Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·17 рӯз пешНашрия

ЗОҒИ ТАҚЛИДКОР

Мавзуна парандаҳоро дӯст медошт. Рӯзҳои сарди зимистон дар як ҷойи мувофиқ обу дон мегузошт, ки мусичаву гунҷишк, майнаву аккаҳо ва дигар парандаҳо… гушнаву ташна намонанд.

Боре аз роҳи мактаб зоғчаи карахту зору низореро ба хона овард. Зоғча дар хона андак ба худ омад… Пас аз нигоҳубини ғамхоронаи хоҳарам вай ҷон гирифта, ба зоғчаҳои зебо монанд шуд… Чун ҳаво андак гарм шуд, хоҳарам лонаи зоғчаро ба ҷойи васеътар – ба сарочаи ҳавлиамон, бурд. Дар як кунҷи он саги калони мо – Хайбар, мезист.

Мавзуна лонаи зоғчаро махсус ба ин ҷо овард, зеро ки дар атрофи мо гурбаҳо зиёд буданд ва хавфи он буд, ки зоғча туъмаи онҳо гардад… Сагу зоғча унс гирифтанд ва аҳлона мезистанд. Хоҳаракам як рӯз ба сароча номаълум наздик шудааст. Дидааст, ки зоғча хавфро пай бурда, чанд бор ак-ак задааст. Наход, зоғ ҳам аккас занад?! – ҳайрон шудааст хоҳарам.

Рӯзҳои дигар ҳам мо овози сагонаи ӯро мешунидем. Зоғча ба тақлиди ин овоз одат карда буд. Сиррашро мо баъдтар фаҳмидем. Хайбар дар банди занҷир гирифтор буд ва ба ҷое рафта наметавонист. Бинобар ин, баҳудаву беҳуда аккас мезад. Зоғча пай бурдааст, ки Хайбар аккас занад, ягон ҷонзоде ба сароча наздик намеояд, махсусан гурбаҳои носерам! Зоғчаи доно инро фаҳмида, ба садои саг тақлид мекарду гӯё, бо ҳамин ҷонашро аз хатар эмин медошт…

Боре Мавзуна саҳар ба зоғча биринҷи пухта овард, аммо ҷояшро холӣ дид. Зоғча имшаб наомадааст?! Хаёли Мавзуна парешон шуд, ба дилаш ҳар хел гумонҳо роҳ ёфтанд: гурба хӯрдааст! Шояд сайди рӯбоҳи нобакор шуда бошад?! На ину на он! Зоғча баъди як рӯз сиҳату саломат омад, хӯрок хӯрд. Вай гӯё бо Хайбар суҳбат карданӣ шуд ва ба назди саг омад. Саг ба ғанаб рафта буд. Зоғча ба Хайбар наздик шуду ак-ак кард. Саг ба гумони ягон саги бегона омадааст, ба сӯйи овоз хез зад. Зоғча аз ҳамлаи ногаҳонӣ рамида, як қад париду ба ҳаво бархост ва ба селаи зоғон пайваст.

Собирҷон Ҳошимзода

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.