Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Дунё·13 рӯз пешНашрия

СУБҲИ ЗЕБОИ ТИРАМОҲӢ

Субҳи зебои тирамоҳ буд. Баргҳои зарди дарахтон мисли тилло дар зери по медурахшиданд. Ҳаво каме сард, вале ҳаловатбахш буд.

Пирамарде бо номи Амирбек аз хона берун баромад ва дид, ки писарбачаи ҳамсоя Камол ба мактаб меравад. Либосаш тунук буд ва дастонаш аз сармо меларзиданд.

Амирбек ба хона баргашт, як ҷуфт дастпӯшаки гарм оварда, гуфт:

— Писарам, биё инҳоро пӯш. Ҳаво сард аст, бемор мешавӣ.

Камол бо шарм гуфт:

— Раҳмат, амакҷон, ман инро қабул карда наметавонам.

Амирбек лабханде зад:

— Писарам ба ҳамдигар некӣ кардан, ин нишонаи ҳамсоягию одамгарии мост.

Камол бо сипос дастпӯшаки гармро пӯшид ва бо рӯҳи шод ба мактаб рафт. Ӯ дар роҳ бо худ андешид:

«Имрӯз ман ҳам ба касе некӣ мекунам!».

Хулоса, некию накӯкорӣ нишонаи беҳтарини одамгарист. Шумо низ бо баҳои хубу аъло хонед, бештар омӯзед, некӣ кунед ва накӯкор бошед!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.