Зеҳн

Олами Афсонаҳо

Афсонаҳо ва шеърҳо ба кӯдакон некӣ, дӯстӣ, ҳурмати калонсолон ва ростгӯиро меомӯзонанд.

3 аъзоаз 11 августи 2026
Олами Афсонаҳо·Дунё·2 моҳ пешНашрия

НУРИ ДОНИШ

Рӯзе ҷавоне назди донишманде омад ва пурсид: — Эй устод, фарқи байни дониш ва хирад дар чист? Донишманд бо табассум ҷавоб дод: — Дониш чун чароғ аст, вале хирад — он нуре, ки чароғро равшан месозад ва роҳ нишон медиҳад. Сипас устод шамъеро афрӯхт ва гуфт: — Бингар, агар ин шамъро дар зери зарф пӯшӣ, нураш гум мешавад. Ҳамин тавр, агар инсон дониш дошта бошад, вале бе хирад амал кунад, он дониш на худ ба ӯ суд меорад ва на ба дигарон фоида мебахшад. Ҷавон бо эҳтиром сар ба зер андохт ва гуфт: — Акнун дарёфтам, ки донишро ёфтан осон аст, вале онро бо хирад истифода бурдан — бузургтарин дониш аст. ПАНД: Дониш нури роҳи инсон аст, вале танҳо хирад метавонад онро равшан нигоҳ дорад.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Ду дӯст

Рӯзе ду дӯст пиёда аз биёбон мегузаштанд. Пас аз чанд соат байни онҳо дар бораи чизе ихтилоф пайдо шуд ва ба мунозира пардохтанд. Вақте ки баҳс боло гирифт, ногаҳон яке аз он ду ба рӯйи дигараш шаппотии сахт зад. Пас аз ин ҳодиса, он дӯсте, ки шаппотӣ хӯрда буд, бар рӯи регҳои биёбон навишт: «Имрӯз беҳтарин дӯсти ман ба ман шаппотӣ зад.» Баъд аз он, роҳашонро идома доданд, то ба як ободӣ расиданд. Азбаски бисёр хаста буданд, қарор доданд дар канори ҳавзе каме истироҳат кунанд. Ногаҳон пои ҳамон дӯсте, ки шаппотӣ хӯрда буд, лағжид ва ба ҳавз афтод. Оҳиста - оҳиста ғарқ мешуд, ки дӯсти рафиқаш дасташро гирифт ва ӯро наҷот дод. Пас аз ин воқеа, ӯ бар рӯи санге, ки дар канори ҳавз буд, навишт: «Имрӯз беҳтарин дӯсти ман маро аз марг наҷот дод.» Пас аз ин, дӯсташ пурсид: — Ин чӣ кори ту чи маънӣ дошт, ки вақте шаппотӣ хӯрдӣ, онро бар рӯи қум навиштӣ, вале акнун инро бар рӯи санг нақш кардӣ? Дӯсташ ҷавоб дод: — Вақте дилмон аз касе меранҷад, бояд онро бар рӯи рег бинависем, то бодҳои бахшиш онро бо худ бубаранд. Аммо вақте касе ба мо некӣ мекунад, бояд онро бар рӯи санг нақш кунем, то ҳеҷ боде натавонад онро ба фаромӯшӣ супорад.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·2 моҳ пешНашрия

МАКТАБ МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст, Мурғи масти орзу аз ошёни мактаб аст. Ақлу дониш, илму ирфон, дафтару меҳри китоб, Баҳри мо хидматрасон аз ганҷи кони мактаб аст. Мактаб бузургдаргоҳест, ки баробари дар остонааш қадам гузоштан хурдон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Нест бузургдиле, ки сабақи устоде надида, ба ҷое расида бошад. Ҳанӯз аз замонҳои пеш низ дар ҳолати вуҷуд надоштани мактабҳо, мадрасаҳо вуҷуд доштанд, ки аксарияти намояндагони адабиёти классики тоҷик дар онҳо сабақ омӯхтаанд. Модоме, ки мактабу мадраса дар канор тифлону бузургонро илму адаб ва маърифату ҳунар меомӯхтаанд, пас зиндагиву умри волои инсоният ба мактабу маориф вобастагии зиёд дорад. Ба ифодаи шоир: Пояи давлат набошад бе маориф устувор, Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр. Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони накӯкор шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд. Мактаб аст, ки соҳаҳои дигари ҳаёт пойдоранд. Мактаб аст, ки инсонҳо бофазл ба воя мерасанд, мактаб аст, ки фархангу илму адаб, то андозае дар дилҳо ҷосту мардум маърифатдӯст. Омӯзгоронанд, ки дар ҳамаи мактабҳои миёнаву олӣ ва боғчаю муассисаҳои таълимӣ илм омӯхта ҳамаро ба некию накукорӣ ва фархангдӯстӣ даъват мекунанд: Бе ҷон ҷасадро қадре набошад, Ҷисм аст мактаб, ҷон аст мактаб. Оре, мактаб маъхази пайдоиши илму маърифат аст. Ҳама дастпарварони мактабанд, ки замоне чун тифлакони аз ақлу хирад дур дар остонааш қадам гузошта, аз он бузург гардндаанд. Бе гузашт аз ин даргоҳи муқаддас касе наметавонад илм омӯхт. Гар набинад мактабу устоду таълиму адаб, Кас чу ҳайвон мешавад гарчӣ бувад соҳибнасаб.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Забони давлатӣ — ифтихори миллат аст

