сатҳи поёнӣ – ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла, бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, ҳамчунин ташкилотҳои маблағгузории хурде, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар кишвар фаъолият мекунанд, иборат мебошад. Яке аз ҳадафҳои Бонки миллии Тоҷикистон таъмини устувории низоми бонкии давлат аст. Аз рӯи ин, Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии молиявӣ буда, дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи фаъолияти Бонки исломӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва дигар қонунҳои соҳавӣ бо мақсади нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии молиявиро ба роҳ мондааст. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ яке аз қисмҳои пайвасткунандаи байни саноат ва савдо, кишоварзӣ ва аҳолӣ мебошанд. Инчунин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳисоббаробаркунии пулӣ, қарздиҳии хоҷагиҳо, миёнаравӣ дар азнавтақсимкунии сармоя, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва ҳосилнокии меҳнатро таъмин намуда, хизматрасониҳо ва маҳсулоти бонкиро тавассути шабакаҳои васеи худ, аз ҷумла филиалу марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод менамоянд, ки ба фарогирии молиявии кишвар мусоидат мекунанд. Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи низоми бонкии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият намуда, бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни 1991 (№ 332) Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Нақши бонки марказӣ ва иҷрои вазифаҳои он ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон вогузор шуд, бонкҳои дигар дар заминаи бонкҳои соҳавӣ, ки пас аз пош хӯрдани собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ боқӣ монданд, ба расмият дароварда шуда, фаъолияти худро идома доданд. Баробари ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ, низоми бонкии ҷумҳурӣ низ то андозае ба соҳибихтиёрию мустақилӣ соҳиб гашт ва ба бунёди низоми миллии бонкдорӣ оғоз намуд. Низоми бонкӣ дар солҳои 1992–1995 ба мушкилоте, ки иқтисодиёти ҷумҳурӣ нисбат ба онҳо ҳассос буд, дучор омад. Соли 1992 дар қаламрави ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 10 бонк фаъолият мекард. Сохтори низоми бонкии кишвар тадриҷан мукаммал гардида, дар ҷамъбасти соли 2020 дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 69 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 18 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд фаъолият намуда, аз мавҷудияти шароити мусоиди макроиқтисодӣ ва пешбурди сиёсати оқилонаи самараноки пулию қарзии низоми бонкии кишвар шаҳодат медиҳанд. Дороии умумии бонкҳо, ҷамъиятҳои қарздиҳӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ дар соли 2000 311 миллион сомонӣ (17,2% нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ)-ро ташкил намуда, дар интиҳо дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба 26 307,4 миллион сомонӣ (31,9% нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) баробар гардиданд. Уҳдадориҳо дар ин давра аз 272 миллион сомонӣ (15,1% нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) то ба 19 131,7 миллион сомонӣ (23,2% нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) зиёд гардиданд. Раванди таҳким ва такмили бахшҳо ва ҷанбаҳои гуногуни низоми бонкӣ ҳанӯз ҳам идома дорад ва он барои устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, мувофиқ будан ба меъёрҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ, ҷавобгӯ будан ба талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодиёт равона шудааст. Низоми бонкии мамлакат ба низоми байналмилалии бонкӣ ворид шуда, аксари навгониҳои олами бонкдории ҷаҳонӣ дар фаъолияти худ ҷорӣ кард ва ҳамқадами давраю замон гардид. Ба меъёрҳои байналмилалии ҳисобдорӣ гузаштани Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат ҳамкории ин низомро бо низоми бонкии ҷаҳонӣ боз ҳам қавитар гардонд. Кори босамари низоми электронии пардохт, кортҳои пардохтии бонкҳо, банкоматҳо, посттерминалҳо низ дар фаъолияти бонкҳои ҷумҳурӣ яке аз омилҳои ба даст овардани боварии мардум ба низоми бонкдорӣ ба ҳисоб мераванд. Дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ дар мамлакат заминаи боэътимоди қонунгузории соҳаи бонкдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ин соҳа ба вуҷуд оварда шуд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» (1996), «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» (1995), «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» (1998), «Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ» (2003), «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» (2004), «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» (2009), «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» (2011), «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» (2011), «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ» (2014), ки дар танзими низоми бонкии мамлакат нақши муҳимро доро мебошанд, мавриди амал қарор доранд. Афзоиши пасандозҳои аҳолӣ яке аз дастовардҳои муҳими низоми бонкдории мамлакат маҳсуб мешавад. Соли 2020 ҳаҷми умумии пасандозҳо дар муқоиса ба соли 2002 беш аз 77 баробар афзуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил