Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·17 рӯз пешНашрия

ДӮСТИ ВАФОДОР

Дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардем. Он ҷо як сагчаи зебову донояк доштем. Сагчаро Зирак мегуфтем. Вай беҳуда аккос намезад. Шиносҳо оянд, андак овоз бароварда, моро хабардор мекард ва то баромадани соҳибхона меҳмонро пешвоз мегирифт. Одамони бегонаро асло даромадан намемонд.

Ҳавлиамонро хуб посбонӣ мекард. Мо аз маҳаллаи дигар хона гирифтем. Вақти кӯчидан Зиракро ба ҳамсояамон муваққатан гузошта рафтем. Аҳд кардем, ки баъди ҷо ба ҷо шудан сагчаамонро гирифта мебарем.

Фурсате пайдо карда ба дидани Зирак рафтам. Баробари дарро кушодан Зирак чун тир ба сӯям давида омад. Дар чашмонаш ҳам шодиву ҳам андуҳи беандозаро пай бурдам ва ҳамгунии сирати ӯро ба сураташ фаҳмидам: «Замира, чаро маро партофта рафтӣ?» сарашро ба поям мемолид. Дар гирдам медавиду меҷаҳид, болои дастонам баромаданӣ мешуд.

Ҳамсоя бо алам нақл кард, ки Зирак маро хеле интизор шудааст: як рӯз, ду рӯз, се рӯз ... ҳамеша чашмаш ба омадани мо чор будааст. Ман ӯро, одатан, ин қадар муддати зиёд партофта намерафтам. Дар ин чанд вақт хӯрок намехӯрдааст, нолиш мекардааст ва ашк аз чашмонаш шашқатор мешудааст.

Ҳоли зори Зирак маро ба риққат овард, қариб буд, ки худам ҳам гиря кунам ва азм кардам, ки худи ҳозир мебарам. Вале ба ёдам омад, ки ҳоло хоначааш тайёр нест. Аз ҳамсояамон хоҳиш кардам, ки сагчаро як-ду рӯз нигоҳ дорад ва бо дили кашолу хотири парешон ба хона баргаштам.

Ҳамроҳи падарам дар як рӯз хона ча сохтем ва ман рӯзи дигар ба овар дани Зирак шитофтам, вале аз Зираки ман на пай буду на ҳайдар.

Соҳиби ҳавлӣ гапи дар ҳолати парешонӣ гуфтаи маро нодуруст фаҳмида, ба як хешаш додааст. Хешаш дар як шаҳри дигар, аз ин ҷо тақрибан сад километр дур зиндагӣ мекардааст. Гӯё чизи қиматтаринамро аз даст дода бошам, ошуфта2 ва бо дас­ ти холӣ ба хона омадам.

Аз байн як моҳ гузашт. Рӯзе, қарибии бегоҳ, ҳамсояи пешинаамон занг зада, гуфт, ки сагча баргашта омадааст. Ҳамон замон ба ҳавлии ҳамсоя давидам. Зирак хаставу лоғар, мисли гурбаи ба об афтода, дароз кашида мехобид, чашмаш беҳолу нимроғ буд.

Маро дида хаставу дардолуд паст-паст мингос зад ва базӯр думашро ҷунбонд. Аз ҷояш хеста натавонист, тамоман беқувват шудааст.

Бардошта хона овардам. Дар ҷойи нав аввал об хӯрд, баъд даҳон ба косаи хӯрок бурд. Чун ҳис кард, ки хонаи худаш аст, хотирҷамъ дароз кашид…

Пас аз чанде дар ҳавлӣ овози ҷарангосии Зирак ба гӯш мерасид.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.