Як рӯз дар мактаби деҳа муаллимаи забон ба хонандагон гуфт: — Фарзандон, имрӯз мо дарси махсус дорем — дарси эҳтиром ба забони давлатӣ. Ӯ ба тахта бо ҳарфҳои зебо навишт: «Забони давлатӣ — ифтихори миллат аст». Сипас пурсид: — Медонед чаро қонун талаб кард, ки забони давлатӣ бояд ҳимоя шавад? Як писарбача гуфт: — Зеро забони давлатӣ забони ягонаи ҳама шаҳрвандони кишвар аст. Муаллима бо лабханд гуфт: — Дуруст. Забони давлатӣ моро муттаҳид мекунад. Ҳар санад, ҳар қонун, ҳар ном бо ҳамин забон навишта мешавад. Агар мо онро хуб донем ва дуруст истифода кунем, Ватани худро низ эҳтиром мекунем. Аз ҳамон рӯз шогирдон аҳд карданд, ки дар ҳар ҷое бошанд, ба забони давлатӣ бо ифтихор сухан мегӯянд — бо эҳтиром, бо дурустӣ ва бе олудагӣ аз калимаҳои бегона. Панд: эҳтиром ба забони давлатӣ — эҳтиром ба давлат ва қонун аст.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·2 моҳ пешНашрия

ҚУДРАТИ СУХАН

Дар замони қадим подшоҳе зиндагӣ мекард, ки аз сухани нозук ва гӯё лаззат мебурд. Рӯзе ӯ тамоми донишмандонро ба дарбор даъват карда, пурсид: — Чӣ чиз метавонад одамро ба мартабаи баланд расонад ва ҳамон чиз ӯро паст кунад? Доноён ҳар яке ҷавоб доданд: — Илм, мол, қудрат, насаб… Вале пири хирадманде гуфт: — Эй подшоҳ, ҳамон чиз, ки туро боло мебарад, метавонад туро поин афтонад — сухан аст. Подшоҳ пурсид: — Чӣ гуна сухан метавонад ҳам неку ҳам бад бошад? Пир гуфт: — Агар инсон бо андеша, боадоб ва бо ҳақиқат сухан гӯяд, суханаш рӯшанӣ мебахшад, дили дигаронро гарм мекунад ва номашро абадӣ мегардонад. Аммо агар беандеша ва бо ғазаб гӯяд, ҳамон сухан метавонад дили касеро шиканад, миёни дӯстон душманӣ андозад ва обрӯяшро барбод диҳад. Подшоҳ хомӯш монд ва гуфт: — Дигар аз имрӯз пеш аз ҳар сухан, андеша мекунам. Панд: сухан тире нест, ки бозпас ояд. Пеш аз гуфтан андеша бикун, то ҳарфат нур оварад, на нороҳатӣ.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·2 моҳ пешНашрия