кард. Вобаста ба ин, имкони молиявии ташкилотҳои қарзии ватанӣ бештар гардид, танҳо дар соли 2020 ба муштариён ба маблағи 10,0 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод карданд, ки ба таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мусоидат намуд. Бо пешрафти низоми бонкӣ шаклу сифати хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ низ мунтазам ба таври мусбат тағйир меёфт. Ташкилотҳои қарзӣ дар баробари навъҳои маъмули хизматрасонии бонкӣ, мисли амалиёти хазинавӣ, додани қарз, қабули пасандозҳо, амалиёти муосири бонкӣ, аз қабили амалиёти сейфӣ, ҳамлу нақл, ҳисоббаробаркунӣ бо кортҳои пардохтии бонкӣ ва пардохти электронӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Дар баробари ин, бо мақсади ҷорӣ намудани хизматрасонии муосири бонкӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии бонкӣ, дар ташкилотҳои қарзӣ технологияҳои муосири хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, ба мисли бонкдории мобилӣ, интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути навъи қолаби хатрамз QR-рамз ва маблағҳои электронӣ бомуваффақият татбиқ шуда истодаанд, ки бо истифода аз онҳо муштариён бемамониат амалиёти пардохтиро ба таври ғайринақдӣ анҷом медиҳанд. Бо мақсади бунёди низоми бонкии солим ва масъул дар мамлакат, ҳамчунин ҳимояи манфиатҳои ташкилотҳои қарзӣ Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва барои ҳифзи манфиати ташкилотҳои қарзии хурд Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ташкил гардид. Таъсиси бюроҳои қарзӣ низ барои шаффофияти фаъолияти қарздиҳӣ ва таъсиси пойгоҳи муътамади парвандаҳои қарзӣ дар кишвар мусоидат намуд. Бо мақсади таҳкими устуворӣ, амният ва эътимоднокии низоми бонкии мамлакат, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба ташкилотҳои қарзӣ ва васеъ гардонидани имконоти қарздиҳии онҳо, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат барои хизматрасонии молиявӣ ба муштариён санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон такмил дода шуданд. Барои таъмини шаффофият ва беҳтар намудани назорати фосилавии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ҳар сол Феҳристи шаклҳои ҳисоботҳои танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ такмил дода мешавад. Бо мақсади идомаи ислоҳот баҳри мукаммал намудани фаъолияти молиявӣ ва институционалии низоми бонкӣ, мутобиқ намудан ба меъёрҳои байналмилалӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии бонкӣ, тақвияти ҳамкориҳои мутақобила бо шарикони рушд, таъмини самарабахшӣ ва ҷолибияти низоми бонкӣ барои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, татбиқи муваффақонаи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, рушду таҳкими идоракунии хавфҳо ва пурзӯр намудани танзим ва назорати бонкӣ бори нахуст дар таърихи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон «Нақшаи стратегии солимгардонии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2019» ба тасвиб расид. Дар самти сиёсати пулию қарзӣ дар доираи «Стратегияи пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2020» як зумра ислоҳоти институционалӣ, аз қабили ҷорӣ ва таҳкими фишангҳои муосир, ҷорӣ намудани механизми идоракунии пардохтпазирӣ, тақвият додани дараҷаи таъсирбахшии фишангҳо, фароҳам овардани фазои мусоид ва заминаи устувор барои гузариши ботадриҷ ба реҷаи сифатан нави сиёсати пулию қарзӣ, ҳадафгирии таваррум татбиқ гардиданд. Бо мақсади дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини самаранокии сиёсати монетарӣ аз марти 2017 тибқи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ амалиётҳои кӯтоҳмуҳлати бозтамвил, аз қабили қарзи шабонарӯзӣ (овернайт), қарзи рӯзона (интрадей) ва музоядаҳои қарзӣ ба роҳ монда шуданд. Бо мақсади вусъат додани дараҷаи таъсирбахшии фишангҳои монетарӣ ва ҷолиб намудани шарту услуби анҷомдиҳии амалиёти монетарӣ, фишанги муосири амалиёти кӯтоҳмуҳлати амонатӣ бо пули миллӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷорӣ гардид. Инчунин, барои идораи пардохтпазирӣ ва истифодаи самараноки фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ соли 2018 дар доираи ёрии техникии Бонки Швейтсария ва Хазинаи Байналмилалии Асъор механизми пешгӯии пардохтпазирӣ ба роҳ монда шуд. Ҷиҳати мукаммал намудани иқтидори таҳқиқотӣ ва дурнамосозии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ баҳри пешбурди сиёсати пулию қарзии пешбинишаванда соли 2018 моделҳои сохторӣ «DSGE» ва макрофискалӣ ҷорӣ карда шуданд. Барномаи сармоягузории давлатӣ Барномаи сармоягузории давлатӣ — маҷмӯи грантҳо ва қарзҳое, ки аз ҷониби шарикони байналмилалии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои хусусияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дошта равона карда мешаванд. Соли 2020 ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба 4523,5 миллион сомонӣ баробар шуд, ки 17,4%-и ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медод. Аз ин маблағ 48,6%-ро грантҳо ва 51,4%-ро қарзҳо ташкил медиҳанд. Адабиёт: Экономика: Толковый словарь: Англо-русский. Москва, 2000; Румянцева Е. Е. Новая экономическая энциклопедия. 3-е изд. Москва, 2008; Б. Исомат. Аз афкори иқтисодии ниёгон. Душанбе, 2011. Ш. Дӯстбоев, Х. Муҳаббердиев. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 320–324.

0