МЕҲРИ ВАТАН

Дар деҳаи хурде писарбачае бо ном Собир зиндагӣ мекард. Ӯ ҳамеша аз тиреза ба кӯҳҳои сарсабз ва дарёҳои зебои деҳааш менигарист ва бо худ мегуфт: — Чӣ гуна Ватани зебое дорам! Рӯзе муаллимаш дар мактаб аз бачагон пурсид: — Кӣ мегӯяд, Ватан чист? Собир дасти худро боло бардошту гуфт: — Ватан ин ҷое аст, ки мо дар он ҷо таваллуд мешавем, дӯст медорем ва барои ободияш кӯшишу меҳнат мекунем. Муаллим бо табассум гуфт: — Офарин, фарзанди асил он кас аст, ки дар дил нисбат ба Ватан муҳаббат ва дар амал ба он хидмат намояд. Аз ҳамон рӯз саркарда Собир қарор кард, ки ҳар кори хурдеро низ ба нафъи Ватан анҷом медиҳад. Ӯ бо дӯстонаш дарахт шинонд, кӯчаи деҳаро тоза кард ва дар мактаб хуб таҳсил намуд, то дар оянда муҳандис шавад ва деҳаашро обод созад. Солҳо гузаштанд. Собир донишгоҳро хатм карда, ба деҳа баргашт. Ӯ барои ҳамдеҳагонаш пуле сохту роҳро таъмир кард. Мардум бо ифтихор мегуфтанд: — Ин ҳамон Собири хурд аст, ки мегуфт: “Ман Ватанамро дӯст медорам.” Собир бо лабханд ҷавоб медод: — Ватанро дӯст доштан фақат бо сухан гуфтан нест, балки ба он амал кардан аст. Шахси Ватандӯст он касест, ки танҳо барои ободии он саъю кӯшиш ва меҳнат мекунад.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Китоб

Ҳикояи "Китобе, ки зиндагиро дигар кард"... Рӯзе як писарбачаи номаш Анис ба мактаб мерафт. Вай китобхон набуд — ҳамеша мегуфт: – Барои чӣ китоб хонем, вақте ки телефон ҳама чизро мегӯяд? Як рӯз дар роҳ ба хона, ӯ китобе ёфт. Саҳифаҳои он каме кӯҳна буданд, вале номи он ҷолиб буд: «Нури дониш». Анис китобро кушод, ва аз саҳифаи аввал чунин ҷумла хонд: " Китоб дӯстест, ки ҳеҷ гоҳ туро фиреб намедиҳад". Ин сухан ба дилаш нишаст. Шом он китобро то охир хонд. Дар он аз дониш, ахлоқ, меҳнат ва орзу сухан мерафт. Ҳар як саҳифа ба ӯ чизе меомӯхт. Аз ҳамон рӯз Анис дигар шуд: Ӯ ҳар рӯз як соат китоб мехонд, ба дӯстонаш маслиҳат медод, ки китобхон шаванд. Бо гузашти вақт, Анис дар мактаб беҳтарин хонанда гардид. Як рӯз муаллимаш гуфт: – Анис, чӣ гуна ин қадар доно шудӣ? Ӯ бо табассум ҷавоб дод: – Китоб дӯсти ман шуд. Вақте бо дӯсти хуб бошӣ, худат ҳам беҳтар мешавӣ. Ибрат: Китоб на танҳо донишу ҳикмат медиҳад, балки инсонро дигар мекунад. Китобро дӯст дор, зеро он калиди равшании ҳаёт аст.

0
Олами Афсонаҳо·Дунё·2 моҳ пешНашрия

ҲИКОЯИ ПАНДОМЕЗ

Муаллиме нақл мекунад: Дар мактаби ибтидоӣ дарс медодам. Муддате буд, бачаҳоро барои як маҳфиле омода мекардам. Падару модарашро ҳам даъват карда будам. Бо бачаҳо чандин маротиба тамрин кардем. Ҳама хуб буд. Маҳфил шуруъ шуд. Ногаҳон духтаре аз ҷамъ ҷудо шуду ба ҷойи хондани суруди якҷо ба ҳаракатҳои ҳархела шуруъ кард. Дасту по меҷунбонд ва худашро ақибу пеш мебурд ва ҳаракатҳои аҷибе анҷом медод. Дигар бачаҳо ҳам сурудро мехонданд ва ҳам механдиданд. Каме монда буд, ки ба хотири хандаашон ҳама он чизе, ки омӯзонда будам, барбод равад. Ба худ гуфтам: Чаро ин духтар чунин мекунад? Чаро аз рафтораш шарм намедорад? Ин ки қаблан дар мактаб духтари заранг ва оқила буд. Намунаи хубе дар байни бачаҳо буд. Рафтам рӯ ба рӯяш ва ба сӯяш ишора кардам. Гӯё маро нафаҳмид. Ҳамон қадар асабониям кард, ки ҳатто, оби даҳонамро наметавонистам қурт диҳам. Ба зӯр худамро идора мекардам ва оромона пешаш рафтам. Аммо ӯ дуртар рафту ҳамоно чунин нағмаҳояшро идома медод. Саҳна пур аз одам буд, ҳама механдиданд. Нигоҳам ба мудири мактаб афтод, рангаш иваз шуда буд. Аз асабоният ва шарм аз сару рӯяш арақ мерехт. Аз ҷояш бархост ва ба наздам омад, сарашро наздик овард ва бо ғазаб гуфт: - Чаро ин духтар чунин мекунад? Ман ҷавобе надоштам. Модари духтар дар канорам буд. Ба тамом механдид ва пештар рафта, кафкӯбӣ мекард. Духтарак ҳам бо ташвиқи модар гармтар аз пештар шуда буд. Ҳамин ки суруд тамом шуд, бо қаҳр ба саҳна рафтаму бозуи духтарро гирифтам ва гуфтам: -Чаро ин коро кардӣ? Чаро бо рафиқонат суруд нахондӣ? Духтарак ҷавоб дод: -Охир модарам инҷост, барои модарам ин корро мекунам! Ман, ки сахт ғазабнок будам, гуфтам: -Охир намебинӣ, ҳама мисли ту падару модарҳояшон инҷост? Чаро онҳо чунин накарданд ва худро мисли ту шарманда насохтанд? Дидам, ки дар чашмонаш ашк пайдо шуд ва гуфт: -Муаллим, сабр кунед, бигзор, модарам хабардор нашаванд. Модари ман мисли дигар модарҳо нестанд. Модари ман кар ва лол аст. Намешунавад ва ман бо ҳаракатҳоям шодӣ ва калимоти зебои сурудро барояш мефаҳмондам, то ӯ ҳам мисли ҳама модарон шодиро ҳис кунад, ин кори ман рақсу пойкӯбӣ набуд, ин забони ишора аст, забони кару лолҳо. Ҳамин ки ин суханонро гуфт, мисле, ки зонуҳоям карахт шуд. Худамро дошта натвонистам. Духтаракро дар оғӯш гирифта, дар ҳоле, ки ашкам мерехт, ба ӯ таҳсин гуфтам: - Офарин, духтарҷон! Ту беҳтарини ин саҳна будӣ. Модараш, ки дар як кунҷи саҳна менишаст, аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид. Як лаҳза ҳама хомӯш монд. Ба гӯши ҳамдигар гап мезаданд ва сипас, ҳама кафкӯбӣ карданд. Чун ҳама аз вазъ огоҳ шуданд, мисли ман зудқазоваткардаҳо ба гиря даромаданд. Аз ҳама ҷолибтар ин ки мудир омада, унвони донишомӯзи намунавиро ба ӯ тақдим намуд. Духтарак дасти модарашро гирифту пеш-пеши модараш ҷасту хез мекард, то модарашро шод кунад. Дарси ин ҳикоя ин аст, ки зуд асабонӣ нашавем. Сабр дошта бошем ва барвақт қазоват накунем! Аз "Маърифати омӯзгор"

0

ЗОҒИ ТАҚЛИДКОР

Мавзуна парандаҳоро дӯст медошт. Рӯзҳои сарди зимистон дар як ҷойи мувофиқ обу дон мегузошт, ки мусичаву гунҷишк, майнаву аккаҳо ва дигар парандаҳо… гушнаву ташна намонанд. Боре аз роҳи мактаб зоғчаи карахту зору низореро ба хона овард. Зоғча дар хона андак ба худ омад… Пас аз нигоҳубини ғамхоронаи хоҳарам вай ҷон гирифта, ба зоғчаҳои зебо монанд шуд… Чун ҳаво андак гарм шуд, хоҳарам лонаи зоғчаро ба ҷойи васеътар – ба сарочаи ҳавлиамон, бурд. Дар як кунҷи он саги калони мо – Хайбар, мезист. Мавзуна лонаи зоғчаро махсус ба ин ҷо овард, зеро ки дар атрофи мо гурбаҳо зиёд буданд ва хавфи он буд, ки зоғча туъмаи онҳо гардад… Сагу зоғча унс гирифтанд ва аҳлона мезистанд. Хоҳаракам як рӯз ба сароча номаълум наздик шудааст. Дидааст, ки зоғча хавфро пай бурда, чанд бор ак-ак задааст. Наход, зоғ ҳам аккас занад?! – ҳайрон шудааст хоҳарам. Рӯзҳои дигар ҳам мо овози сагонаи ӯро мешунидем. Зоғча ба тақлиди ин овоз одат карда буд. Сиррашро мо баъдтар фаҳмидем. Хайбар дар банди занҷир гирифтор буд ва ба ҷое рафта наметавонист. Бинобар ин, баҳудаву беҳуда аккас мезад. Зоғча пай бурдааст, ки Хайбар аккас занад, ягон ҷонзоде ба сароча наздик намеояд, махсусан гурбаҳои носерам! Зоғчаи доно инро фаҳмида, ба садои саг тақлид мекарду гӯё, бо ҳамин ҷонашро аз хатар эмин медошт… Боре Мавзуна саҳар ба зоғча биринҷи пухта овард, аммо ҷояшро холӣ дид. Зоғча имшаб наомадааст?! Хаёли Мавзуна парешон шуд, ба дилаш ҳар хел гумонҳо роҳ ёфтанд: гурба хӯрдааст! Шояд сайди рӯбоҳи нобакор шуда бошад?! На ину на он! Зоғча баъди як рӯз сиҳату саломат омад, хӯрок хӯрд. Вай гӯё бо Хайбар суҳбат карданӣ шуд ва ба назди саг омад. Саг ба ғанаб рафта буд. Зоғча ба Хайбар наздик шуду ак-ак кард. Саг ба гумони ягон саги бегона омадааст, ба сӯйи овоз хез зад. Зоғча аз ҳамлаи ногаҳонӣ рамида, як қад париду ба ҳаво бархост ва ба селаи зоғон пайваст. Собирҷон Ҳошимзода

0

ХАЙБАР

Баъд аз хазонрезӣ ҳуҷуми шағолҳои Ғарибмазор ба мурғони деҳа қувват гирифт... Бинобар ин, он сол падарам аз деҳаи Маҳаллаи Боло аз тағои чӯпонам як саги зотии чӯпонии шашмоҳа овард, ки Хайбар ном дошт. Хайбар саги бисёр ҳушёр буда, дар андак вақт ҳамаи гуфтаҳои моро фаҳманда ва вазифаи асосии худро донанда шуда монд. Ӯ фаҳмид, ки хавфи асосӣ дар ин хонадон барои мурғон аз тарафи шағолон аст. Бинобар ин, вай ҳамеша дарахтонеро, ки дар онҳо мурғон мехобиданд, дидбонӣ мекард ва гоҳ-гоҳ ба тарафи рӯйидарича рафта, то роҳи омади шағолон гашт карда, тафтиш намуда меомад. Айёми баҳорон буд, зардолуҳо ба шукуфтан сар карда буданд. Саг ҳам қариб яксола шуда буд. Як саҳар, баъд аз рӯз сафед шудан ман бедор будам. Ногаҳон овози «қоқ» гуфтани мурғонро шунидам, дар паси ин овоз садои аз болои бом ба замин афтодани як чизи вазнин ҳам шунида шуд. Ман дарҳол аз ҷо хеста, ҷомаамро пӯшида аз хона баромадам ва Хайбарро садо кардам. Ҷавоб надод ва ӯ дар он ҷо набуд. Ба зери дарахтон рафта, мурғонро аз назар гузаронидам. Як мурғ набуд. Маълум шуд, ки як мурғро шағол бурдааст. Ман ба рӯйидарича рафта, аз он ҷо ба тарафи ёбон баромадам. Акнун рӯз тамоман сафед шуда буд ва ҳар чиз ба назари кас аз дур ҳам бошад, равшан менамуд. Ман тахминан дусад метр дуртар аз худ Хайбарро дидам, ки рӯ ба тарафи ҳавлӣ истодааст ва ӯ ҳам маро дида, овози махсусе бароварда, гӯё маро ба пеши худ ҷеғ мезад. Дар ҷавоб ман ҳам ӯро ном гирифта ба пеши худ ҷеғ задам. Вай як чизро аз замин ба даҳони худ бардошта, пештар омадан гирифт. Баъд аз тай кардани нимаи роҳ он чизро ба замин гузошт ва пас гашта дунболи худро бодиққат аз назар гузаронид, баъд аз он ба тарафи ман тирвор давон омад ва ба ман расида, аз доманам газида маро пеш кашид ва бо овози махсусе садо бароварда, маро сар дода, худ боз ба ҳамон чобукӣ ба пеши он чизе, ки дар замин гузошта буд, рафта истод. Ман пай бурдам, ки саг мурғро аз чанголи шағол раҳонидааст, аммо худ бардошта оварданро барои ҳаёти вай хавфнок мепиндорад ва бинобар ин, маро таклиф мекунад, ки худ рафта, мурғро гирифта оварам. Ман ба пеши саг рафтам, дар ҳақиқат, мурғ дар замин мехобид ва зинда буд. Вайро бардоштам, дар тахтапушташ, дар шикамаш ва дар бозуяш андак- андак захми дандон ва чанголи шағол менамуд. Ман мурғро ба хона гирифта овардам. Пеш-пеши ман Хайбар бозикунон ва шодикунон медавид. Вақте ки ба пеши модарам расидем, Хайбар ба замин ғел зада, гӯё, ҳам ба гуноҳи худ, ки ба сабаби мусоҳилакории вай мурғро шағол бурда буд, узр мегуфт, ҳам барои мурғро халос карда тавонистанаш изҳори шодмонӣ мекард. Садриддин Айнӣ

0

ДӮСТИ ВАФОДОР

Дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардем. Он ҷо як сагчаи зебову донояк доштем. Сагчаро Зирак мегуфтем. Вай беҳуда аккос намезад. Шиносҳо оянд, андак овоз бароварда, моро хабардор мекард ва то баромадани соҳибхона меҳмонро пешвоз мегирифт. Одамони бегонаро асло даромадан намемонд. Ҳавлиамонро хуб посбонӣ мекард. Мо аз маҳаллаи дигар хона гирифтем. Вақти кӯчидан Зиракро ба ҳамсояамон муваққатан гузошта рафтем. Аҳд кардем, ки баъди ҷо ба ҷо шудан сагчаамонро гирифта мебарем. Фурсате пайдо карда ба дидани Зирак рафтам. Баробари дарро кушодан Зирак чун тир ба сӯям давида омад. Дар чашмонаш ҳам шодиву ҳам андуҳи беандозаро пай бурдам ва ҳамгунии сирати ӯро ба сураташ фаҳмидам: «Замира, чаро маро партофта рафтӣ?» сарашро ба поям мемолид. Дар гирдам медавиду меҷаҳид, болои дастонам баромаданӣ мешуд. Ҳамсоя бо алам нақл кард, ки Зирак маро хеле интизор шудааст: як рӯз, ду рӯз, се рӯз ... ҳамеша чашмаш ба омадани мо чор будааст. Ман ӯро, одатан, ин қадар муддати зиёд партофта намерафтам. Дар ин чанд вақт хӯрок намехӯрдааст, нолиш мекардааст ва ашк аз чашмонаш шашқатор мешудааст. Ҳоли зори Зирак маро ба риққат овард, қариб буд, ки худам ҳам гиря кунам ва азм кардам, ки худи ҳозир мебарам. Вале ба ёдам омад, ки ҳоло хоначааш тайёр нест. Аз ҳамсояамон хоҳиш кардам, ки сагчаро як-ду рӯз нигоҳ дорад ва бо дили кашолу хотири парешон ба хона баргаштам. Ҳамроҳи падарам дар як рӯз хона ча сохтем ва ман рӯзи дигар ба овар дани Зирак шитофтам, вале аз Зираки ман на пай буду на ҳайдар. Соҳиби ҳавлӣ гапи дар ҳолати парешонӣ гуфтаи маро нодуруст фаҳмида, ба як хешаш додааст. Хешаш дар як шаҳри дигар, аз ин ҷо тақрибан сад километр дур зиндагӣ мекардааст. Гӯё чизи қиматтаринамро аз даст дода бошам, ошуфта2 ва бо дас­ ти холӣ ба хона омадам. Аз байн як моҳ гузашт. Рӯзе, қарибии бегоҳ, ҳамсояи пешинаамон занг зада, гуфт, ки сагча баргашта омадааст. Ҳамон замон ба ҳавлии ҳамсоя давидам. Зирак хаставу лоғар, мисли гурбаи ба об афтода, дароз кашида мехобид, чашмаш беҳолу нимроғ буд. Маро дида хаставу дардолуд паст-паст мингос зад ва базӯр думашро ҷунбонд. Аз ҷояш хеста натавонист, тамоман беқувват шудааст. Бардошта хона овардам. Дар ҷойи нав аввал об хӯрд, баъд даҳон ба косаи хӯрок бурд. Чун ҳис кард, ки хонаи худаш аст, хотирҷамъ дароз кашид… Пас аз чанде дар ҳавлӣ овози ҷарангосии Зирак ба гӯш мерасид.

0